14:23:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Зайд Саидов иттиҳоми 2,2 миллион $ пораро радд кардааст

Вакилони мудофеъ ва наздикони Зайд Саидов мегӯянд, ки ӯ ҳарду иттиҳоми нави алайҳаш эълоншударо радд кардааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 24 июн ба мо гуфт, бо онки аз ифтитоҳи парвандаҳои нав алайҳи муваккилаш 5 рӯз мегузарад, онҳо то ҳол расман санаде дар ин бора аз Ожонси мубориза бо фасод нагирифтаанд.

zayd-saidov-tj 240613Дафтари матбуоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 24 июн хабар дод, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи вазири собиқи саноат ва соҳибкори шинохта Зайд Саидов ҳолатҳои нави “ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазинин коррупсионӣ аз ҷониби охирон ва ҳаммаслакони ӯ ошкор гардиданд ва алайҳи ӯ бо иттиҳоми порагирӣё ва қаллобӣ аз 19 июн парвандаҳои нав боз кардаанд.

Бино ба хабари расмии ин ниҳод, Зайд Саидов ба ду маврид гирифтани пора ба маблағи мутаносибан 700 000 ва 800 000 доллар аз шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев дар соли 2005 айбдор мешавад. Гуфта мешавад, ин маблағро Окушев тавассути миёнаравии Бобоев Далер, ки “яке аз одамони эътимодноки Зайд Саидов” муаррифӣ шудааст, дар ивази асноди кони тилои Чореи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва дарёфти муҷаввизи истихроҷи тило аз  ин кон додааст.

Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, дар қиболи ин мавриди “порагирӣ” аз 19 июн парванда оғоз карда, нисбат ба Далер Бобоев низ ба ҳайси чораи пешгирӣ аз ҳабси пешакӣ кор гирифтааст.

Мавриди дигаре ки мақомоти Ожонси зиддифасод Зайд Саидовро муттаҳам мекунанд, ба авоили соли 2011 рабт дошта, мегӯяд, Зайд Саидов бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрванди Украина Иван Коретский 1 070 000 доллар гирифтааст. Дафтари матуботи Ожонсӣ мегӯяд, баъдан моҳи декабри соли 2012 Саидов З.Ш. аз маблағи 1070000 доллари амрикоии гирифтааш, маблағи 300000 (сесад ҳазор) доллари ИМА-ро ба Корецкий И.В. дар шаҳри Москва баргардонида боқимонда 770000 доллари амрикоиро тассаруф намуда, онро ба манфиатҳои шахсии худаш сарф намуд. Оиди ин ҳодиса нисбати Саидов З.Ш. санаи 19 июни соли 2013 бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶҶумҳурии Тоҷикистон (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ ба миќдори махсусан калон пешбинӣ менамояд) оғоз карда шуд.”

Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов ба мо гуфт, Саидовро тайи ҳафтаи гузашта ду дафъа дар робита ба ин ду маврид бозпурсӣ кардаанд ва ӯ ҳарду иттиҳомро комилан радд кардааст. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Зайд Саидов дар вақти рӯбарӯкунӣ бо Иван Коретский гуфтааст, ки ин одамро аслан намешиносад. Аммо Далер Бобоев, ки гуфта мешавад, қаблан дар "Тоҷикатлас" кор мекардааст, нафари боэътимоди Окушев будааст, на аз Зайд Саидов, ки аз номи ӯ миёнаравӣ кунад. Зайд Саидов гуфтааст, аз Окушев ҳам ягон сӯм нагирифтааст.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ ҳамин тавр, аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт.

Зайд Саидов, ки аз соҳибкорони муваффақи кишвар ба ҳисоб мерафт, дар таърихи 6 апрели соли 2013 аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Аммо мақомот ба дунбол алайҳи ӯ чандин парванда кушоданд. Зайд Саидов рӯзи 19 май дар роҳи бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Ӯву тарафдоронаш ин ҳама иттиҳомотро сирф сиёсӣ ва марбут ба азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав медонанд. Дар чорчӯби Эътилоф барои демократия ва ҳуқуқи башар, ки чанд ҳизби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис додаанд, як Кумитаи вижаи дифоъ аз ҳуқуқи Зайд Саидов низ ташкил шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi