07:14:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрд?

ЧАНД ОМОРИ МУЗОКИРОТИ СУЛҲ

Оғози ҷанги шаҳрвандиро аксари муҳаққиқону таҳлилигарон ва таърихнигорону солноманависон расман 5-уми маи соли 1992 ҳисобиданд. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз муқовимати сиёсии ҷонибҳои мутахоссим ба бархӯрди мусаллаҳона табдил ёфт ва маҳз дар ҳамин рӯз ҳисоби қурбониёни ин ҷанги таҳмилӣ кушода шуд. Боз ҳамон муҳаққиқону солноманависон интиҳои ҷанги шаҳрвандиро расман рӯзи 27 - июни соли 1997, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи Умумии Сулҳ донистаанд. Агар шумо низ, хонандаи азиз, ҳамин иддаъоро қабул дошта бошед, пас бидонед, ки ҷанги таҳмилии Тоҷикистон 5 солу 1 моҳу 22 рӯз, ё худ 61 моҳу 22 рӯз, ё ба ҳисоби дигар 1880 шабонарӯз идома доштааст.

ustod-nuri- -emomali-rahmon

Музокироти Сулҳи байни тоҷикон, ки бо миёнҷигарии СММ ба вуқӯъ пайваст, расман расо 20 сол қабл, 5-уми апрели соли 1994 шурӯъ шуд ва он то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, яъне 27 - июни соли 1997 идома дошт. Бо ибораи дигар бигӯем гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон 3 солу 3 моҳу 3 рӯз ё худ 1180 шабонрӯз давом кардааст.

Комиссияи Оштии Миллӣ, органи муштараке, ки вазифадор буд тамоми асноди Созишномаи Умумии Сулҳро ба ҳаёт татбиқ намояд, расман аз 7- июли соли 1997 дар Москав оғоз ба кор кардааст. 1 - уми апрели соли 2000 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъи фаъолияти он фармон содир менамояд. Ҳамин тариқ Комиссияи Оштии Миллӣ барои ба ҳаёт татбиқ намудани нуктаву талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон 2 солу 8 моҳу 25 рӯз ё ба ибораи дигар 999 шабонрӯз фаъолият кардааст.

Агар боз ҳам дақиқтару аниқтар ба ин масъала назар афканем, бояд бигӯем, ки КОМ дар ҷараёни фаъолияти хеш бо сабабҳои гуногун чаҳор маротиба ба коршиканӣ даст задааст, ки дар маҷмӯъ ин коршиканиҳо 59 шабонарӯзро ташкил додаанд. Пас бояд гуфт, ки фаъолияти КОМ 999 шабонарӯз не, балки 940 шабонарӯз идома доштааст. Агар ҳамин тавр бошад, пас як омори аҷибе ҳосил мешавад. Раванди истиқрори сулҳи байни тоҷикон 940 шабонарӯз давом кардааст, ки ин расо нисфи мӯҳлатест, ки ҷанги таҳмилии байни тоҷикон ҷараён доштааст.

Ана ҳамин тавр таҳлили мавзӯи ҷангу сулҳи байни тоҷикон омореро кашф месозад, ки касро ба тааҷҷуб наоварда наметавонад. Роҳбарони ҳарду ҷинои дар аввал даргир ва баъдан сулҳкунанда Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  аз рӯзи аввале, ки дар ҷараёни ин гуфтушунидҳо бо ҳам вохӯрданд, яъне аз рӯзи 17- уми май соли 1995 то ба рӯзҳое, ки ин сулҳу салоҳ ва суботу амният дар Тоҷикистон дар соли 2001 барқарор шуд, яъне дар зарфи 7 - сол бо ҳам расо 40 маротиба расман мулоқот кардаанд.

Аз ин 40 мулоқот, 7 мулоқоти онҳо дар берун аз хоки ҷумҳурӣ, дар кишварҳои хориҷӣ баргузор шудаанд, 33 мулоқоти дигар бошад, дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри зебои Душанбе. Чӣ рақамҳое! Ҳафт, сиву се, чиҳил! Пӯшида нест, ки аксарияти миллату халқият, қавму қабоили дар олам мавҷуд ин шумораҳоро шумораҳои муқаддас медонанд ва ба онҳо арзи эҳтиром доранд…

…Воқеан, барои ин ду сиёсатмадори тоҷик, ки бо барпо кардани 40 мулоқот байни ҳам тавонистанд бо пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон ва кӯмаки ҷомеъаи байналмилалӣҷангу хунрезиро қатъ намуда ба кишвар сулҳу субот биёранд, адади 40 дар ҳаёти шахсии онҳо низ мавқеи хоса дорад. Чунончи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ расо дар овони 40 - солагиаш ҳамчун яке аз дигарандешони ангуштшумори Осиёи Марказӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард.

Гап дар сари он аст, ки ӯ соли 1987 бо ҷурми "Роҳ додан ба таблиғоти зидди сохти давлатдории шӯравӣ" аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳабс гирифта шуд, ки ин боиси вокунишҳои тезу тунди созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон гардид. Ин созмонҳо пайваста аз роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ озодии ӯро талаб мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон низ дар синни 40 солагӣ ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Ӯ дар ҳамин син аввал раиси Комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб, баъдан дар сессияи 16-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои Олӣ ё худ сарвари давлат интихоб шуд. Чилсолагӣ синнест, ки барои мард ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати ақлонӣ беҳтарин овони ҳаёт ба шумор меравад.

Рисолати пайғамбарӣ ба дӯши Расули Акрам, Хотам - ул - Анбиё, Ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҷониби Худованд маҳз дар синни чиҳилсолагӣ вогузор карда шуд. Дар осори уламои дини мубини Ислом аз хусуси 40 - мӯъҷизаи Ҳазрати Муҳаммади Пайғамбар (с) бисёр қиссаҳои пандомӯзеро мутолиъа кардан мумкин аст.

Натоиҷи ин чил мулоқоти роҳбарони ду ҷиноҳи сулҳкунандаи тоҷикон оё ба мӯъҷиза шабоҳат надорад?

Оре, қатъи ҷанги таҳмилии бародаркуш, истиқрори сулҳу субот дар кишвар ин худ на камтар аз як мӯъҷизаи илоҳӣ аст. Охир, ҳатто ҳифз кардани ҷони як инсон худ мӯъҷиза аст, чӣ афтад ба нигоҳ доштани бақои як миллати бузург!...

ЧАРО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЙИД АБУЛЛОҲИ НУРӢ ВОХӮРД?

Ҳарду ҷинои мутахосим дар Тоҷикистон ба сари мизи музокироти сулҳ ба таври расмӣ таҳти миёнҷигарии СММ 5 - уми апрели соли 1994 нишастанд. Агар касе фикр кунад, ки тоҷикон танҳо баъди гузаштани қариб ду соли ҷанг ба худ омаданду сипас барои барқарории сулҳ маҳз аз ҳамин сана кӯшишҳо ба харҷ доданд, албатта сахт иштибоҳ мекунад.

Ҷаҳду талошҳо барои ҳифзи сулҳ то оғози даргириҳо ва баъди он ки оташи ҷанг аланга гирифт, барои барқарории он ҳанӯз аз аввалҳои соли 1992, махсусан баъди баргузории митингҳои ба ҳам зид дар майдонҳои "Шаҳидон" ва "Озодӣ", ки имрӯз ҳарду тағйири ном кардаанд ва яке майдони Исмоили Сомонӣ ва дигаре майдони "Дӯстӣ" ном гирифтааст, шурӯъ шуда буданд.

Барои мисол аз мавқеи сулҳталабонаи як гурӯҳ ҷавонони хатлонӣ бо роҳбарии Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов ва аз кӯшишҳои Давлати Худоназар, Бурӣ Каримов ва ғайраҳо, ки мехостанд нақши миёнҷиро дар ин муқовиматҳои дар аввал сиёсиву баъдан низомӣ бозӣ кунанд, метавон ёдовар шуд. Дар ҷараёни ҷанг, махсусан баъд нимаи дуюми моҳи маи соли 1992 - юм ҳам тарафҳои даргир борҳо сари мизи музокирот нишастаанд ва ба санадҳоеро ҳам имзо карданд. Вале ҳеҷ не, ки ҷанг қатъ шавад ва ҷонибҳо ба сулҳу оштӣ биёянд. Дар ин ҷо танҳо аз баъзеи он кӯшишҳо ёдовар мешавем.

Рӯзи 14 июли соли 1992 дар совхози "Туркманистон" - и ноҳияи Вахш дар хонаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ маъракае барпо шуд, ки дар он Сангак Сафаров, яке аз лидерони тарафдори митинги майдони "Озодӣ" ширкат варзид. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Сангак Сафаров дар ин маърака суханронӣ карда қавл доданд, ки талошҳои худро барои таъмини сулҳ вусъат мебахшанд. Вале даргириҳои пароканда дар манотиқи водии Вахш қатъ нагардиданд.

Бинобар ин рӯзи 20 июли соли 1992 баъди нисфирӯзӣ дар бинои майдони ҳавоии шаҳри Қӯрғонтеппа музокироти байни роҳбарони ҷумҳурӣ, вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, сарвазири ҷумҳурӣ Акбар Мирзоев, муовини сарвазир Давлат Усмон, вазири адлия Файзулло Абдуллоев, раиси Кумитаи амнияти Миллӣ Алиҷон Солибоев, сарварони вилоятҳо, инчунин Сангак Сафаров, Рустам Абдураҳимов ва Саид Салимов иштирок доштанд.

Нишасти онҳо тӯлонӣ буд ва Созишномаи қатъи даргириҳо танҳо қариби хуфтан ба имзо расид. Вале, мутаассифона, рӯзи дигар боз ҷангҳо идома пайдо карданд. Кӯшиши хеле ҳам муассир, рӯзи 26 июли соли 1992 дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайваст. Он бо номи "музокироти сулҳи Хоруғ" маъруф аст ва дар он гуфтушунид 84 нафар роҳбарон, намояндагони ҳизбҳо, созмонҳо, рӯҳониён, қумандонҳо, раисони вилоятҳои Ленинобод, Қӯрғонтеппа, Бадахшон, Кӯлоб, навоҳии тобеъи марказ, иттифоқҳои касаба, органҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок карданд ва ба зери Созишномаи сулҳ имзо гузоштанд.

Аммо бадбахтона, ин кӯшиш ҳам баръабас рафт. Душманони миллат кӯшиданд, ки дар қалби ҷонибҳо ҳарчӣ бештар тухми кинаву адоват бисабзад ва билохира ҳосили ин кинаву адоват ба мисли равғане шавад, ки оташи ҷангро фурӯзон кунад ва оқибат алангаи он сӯхтор то тавонист манотиқи бештареро ба коми худ кашид.

Дар сессияи 16 - уми Маҷлиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд барпо шуд, низ кӯшише карда шуд, барои барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон. Дар ин сессия дар қатори вакилон баъзе фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳарду ҷониби даргир ширкат карданд ва ҳатто якдигарро барои қатъи хунрезиҳо даъват карданд.

Аммо мутаассифона, баъди пароканда шудани вакилон даргириҳо аз нав авҷ гирифтанд. Вале як хизмати таърихӣ, асосӣ ва сарнавиштсози ин иҷлосия дар он буд, ки кишварро аз хаос, беқонуниятӣ ва парокандашавӣ нигоҳ дошт. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳамин сессия таъсис ёфта буд, тавонист ба анархия ва беқонуниятӣ хотима бахшад.

Ҳамин тариқ ҷонибҳои даргир то охири соли 1992 аввал дар Қӯрғонтеппа, баъд дар Хоруғ ва сипас дар Хуҷанд хостанд худӣ ба худӣ муқовимати сиёсию низомиро ба таври мусолиматомез ҳаллу фасл намоянд. Вале чӣ тавре, ки дидем, масъала ҳалли худро пайдо карда натавонист. Ҳисси душманӣ ва адоват нисбати якдигар он қадар боло гирифта буд, ки тарафҳо асло намехостанд ва ё дурустараш наметавонистанд, ки ба якдигар бовар кунанд, эътимод бубанданд ва созишномаҳоро риоя кунанд.

Аниқ буд, ки дар вусъат гирифтани оташи ҷанг дар Тоҷикистон қувваи сеюм ё аниқтараш дасти хориҷ саҳми беандоза дошт. Акнун торафт аён мешуд, ки бе дахолати миёнҷиёни хориҷӣ тоҷикони дар ҳоли ҷанг наметавонанд ба якдигар бовар кунанд ва сулҳу оштӣ намоянд. Русия, ки дар аввали даргириҳо ошкоро аз намояндагони Фронти халқӣ дастгирӣ мекард, дар нимаҳои дуюми соли 1993 билохира дарк кард, ки вазъи ноороми сиёсиву низомӣ дар Тоҷикистон, ки марзашро сарбозони он ҳифз мекунанд, ҷавобгӯи манофеи стратегии ин кишвар намебошад.

vahdati-milli-6454565454

Бинобар ин дар пай ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон шуд. Дар ин самт сафари Е.М.Примаков, раиси хадамоти ҷосусии Русия, ки баъдан вазири корҳои хориҷа гардид, ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки 31 июли соли 1993 (ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамла ба постгоҳи 12 - ум) барпо гардид, сарнавиштсоз буд.

Дар ин мулоқоти хеле муҳим ҷаноби Примаков ба зимма гирифт, ки дар сурати қатъ кардани амалиётҳои низомӣ, Русия метавонад нақши миёнҷиро дар байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бозӣ кунад. Бояд тазаккур дод, ки маҳз пас аз ҳамон мулоқот кӯшишҳои дипломатияи Русия, Эрон, Афғонистон барои бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон торафт вусъат мегирифтанд. Билохира, бо ҷаҳду талошҳои ин кишварҳо ва миёнҷигарии Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 5 - уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон ба кори худ шурӯъ кард.

Вале на ин даври аввал, ки ду ҳафта идома кард, на даврҳои дуввуму сеюм, ки дар Теҳрону Исломобод ҷараён гирифтанд ва ҳатто на машваратҳои дар Теҳрону Маскав суратгирифта натавонистанд, ки сулҳу суботро дар кишвар барқарор намоянд. Бале, ҳайатҳои музокиракунандаи ҳарду ҷониб аз апрели соли 1994 то апрели соли 1995 корҳои зиёдеро анҷом доданд. Барои мисол рӯзномаи музокиротро тасдиқ карданд, протоколҳои зиёдеро ба имзо расонданд, ки муҳимтаринаш "Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар даври гуфтушунид" буд.

Комиссияи муштараки назорат бар оташбас таъсис дода шуд. Як идда аскарони ҳарбӣ бо маҳбусони сиёсӣ табодул шуданд. Вале мутаассифона, раванди музокирот ба кундӣ пеш мерафт. Ҳатто тез - тез ивазшавии роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда низ барои пешрафти кор мусоидат намекард.

Ба ҳама маълум буд, ки ҳайатҳои музокиракунанда қабл аз гуфтушунидҳо пеш аз ҳама маслиҳату машваратҳои роҳбарони худро ба инобат мегирифтанд. Тибқи ҳидояти онҳо амал мекарданд. Вале дар лаҳзаҳои хеле сарнавиштсоз дар ҳалли муаммое ё мушкиле боз ҳам оҷиз мемонданд. Зарурати бо роҳбарон маслиҳат карданро шадидан эҳсос мекарданд. Ҳамин буд, ки ҷонибҳои музокиракунанда ҳатто дар изҳороти муштараки худ, ки баъди ба анҷом расидани машварати Маскав 26 апрели соли 1995 қабул гардид, зарурати ҳарчӣ тезтар баргузор гардидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нуриро қайд карданд.    

Маҳз ана дар ҳамин лаҳзаи душвор Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ эълом дошт, ки омодааст бо роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба мақсади ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон дар ҳар куҷое, ки бошад, мулоқот намояд. Раиси Ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ кишварашро ба ҳайси миёнҷӣ пешниҳод карда, аз лидерони ҷонибҳои даргир хоҳиш ба амал овард, ки пойтахти ДИА Кобулро ҷои мулоқоти нахустини худ қарор бидиҳанд.

Роҳбарони олимартабаи ҳарду ҷинои мухолиф ин пешниҳоди устод Раббониро бо мамнуният пазируфтанд. Охир, устод Раббонӣ роҳбари ягона кишваре буд, ки то ин дам борҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаву бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳои самимона доштааст. Ӯ роҳбари он давлате буд, ки қариб 60 ҳазор муҳоҷири тоҷикро пазируфта, то ҳадди имкон ба онҳо кӯмакҳои моддиву иқтисодӣ мекард.

Мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, асосан дар ҳамин кишвар мустақар буданд. Устод Раббонӣ дар мулоқоту дидорбиниҳояш бо роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муҳоҷирини маскуни Афғонистон низ ҳамеша аз он ҳарф мезад, ки мушкилоти Тоҷикистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Он метавонад танҳо аз роҳи гуфтушуниди мусолиматомез ҳаллу фасл гардад. Самимиятро дар гуфтору рафтори Устод Раббонӣ роҳбарияти ҳар ду ҷониб ба хубӣ дарк мекарданд. Бинобар ин Кобулро беҳтарин ҷое барои мулоқоти нахустини худ донистанд ...    

"МУШКИ СУДА МЕРЕЗАД ШАБ БА ДОМАНИ КОБУЛ…"

... Рӯзи чоршанбеи 17- уми май Устод Раббонӣ хеле ҳам серкору сертараддуд буд. Баъди истиқболи расмии меҳмонон ва ҷо ба ҷо кардани онҳо дар алоҳидагӣ бо ҳар яке аз роҳбарони ҳар ду ҷониб мулоқотҳо орост. Сипас дар нимаи дуввуми рӯз дар як мулоқоти якҷоя ӯ ду роҳбарро бо якдигар расман шинос кард ва дуъои хайр дод, ки ин мулоқот роҳи пурпечутоби Сулҳи байни тоҷиконро ҳамвор сохта, ҳар ду тарафро ба ҳадафи олиашон - барқарории оромиву амният ва сулҳу субот дар кишвар бирасонад.

Мулоқотҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гоҳе танҳо ба танҳо ва гоҳе бо ширкати баъзе аз шахсиятҳое, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, дар Қасри Раиси Ҷумҳури ДИА дар тӯли се рӯз идома доштанд.

Рӯзи ҷумъаи 19 - уми май баъди сӯҳбати охиринашон ҳарду роҳбар ба назди хабарнигорони сершуморе, ки онҳоро интизорӣ мекашиданд, баромада ба суолҳояшон посух доданд. Аз чеҳраҳои эшон ҳувайдо буд, ки ҳар ду раҳбар аз натоиҷи гуфтушунид қаноатманданд. Устод Нурӣ дар назди журналистон эълом дошт, ки "мулоқоти Кобул пулест ба сӯи тафоҳум.

Дар симои Эмомалӣ Раҳмон раҳбареро мебинад, ки ҳақиқатан ҳам барои халқу кишвараш сулҳу субот, оромиву тинҷӣ мехоҳад". Эмомалӣ Раҳмон низ натоиҷи мулоқоти Кобулро судманд арзёбӣ карда, "қадами устуворе дар роҳи Сулҳ" номид. "Ҷаноби Домулло Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун шахси дилсӯзи миллат шинохтам. Бо ӯ мо, иншооллоҳ ба сулҳи пойдор мерасем", - гуфт ӯ дар хотима ба журналистон.

Ба фикри бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди ин мулоқот он буд, ки ин ду раҳбар дар натиҷаи сӯҳбатҳои тӯлонӣ ба якдигар самимона эътимод бастанд, бовар карданд. Бовар карданд, ки дар якҷоягӣ метавонанд ба қуллаи умед бирасанд, дурри мақсудро ба каф биёранд.

Ҳамин тариқ мулоқоти Кобул дар сатҳи олӣ ба ғайр аз тамдиди мӯҳлати эътибори Созишномаи оташбас ва қабули изҳороти муштарак чизи муҳим - эътимодро ба пирӯзии ниҳоии раванди Сулҳи байни тоҷикон эҷод кард.

Мутаассифона, ин эътимоди байни ду раҳбарро, ин бовариро онҳое низ эҳсос карданд, ки дар истиқрори Сулҳу оромиш дар Тоҷикистон хатаре ба манофеи сиёсӣ ва геополитикии худ медиданд. Маҳз ана ҳамон қувваи сиёҳ борҳо кӯшишҳо ба харҷ дод, ки раванди барқарории сулҳу оштӣ канда шавад ё ба маҷрои ба онҳо мақбул равона шавад ва ё ақаллан ба дарозо бикашад. Ҷараёни музокироти Сулҳи байни тоҷикон борҳо ба бунбаст рӯ ба рӯ гардид.

 Лаҳзаҳои мушкиле пеш меомад, ки сиёсатмадорони шинохтаи ҳарду ҷониб, коршиносони соҳибтаҷрибаи байналмиллалӣ низ дар ҳалли он оҷиз мемонданд. Он гоҳ назари умед боз ба суӣ ин ду фарзонамард духта мешуд. Ҳамин тариқ ҳар ду рӯ ба рӯ менишастанду аз ақлу хирад кор мегирифтанд. Барои расидан ба мақсад роҳеро меҷустанд, ки мақбули ҳарду тараф бошад ва он роҳи ҳалро ҳатман пайдо мекарданд. Дигар хел ҳам рафтор кардан наметавонистанд, ҳақ надоштанд. Зеро акнун ҳарду фикр мекарданд, ки манфиати ҷонибро ба инобат нагирифтан ин ба манфиати худ, ба манфиати миллат латма ворид кардан аст, ба халқи Тоҷикистон зиён овардан аст.

Ба хотири рафъи саривақтии мушкилоту бунбастҳо дар ҷараёни музокирот ин ду фарзонамарди миллат пеш аз он ки ба Созишномаи умумии Истиқрори Сулҳу оштӣ имзо гузоранд, борҳо дар кишварҳои гуногун бо ҳам рӯ ба рӯ нишаста ҳалли масъала ҷустаанд ва ҳатман ба пирӯзӣ расидаанд. Зеро оғози мулоқоти нахустини онҳо дар Кобул бунёди мустаҳкаме, зербинои қавие бо номи эътимод ба якдигар дошт...

vahdati-milli-645456588

... Дар рӯзҳои мулоқоти ин ду роҳбар дар Кобул мизбонон аъзои ҳайатҳои музокиракунандаи ҳарду ҷонибро ба тамошои ҷойҳои хушманзараи атрофи Кобул мебурданд. Касе аз меҳмонони тоҷикӣ аз мизбонон хоҳиш кард, ки агар илоҷаш бошад, худи шаҳри Кобулро низ ба онҳо як нишон диҳанд. Рӯзи дигар меҳмононро ба тамошои шаҳр бурданд. Чӣ даҳшатеро диданд! Кобул шаҳр не, харобазорро мемонд, ягон бинои ободеро бар ҷой намебинед. Ҳама қариб валангору захмӣ. Кобулеро, ки як вақтҳо шоире дар васфаш ин мисраъҳоро гуфта буд:

Мушки суда мерезад шаб ба домани Кобул,

Сабзаву суман резад кӯи барзани Кобул.

Имрӯз диданд, ки:

Пажмӯрда чаманҳояш, садбаргу суманҳояш,

Хира гашта хуршеди партавафгани Кобул.

Яке онро ба Сталинград монанд мекарду дигаре мегуфт, на, бештар ба Ковентри шабоҳат дорад, саввумӣ мегуфт ба ақидаи ӯ Берлини расо 50 - сол муқаддамро мемонад, чаҳорумӣ мегуфт, ки шаҳрҳои ҷопонии Хиросима ва Нагасакии баъд аз бомбаборонкуниҳои атомиро ба хотир меорад.

Вале он мизбони афғонӣ, ки бо вуҷуди ҷавон буданаш донишмандеро мемонд, бо як нармии ба худ хосе эҳтиромона ба сухан пардохт ва ақидаи ҳар чаҳорро рад кард: "На ин асту на он, на саввумӣ ва на чаҳорумӣ. Ин шаҳр Кобул аст. Шаҳрест, ки на мисли он шаҳрҳое, ки зикри номашонро кардед, ба дасти ағёр, ба дасти аҷнабиён ба чунин ҳол афтода. На, ин тур нест. Айёми хуруҷи русҳо аз Кобул, шаҳр ҳанӯз ободу хуррам буд. Биноҳо бар ҷой буданд, барқ буд, родию ва телевизион фаъол буд, аз ҳама муҳимаш оромишу амният буд.

Вале низоъҳои байнихудӣ, даргириҳои дохилӣ барои чавкӣ (курсӣ), барои мансаб Кобулро ба оташ кашид, валангор кард ва назму суботро аз байн бурд. Ҳикмати Илоҳӣ ниҳон аст дар он, ки дар рӯзҳои музокироти роҳбарони олимартабаи Шумо тоҷикон шаҳр ором асту мушакборонҳо катъ шуда. То Кобулро бо чашми сар бубинед ва хулосаи зарурӣ бароред. То он бадбахтиеро, ки мо афғонҳо, ба сари Кобул овардем, шумо бародарони тоҷикӣ ба болои Душанбешаҳри зебоятон таҳмил накунед.

То пойтахти кишвари худро хамчун мардумаки чашм азиз доред, Ана дар ҳамин вайронаҳое, ки шумо мебинед ҳазорҳо тифлакони маъсум, занони сияҳбахт, пирони барнодил ба шаҳодат расидаанд. Аз хешу ақрабои ман ... Лаънат ба ҷанг, ҳазор лаънат ба ҷанг! Эҳ кошки, мо афғонҳо низ мисли шумо рӯзе сари мизи музокирот менишастему Сулҳу оштиро ба кишвар меовардем.

Мизбони ҷавони афғонӣ инро гуфту ҳарчанд кушид, натавонист қатраи ашкро дар даври чашмонаш ҳифз кунад. Меҳмонон аввал маънидорона ба якдигар, сипас бо сари хам ба замин чашм дӯхтанд...

Ана маҳз дар ҳамин Кобули ҷангзада Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳбари нирӯҳои мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба нахустин ҳуҷҷати муштараки худ ба хотири даст ёфтан ба сулҳу суббот дар кишвар имзо гузоштанд…

Султони Ҳамад, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi