05:40:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Омилҳои ба сардӣ гаравидани муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон

Коршиноси масоили байналмилалӣ ва шарқшиноси рус Иннокентий Адясов зимни нашри як мақолаи таҳлилӣ дар шабакаи интернет сайъ кардааст, ки омилҳои ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба баррасӣ гирад ва чигунании мавқеи Россияро дар бархӯрдҳои лафзии ин ду кишвари Осиёи Миёна пешгӯӣ кунад. Ҷаноби Адясов менависад, “ҳарчанд муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба даъвоҳои “қудратманди минтақа” шудани Тошканду роҳи ҳал наёфтани “мушкили об” вобаста аст, вале хусумати шахсии Ислом Каримов нисбат ба ҳамтои тоҷики худ ҳамоно яке аз омилҳои муайянкунанда дар ин замина боқӣ мемонад.”

uzbak-tojik omilho 2013

Ба бовари коршиноси рус, президент Каримов то ҳоло ба он назар аст, ки фақат бо кумаку дастгирии вай дар солҳои 90-уми асри гузашта Эмомалӣ Раҳмон тавонист сари қудрат биёяд ва зимоми ҳукуматро ба даст гирад. Вале муаллиф дар идомаи матлабаш дурустии ин андешаи президенти Ӯзбекистонро зери суол мебарад ва менависад, ки “Каримов шояд намедонад ё донистан намехоҳад, ки пеш аз ҳама ба шарофати ташаббусу фаъолиятҳои тӯлонӣ ва устувори ҷониби Россия президент Раҳмон тавонист, ки бо мухолифонаш сари мизи гуфтушунид нишинад ва ҷанги шаҳрвандӣ бо оштии тарафайн анҷом ёбад. Маҳз натиҷаи ҳамин ташаббусҳои Россия буд, ки Эмомалӣ Раҳмон таи солиёни дароз зимоми қудратро дар даст дорад ва то ҳоло дар сари ҳукумат аст”. Ба пиндори коршиноси рус, ҳарчанд нақши Ӯзбекистон дар бартарафсозии муноқишаи байни тоҷикон муҳиму назаррас аст, вале нақши дуюмдараҷае беш нест.

Омили дигари ба сардӣ гаравидани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ҷаноби Адясов дар амалкарди Эмомалӣ Раҳмон баъди соҳиби ҳукумат гардиданаш мебинад. Тавре коршинос менависад, “баробари ба сари қудрат омадан Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки ҳокимиятро бо касе тақсим карданӣ нест, аз ҷумла бо пуштибони худ Ислом Каримов. Зеро президент Каримов Тоҷикистонро зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон вобастаи Тошканд дидан мехост, ҳарчанд ин кишвар расман соҳибистиқлол ҳам бошад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ин шартро напазируфт ва Каримов дар ҷавоб Тоҷикистонро дар муҳосираи нақлиётиву иқтисодӣ қарор дод”.

Омили сеюми Душанбебадбинии Тошканд, ба пиндори ҷаноби Адясов, оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун мебошад. Ба андешаи коршинос, ҳароси Тошканд аз он аст, ки агар Душанбе танзими маҷрои оби дарёи Вахшро ба даст гирад, бегуфтугӯ, дар оянда метавонад бо истифода аз ин ҷиҳат дар иқтисодиёти Ӯзбекистон таъсиргузор бошад. Бар замми ин, ҷониби Ӯзбекистон даъво пеш гузоштааст, ки лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун чил сол пеш тарҳрезӣ шуда буд ва ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест.

Ҳарчанд, мегӯяд коршинос, “дар баҳси об” Тошканд ва Душанбе барои дарёфти пуштибонии Маскав талошҳои зиёдеро ба харҷ додаанд, аммо Россия тавонистааст, ки дар ин миён то ҳадде бетарафиро нигоҳ дорад ва баъзан далелҳои пешниҳодкардаи ҷониби Ӯзбекистонро дастгирӣ кардааст.

uzbak-tojik omilho 2013 2Аз тарафи дигар, менависад коршинос, нодида гирифтани эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба гази табиӣ аз сӯи Ӯзбекистон дар беҳтаршавии муносибатҳои ду кишвар садди дигарест. Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 180 миллион метри кубӣ аз Ӯзбекистон газ мехарад. Тошканд сол аз сол қимати фурӯши гази табииро меафзояд ва бар замми ин, гоҳу ногоҳ ҷумаки газро мебандаду ҳамсоякишварашро дучори мушкил месозад.

Дар идомаи навиштааш ҷаноби Адясов саволеро ба миён мегузорад, ки “айни ҳол Тошканд аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ мехоҳад?” ва дар посух ба ин саволи худ менависад, ки ин навбат ҷониби Ӯзбекистон аз Тоҷикистон талаби гирифтани обанбори Фарҳодро дорад, ки ин даъво ба дунбол тағири хати сарҳадро миёни ду кишвар ба бор меорад. Обанбори Фарҳод соли 1947 дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон бо мақсади захираи оби Сирдарё ва обёрӣ кардани заминҳои корами Ӯзбекистону Қазоқистон ва худи Тоҷикистон сохта шуда буд. Обанбор аз сарбанд ва якчанд танзимгари корезҳои обрасон иборат аст ва яке ин корезҳо нерӯгоҳи Фарҳодро, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷойгир шудааст, бо об таъмин мекунад. Аммо Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, ки обанбори Фарҳодро ба ҳамсоякишвараш диҳад.

Ҷаноби Адясов менависад, тибқи овозаҳои зиёд ҳангоми сафари моҳи апрелии худ ба Маскав Ислом Каримов сайъ кардааст, то назари Маскавро дар масъалаи ҳамлаи эҳтимолии нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ба хоки Тоҷикистон бифаҳмад, ки оё дар ҳолати иттифоқ афтодани чунин амалиёт Душанбе метавонад чун узви Созмони аҳдномаи дастҷамъии амният аз ҷониби Россия пуштибонӣ ёбад. Вале коршинос нагуфтааст, ки Маскав дар посух ба ин саволи Каримов чӣ гуфт ва кадом роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод кард.

Ба пиндори ҷаноби Адясов, Ӯзбекистон мудохилаи низомии худро метавонад бо фаъолиятҳои густардаи исломгароён дар ҳудуди кишвари ҳамсояаш асоснок гардонад. Зеро хадамоти махсуси Ӯзбекистон метавонанд фаъолияти бобарори “исломгароёни кисагиро” ба хубӣ тарҳрезӣ ва амалӣ созанд. Аз ҷониби дигар, менависад коршинос, мудохилаи низомӣ метавонад зери шиори “ҳимояи аҳолии ӯзбекзабон” дар шимоли Тоҷикистон ҳангоми сар задани бетартибиҳои оммавӣ низ амалӣ гардад. Аммо муаллиф аз кадом ҳисоб будани бетартибиҳои оммавӣ ва омилҳои сар задани онҳоро номбар накардааст. 

Дар ҳамин ҳол, менависад ҷаноби Адясов, Маскав дар пешорӯи интихоби мушкиле қарор дорад, ки дар ин даргириҳои эҳтимолӣ аз кӣҷонибдорӣ кунад? “Президент Раҳмон бо мавқеъгириҳояш бар сари пойгоҳи низомии 201, гаравгонгирии халабонҳои рус, гуфтушунидҳо дар мавриди ҷойгирсозии низомиёни Амрико дар ҳудуди кишвараш, тангсозии мавқеи забони русӣ аллакай Маскавро хеле бар зидди худ шӯронд. Аз ҷониби дигар, сиёсати Каримов ҳам таи солҳои ахир алайҳи хостаҳои Россия шудааст ва то ҷое характери оммавӣ касб кардааст. Ба иддаои ҷаноби Адясов, роҳбарони ин ду кишвари Осиёи Миёна бетарафии Маскавро ҳар кадоме ба таври худ қабул кардаву мехоҳанд тибқи хостаҳои худ амал намоянд.

Аммо, мегӯяд коршинос, роҳи ҳалли беҳтарини масъала дар шароити афзоиши нофаҳмиҳо байни ду кишвар дақиқ бурда расонидани як нукта ҳам ба Каримов ва ҳам ба Раҳмон аст, ки дар ҳолати авҷ гирифтани низоъ Маскав наметавонад устувории режими онҳоро кафолат диҳад. Зеро ба нуқтаи ниҳоӣ расидани муноқиша байни роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон метавонад суботи тамоми минтақаро барҳам занад.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi