19:55:48 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАМРОҲХОН ЗАРИФӢ: «СОЛИ 2012 ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ ХОРИҶИИ ҲУКУМАТ СОЛИ МУВАФФАҚ БУД»

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ, ки ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар соли 2012 бахшида шуда буд, иброз дошт, ки «сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз ноустувории вазъи иқтисодии ҷаҳонӣ, идомаи бӯҳронҳои сиёсӣ-низомӣ дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон, вуусъати ихтилофи қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ дар маҷмӯъ муваффақона сурат гирифт».

/images/stories/2013/01/21_1_zarifi_21012013.jpgӮ дар тақвияти фикри худ афзуд, ки дар давоми сол Президенти ҷумҳурӣ ба кишварҳои хориҷӣ 1 сафари давлатӣ (Ҷумҳурии Ҳиндустон), 5 сафари расмӣ (Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳурии Озарбйҷон, Туркманистон, Ҷумҳурии Финландия ва Ҷумҳурии Туркия), 10 сафари корӣ (Федератсияи Русия-3 маротиба, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Давлати Кувайт, Конфедератсияи Швейтсария), анҷом дод, ки дар густариши муносибатҳои байналмилалӣ нақши пешбаранда доштанд.

Дар ин давра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайатҳои гуногунмақоми қариб 120 давлати хориҷӣ ва зиёда аз 40 созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ташриф оварданд. Дар ин миён сафарҳои кории сарони Афғонистон, Эрон ва Покистон ҷиҳати иштирок дар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва кори Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ  оид ба Афғонистон (RECCA V), ки 25-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гаштанд, инчунин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ (5-6 октябр) мақоми хоса доштанд.

Дар рафти ин сафару боздидҳо зиёда аз 60 созишнома ва санадҳои дуҷониба ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба ба имзо расида, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои ҶТ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ такмилу тақвият дода шуд.

Дар муносибат бо Ҷумҳурии Мардумии Чин натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст. Масалан муомилоти тиҷоратии байни ду кишвар дар як сол тақрибан ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Муносибатҳои байни Тоҷикистону ИМАро Ҳамроҳхон Зарифӣ дар сатҳи зарурӣ арзёбӣ кард.

/images/stories/2013/01/21_2_zarifi_21012013.jpgБа гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ муҳимтарин дастовард дар самти сиёсати иқтисоди  хориҷии кишвар 10 декабри соли 2012 дар шаҳри Женева аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари кулли Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Ламӣ ба имзо расонидани Протокол дар бораи воридшавии ҶТ ба СУС ба шумор меравад, ки он дар ин самт марҳилаи наваро оғоз намуд. Вазорат дар самти таъмини сиёсати консулӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ, пайвастан ба ҳукумати электронӣ, хоста гирифтан ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳо корҳои муайянеро ба иҷро расондааст.

Масалан соли 2012 дар асоси озмун 28 нафар ҷавони лаёқатманд ба корҳои гуногун ба ВКХ ҶТ ба кор қабул карда шуданд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 40 дар сади кормандон ВКХро афроде ташкил медиҳанд, ки собиқаи кории камтар аз яксола дар Вазорати корҳои хориҷаро доранд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба саволҳои сершумори хабарнигорони дохиливу хориҷӣ посух дод. Азҷумла ба саволи хабаргузории «Форс» дар хусуси он ки «оё таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Эрон таъсире дошт ё не» посух дод, ки ҳар гуна таҳримҳо таъсири худро доранд. Минҷумла таҳримҳо алайҳи кишвари Эрон дар муносибатҳои иқтисодии мо бо ин кишвари бо мо дӯст таъсири манфӣ доштаанд ва дар рушди ин муносибатҳо халал эҷод кардаанд.

Дар масъалаи ба тасвиб расидани созишномаи байни Тоҷикистон ва Россия дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки ин ба иҷрои дигар созишномаҳое, ки ҳангоми сафари Президенти Россия ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, ё худ пас аз ҳалли масоили муҳоҷирони тоҷик дар Русия, воридоти маводди сухти бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон ва мушаххас шудани саҳми Русия дар тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон марбут аст.

Дар ҳошияи нишасти матбуотӣ  китоби Ҳамроҳхон Зарифӣ «Хазинаи тиллоии тоҷикон», ки соли гузашта ба 9 забони дунё ба нашр расид ва яке аз пурхонандатарин китоби сол унвон гирифт, аз муаллиф ба ҳозирин ҳадя дода шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi