12:14:55 02-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ФАТҲИ ҚУЛЛАИ МУРОДИ А.АБДУЛЛОҶОНОВ: ЗИНДОН Ё ОЗОДӢ

Ҳосили умрам се чиз буд: «сохтам, парастидам, шикастам», мефармояд ҳакиме. Агар ҷавониву футувват моро ёр бошад, бояд мардона иқрор бояд шуд, ки ҳар чи мо содир мекунем ин ҳосили дастони аъмоли худамон аст. Ҳарчи киштӣ, ҳамон даррав мекунӣ…

/images/stories/2013/02/25_abdullojonov-250213.jpgБанда дар замони интихоботи раисҷумҳурии соли 1994-ум аъзои комиссияи интихоботӣ воқеъ дар Институти мавсум ба ТоҷикГиинтиз будам ва дар ин нуқтаи овоздеҳӣ ҳамзамон ситоди Абдуллоҷонов А. амал мекард. Шоҳид будам,ки хилофи муқаррароти мавҷуда аъзоёни ситод аз соати 16:00-и 06-уми ноябр ба ҷашн гирифтани пирӯзии номзадашон ба самбантуй ва арақхӯрӣ оғоз карда буданд. Ин талоши онҳо анқариб раванди овоздеҳиро хароб мекард, ки милисаҳо маҷбур шуданд онҳоро аз бино дар ҳолати сармастӣ ва аёшӣ берун кунанд.

Пойбандии Абдуллоҷоновро ба пиар ва чеҳрафурузӣ аз айёми ҷавонӣ медонистам. То куҷо муваффақ буд, вақт қазоват хоҳад кард. Пушидани шляпа бо болопуши сафед, ба сони ковбойҳои амрикоӣ, худнамоӣ бо риши испаниолка, мавқеъ пайдо кардани нуфузи худ дар шакли манфӣ ҳам бошад, дар воситаҳои ахбори оммаи мустақил эшонро аз шахсиятҳои шахшудаи сиёсии он замон фарқ мекунонд. Ҳатто Абдуллоҷонов нафаре буд, ки дар ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ва конститутсионӣ сарвазир таъин гашт. Бо тарзи мудирияташ менеҷменти замони навро таҷассум мекард. Вале он ҳама ривоҷёбии нуфузи шахсияташ дар они воҳид бар санге бархурд, ки онро ҷаҳолат гӯянд.

Воқеаи боздошти собиқ сарвазир ва собиқ даъвогари маснади президентии Тоҷикистон - Абдулмалик Абдуллоҷонов дар фурудгоҳи шаҳри Киеви Украина, дар назди иштиёқмандони воситаҳои ахбор чеҳраеро хабарсоз намуд, ки даврони касб намудани Истиқлолият аз олигархҳои аввалин ва муваффақ маҳсуб мегашт. Бо мурури замон ин шахси ҳариси молу сарват дар ҷойи пойбанд будан ба арзишҳои давлатдорӣ ғайриусулӣ будани худро бармало нишон дод.

Кор то ҷое расид,ки ба мақоми аршади садри аъзам ва сафири кишвар дар Русия маҳдуд нашуда, Абдуллоҷонов бо тавсияву ҳидоятҳои муғризонаи машваратчиёни хориҷиаш ва дар ҳамоҳангӣ бо полковники ошӯбгар М.Худойбердиев дар фикри балвои навбатӣ гашт. Ин ҳам табаддулоти давлатӣ дар давоми солҳои 1997-1998. Дар ин росто, ба ин марди мансабпараст «қаҳрамонони ҷанги шаҳрвандӣ» Назрулло Дӯстов, Ҳабиб Насруллоев, Холбойи чулоқ ва ғайра чеҳраҳои манфур ва хунталоши тоҷик ҳамкор буданд, ки аз фирти шармандагӣ дар назди миллат, ёрои бозгашт ба Ватанро надоранд. Саҳми ин ашхос мавзуъест алоҳида ва мо ба он ҳатман руҷуъ хоҳем кард, бармегардем бар сари мавзуи аслӣ, яъне рисолати Абдуллоҷонов А. ҳамчун ба сарвазири вақти Тоҷикистон. Матбуоти даврӣ вақтҳои охир дар бораи шахсияти ӯ ҳангомаеро ба бор овардааст, ки ҷудо намудани росту дурӯғро мушкил месозад.

Сиёсатмадор, сарвазир ва ё мансабдори дигари олирутба, агар он мисли вазирони аршади давлати Сомониён - Балъамӣ ва Салчуқиён - Низомулмулк аст, бояд серталошу ғайрат, кушо ва нигаҳдорандаи амонат бошад. Абдуллоҷонов чун Тоҷикистонро иҷборан тарк намуд, озими кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон гардид. Бо ҳамкории шарикони амрикоӣ аз ширкати «General Motors» дар Осиёи Марказӣ намояндагӣ кард. Чун мушҳои обӣ дар ин айём ҳаргиз аз худ хабар надод. Ба мурдаву зиндаи тоҷик ҳамроҳ набуд, бетарафиро дар тамоми масъалаҳо ишғол намуд. Тарсу ҳаросаш аз Тоҷикистон он чунон буд, ки тавони ёди Ватан карданро надошт. Чун дар саҳни палмаҳои тошкандӣ он ҳам бо пешниҳодҳои тичоратии шубҳанок аккосӣ намуд, сазои ҷазояшро аз тарафе дид, ки асло интизорашро надошт. Охир ба абдуллоҷоновбаринҳо кӣ монеа шудааст, ки ба иқтисоди кишвар маблағгузорӣ нанамоянд, ё дар ривочу равнақи он саҳм нагузоранд?

Дуруст аст, ки вақте дар хориҷи кишвар он ҳам бо ҳидояту машварати бегонагон ба ин ширкаткуниҳо ниқоби сиёсӣ мепӯшонанд ва талоши тахриб намудани низоми маъмул (статус-кво)-и кишварро зери суол мебаранд, он гоҳ ба муқовимати мардумӣ ва давлатӣ дучор мешаванд. Ин иртибот мегирад ба қазияи Абдуллоҷонов А.ва даҳхо дигар сиёсатмадори бегонасиришт, ки аз дур истода ваҳдати назари мардумро парешон карданӣ ҳастанд.

Ҳангоме ки дар талоши ин зиёдаравиҳо бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразнок омили хориҷиро зам менамоянд, дахолати аҷнабиёнро дар умури кишвар ҳамвор месозанд, камрангии шахсияти худро ба мардум бисёр барҷаста инъикос медиҳанд. Абдуллоҷонов аслан аз ҷонибдорони ҷудоихоҳии мамлакати тоҷикон буд, касе хабар надорад барномаи пешазинтихоботии ӯ дар соли 1994-ум имтиёзҳои зиёдро ба ҳамсоякишвар қоил буд, аз ин лиҳоз, ба нооромии Тоҷикистон нигоҳ накарда, мардуми ояндабини тоҷик ба ӯ раъйи эътимод надод.

Бориз Ризо, унвонҷӯ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi