23:35:43 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Омбудсмен: "Дар мурофиаи Зайд Саидов ширкат хоҳам кард"

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ширкат хоҳад кард.

obudsmen545454455Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода рӯзи 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар бораи Зайд Саидов гуфт, ки "ман бо ӯ вохӯрдам ва албатта тафтишот аст ва ман ҳаққи дахолат кардан надорам ва танҳо дар бораи буду бошаш сӯҳбат шуд ва вай шикоят надорад."

Омбудсмен афзуд, ки "дар вақти мулоқоти ман ягон нафар аз мақомоти тафтишот набуд ва танҳо вакилони мудофеи вай ҳузур доштанд ва сӯҳбат озодона сурат гирифт ва таъсиррасонии мақомот ба мушоҳида намерасид."

Аммо оқои Ализода гуфт, ки "албатта гунаҳкор будан ё набудани Зайд Саидовро додгоҳ муайян мекунад". Омбудсмен гуфт, ба Зайд Саидов кӯмаки тиббӣ расонида шудааст ва вакилони дифои ӯ дар мавриди мулоқот бо зертобеашон шикояте надоранд. Оқои Ализода гуфт, ки шахсан худаш дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ширкат хоҳад кард.

Мониторинги вазъи зиндонҳо

Зариф Ализода дар мавриди шиканҷа гуфт, ки "аз он ҷо, ки мо таҳлил мекунем, шиканҷа дар зиндонҳо вуҷуд надорад ва мо як гурӯҳи махсус ташкил додем ва онҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ дидан мекунанд ва меомӯзанд".

Омбудсмети тоҷик мегӯяд, як гурӯҳ ба манзури мониторинги шароити нигаҳдории маҳбасҳо ташкил шудааст, ки ба он намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа низ дохиланд. Ҳамзамон Зариф Ализода мегӯяд, шароит дар зиндонҳо хуб аст ва танҳо мушкил биноҳо ҳастанд, ки дар замони шӯравии пешин сохта шудаанд.

Вай таъкид кард, ки қаблан Хуан Мендес, фиристодаи вижаи СММ ба Тоҷикистон омада буд ва аз зиндонҳо дидан карда, тавсияҳои худро ироа намуд, ки мо бо назардошти ин тавсияҳо, камбудиҳои ҷойдоштаро рафъ хоҳем кард. Ҳамчунин ба гуфтаи Омбудсети тоҷик, қарор аст Хуан Мендес дар соли оянда низ ба Тоҷикистон сафар кунад ва бо вазъ ошно шавад.

"Русия бо мо машварат кунад"

Зариф Ализода дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик гуфт, ки "дар сафари ахирамон ба Русия пешниҳод кардем, ки ҳар тағйироте, ки нисбати масоили муҳоҷират мешавад, бо ҷониби Тоҷикистон машварат шавад".

Вай гуфт, ҳамчунин дар ин дидорҳо ба ҷониби Русия пешниҳод кардем, ки "созишномаи ҳамкорӣ дар масоили муҳоҷират миёни Тоҷикистон Русия аз сари нав қабул карда шавад."

Зеро ба таъкиди Ализода, ин созишнома 11 соли пеш қабул шуда ва ҳамакнун мақомоти Русия бештари қарорҳое, ки дар заминаи муҳоҷират амалӣ мекунанд, берун аз ҳамин созишнома аст. Бо ин ҳам ҷаноби Ализода мегӯяд, вазъи муҳоҷироне, ки бо ҳуҷҷат кору зиндагӣ доранд, хуб аст.

Омбудсмен мегӯяд, арзу шикояти сокинон кам шудааст

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон эълом кард, ки арзу шикояти сокинон дар нимаи нахусти соли ҷорӣ кам шудааст. Зариф Ализода, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, "дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ 259 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон ворид шудааст."

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Омбудсмен арзу муроҷиати сокинон дар шаш моҳи нахусти соли гузашта 278 ададро ташкил медод. Ба гуфтаи ҷаноби Ализода, аз ҷумлаи муроҷиатҳо, 131 аризаву шикояти хаттӣ ва 128 муроҷиати шифоҳӣ будааст. Таҳлилҳо нишон додааст, ки бештари муроҷиатҳо аз ҷониби сокинони шаҳри Душанбе будааст.

Омбудсмети тоҷик мегӯяд, аз 131 муроҷиати хаттӣ, 50 - тои он нисбати қарор ё амали мақомоти додгоҳӣ  ва иҷрочиёни додгоҳ, 12 - мақомоти корҳои дохилӣ, 11 - вазорати адлия ва 8 - мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ будааст. Аммо Зариф Ализода афзуд, ки аз ҷумлаи муроҷиатҳои шифоҳӣ, 36 - то нисбати мақомоти додгоҳӣ ва иҷрочиёни он ва 4 - то нисбати нақзи ҳуқуқи кӯдак аст.

Ҳамзамон Омбудсмети тоҷик гуфт, ки дар ҷараёни қабул, 41 нафар сокинон пазируфта шуданд. Инчунин бо супориши ваколатдор, кормандон 18 санҷиш гузаронда ва дар ду мурофиаи додгоҳӣ ширкат кардаанд.

Зариф Ализода афзуд, ки дар 8 минтақаи Тоҷикистон қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, ки дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ ин муассисаҳо 732 арзу шикояти сокинонро қабул карданд. Ба гуфтаи Ализода, бештари ин арзу шикоятҳо марбут ба масоили қитъаи замин, маош, алимент, таъини нафақа. гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва ғайра мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi