ДУШАНБЕ: "ТАЪХИРИ САФАРИ МАҚОМОТИ РУС РАБТЕ БА БОЗДИДИ БЛЕЙК НАДОРАД"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба таъхир афтодани сафари Игор Шувалов ва Виталий Герасимов ба Душанбе, ба нишасти машваратии сиёсии Тоҷикистону Амрико рабте надорад. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба мо гуфт, дар ин бора дар ҳузури хабарнигорон дар нишасти матбуотие, ки рузи ҷумъа баргузор шуд, низ таъкид кардааст.
Вай афзуд дар навиштаҳои баъзе расонаҳо ишора шуда буд, ки сафари муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ва фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Виталий Герасимов ба Тоҷикистон бинобар сафари Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА ба Тоҷикистон ба таъхир гузошта шудааст, ки ин асосе надорад.
Ба хусус бархе аз таҳлилгарон дар расонаҳои русӣ сабаби таъхири намояндагони мақомоти Русия ба Душанберо ба таваҷуҳи бештари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба Ғарб шарҳ додаанд.
Давлат Назриев афзуд, ки нишасти машварати сиёсии ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аз қабл тарҳрезӣ шуда буд ва ба сафари Игор Шувалов ва Виталий Герасимов ҳеҷ иртиботе надорад.
Сафари фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Виталий Герасимов мебоист 18-уми феврал сурат мегирифт, аммо ба давраи номаълум мавқуф гузошта шуд. Дар ҳоле, ки Вазорати дифои Тоҷикистон дар бораи барномаи сафари ӯ дар Тоҷикистон, иттилоъ дода буд.
Сафари муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе бошад, мебоист 11-уми феврал оғоз мешуд ва қарор буд ӯ, дар нишасти навбатии комиссияи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки 13-уми феврал барпо мешуд, ширкат мекард. Аммо сафари ҷаноби Шувалов ва ҳам нишасти мазкур ба давраи номаълум мавқуф гузошта шуд.
«Озодӣ»