03:28:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Раҷаби Мирзо: "Мардум парвои сиёсат надорад"

Талаб ё "наказ"-и электорати асри 21 аз интихобкундаи солхои Шӯравӣ зиёд фарқ намекунад, мегӯяд довталаби курсии парлумон аз ҳавзаи Восеъ.

rajabi-mirzo-12042013Раҷабаи Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, яке аз довталабони курсии парлумон мегӯяд, тафаккури интихобкунандаи асри 21 аз электорати замони Шӯравӣ зиёд тафовут надорад. Овоздиҳанда аз депутати оянда ҳамчунон насби лулаи об, бунёди роҳу маркази тиббиро интизор дорад. Раҷаби Мирзо мегӯяд, мардум парвои масоили сиёсӣ надорад. Чизе, ки зеҳни онҳоро банд кардааст, мушкилоти иҷтимоӣ, махсусан маориф ва беҳдошт будааст.

Раҷаби Мирзо ва Зайниддин Сафаров, довталаби дигари иштирок дар интихоботи миёндаврагии Восеъ, аз ҳизби Аграрии Тоҷикистон,  ки дар ҷараёни маъракаи таблиғоти номзадии худ, дидору гуфтугӯҳоеро бо интихобкунандаҳо анҷом доданд мегӯянд, ҳарчанд сокинони ҳавзаи интихоботӣ нақши намояндаи мардумӣ дар парлумонро дуруст дарк намекунанд, аммо суолҳои мантиқӣ мегузоранд, ки чаро ҳукумат ҷойҳои корӣ бунёд намекунад, то бачаҳои онҳо дигар ба Русия нараванд?

Қарор аст, интихобот барои ҷойгузинии курсии Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон барпо шавад. Ин номзад аз ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ таъйин шуд. Ҳоло чаҳор нафар, бо шумули рӯзноманигори шинохта Раҷаби Мирзо довталаби курсии палатаи поёнии порлумон шудаанд.

Раҷаби Мирзо қаблан ба мо гуфта буд, ки барномаи номзадиашро низ мушаххас кардааст ва «бо фаро гирифтани масъалаҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, вазъи беҳдоштии ин ноҳия, аз ҷумла, гирифторони бемории сил» бахши аслии барномаи кории ӯ дар сурати пирӯзиаш дар интихобот хоҳад шуд.

Зимнан, Раҷаби Мирзо дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз тариқи худпешбарӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур номзад шуда буд, аммо дар ниҳоят номзади ҳизби ҳокими халқӣ - демократ пирӯз гардид. Раҷаби Мирзо 39-сол дошта ва ҳоло раҳбарии Маркази сотсиологии «Бозтоб» -ро бар дӯш дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi