18:04:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кабирӣ: «Телевизиони давлатӣ моли як шахс ё як ҳизб нест»

 Аҳзоби сиёсие, ки расман дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, бояд ҳаққи истифода аз телевизиони давлатиро дошта бошанд ва нуқтаи назари онҳо дар шабакаҳои телевизиюн мунъакис шавад. Ин ибрози назарро бархе аз намояндагони порлумони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 24 апрел дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби ислоҳи қонуни “Телевизиюн ва радиошунавоӣ” гуфтанд.

muhiddin-kabiri 25042013Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон аз ҷумла гуфт, телевизиони давлатӣ аз буҷети давлатӣ сармоягузорӣ шуда ва аъзои аҳзоби кумунист, демукрот ё наҳзати исломӣ, ки аз ҷумлаи пардохткунандагони молиёт маҳсуб мешаванд ва аз ин тариқ дар таъмини молии шабакаи телевизиони давлатӣ саҳм мегузоранд ва бояд тавассути ин шабакаҳо ибрози назар кунанд.

Оқои Кабирӣ афзуд: “телевизиони давлатӣ моли тамоми миллат аст, моли шахсии касе ё ҳизбе нест. Аз он бояд тамоми қишри ҷомеъа истифода кунанд. Бояд мардуми Тоҷикистон аз тариқи телевизиюн огоҳ шаванд, ки аҳзоби сиёсӣ чи нуқтаи назар доранд, бояд тавозун дар ҷудо кардани вақт дар телевизиони давлатӣ барои ҳамаи сиёсатмадорон, шохаҳои ҳокимият ва аҳзоб баробар бошад.”

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар зарфи 8 соли фаъолият ба унвони намояндаи порлумон назари ӯ боре ҳам дар телевизиони давлатӣ пахш нашудааст. Дархости расмии ӯ ба Кумитаи родию ва телевизиюн дар мавриди ширкат дар баррасии тарҳҳои қавонин низ рад шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ дар масоили мавриди баҳс дар порлумон иттифоқи назари ҳизби наҳзат бо ҳизби ҳоким бештар аст, то ихтилоф.

Исмоил Талбаков, намояндаи Ҳизби кумунист дар Маҷлиси намояндагон гуфт, на танҳо дар телевизиюн, балки дар нашрияҳои давлатӣ низ нуқтаи назари аҳзоби сиёсӣ бояд мунъакис шавад.

Оқои Талбаков дар ҷамъи хабарнигорон дар порлумон гуфт: “Расонаҳои давлатӣ танҳо манфиъати як ҳизб ё давлатро ҳимоят накунанд. Дар кишварҳои дигар, мисли Чин ё Русия аҳзоби сиёсӣ бидуни мамоният аз шабакаҳои расмии телевизиюн истифода мекунанд. Давлат аз пешниҳодҳои аҳзоб дар рушди кишвар истифода мекунад.”

Вале Саидалӣ Сиддиқов, муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии родию ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ назарҳои мухталиф мунъакис мешавад.

Аммо ӯ афзуд, ки телевизиони давлатӣ дар қадами аввал бояд аз манофеъи давлати Тоҷикистон ҳимоят кунад ва аҳзоби сиёсӣ барои ибрози назар аз минбарҳои худ истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки пештар дархостҳои мукаррари аҳзоби мухолифи давлат, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Кумитаи родию ва телевизиюн барои таъсиси шабакаи мустақили телевизиюн пазируфта нашудааст.

Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба мушкили дастрасӣ надоштани сокинони бархе аз навоҳии марзии ин кишвар ба шабакаҳои телевизиони давлатӣ ишора кард.

Ӯ гуфт, дар бархе манотиқ шабакаҳои телевизиони кишварҳои хориҷиро тавассути як онтени кучаки хонагӣ тамошо кардан мумкин аст, аммо тамошои телевизиони Тоҷикистон дар ин манотиқ душвор будааст.

Саидалӣ Сиддиқов, муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии родию ва телевизиюн ба навбаи худ гуфт, ки тибқи иттилоъи расмӣ феълан шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон 99,7 дарсад ва шабакаи телевизиони “Сафина”-и ин кишвар 90 дарсад аз манотиқи кишварро фаро гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ мақомоти ин кишвар талош хоҳанд кард, то ҳаддулимкон дастрасии аҳзоби мухолифро ба расонаҳои давлатӣ, бахусус, шабакаҳои телевизиюн маҳдуд кунанд ва аз ин расонаҳо ба таври фазоянда ба суди номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот истифода кунанд.

Муходлифон ҳамчунин аз он нигаронанд, ки имкон дорад мавонеъ дар фаъолияти расонаҳои дигари мустақил низ эҷод шавад ва мақомот бо баҳонаҳои мухатлиф даст ба масдуд кардани бархе сойтҳо бизананд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi