17:10:41 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АБДУНАБӢ САТТОРЗОДА: «СИЁСАТИ ХОРИҶИИ РУСИЯ ДАР ҚИБОЛИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТО ҲОЛ НОМУАЙЯН АСТ».

Рўзи 22-юми феврал дар маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»- и профессор Иброҳим Усмон сӯҳбат аз мавзўи нақши Русия дар ҷангу сулҳи байни тоҷикон рафт. Дар ҳамоиш, ки ин дафъа дар маркази савдои «Пойтахт» баргузор гардид, профессор Абдунабӣ Сатторзода, собиқ муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, оиди ин мавзӯъ фикру андешаҳои худро иброз дошт.

/images/stories/2013/02/25_sattorzoda-250213.jpgДар оғоз роҳбари маҳфил, профессор Иброҳим Усмон қайд намуд, ки Абдунабӣ Сатторзода аз рўзҳои аввал то охири музокироти сулҳи тоҷикон ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ иштирок дошт ва ба он ҳаводис баҳои воқеъбинона дода метавонад. Дар навбати худ профессор Абдунабӣ Сатторзода аз бисёр мураккабу печдарпеч будани ҳаводиси солҳои навадуми Тоҷикистон ёдовар шуда гуфт:

«Шумо медонед, ки ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон фавқуллода мураккаб ва печдарпеч буданд. Бинобар ин шарҳу тафсир ва таҳқиқу баррасии онҳо низ осон нест. Ҳар касе, ки мехоҳад дар ин масъала сўҳбат намояд ё чизе нависад, бояд ин назокатҳоро ҳатман риоя кунад. Дар ҳамин замина, яке аз ҳамин гуна мавзӯъҳои бисёр душвор ва пурназокат ин масъалаи иртиботи Русия ба он ҳодисаҳо ва иштироки Русия дар раванди сулҳи тоҷикон мебошад».

Аксҳо аз маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»

Дар ҳамин ҳол Абдунабӣ Сатторзода ибрози таассуф кард, ки агарчӣ бо гузашти солҳо дар ин мавзӯъ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷ бисёр гуфтаву навиштаанд, вале ба шарҳу баррасии дуруст ва воқеъбинонаи ин мавзӯъ муваффақ нагардидаанд. Аз нигоҳи профессор Сатторзода ҳамаи фикру андешаи то имрўз дар ин мавзӯъ навишташударо метавон ба ду бахш қисмат кард:

1.Русия ба ҳодисаҳое, ки дар солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон рух дода буд, аз ҷумла дар ҷанги шаҳрвандӣ, ҳеҷ иртиботе надошт. Русия ва дивизияи 201- танҳо ба ҳифзи амният ва оромӣ дар Тоҷикистон ва расидан ба сулҳу оштӣ дар кишвар мусоидат кард.

2.Русия яке аз тарроҳони он ҳодисаҳои ба вуқӯъомада дар Тоҷикистон буда, дар сар задан ва шиддат гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иштироки бевосита дошт. Техникаи ҷангӣ ва афсарону аскарони дивизияи 201 ва ҳайати нерўҳои махсуси русӣ – «Спесназ» дар задухўрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои террористӣ даст доштанд. Иштироки Русия дар рафти музокироти тоҷикон ва расидан ба оштии миллӣ дар Тоҷикистон аз рўйи ноилоҷӣ ва зарурати ҳифзи манфиатҳои геополитикияш дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ буд.

Аммо аз нигоҳи Абдунабӣ Сатторзода «ин тарзи биниш тарзи биниши ба истилоҳ «сафеду сиёҳ» аст, аммо ҳақиқати таърихӣ ва воқеияти давр бояд барқарор шавад. Агар дар ин рўзҳо наметавонем пас фардо ин корро бояд кард. Беҳтараш ин ки аз ҳамин ҳоло сар кунем. Ҳоло ки шоҳидони бевоситаи он ҳодисаҳо ва шоҳидони бевоситаи раванди сулҳ зинда ҳастанд ва баъзе маводу санадҳои он солҳоро дастрас кардан имкон дорад ва бо ҳамин ҳама гуна таҳриф ва зиёдаравӣ дар баҳо додан ба ин ҳодисаҳоро бояд аз байн барем. Бояд имрўз эътироф кард, ки сиёсати хориҷии Федератсияи Русия нисбат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ то ҳол номушаххас ва номуайян аст. Инро коршиносони русӣ ҳам эътироф мекунанд».

Ба андешаи профессор Абдунабӣ Сатторзода Русия дар муносибат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ такяи асосиро ба пурзўр кардани ҳузури низомии худ медиҳад, ки ин оқибат надорад ва далели инро ба сол то сол коҳиш ёфтани нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва ба хилофи ин, афзоиши ҳарчӣ бештари нуфузи кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин дар кишвари мо ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рабт медиҳад.

Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, таҳқиқ ва шарҳу баррасии воқеъбинона ва боинсофонаи масъалаи иртиботи Русия ба ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон ва иштироки ин кишвар дар раванди дарёфти сулҳи тоҷикон дар сурате ба даст хоҳад омад, ки агар ду шарти зерин риоят шавад:

1.Такя ба санадҳои расмӣ ва воқеаҳои реалӣ, ба шаҳодати шоҳидони бевоситаи он ҳодисаҳо.

2.Таҳлили ҳамаҷонибаи воқеаву ҳодисаҳои рухдода ва ҳамчунин муқоисаи гуфтаву навиштаҳои шоҳидон ва иштироккунандагони бевосита аз ҳарду тарафи даргир

Абдунабӣ Сатторзода, то аз сари инсоф нагузарад, аввал аз ҷанбаҳои мусбати иштироки Русия дар ҳодисаҳои солҳои навадум ва раванди сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, чунин иброз намуд:

«Бояд дар аввал аз хубиҳои иштироки Русия дар ҳодисаҳои солҳои навадум ва дар рафти сулхи тоҷикон гўям, ки нодида гирифтан ё сарфи назар кардан аз ин чиз, гумон мекунам, хуб нест:

1.Мувофиқи фармони Президенти вақти русия Борис Елтсин «Дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон» аз таърихи 28-уми июли соли 1993, раҳбари онвақтаи Хадамоти амниятии ФР. Примаков 30-уми июли ҳамон сол ба Кобул сафар кард ва пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури овнақтаи Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ ва собиқ вазири дифои ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд дар китобаш бо номи «Солҳое, ки дар майдони сиёсати бузург будам»- шаҳодат медиҳад, ки 31-уми июл бо роҳбари Иттиҳодияи Нерўҳои Мухолифини Тоҷик устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ «сўҳбати маҳрамона ва ба қавли худаш» ошкоро дошт.

Евгений Максимович Примаков навиштааст: «Нури послал нам весьма важный сигнал. Разговор с ним можно било считать отправной точкой тяжелого, продолжительного, со многими отступлениями процесса урегулирование отношение таджикского руководство с исламской оппозиции».

Тавре, ки маълум аст, Примаков худи ҳамон рӯз, яъне 31-уми июл аз Кобул ба Теҳрон сафар мекунад ва дар онҷо бо раисиҷумҳури вақти Эрон ҷаноби Рафсанҷонӣ, вазири вақти умури хориҷии ин кишвар ҷаноби Алиакбари Вилоятӣ ва ҳам муовини вазири умури хориҷии Эрон дар он вақт Маҳмуди Воизӣ дидор мекунад. Ин Воизӣ баъдтар намояндаи доимии Эрон дар тамоми музокироҳои мо буд. Бо ҳамин роҳ Федератсияи Русия заминаро барои сулҳи тоҷикон омода кард, ки инро мо наметавонем инкор кунем.

2.Русия масъулияти вазнини мизбонии давраҳои аввал, охир ва ҳафтуми музокироти сулҳи тоҷиконро ба ӯҳда гирифт ва ду мулоқот дар сатҳи олӣ гузашт. Бояд зикр кард, ки ин кори осоне нест ва мо худамон шоҳид будем, ки харҷи бисёре дошт.

3.Русия ба сифати кишвари нозир дар музокироти сулҳи тоҷикон дар ҳамаи давраҳои он ва мулоқоту машваратҳо ва дар кори Комиссияи оштии миллӣ намояндагӣ мекард.

4.Русия дар ба эътидол овардани вазъ дар Тоҷикистон баъд аз дарёфти сулҳу оштӣ низ мусоидат намуд.

Ҷанбаҳои манфӣ ё иртибои номатлуби Русия дар ҳодисаҳои солҳои навадум ва дар раванди сулҳи тоҷиконро Абдунабӣ Сатторзода чунин баён кард :

1.Дахолати сиёсӣ ва низомии Русия дар муқовиматҳои сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон дар солҳои навадум яке аз ҷанбаҳои манфӣ буд. Аз вуҷуди чунин дахолат яке аз тарафҳои даргир дар ҷараёни муқовиматҳои сиёсии солҳои навадум, ҳам дар раванди музокирот ва ҳам дар баъд бо далелу мисол ёд меоварданд.

Аммо мақомоти Русия ва тарафи дигари даргириҳои Тоҷикистон онро ботил мешумориданд ва инкор мекарданд. Бо гузашти солҳо аз он ҳодисаҳои номатлуб чанд китоби хотирот ва мусоҳибаҳои шаҳрвандони Русия, нашр шуд, ки барои шумо бояд шинос бошад.

Мисли Владимир Квачков, раҳбари собиқи бригадаи 15-уми Сарраёсати иктишофии Русия (ГРУ), афсарони хадамоти махсуси бригадаи 16-уми ин сарраёсат Сергей Колосов, Александр Сухолесский нашр шуданд, ки баъд аз ин дигар ба инкори дахолати густардаи низомии Русия дигар хеҷ ҷойу маҷоле нест. Худи мақомоти расмии кишвари Русия низ дар ин солҳои охир инро эътироф намуданд ва иштироккунандагони воқеаҳои солҳои навадуми Тоҷикистонро бо иштироккунандагони ҷанги Афғонистон ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар донистанд ва барои онҳо имтиёзҳо муайян намуданд.

Профессор Сатторзода аз навиштаи Квачко иқтибос овард, ки тирамоҳи соли 1992 452 нафар афсарону аскарони бригадаи махсуси таъиноти 16-ум ба Кӯлобу Қурғонтеппа партофта шуданд. Илова ба ин аз шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон бригада таъиноти махсуси 15-умро, ки фармондеҳаш полковник Владимир Крачков буд ва дар Панҷшеру Ғазнӣ низ ҷангида буд, оварда буданд.

Ҳамчунин Абдунабӣ Сатторзода аз Мусенко, ки мушовири сардори ҳамонвақтаи фронти халқӣ Сангак Сафаров ва баъдтар мушовири муовини вазири умури дохилӣ Ёқуб Салимов буд, ёдовар шуда гуфт, ки «Мусенко эътироф кардааст, ки «чтобы как то себя легализовать, мы создали Народный Фронт, практический воевали… ».

Боз ҳамин Мусенко ошкоро иқрор шудааст, ки мо дастаҳои Фронти халқии Тоҷикистонро бо силоҳу муҳимот таъмин мекардем. Аз методҳои махсуси ҷанги гражданӣ истифода карда, ҳамаи касонеро, ки мухолифи вовчикҳо буданд, муттаҳид намуда, ҷанг карданро ба онҳо меомӯзонидем. Дар асл ҳаракати партизаниро дар Тоҷикистон мутахассисони ГРУ созмон доданд. Колосов, Сухолесский, Мусенко шаҳодат додаанд, ки чӣ қадар лавозимоту танкҳои полки 201, полки 191-ро дар куҷо истифода кардаанд».

Барои исботи саҳм доштани Русия дар он ҳодисаҳо Абдунабӣ Сатторзода суханони як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Ҳоҷӣ Маҳмадмурод Ашӯри табибро аз деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор мисол овард, ки гуфтааст: «Аксари сарбозони рус дар база бозори фуруши аслихаи ҷангиро таъсис дода буданд, ҳатто танкҳоро барои як муддати муайян ба иҷора медоданд, танкҳои Русия як бегоҳ аз тарафи собиқ мухолифин бар зидди Фронти халқӣ ва бегоҳи дигар аз тарафи Фронти халқӣ бар зидди мухолифин тир меандохтанд».

Ҳамчунин Абдунабӣ Сатторзода аз чопи мунтазами хабару мақолаҳои дурӯғу баҳсбарангез ва бӯҳтономез дар бораи Тоҷикистон дар ВАО-и Русия ёдовар шуда, онро ҳам ҷиҳатҳои манфии иртиботи Русия бо ҳаводиси он солҳо маънидод кард. Ба андешаи Абдунабӣ Сатторзода солҳои навадум ба корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо Русия дахолат накардааст. Кишварҳои дигари хориҷӣ ҳам дар ин даст доштанд.

Дар анҷоми сӯҳбати худ Сатторзода гуфт, ки Русия яке аз кишварҳои муассир ва бонуфуз дар минақаи Осиёи Марказӣ ва собиқ Шӯрвӣ аст, бинобар ин Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат ба Русия зарурат дорад. Дигар илоҷе нест. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар сиёсат кишвари хурду бузург нест, ҳама баробаранд. Муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҳам бояд бидуни ҳама гуна дахолат ба корҳои дохилии якдигар ва бе ягон хел «бародари калон»- у «бародари хурдӣ» будан, балки аз рӯйи эътирофи ҳамдигар сурат бигирад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi