14:41:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Бистумин солгарди оғози музокироти сулҳи тоҷикон бо миёнҷигарии СММ

Султон Ҳамад, пажӯҳишгари тоҷик

Ҳарду ҷиноҳи мутахосим дар ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон ба сари мизи музокироти сулҳ ба таври расмӣ таҳти миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 5–уми апрели соли 1994 нишастанд. Касе фикр кунад, ки тоҷикон танҳо баъди гузаштани қариб ду соли ҷанг ба худ омаданду сипас барои барқарории сулҳ маҳз аз ҳамин сана кӯшишҳео ба харҷ доданд, албатта иштибоҳ мекунад.

1-davlat khol 1Ҷаҳду талошҳо барои ҳифзи сулҳ то оғози даргириҳо ва баъди он ки оташи ҷанг аланга гирифт, барои барқарории он ҳанӯз аз аввалҳои соли 1992, махсусан баъди баргузории тазоҳуроти ду гурӯҳ дар майдонҳои "Шаҳидон" ва "Озодӣ", ки имрӯз ҳарду тағйири ном кардаанд ва яке майдони Исмоъили Сомонӣ ва дигар майдони "Дӯстӣ" ном гирифтааст, шурӯъ шуда буданд.

Барои мисол аз мавзеъи сулҳталабонаи як гурӯҳ ҷавонони хатлонӣ ба роҳбарии Ғаффор Мирзоев, маъруф ба "Седой" (яъне мӯсапед), ки замоне фармондеҳи горди риёсати ҷумҳурӣ буду имрӯз дар кунҷи зиндон ба ҳабси абад маҳкум аст, ва Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохила дар ҳукумати солҳои 1992-1995-и Тоҷикистон, ки ӯ низ феълан дар зиндон аст ва аз кӯшишҳои Давлати Худоназар, Бурӣ Каримов ва ғайраҳо, ки мехостанд нақши миёнҷиро дар ин муқовиматҳои дар аввал сиёсиву баъдан низомӣ бозӣ кунанд, метавон ёдовар шуд.

Дар ҷараёни ҷанг, махсусан баъд аз нимаи дуюми моҳи майи соли 1992 ҳам тарафҳои даргир борҳо сари мизи музокирот нишастанд ва санадҳоеро имзо карданд. Вале ҷанг қатъ нашуд ва ҷонибҳо ба сулҳу оштӣ нарасиданд. Дар ин ҷо танҳо аз баъзеи он кӯшишҳо ёдовар мешавем.

Рӯзи 14 июли соли 1992 дар совхози (муҷтамаъи кишоварзии) "Туркманистон" дар ноҳияи Вахш дар хонаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гирдиҳамоие барпо шуд, ки дар он Сангак Сафаров, яке аз раҳбарони тарафдори майдони "Озодӣ", ширкат варзид. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Сангак Сафаров дар ин гирдиҳамоӣ суханронӣ карда ва қавл доданд, ки талошҳои худро барои таъмини сулҳ вусъат мебахшанд.

Вале даргириҳои пароканда дар манотиқи гуногуни водии Вахш идома дошт. Бино бар ин, рӯзи 20-уми июли соли 1992 баъд аз нимрӯзӣ дар сохтмони фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа музокира миёни роҳбарони вақти Тоҷикистон ва вилоятҳои Кӯлобу Қурғонтеппа оғоз шуд.

Дар ин музокира кафили вақти риёсати Шӯрои Олии (порлумони) Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, нахуствазири вақт Акбар Мирзоев, муъовини нахуствазир Давлати Усмон, вазири адлия Файзулло Абдуллоев, раиси Кумитеи амнияти миллӣ Алиҷон Солибоев, сарварони вилоятҳо ва раҳбарони гурӯҳҳои шибҳинизомӣ Сангак Сафаров, Рустам Абдураҳимов ва Саид Салимов, ширкат доштанд.

Нишасти онҳо тӯлонӣ буд ва Созишномаи қатъи даргириҳо танҳо наздикии хуфтан ба имзо расид. Вале, мутаассифона, рӯзи дигар боз ҷангҳо идома ёфт. Кӯшиши хеле ҳам муассири дигаре рӯзи 26-уми июли соли 1992 дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайваст.

2 sulhi-tojikon 215478Ин рӯйдод бо номи "Музокираи сулҳи Хоруғ" маъруф аст ва дар он 84 тан аз раҳбарон, намояндагони ҳизбҳо, созмонҳо, рӯҳониён, фармондеҳон, раисони вилоятҳои Ленинобод (ҳоло Суғд), Қурғонтеппау Кӯлоб (ҳоло Хатлон), Бадахшон навоҳии тобеъи марказ, иттиҳодияҳои синфӣ, ниҳодҳои интизомӣ ширкат карданд ва зери Созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Аммо бадбахтона, ин кӯшиш ҳам бар абас рафт.

Дар иҷлоси 16–и порлумони вақти Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд барпо шуд, низ кӯшише барои барқарории сулҳу сабот дар кишвар сурат гирифт. Дар ин нишаст дар канори аъзои порлумон баъзе аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ аз ҳарду ҷониби даргир низ ширкат карданд ва ҳатто якдигарро ба қатъи хунрезӣ ва хушунат даъват карданд.

Вале мутаассифона, баъд аз анҷоми ин нишаст даргириҳо аз нав авҷ гирифт. Кор ба ҷое расид, ки тарафе бо истифода аз кумакҳои низомии кишварҳои зидахли қазия талош дошт тарафи дигарро аз саҳнаи сиёсат комилан дур кунаду маҳв созад.

Ин гуна талошҳо боъис шуданд, ки бархе аз роҳбарони гурӯҳҳо мухолифи давлати ҷадид, ки худро ноком мешумурданд, ба ҳамроҳи тарафдорони худ иҷборан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳоҷират карданд ва дар он ҷо нерӯҳои худро сарҷамъ сохта дубора ба ҷанг идома доданд.

Ба ин тартиб, ҷонибҳои даргир то охири соли 1992 аввал дар Қурғонтеппа, баъд дар Хоруғ ва сипас дар Хуҷанд хостанд худӣ ба худӣ муқовимати сиёсию низомиро ба таври мусолиматомез ҳаллу фасл намоянд. Вале чи тавре ки дидем, масъала ҳалли худро наёфт.

Ҳисси душманӣ ва адоват нисбат ба якдигар он қадар боло гирифт, ки тарафҳо аслан намехостанд ва ё дурусттараш наметавонистанд ба якдигар бовар кунанду эътимод бубанданд ва созишномаҳоро риъоят кунанд. Аниқ буд, ки дар вусъат гирифтани оташи ҷанг дар Тоҷикистон нерӯи севум ё дурусттараш, дасти хориҷӣ саҳми беандоза дошт. Акнун батадриҷ аён мешуд, ки бе дахолати миёнҷиёни хориҷӣ тоҷикони дар ҳоли ҷанг наметавонанд ба якдигар бовар кунанд ва сулҳу оштӣ намоянд.

Русия, ки дар аввали даргириҳо ба таври ошкор аз намояндагони Ҷабҳаи халқ (Фронти халқӣ) ҳимоят мекард, дар нимаҳои дуюми соли 1993 билохира дарк кард, ки вазъи ноороми сиёсиву низомӣ дар Тоҷикистон, ки марзашро сарбозони он ҳифз мекунанд, ҷавобгӯйи манофеъи роҳбурдии (истротежики) ин кишвар намебошад. Бино бар ин, дар пайи ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон шуд.

Дар ин самт сафари Евгений Примаков, раиси идораи ҷосусии Русия, ки баъдан вазири умури хориҷа шуд, ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИНОТ) Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки 31 июли соли 1993 (ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12–уми марзбонҳои русӣ) анҷом шуд, сарнавиштсоз буд.

Дар ин мулоқоти хеле муҳим ҷаноби Примаков ваъда кард, ки дар сурати қатъи амалиётҳои низомӣ Русия метавонад нақши миёнҷиро байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бозӣ кунад.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз пас аз ҳамон мулоқот кӯшишҳои диплумотики Русия, Эрон, Афғонистон барои бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон батадриҷ вусъат гирифт. Билохира, бо ҷаҳду талошҳои ин кишварҳо ва миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 5–уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон шурӯъ шуд.

Ҳайъати музокиракунандаи давлатӣ аз Шукурҷон Зуҳуров ба унвони раис, Саид Салимов, Иброҳим Усмонов ба ҳайси муъовинони раис, Баҳодур Абдуллоев, Амирқул Азимов, Раҳим Ҳошимов, Усмон Холдоров, Толиб Юнусов, Шералӣ Мирзоев, Э. Ғоибов, Ш. Шарифов ба унвони аъзои ҳайъат, иборат буд.

sulhi-tojikonРаҳбарони мухолифин аввал Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муъовини аввали раҳбари ИНОТ-ро раиси ҳайъат ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, муъовини дигари раҳбари ИНОТ-ро муъовини раиси ҳайъати музокиракунанда интихоб карданд. Вале баъдан далел пеш оварданд, ки чун дар раъси ҳайъати ҳукуматӣ нафарҳои аввалу дувум нестанд, онҳо низ аз ширкат дар гуфтушунидҳо дар ин сатҳ худдорӣ мекунанд ва расман Отахон Латифиро ба раҳбарии ҳайъати мухолифин дар ин музокирот мансуб карданд.

Дар ҳайъати мухолифин дар даври нахусти гуфтушунидҳо Абдунабӣ Сатторзода, Зайд Саидов, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҳабиб Сангинов ва Бозоралӣ Сафаров ба ҳайси аъзо ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ҳамон шабу рӯз ба Маскав рафта буданд ва ба таври ғайрирасмӣ ба кори ҳайъати мухолифин раҳбарӣ мекарданд.

Даври аввали музокирот дар Маскав ду ҳафта идома дошт. Дар ин байн се даста аз масоил мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масоили паноҳандагон, низомӣ ва сиёсӣ. Дар баёнияи муштараке, ки дар поёни ин даври музокирот мунташир шуд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар оянда гуфтушунидҳоро баҳри ҳаллу фасли ин се масъалаи мушаххас идома хоҳанд дод.

Музокироти сулҳи байни тоҷикон то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, яъне 27–уми июни соли 1997 дар нуҳ давр идома ёфт. Бо иборати дигар, гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон се солу се моҳу се рӯз ё худ 1180 шабонарӯз идома ёфтааст.

Аксари муҳаққиқону таҳлилигарон ва таърихнигорону солноманависон оғози ҷанги шаҳрвандиро расман 5–уми майи соли 1992 ба шумор меоваранд. Дар ҳамин рӯз буд, ки ихтилофи сиёсии ҷонибҳои мутахосим ба бархӯрди мусаллаҳона табдил ёфт ва дар ҳамин рӯз ҳисоби қурбониёни ин ҷанги таҳмилӣ кушода шуд.

Ҳамон муҳаққиқону солноманависон поёни ҷанги дохилии Тоҷикистонро расман рӯзи 27–июни соли 1997, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ донистаанд. Пас, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон панҷ солу як моҳу 22 рӯз, ё худ 61 моҳу 22 рӯз, ё ба ҳисоби дигар, 1880 шабонарӯз идома доштааст.

Кумисиюни оштии миллӣ, ниҳоди муштараке, ки муваззаф буд тамоми асноди Созишномаи умумии сулҳро ба иҷро дароварад, расман аз 7–уми июли соли 1997 дар Маскав оғоз ба кор кард. Аввали апрели соли 2000 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъи фаъъолияти он фармон содир кард.

Ба ин тартиб, Кумисиюни оштии миллӣ барои иҷрои муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон ду солу ҳашт моҳу 25 рӯз ё ба иборати дигар, 999 шабонарӯз фаъъолият кард.

Агар боз ҳам дақиқтару саҳеҳтар ба ин масъала назар афканем, бояд бигӯем, ки ин кумисиюн дар ҷараёни фаъъолияти хеш ба сабабҳои гуногун чаҳор маротиба ба коршиканӣ даст зад, ки дар маҷмӯъ, ин коршиканиҳо 59 шабонарӯзро ташкил додаанд.

Пас бояд гуфт, ки фаъъолияти Кумисиюни оштии миллӣ на 999 шабонарӯз, балки 940 шабонарӯз идома дошт. Агар ин тур бошад, пас омори аҷибе ҳосил мешавад. Раванди истиқрори сулҳи байни тоҷикон 940 шабонарӯз идома ёфтааст, ки ин дуруст ними муддатест, ки ҷанги таҳмилии байни тоҷикон, ҷараён дошт.

БиБиСи 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi