04:58:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

Душанбе изҳороти Жириновскийро "тӯҳмат ва таҳқир" хонд

 Порлумони Тоҷикистон зимни як муроҷиъа ба Думои давлатии Русия ибрози назарҳои бархе аз мақомоти давлатӣ ва чеҳраҳои сиёсии ин кишвар дар мавриди Тоҷикистонро “таҳқир ва тӯҳмат” унвон кард.

parliament 25042013Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 24 апрел, дар иҷлоси порлумон тарҳи муроҷиъа ба порлумони Русияро муъаррифӣ мекард, гуфт: “Хабару гузоришҳо дар бораи тоҷикону Тоҷикистон дар васоити ахбори умуми Русия асоси воқеъӣ надошта ва аз танқид ба таҳқиру тӯҳмат табдил ёфтааст.”

Оқои Зуҳуров ба унвони мисол аз қазияи бозрасии қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ёдовар шуд, ки мақомоти ниҳодҳои давлатии Русия тавассути телевизиюни давлатии ин кишвар муҳоҷирони тоҷикро “мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, нашъамандӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Русия” хондаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт: “Ба мо миннат мекунанд, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик дар як сол ба миқдори 3 милёрд дулор ба ватан пул интиқол додаанд, аммо дар бораи он ки, ки онҳо дар Русия ба маблағи 20 милёрд дулор корро иҷро кардаанд, чизе намегӯянд.”

Ҳамчунин, ӯ сӯҳбати Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерол-демукрот ва муъовини раиси Думои давлатии Русия дар шабакаи телевизиюни “Россия-1”-ро навъи таҳқир дар қиболи мардуми тоҷик ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симои миллат маҳсуб мешавад, арзёбӣ кард.

Дар муроҷиъаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Думои давлатии Русия омадааст: “Суханони Жириновский, ки аз элитаи сиёсии Русия намояндагӣ мекунад, ба раҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳқиромез буда ва ба рӯҳияи дӯстӣ ва шарики истиротежӣ мувофиқат надорад. Ин гуфтаҳо метавонад ба равобити ин ду кишвар латмаи ҷиддӣ ворид кунад.”

Намояндагони порлумони Тоҷикистон ибрози назарҳои "бепоя ва муғризонаи" мақомоти ниҳодҳои давлатӣ ва чеҳраҳои сиёсии Русия дар мавриди давлат ва мардуми Тоҷикистонро шадидан маҳкум карда, аз ҷониби Русия қотеъона тақозо мекунад, дар ибрози назарҳои расмӣ назокатро риъоят кунанд.

Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Думои давлатии Русия бояд талош кунанд, то равобити ин ду кишвар дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва мушорикати истротежик рушд кунад.

Владимир Жириновский, муъовини раиси Думои Русия дар барномаи “Поединок”-и шабакаителевизюни давлатии "Россия-1" дар рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ, аз ҷумла, дар бораи раванди муҳоҷирати кории Тоҷикистон ба Русия ва қимати пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон суханронии эҳсосотие дошт, ки дар расонаҳо пурсарусадо шуд.

Оқои Жириновский дар ин барнома аз ҷумла гуфт: “Ҳоло дӯстони шумо, кумунистони тоҷик дубора қимати пойгоҳи низомии мо дар Тоҷикистонро бешармона боло мебаранд! Барои ҳамин мо мегӯем, ки мо дигар муҳоҷирони шуморо намепазирем. Он вақт Раҳмон, раҳбари давлат чӣ кор мехоҳад бикунад? Ӯ хеле хуб мефаҳмад, ки он замон вақти ӯ ба поён мерасад. Зеро исломиҳои афғон Тоҷикистонро забт ва Раҳмонро ба монанди Наҷибулло дар маркази шаҳр ба дор меовезанд.”

Ин суханони ба гуфтаи соҳибназарон "таҳқиромез"-и Владимир Жириновский дар расонаҳои мустақили Тоҷикистон вокунишҳои мухталифе дар пай доштааст.

Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ду рӯзи қабл дар нишасти хабарии ин ҳизб ин изҳороти оқои Жириновскийро маҳкум кард.

Аммо ӯ гуфт, ки посухи расмӣ ба ин изҳорот ба салоҳияти мақомоти диплумотики Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури хориҷа аст. Ӯ афзуд ҳарчанд дар мавриди бархе аз сиёсатҳои дохилӣ бо Президент Раҳмон мувофиқ нест, аммо ӯро раиси ҷумҳури худ медонад ва таҳқир нисбати раҳбари кишварашро қабул надорад.

Вазирати хориҷаи Тоҷикистон дар рӯзи сешанбеи 23 апрел, Юрий Попов, сафири Русияро фаро хонд ва ёддоштҳои расмии вазорат дар мавриди изҳороти ахири намояндаи Думо ва муъовини нахуствазири Русия дар мавриди Тоҷикистонро ба ӯ таслим кард.

Дар ёддошти марбут ба изҳороти Владимир Жириновский аз ҷумла омадааст: “Ин ки мансабдорони давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тариқи расонаҳо суханҳои аз ҳақиқат дур, тӯҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона мекунанд, моро нигарон кардааст ва ба муносиботи дӯстонаи ду кишвар ихлоли ҷиддӣ ворид месозад.”

Мақомоти Тоҷикистон дар ёддошти дигар иддаъоҳои Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазири Русия мабнӣ бар убури тоҷикистониён аз марзи Русия тавассути қаторҳо бо шиносномаҳои дохилии кишварро низ бепоя хонданд ва гуфтаанд ба далели ин ки онҳо аз тариқи қаламрави Узбакистон ва Туркманистон убур мекунанд, бо истифода аз гузарномаҳои хориҷии худ ба Русия сафар мекунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi