07:39:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Довуди Муродиён: Баъди хурӯҷи нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон вазъ дар минтақа тағйир нахоҳад кард

Дар толори маҷлисҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи Илмҳои ҶТ мулоқоти олимону пажӯҳишгарон, рӯзноманигорони кишвар бо Довуди Муродиён, раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, ки барои ширкат намудан дар конфронси байналмилалии мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҳузур дошт, баргузор гардид.

1-dovud-29042013Ин дидорбиниву сӯҳбати ҷолиб бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Давр он Абдулғафури Орзу сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд. Баъди он ки Қосимшоҳ Искадаров, доктори илмҳои таърих, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон меҳмонро хайрамақдам гуфт Довуди Муродиён дар назди ҳозирин оиди вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои вазъ дар минтақа баъди хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитерроризм аз Афғонистон сӯҳбати муфассале кард.

Ба назари ин таҳлилгари шинохтаи  Афғонистон вазъи ин кишвар ва минтақа  баъди хурӯҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2014 аз Афғонистон метавонад ҳамагӣ даҳ фисад  таҳаввулот дошта бошад ва ё аз вазъи кунунӣ фарқ кунад. Ин ҳам бошад дар баъзе манотиқи Афғонистон вазъ даҳ фи сад печидатар мешавад ва дар бархе манотиқи дигар даҳ фи сад рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Айнан ҳамин пешгӯиро дар бораи вазъи минтақа низ гуфтан мумкин аст, мегӯяд раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон. Ба гуфтаи ин коршиноси афғонӣ Афғонистан дар зарфи дувоздаҳ соли охир хеле қавӣ гардидааст. Масалан, гардиши солонаи мол дар иқтисодиёти кишвар аз як миллиард доллари соли 2001 дар соли 2011 ба 20 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Имрӯз сохторҳои қудратӣ, ки вазифаи асосии онҳо таъмини амнияти мардум ба ҳисоб меравад, 350 ҳазор сарбози таълимдида доранд, ки дар ҳеҷ давру замоне чунин миқдор нирӯ мусаллаҳ Афғонистон надоштааст.

2-dovud-29042013Аз сӯи дигар, ин таҳлилгари афғонӣ мутмаин аст, ки на ҳамаи нирӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк хоҳанд. Ҳадди аққал 20 ҳазор сарбози ғарбиҳо дар Афғонистон мемонанд ва дар баробари таълим додани аскарони афғонӣ онҳо инчунин дар амалиётҳои зиддитеррористӣ алайҳи толибон ва тарафдоронашон ширкат хоҳанд кард, мегӯяд Довуди Раҷабиён.

Ғарбиҳо Афғонистонро ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳанд кард. Онҳо як бор ба қазияи Афғонистон камтаваҷҷуҳӣ карданд ва натиҷаааш ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 шуд, меафзояд таҳлилгари афғонӣ. Мавқеи стратегии Афғонистон, захираи сарватҳои табии он ва махсусан қочоқи маводи мухаддир, ки истеҳсоли солонаи он аз 65 миллиард доллари амрикоӣ убур кардааст, имрӯз дар маркази диққати кишварҳои абарқудрати минтақа қарор дорад. Ба ақидаи ин таҳлилгари афғонӣ ИМА то 25-30 соли дигар яккатозиро дар ҷаҳон аздаст нахоҳад дод. Имрӯз амрикоиҳо фурудгоҳи Багроиро ба як шаҳри ҳозиразамоне табдил додаанд, ки гумон мекунӣ дар сад сари сол онҷоро тарк нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар чанд сол қабл ИМА ва кишварҳои аврупоӣ Покистонро ҳамчун сангари мубориза алайҳти ифротгароӣ истифода мебурданд. Зеро аз эҳтимоли ба дасти ифротгароён афтидани 200 бомби ҳастаии Покистон сахт дар ташвиш буданд. Тариқи Покистон мехостанд Афғонистонеро, ки дар онҷо ифротгароёну террористон мақар гирифта буданд, таҳти назорати худ дошта бошанд. Акнун вазъ ба кулли тағйир хурдааст. Ифротгароёну террористон аксаран дар Покистон паноҳ бурдаанд. Акнун нақшаи ғарб ин аст, ки тавассути Афғонистон манотиқи ифротгароёни Покистонро дар таҳти нуфузи худ дошта бошад.

Кишваре, ки ҳамин ҳоло  бо ИМА дар минтақа метавонад  рақобатпазир  бошад, ба гуфтаи Довуди Раҷабиён, ин танҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин аст. Азбакски Чин ба иқтисодиёти Афғонистон аз ҳама бештар - 15 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, ба хеҷ ваҷҳ намехоҳад, ки вазъ дар Афғонистон вахимтар шавад.

3-dovud-29042013

Ҷолиб он аст, ки ин таҳлилгари сиёсӣ мавқеи Русияро дар байни абарқудратҳое, ки дар минтақа ҳузур доранд, танҳо баъди эътилофи кишварҳои ғарбӣ ва Ҷопон дар ҷои чорум мебинад.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди хурӯҷи нирӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҳамин сиёсати «панҷоҳ ба панҷоҳ»-и худро нисбати Афғонистон идома хоҳад дод. Яъне панҷоҳ дар сад ба Афғонистон кӯмак хоҳад кард, панҷоҳ дар сад не.

Довуди Раҷабиён дар посух ба саволҳои ҳозирин афзуд, ки  дар масъалаи сиёсати кадрҳо ҳукумати кунунии Афғонистон ба пешравиҳое низ ноил шудааст. Қариб дар ҳамаи идораҳои давлатӣ намояндагони қавму миллатҳои мухталифро шумо дида метавонед. Тавозун аз лиҳози ширкати намояндагони миллатҳо дар ҳукумат ва махсусан дар артиш риоят мешавад. Навад дар сади мансабдорон ҷавонони то синни 30-сола мебошанд. Қариб ҳамаи ин ҷавонон дар хориҷ аз кишвар таҳсил кардаанд ва ходимони соҳибихтисосанд.

Ин коршиноси афғон  давлати Тоҷикистонро аз дустони наздиктарини Афғонистон арзёбӣ кард ва тавсияи ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангиро ба манфиати ҳарду кишвар донист.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi