11:25:58 01-уми Июни 2025 сол

Таъсиси Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов

Бархе аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ниҳодеро бо номи Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис доданд, ки вазифаи аслии он ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик хоҳад буд. Ба ин хотир, дар чаҳорчӯби Эътилоф Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов ҳам ташкил шуд.

zaid-saidov-26052013Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мо гуфт, ба эътилоф аҳзоби мухолифи ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятиву афроди алоҳида шомил ҳастанд. Вай афзуд, ҳадаф аз ташкили эътилоф ва Кумита ба дастаҷамъӣ расидагӣ кардан ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аст: «Ин як ниҳоди машваратие хоҳад буд, ки ба тариқи машварат тасмим хоҳад гирифт ва ҳар касе хоҳиши ширкат дар кори онро дорад, метавонад шомили он шавад. Минҷумла, ҳоло бо бархе аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву сиёсӣ машварат дорем, ки умедворем, ба Эътилоф ворид хоҳанд шуд.»

Ба гуфтаи мавсуф, ҳоло ҳайати раёсати Эътилоф аз нуҳ нафар аз аҳзобе назири ҲНИТ, ҲСДТ ва гуруҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав", созмонҳои Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ё НАНСМИТ, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорони алоҳида, ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷавонон таркиб ёфтааст.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов 13 нафарро дарбар мегирад ва ба қавли Маҳмудҷон Қосимов, намояндаи гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистон, тариқи роҳҳои қонунӣ барои дифоъ аз ҳуқуқҳои сарвари ин гурӯҳ фаъолият хоҳад кард:

«Ҳуқуқҳои конститутсионӣ гуфта, мо инро дар назар дорем, ки аз оғози боздошти Зайд Саидов чандин маротиба ҳуқуқҳояш нақз шуд. Вақте боздошт карда, иттиҳом эълон карданд, ки ҳанӯз дахлнопазирӣ дошт, ё вакилони дифоашро чанд рӯз нагузоштанд, ки бо ӯ мулоқот кунанд, ҳарчанд қонуни давлат инро пешбинӣ мекард. Мо мехоҳем минбаъд дастҷамъона бо кӯмаки ҷомиаи шаҳрвандӣ аз ҳуқуқҳои ӯ дифоъ кунем.»

Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори муваффақ рӯзи 19-уми май аз сӯи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Мақомоти тафтишотӣӯро ба гирифтани пора, қаллобӣ, сӯистифода аз мансаб ва серзанагӣ муттаҳам мекунанд. Аммо аз нигоҳи ҷонибдоронаш, ин раванд аз оғоз ғайриқонунӣ буд ва иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, аслан заминаи сиёсӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол, ташкил шудани боз як эътилоф бо ширкати аҳзоби мухолифи давлат ва созмонҳои ҷамъиятиву шахсиятҳои алоҳида ба дунболи Эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо дар қонуни интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки низ аз сӯи онҳо ташкил шуда буд, аммо пешниҳодҳояшро парлумони Тоҷикистон ба назар нагирифт.

Иддае аз коршиносон бо ишора ба номуваффақ будани ин гуна танзимҳо мегӯянд, муваффақиятҳои эътилофи ҷадид низ бо назардошти низоми ҳукмрон дар Тоҷикистон баъид аст. Коршинос Алӣ Мастов мегӯяд, пайдо шудани чунин танзимҳо хоси низомҳои худкома аст ва як махсусияташон ҳам ин аст, ки бетаъсир хоҳанд буд:

«Аз касе пӯшида нест, ки дар кишварҳои авторитарӣ ҳар як ташаббуси таъсир гузоштан ба равандҳои сиёсӣ зебоии ба худ хос дорад, аммо ин ҷанбаи масъала ҳам ҳаст, ки онро як низоми хашин пешвоз мегирад ва дар ин низом қонунмандӣ риоя намешавад. Мантиқан, ҳар як ташаббус ҳанӯз тавлид нашуда, дар батн кушта шудааст. Ду роҳ аст, ё «кисагӣ» бошед, ё умуман, набошед. Мо дар бораи чӣ суҳбат мекунем, вақте як ҳизби расман сабти номшуда наметавонад озодона як ҷаласаи оддӣ баргузор кунад? Ин ки эътилофу Кумита ташкил кардаанд, хуб аст, аммо бо таассуф мегӯям, ки ба натиҷае расидани он хеле мушкил аст.»

Дар ҳамин ҳол, дастандаркорони Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, то ду рӯзи дигар барномаи амали худро таҳия намуда, дар ҷаласаи навбатӣ ба баррасӣ мегиранд ва вориди амал мешаванд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854