15:52:53 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АБДУЛЛОҶОНОВРО БА БОЗДОШТГОҲИ ШАҲРИ КИЕВ ИНТИҚОЛ ДОДАНД

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон аз боздоштгоҳи канори пойтахти Украина ба Киев интиқол дода шуд. Дар ин бора ба мо яке аз вакилони дифои собиқ нахуствазири Тоҷикистон хабар дод. Абдуллоҷонови 64-сола рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи байналмилалии "Бориспол", дар канори Киев боздошт ва рӯзи 7 феврал ба ҳабси муваққат маҳкум шуд.

/images/stories/2013/02/11_abdullojonov-110213.jpgБоздошти ӯ тибқи дархости Тоҷикистон аз рӯи талаботи полиси байналмилалии Интерпол сурат гирифт. Рӯзи 7 феврал Абдуллоҷонов ба боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилаи Украина, воқеъ дар канораҳои Киев интиқол ёфт. Яке аз се вакили дифои Абдуллоҷонов, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ки баъди додгоҳи рӯзи 7 феврал бори аввал аст, ки бо нафари зерҳимояи худ мулоқот мекунанд:

«Ӯ ғамгин аст ва ҳеҷ интизор надошт, ки боздошт мешавад. Сафари ӯ ба Украина комилан қонунӣ буд ва бар асоси вазаи Украина сурат гирифтааст. Абдуллоҷонов, ки мақоми паноҳандаи сиёсии ИМА-ро дорад, ҳеҷ гоҳ боздошт нашудааст. Дар гузашта маъмулан ӯро дар фурудгоҳҳо барои 15-20 дақиқа нигоҳ дошта, санадҳояшро меомӯхтанд ва ҷавоб медоданд», гуфт вакили дифоъ. Вакил таъкид кард, ки аз рӯи қонунҳои Украина, ин давлат набояд шахсеро, ки мақоми паноҳандаи сиёсиро дорад, ба ватанаш истирдод кунад.

«Мо ҳоло санадҳои заруриро барои ҳимояи ҳуқуқи ӯ ҷамъоварӣ мекунем, дар тамоси пайваста бо сафорати ИМА дар Киев ва ҳам сохторҳои марбут ба умури паноҳандагон ҳастем», гуфт ӯ.  Вакил гуфт,  ҳанӯз санади дархости истирдоди Абдуллоҷонов аз Тоҷикистон ба Украина нарасидааст. «Ӯ аслан намехоҳад намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Киев бубинад. Ҳамкории мо бо сафорати ИМА ба роҳ монда шуда, умедворем, ки метавонем бегуноҳии ин шахсро собит ва ӯро аз боздошт ва хатари истирдод ба Тоҷикистон раҳо кунем», гуфт ин вакили дифоъ.

Тибқи иттилоъи вакил, хешу наздикони Абдуллоҷонов – «духтар ва домодаш дар Амрико ҳастанд ва аз тариқи вакилҳо аз ҳоли ӯ огоҳ мешаванд». Вакил аз ҳадафи сафари Абдуллоҷонов ба Украина изҳори бехабарӣ кард.

Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои шинохтаи даҳаи аввали соли 1990 аст. Ӯ 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, то 18-уми декабри соли 1993 дар ин вазифа кор кард. Сипас муддате сафири Тоҷикистон дар Русия буд.

Пас аз бохти сабқати президентии моҳи ноябри соли 1994 ба рақибаш Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) ӯ аз кишвар хориҷ шуд. Абдуллоҷонов дар ғиёб бо даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард ва як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi