18:27:09 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чормағзҳои пур ва пучи Аврупо ва Тоҷикистон


Аврупо ҳамоно аз То
ҷикистон ислоҳоти демократӣ ва Тоҷикистон аз Аврупо ҳамоно сармоя мехоҳад, мегӯянд коршиносон. Сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо бо шукӯҳи хос, лабханду хушҳолиҳо, нишастҳои матбуотӣ ва селаи хабарҳо ба поён расид, аммо маълум нест, таассуроти дастовардҳои дипломатии ду ҷониб то кай дар фазои муносибатҳои тарафайн боқӣ
хоҳад монд.

rahmon-eshton-110413Бино бар баёнияҳо, ҳарду ҷониб хостаҳои худро аз ин дидору гуфтушунидҳо бароварда кардаанд, аммо дар ҳоли ҳозир асосан дар шакли шиору ваъда ва изҳори омодагию тарҳҳое барои оянда. Аммо бо вуҷуди умумиятҳои зиёде бо дидорҳои пешина, ин сафари ҳайати Тоҷикистон ба Бруссел вижагиҳое дошт, ки таассуротро аз он қавитар мекунад.

Бори аввал ду мансабдори баландпояи Иттиҳоди Аврупо, раиси кумиссюни ин эътилоф Жосе Мануэл Баррозо ва раиси порлумони Аврупо, Мартин Шултс, Тоҷикистонро кишвари калидӣ дар минтақа ва ҳамкори стратегии Аврупо номиданд. Онҳо афзуданд, мехоҳанд ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар ростои хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон густариш диҳанд.

Дар ҷавоб онҳо омодагии комили Тоҷикистонро ба чунин ҳамкорӣ ба даст оварданд ва аммо Тоҷикистон низ хостҳои худро дошт. Коршиноси равобити байнулмилалӣ дар Душанбе, Амриддин Шарифов мегӯяд, хостаи асосӣ ин пеш аз ҳама рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба тарҳҳои муҳими Тоҷикистон аст. Ва ба ақидаи сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, Аврупо дар ҳоли ҳозир яке аз сарчашмаҳои асосии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аст.

Масъалаҳои иқтисодӣ, ё саҳеҳтараш, сармоягузорӣ, дар чандин мулоқоти ҷаноби Раҳмон бо мансабдорон ва соҳибкорони Аврупо матраҳ шуд ва чанде аз ҳамсӯҳбатони ӯ узвияти Тоҷикистонро дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шодбош гуфта, онро яке аз омилҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба номиданд. Ин дар ҳолест, ки ба ишораи Раиси кумиссюни Аврупо, табодули мол миёни ИА ва Тоҷикистон дар соли 2012 тақрибан 43 дарсад афзудааст. Баррозо ҳамчунин ваъда дод, ки Иттиҳоди Аврупо барномаҳои имдодияшро ба Тоҷикистон бештар хоҳад кард.

Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Андерс фоғ Расмуссен, зоҳиран дар посух ба мусоадати Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон, низ аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба, хонда шавад, ёриҳои бештари НАТО ба Душанбе, ёд кард. Зимнан, Тоҷикистон на танҳо ба чандин тарҳи аврупоии марбут ба Афғонистон шомил гашт, балки ба ҳайси кишвари калидии Осиёи Марказӣ дар Стратегияи минтақаии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020 боқӣ мемонад. Мансабдорони аврупоӣ аз дидори Эмомалӣ Раҳмон ва даъвати меҳмонӣ ба Тоҷикистон он гуна ба ваҷд омаданд, ки ҳатто раиси Порлумони Аврупо, Мартин Шултс, Тоҷикистонро "кишвари дорои аҳамияти стратегӣ на танҳо барои Аврупо, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ" номид.

Аммо ҳам Шултс ва ҳам мақомоти дигари Аврупо, зоҳиран, барномаҳои худро ба ислоҳоти демократӣ, ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон пайванд доданд. Дар тарҷума аз забони дипломатӣ онҳо гӯё гуфтанд, ба президент Раҳмон кӯмак хоҳанд кард, агар ӯ дар кишвараш шароитеро барои бисёрҳизбии воқеӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, махсусан озодии дин ва ҳаққи ҷамъомаду созмон, интихоботи шаффоф ва озоду одилонаро фароҳам орад. Ҷаноби Раҳмон ваъдаи интихоботи демократиро дод, аммо то ҳол ягон бор нозирони аврупоӣ ягон интихоботи Тоҷикистонро озоду одилона надонистаанд.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, мансабдорони Аврупо ҳамеша ин талабҳоро дар миён гузоштаанд ва на танҳо аз Раҳмон, балки аз президентҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки сафари расмӣ ба Аврупо барояшон масъалаи қадру манзалати онҳост, низ ин талабҳоро кардаанд. Вале, кишварҳое, ки манобеи дохилии сармоягузорӣ доранд, метавонанд, чунин талабҳоро бо берун шудан аз толорҳои аврупоӣ фаромӯш кунанд. Тоҷикистон, ба қавли ин таҳлилгар, чунин манобеъро надорад ва аз он ҷо, ки дар партави вазъи Афғонистон зери шуоъ қарор мегирад, “агар на ҳама, бахши зиёде аз ин талабҳоро бояд иҷро кунад.”

Мудири Маркази авруосиёии пажӯҳишҳои сиёсӣ дар Алмато, Рустам Лебеков, айни хулосаро нисбати мададҳои  Иттиҳоди Аврупо изҳор медорад: “Бо назардошти бӯҳрони ҷаҳонӣ, гумон аст, Аврупо тавонад, ҳамаи тарҳҳои Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад, аммо шояд ба бархе аз онҳо расидагӣ намояд. Вале рехтани пули зиёд ба иқтисоди он аз эҳтимол дур аст.”

Ба ин тартиб, тавре коршиносон хулоса мекунанд, бо вуҷуди хушбинии ду тараф ва лабханди тамошоварони сафари расмии раҳбари Тоҷикистон ба Бруссел, агар ташнагии қадру эътибор шиканад ва талоши симосозию дарёфти пуштибонӣ низ муваффақ гардад ҳам, гумон аст, тарҳҳои густардаи ду ҷониб дар ҳаҷми комил ба иҷро расанд. Ва таассуроти сафари Аврупо барои дарозмуддат боқӣ бимонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi