01:02:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Бо талаби сармоя. Э.Раҳмон барои се рӯз ба Кувайт рафт

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 июн бо як сафари давлатии серӯза ба Кувайт рафт.

mashvarat 23062013Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар мушовираш дар масоили сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазирони  хориҷаву молия ва беҳдошт Ҳамроҳхон Зарифӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Нусратуллоҳ Салимов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, мудири Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Боздиди ҳайъати Тоҷикистон аз Кувайт то 25 июн давом хоҳад кард.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар Ал-Кувайт бо мақомоти баландпояи ин кишвари арабии халиҷи Форс масоили равобити дуҷонибаро баррасӣ кард. Дар ҷараёни ин сафари серӯза имзои 8 қарордоди ҳамкорӣ байни ду кишвар дар назар дошта шуда, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ва дар бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар низ ширкат кунад.

Ҳафтаи гузашта дар пешорӯи сафараш ба Кувайт раисиҷумҳури Тоҷикистон ба расонаҳои ин кишвари арабӣ мусоҳиба дод. Дар ин сӯҳбат, ки аз сӯҳбатҳои ангуштшумори Эмомалӣ Раҳмон бо матбуот аст, оқои Раҳмон  изҳори умед кард, ки сафари ӯ уфуқҳои наверо дар осмони ҳамкории Тоҷикистону Кувайт боз хоҳад кард. Ӯ аз ҷумла сармоядорони кувайтиро ба сармоягузорӣ ба арсаҳои энерживу  турзим ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон даъват кард ва бори дигар аз захираҳои бузурги табиии кишвараш ва дар Тоҷикистон воқеъ будани 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ ёдовар шуд.

Дар ҳоли ҳозир, равобити Тоҷикистону Кувайт дар марҳалаи танҳо шурӯъ шудан аст. Нахустин иҷлосияи кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт рӯзи 23 май дар Душанбе доир шуд. Дар ҳамин нишаст як протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки нахустин санади ҳамкории ин ду кишвар ба шумор меравад. Ҳайъати Кувайтро дар ин музокирот муовини сарвазираш Мустафо Шамолӣ раҳбарӣ мекард. Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт баъди анҷоми музокирот ба Озодӣ гуфт, ин санад роҳро барои оғози равобити ду кишвар боз мекунад: «Миёни Тоҷиистону Кувайт тақрибан гардиши мол вуҷуд надорад, вале Кувайт ба унвони як кишвари қавии иқтисодӣ метавонад дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон саҳм гузорад ва барои мисол, дар бахши  туризм бо мо ҳамкорӣ кунад.»

Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт моҳи январи соли равон боз шуд. Танҳо дар як моҳи охир Кувайт панҷумин кишварест, ки Эмомлӣ Раҳмон боздид мекунад. Оқои Раҳмон аз 17 то 20 май аз Таиланду Чин дидан карда, рӯзҳои 26-27 мартро ба манзури ширкат дар як нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои пасошӯравӣ дар Бишкек ба сар бурд. Рӯзи 5 июн раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни афғону туркманаш дар вилояти Лабиоби Туркманистон дар расми ифтитоҳи бунёди роҳи оҳане, ки бояд аз Туркманистон то Афғонистон ва сипас то Тоҷикистон кашида шавад, ширкат варзид.

Коршиносон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон бештар бо талаби ҷалби сармоя рӯ ба ин кишвари саршор аз нафти халиҷи Форс овардааст, вагарна ҳаҷми кунунӣ ва ҳам дурнамои табодули молу коло ба ин кишвар хеле камранг ба назар  мерасад. Дар соли 2012 мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Кувайт ҳамагӣ 17,6 миллион долларро ташкил дод. Тамоми ин маблағ аз ҳисоби воридоти мол аз Кувайт будааст ва Тоҷикистон соли гузаштаву солҳои пеш ба он кишвар чизе содир накардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi