16:56:54 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Р.Раҳимов: Гуруҳҳое мумкин аст, фазои интихоботро ноором кунанд

Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои интизомӣ ба саркӯби ҳама гуна иғвоҳо дар давраи интихобот омодаанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа 19-уми июл гуфт, ба хотири таъмини амнияти сокинони  кишвар дар интихоботи президентӣ, тамринҳои ҷузвутомҳои махсуси ин ниҳод идома дорад.

ramazon-rahimov 20072013Ҷаноби вазир мегӯяд, «воқеан имсол соли муҳим аст, чунки ғайр аз интихоботи президентӣ чанд чорабиниҳои сиёсии диагр низ дар пеш аст. Мо ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаем ва  машқҳову дарсҳо мегузаронем. Ман фикр мекунам, ки мо мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қодирем, тартиботи ҷамъиятиро ба дараҷаи лозимӣ ба ҳангоми гузаронидани интихоботи президентӣ таъмин намоем.»

Ҷаноби Раҳимов, бо ишора ба мавҷудияти қишрҳои мухталиф дар ҷомеа афзуд, аз онҳо эътирозҳои гуногунро интизор шудан имкон дорад. Дар ин росто ҷаноби вазир ҳамчунин фаъол шудани гурӯҳҳои террористиро дар ин давра сарфи назар намекунад.Аммо ба гуфтаи ин мақоми баландпоя ниҳодҳои интизомии кишвар тавони ҷилавгирӣ аз чунин амалҳоро доранд ва ним соли ахир аллакай 23 узви гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар қаламрави кишвар боздошт гардидаанд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон дар авоили моҳи ноябрӣ соли ҷорӣ баргузор мешавад ва аммо барномарезиҳо ва омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ аз моҳи август шурӯъ мегардад. Таҳлилгарон мегӯяд,бо таваҷҷӯҳ ба рушди интренет ва дастарсии аксари сокинон ба шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо метавонанд назару андешаҳои худро роҷеъ ба интихобот ва натиҷаҳои он ба як шакле баён кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, гузаронидани чунин тамринҳои махсус аз сӯи мақомоти интизомӣ гувоҳи он аст, ки онҳо то андозае бештар шудани рӯҳияи эътирозии сокинонро дар заминаи амалҳо ва сиёсати нодуруст дарк кардаанд. Аммо ҷаноби Кабирӣ бо ҷонибдорӣ аз чунин тамринҳо мегӯяд, набояд чунин машқҳоро ба муқобили ҳизбҳои сиёсӣ қабул кард, зеро ҳар кишвар ва ниҳодҳои дахлдор бояд барои нишон додани вокуниш ба ҳама гуна ҳолатҳои изтирорӣ омода бошанд.

Ҷаноби Кабирӣ меафзояд, «дар ҳар як кишвари демократӣ ва озод, митингу гирдиҳамоӣ ҳамеша ҷо дорад ва бояд бошад. Дуруст аст, ки дар кишвари мо зери таъсири ҷанги шаҳрвандӣ солҳо боз чунин ҳолати набуд ва худи нерӯҳои сисёсӣ ҳам аз ин реӯҳои конистисуонӣ истифода набурдаанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ин метавонад беохир бошад.Зеро насли наве рӯи саҳна омада истодааст, ки онҳо шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ набудаанд ва чандон нигарон ҳам нестанд. Аз тарафи дигар набояд чунин фикр кард, ки ҳама гуна гирдиҳамоӣ ҳатман ба ҷанг оварда мерасонад. Ин вобаста аз огоҳиии худи нерӯҳои сиёсӣ аст, нафароне ки ин митингро ташкил мекунанд ва инчунин вобаста ба мақомоти давлатӣ аст,ки дар ин ҳолат чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад ва чӣ гуна ин масъаларо мудирият мекунад.»

Вале ҳамзамон ҷаноби Кабирӣ афзуд, бо он, ки аҳзоби сиёсӣ ва  мардум вазъи кунуниро таҳаммул мекунанд, аз он далолат медиҳад, ки ҳеҷ як аз нерӯҳои сиёсӣҷонибдорӣ ба ҳам задани амнияти кишвар  нест. Дар ҳамин ҳол, Маҳдии Собир, таҳлилгари умури амниятӣ бар ин аст, ки эҳтимолияти ба вуҷуд омадани иғвоҳо дар давраи тасмимгириҳои сиёсӣ ҳамеша вуҷуд дошт.Ба иддаои ин таҳлилгар ин изҳороти вазири корҳои дохилӣ ба он маъно нест, амнияти кишвар зери хатар аст. Гузашта аз ин ба иддаои Маҳдӣ Собирӣ, дар дохили кишвар нерӯҳое, ки тавонанд вазъиятро ноором кунанд вуҷуд надоранд.

Вай афзуд, «вазифаи вазорати дохилӣ аст, ки оромиро дар кишвар таъмин намояд ва ҳар гурӯҳе, ки мехоҳад амниятро халалдор кунад, роҳи онҳоро бигирад. Аммо ин танҳо як эҳтимолияти кор аст ва агар чунин  эҳтимолият бошад, ин ниҳод маҷбур аст, ки вазифаи худро иҷро куанд. Вале имрӯз дар Тоҷикистон қувва ва ё гурӯҳе мавҷуд нест, ки сулҳу оромиро таҳдид кунад. Дуруст аст,ки дар Афғонистони ҳамсоя  вазъ ноором аст, ин чиз ба мо дахл надорад,зеро сарҳадамон пурзӯр аст ва муҳофиза мешавад.»

Гуфта мешавад, Вазорати умури дохилаи Тоҷикситон ба хотири таъмини тартибу низом дар пешорӯи интихоботӣ президентӣ шурӯъ аз моҳи апрел, аз ҳисоби кормандони пулис назорати шабонгоҳро ба роҳ мондааст. Рамазон Раҳимов мегӯяд, сарбозони Вазорати мудофиа ва Горди миллӣ низ барои амнияти бино ва иншооти муҳиме, ки ба онҳо вобаста гардидааст, сафарбар шудаанд. Ба гуфтаи вазири корҳои дохила дар пайи ин иқдом ошкоршавии амалҳои ғайриқонунӣ ва боздошти ҷинояткорон бештар шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi