19:51:32 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Вокуниши "Тоҷикистон нав" ба бозҷӯии манзили Зайд Саидов

Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав иттилоъ дод, ки соати 13:55 дақиқаи рӯзи 11-уми май, амалиёти тафтишотии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар манзили истиқоматии сарвари ин гуруҳ Зайд Саидов ба вуқуъ пайвастааст.

zayd-saidov-11052013Дар иттилоияи ин гуруҳ, ки бегоҳи рӯзи шанбе нашр шуд ва як нусхаи он ба дасти мо расид, бо ишораи ба гуфтаи яке аз фарзандони Зайд Саидов омадааст, ки манзилашон дар ҳоле мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтааст, ки модарашон, яъне ҳамсари Зайд Саидов дар бистари беморӣ буда ва духтараш дар батн фарзанд дорад.

Ин дар ҳоле, ки Зайд Саидов тибқи тасмим ва қарордоди расмӣ, ки ҳанӯз моҳи феврали соли равон ҳосил шудааст, ба унвони раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба ширкатаи муносиби дастаи теннисбозони ҷумҳурӣ дар мусобиқаи байналмиллӣ, дар шаҳри Парижи Фаронса  қарор дорад

Зайд Саидов тариқи телефонии изҳор доштааст, ки ба таъмини риояти талаботи қонун аз ҷониби мақомоти марбутаи қудратӣ боварӣ дорад ва амали тафтишотӣ ҳеҷ гуна садде барои иқдоми таъсиси ҳизб наметавонад эҷод кунад.

Бино ба гузоришҳо, мақомоти интизомӣ Тоҷикистон баъди ҷустуҷӯи хонаи Зайд Саидов, аз соҳибкорони шинохта ва аз ташаббускорони гурӯҳи ҳизби «Тоҷикистони нав» алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Яке аз писарони  Зайд Саидов дар сӯҳбат бо мо таъйид кард, ки чанд нафар хонаашонро ҷустӯҷу карда ва аз баъзе дигар аз наздиконашро барои додани баёнот ба Раёсати умури дохилӣ ва додситонии шаҳри Душанбе бурдаанд. Маҳмудҷон Қосимов, узви дигари гурӯҳи ташаббускори ҳизб низ дар сӯҳбат бо мо ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки "гурӯҳе аз кормандони интизомӣ хонаи Зайд Саидовро ба далелҳои номаълум ҷустуҷӯ кардаанд."

Як манбаъ дар гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав, аз қавли писари Зайд Саидов гуфт, ки гӯё алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Рӯзе пештар Зайд Саидов гуфт, ба ӯ телефони таҳдид кардаанд ва худаш дар ин бора бо раҳбари Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе сӯҳбат кардааст.

Худи ӯ дирӯз дар ҳайъати теннисбозони тоҷик ба Фаронса сафар кардааст. Зайд Саидов, раҳбари Иттиҳодияи тенниси рӯи мизии Тоҷикистон аст. Вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва раҳбари Шӯрои Анҷумани Соҳибкорон моҳи гузашта эълом кард, ки бо гурӯҳе аз соҳибкорону сиёсатмадорон қасд доранд, ҳизби нави сиёсиро бо номи “Тоҷикистони нав” таъсис бидиҳад.

Дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва муовини собиқи вазири кор ва муовини низ пешини раиси гумрук, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷиксохтмон-байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ, Бахтиёр Баҳодуров аз ташаббускорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд. Баъди эъломи ин ташаббус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳое нашр шудаанд, дар онҳо Зайд Саидов ба қонуншиканиҳо дар замони вазир буданаш муттаҳам мешуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi