09:07:29 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСЪУД СОБИРОВ: ИСМОНОВ ҲАҚ НАДОРАД ХУДРО РАҲБАРИ ҲИЗБ НОМАД

Масъуд Собиров, ки аз соли 2006 то ҳоло раҳбари ба расмият шинохташудани ҳизби демократи Тоҷикистон буд, анҷумани ғайринавбатии ин ҳизбро ғайриқонунӣ унвон кард. Дар ин анҷуман, ки рӯзи якшанбе, 23-юми декабр бидуни ширкати Масъуд Собиров баргузор шуд, ҳудуди 90 узви ҳизби демукрот аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмоновро раҳбари ҷадиди ҳизб хонданд.

/images/stories/2012/12/25_sobirov-25122012.jpgШиркаткунандагони ин анҷуман, ки дар миёни онҳо намояндагони ҷиноҳҳои мухталифи ҳизби демукрот буданд, ҳизби демукротро аз ин ба баъд "бидуни ҷиноҳ ва ягона" эълом карданд. Ҳарчанд баргузоркунандагони анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб гуфтанд, ки Масъуд Собиров борҳо барои ширкат дар ин анҷуман даъват шудааст, худи оқои Собиров дар сӯҳбат бо мо инро рад кард.

Оқои Собиров баргузории ин анҷуман "бидуни ӯ ва бидуни қарори раёсати ҳизб"-ро амре "ғайриқонунӣ" ва баргузоркунандагони ин анҷуманро "гурӯҳе худхоҳ" унвон кард ва гуфт: ки "касе ин анҷуманро эътироф намекунад".

Муқаррароти ойинномавӣ

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, яке аз фаъолони ин ҳизб "ҳам Масъуд Собиров ба анҷуман даъватӣ буд ва ҳам даъвати анҷумани ғайринавбатӣ бо ризояти даҳ дарсад аз аъзои ҳизб сурат гирифт, ки коре ҷавобгӯ ба ойинномаи ҳизб аст."

Оқои Собиров мегӯяд: "Вақте ҳизби демукрот дар Суғд гуфт, ки ба мо мепайвандад, ман аз ҳамон замон фаҳмидам, ки инҳо бозиеро роҳ андохтанд."

Масъуд Собиров, дар моҳи августи соли ҷорӣ аз муттаҳид шудани ду ҷиноҳи ин ҳизб хабар дода буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки ин амр бо дархости бахши маҳаллии Ҳизби демукрот дар вилояти Суғд, ки қаблан аз ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров пуштибонӣ мекард, сурат гирифтааст.

Аммо ба гуфтаи Раҷаби Мирзо он замон бахши вилояти Суғд гуфта буд, ки "танҳо то замони баргузории анҷумани навбатии ҳизб" Масъуд Собировро ба унвони раҳбар эътироф хоҳад кард.

Оқои Мирзо мегӯяд, ки тарафдорони ҳизб аз моҳҳо қабл интизори баргузории ин анҷуман буданд. Анҷумане, ки билохира бидуни ризоят ва ширкати раҳбари он баргузор шуд.

Зарурати анҷуман

Оқои Собиров дар сӯҳбат бо мо ба ин иддаъо чунин посух дод: "Демукротҳои Суғд шаш сол фаъъол набуданд, бо мо набуданд ва ҳамин ки ба мо пайвастанд, тақозои анҷуман карда ва ба мо шарту шароит мегузоранд. Зарурати анҷуман вуҷуд надошт. Анҷуман дар соли 2013 бояд баргузор мешуд."

Аммо ба гуфтаи баргузоркунандагони анҷумани ғайринавбатӣ зарурати баргузории анҷуман вуҷуд дошт.

Раҷаби Мирзо дар ин бора гуфт: "Бефаъъолиятии ҳизб барои аъзоёнаш навмедкунанда шуда буд. Анҷумане, ки оқои Собиров мехост дар 2013 баргузор шавад, анҷумани пешазинтихоботӣ аст. Аммо мо то он замон мехоҳем фаъъолияти ҳизбро эҳё кунем. Ҳизб набояд фақат вақти интихобот фаъъол бошад."

Вай афзуд: "Танҳо ҳадафи мо фаъъол шудани ҳизб ба унвони як нерӯи сиёсӣ дар кишвар аст. Мо бояд худро шакл бидиҳем, худро ҳамчун ҳизби демукрот эҳё кунем."

Бо ин вуҷуд, Масъуд Собиров муътақид аст, ки анҷумани ахири ғайринавбатии ҳизби демукрот ва интихоби Саидҷаъфар Исмонов ба унвони раҳбари ҷадиди ҳизб аз сӯйи Вазорати адлия, ки аҳзоби сиёсии кишварро сабти ном ва бар фаъъолияти онҳо дар чаҳорчӯби ойинномаҳояшон назорат мекунад, ба расмият шинохта нахоҳад шуд.

Аммо Қурбоналӣ Бобоев, масъули бахши назорат бар фаъъолияти аҳзоби сиёсии Вазорати адлия дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар ин бора гуфт, ки вазорати адлия "ба кори дохилиҳизбӣ дахолат намекунад" ва "фақат бар қонунӣ будани фаъъолияти ҳизб дар доираи ойиннома назорат мекунад."

Шикофи чандинсола

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизб, ки соли 2005 барои 23 сол равонаи зиндон шуд, ин интихоботро таҳрим карданд.

Аммо иддаи дигаре аз аъзои ин ҳизб қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо баргузории анҷумане изтирорӣ Масъуд Собировро раҳбари худ интихоб карданд. Вазорати адлияи Тоҷикистон ин гурӯҳро ба расмият шинохт.

Сипас, гурӯҳе дигар аз ҷиноҳи оқои Собиров ҷудо шуд ва бо баргузории анҷумане ҷудогона Саидҷаъфар Исмоновро раҳбари худ интихоб кард. Вале давлат ин гурӯҳро ба расмият нашинохт ва баъд аз муддате ин гурӯҳ дигар аз худ дарак надод.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi