06:35:58 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28

ТАҒАЙ РАҲМОНОВ: «ХАЛЪИ СИЛОҲ МУҲИМТАРИН КОРИ КОМ БУД»-2

 

  -Вале чӣ маҷбур кард, ки тоҷикон боз ба бастани сулҳ розӣ шаванд?

-Ба мо тоҷикон боз ҳамон фарҳанги ниёгонамон ёрдам кард. Баъди кушторҳои аввалин дар минтақаҳо мардум фаҳмид, ки ин роҳи хато будааст. Вале онҳое, ки сарҳояшон бисёр гарм буду дар даст силоҳ доштанд, онҳоро манъ кардан кори бисёр душвор буд. Дар ҳамон муколимаи Дартмут пешниҳод шуд, ки афроди маъруфу шинохта ва бо обрӯйи минтақаҳоро гирди ҳам оварда масъалаи оштиро маҳз дар байни онҳо матраҳ кунем. Воқеан, солҳои 96-97, баъд аз се соли музокироти сулҳ мо ҳамин корро кардем. Аз ноҳияҳои ҷангзадаи Қаротегин ва Бадахшон ба Кӯлоб вакилонро даъват кардем, аз вилояти Ленинобод омаданд, аз Норак рафтанд. Ин як навъ дипломатияи халқӣ буд. Дар ин мулоқотҳо мардум дарк карданд, ки агар ҷангро қатъ накунем кишварро аз даст медиҳем. Миллат ба нестӣ меравад.

-Кадом қишри ҷомеъа ба ин кор ҷалб шуда буд?

- Одамони касбу кори гуногун шоирон ва нависандаҳо буданд, коргарон, деҳқонони оддӣ, ҳунармандони касбӣ буданд,. Ин кор дар арафаи оғози кори Комиссияи Оштиии Миллӣ созмон ёфт. Дар вохӯриҳо бисёр одамҳо ҳатто гиря мекарданд, ки мо ҳақиқатан, хато кардем ва хуб шуд, ки ҳамин Созишномаи истиқрори сулҳ баста шуд.

 Ман дар раванди ин дипломатияи халқӣ шахсан иштирок кардам. Ва бо чашми сар дидам, ки на танҳо худиҳо, балки бегонаҳо низ самимона мехостанд, ки мо мусолиҳа кунем. Моро ба бас кардани ҷанг ташвиқ мекарданд. Масалан, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон корҳои зиёдеро дар ин самт иҷро кард. Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар кишварҳо.  

Ҳатто кореягиҳо, ки дар ин ҷо сафоратхона надоштанд, аз Қазоқистон меомаданду мегуфтанд, ки сулҳ кунед. Дар ин кор русҳо хеле фаъол шуда буданд. Евгений Примаков ҳам ба Душанбе, ҳам ба Афғонистон, ҳам ба Эрон ва дигар ҷойҳо сафар карда бо роҳбарони ҷумҳурии мо ва роҳбарони мухолифин вомехӯрд. 

Мавқеъҳоро наздик мекард. Худи мардум мусибати ҷангро ба чашми худ дид. Аз даст додани шахси наздик дар ҷанг барои ҳама хеле душвор буд. Мардум ҳам дигар қотеъонатар поён ёфтани ҷангро талаб мекард. Ҳамин омилҳо боиси бастани Созишномаи Сулҳ гардид.

-Шумо баъдан яке аз узвҳои фаъоли Комиссияи Оштии Миллӣ, узви зеркомиссияи низомӣ будед. Дар ҳамон вазифа ҳам бисёр фаъолияти густурдае доштед. Мехостам дар ин бора каме гап бизанед. 

-Кӣ маро ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешбарӣ кардааст, намедонам. Вале ҳаминашро хуб дар ёд дорам, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи оғози кор ҳамаи мо аъзои КОМ аз ҷониби ҳукуматро ба наздаш хонда вазифаҳоямонро дар ин ниҳод фаҳмонда доданд. 

Моён ваъда додем, ки ба нафъи миллату кишвар, ба хотири барқарории сулҳу субот талошу кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем. Мо ҳукуматиҳо ҳам сездаҳ нафар будем, тарафи собиқ мухолифин ҳам сездаҳ нафар буданд. Нишасти нахустини аъзои КОМ дар Маскав моҳи июли соли 1997 дар толори меҳмонхонаи ҳукуматии «Президент отел» баргузор гардид.  

Дар маросими кушодашавии фаъолияти КОМ Евгений Примаков, вазири умури хориҷаи Федератсияи Русия суханронӣ кард ва тарафҳоро бо ин иқдоми нек самимона табрик намуд. Дар ҳамин нишасти нахустин мо як ҳуҷҷати хеле муҳим Санади ҳамдигарбахширо қабул кардем, ки дар таърихи ҷаҳонии ҷангҳои шаҳрвандӣ як ҳодисаи нодир ба шумор меравад. 

Нишасти дуввуми аъзои КОМ бояд моҳи август дар Душанбе доир мегардид. Аммо ба сабаби нооромиҳо дар кишвар ба моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд.

-Кадом нооромиҳо, чӣ воқеа рух дод?

- Агар ба ёдатон бошад яке аз фармондеҳони ҳукуматӣ Маҳмуд Худойбердиев аз бо силоҳ ба Тоҷикистон ворид шудани размандагони мухолифин ибрози норозигӣ карда буд ва ҳатто даст ба муқовимати мусаллаҳона зад. Ҳукумат дар моҳи августи соли 1997 илоҷи ин полковники саркашро худаш ёфт. Яъне байни ҷонибдорони ӯ ва ҳукумат даргирие рух дод ва нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиев маҷбур шуданд, ки хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.

-Дар Душанбе КОМ кори худро моҳи сентябри соли 1997 оғоз кард?

- Бале, КОМ аз чор зеркомиссия ташкил ёфта буд: сиёсӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва масъалаи гурезаҳо. Ман узви зеркомиссияи низомӣ будам. Мо ҳафт нафар будем. Худораҳматии Ҳабиб Сангинов раиси зеркомиссия, ману Амирбеки Атобек, Хайруллоҳ Ҳайдаров, Абдураҳим Каримов, Одинабек Абдусаломов ва Абдуманнон Абдураззоқов аъзои ин зеркомиссия. Дар зарфи такрибан се сол ду кори муҳимро анҷом додем. Якум бо иҷозати ҳукумат мо ҷойҳои махсусеро ҷудо кардем ва ҳамаҷиҳата омода сохтем то нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин дар ин маконҳо ҷо ба ҷо шаванд. 

Ин корро кардем. Дар даҳ ноҳияи ҷумҳурӣ мо қароргоҳ ҷудо кардем. Нирӯҳои мусаллаҳи мухолифинро бо силоҳу муҳимоташон ҷо ба ҷо кардем, бо сару либос хӯрок таъмин намудем. Чунин корро анҷом додан осон набуд. Байни тарафҳо ҳанӯз нобоварӣ буд. Ба якдигар эътимод надоштанд. Хулоса, бо як мушкилоти зиёде мо аз ҳамин ноҳияи Рӯдакӣ сар карда то Бадахшон дар қароргоҳҳои муваққатӣ қариб ҳафт ҳазор размандаи собиқ мухолифинро бо силоҳҳояшон ҷамъ кардем. 

Дар ин кор бо мо ҳайати низомии Созмони милал ҳамкорӣ мекард. Афсарони СММ аксаран одамони ботаҷриба буданд. Дар минтақаҳои доғи олам, дар кишварҳои ҷангзада кор карда таҷрибаи хуб доштанд. Онҳо ба мо маслиҳатҳои муфид медоданд.

Кори дуввуми муҳими мо ин аз Афғонистон баргардондани нирӯҳои боқимондаи мухолифин буд. Ин кори ниҳоят душвор буд. Зеро ҳукумат бесилоҳ ба Тоҷикистон омадани размандагонро мехост, вале ҷониби оппозитсия ин чизро билкул қабул надошт. Зеро ҳанӯз ҳам ба ҳамдигар эътиқоди қавӣ вуҷуд надошт. 

Хулоса, борҳо ба Афғонистон ба қароргоҳҳои размандагони мухолифин сафар доштем, то онҳоро бовар кунонем, ки бе силоҳ баргарданд. Ахиран кор ба тавре сурат гирифт, ки силоҳу муҳимот алоҳида интиқол дода шуданд ва размандагон алоҳида. 

-Мегӯянд, ки дар яке аз сафарҳои шумо ба Афғонистон вақти баргаштан бо размандагони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион дар ҳамон кишти (баржа)-е, ки шумо ва размандагон тавассути он аз дарё мегузаштед, мина хобонда шуда буд ва агар он аз сӯйи мутахассисини мухолифин хунсо намешуд, фоҷиа рух медод? Оё ин дуруст аст?

- Бале, чунин як ҳодиса буд. Дар ҳақиқат, чунин як минаро аз дохили ҳамон баржа пайдо карданд. Он вақт сарҳад дар ихтиёри марзбонҳои Федератсияи Русия буд. Мо бисёр пурсуҷӯ кардем, ки соҳиби ин бомба ё мина кӣ ҳаст? Касе ба гардан нагирифт, ки ин минаро медонад аз кӣ ҳаст. Ман, махсусан, бо намояндагони марзбонҳои Русия хеле муноқиша кардам.  

Агар мина ҳангоми интиқоли размандаҳо ва силоҳу муҳимоти онҳо, ки як ҷо бо размандаҳо дар ҳамон баржа бор карда шуда буданд, метаркид, бешубҳа беш аз 150 нафар инсоне, ки дар болои баржа буданд, ба ҳалокат мерасиданд. Вале, шукри Худои бузург, ки ин фоҷиа рух надод. Мо кӯшиш кардем, ки бифаҳмем, ки ин корро кӣ кардааст. Низомиёни сарҳадии рус ба гардан нагирифтанд. Гуфтанд ин кори мо нест.Чун фоҷиа рух надод, корҳо ба некӣ анҷом ёфтанд, бало ба пасаш гуфтему аз паси кори худ шудем.

-Ҳангоми фаъолиятатон дар зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ, фикр мекунам, ба дигар мушкилиҳо низ рӯ ба рӯ шудед. Чӣ мешавад, ки аз онҳо бигӯед? 

-Хайр, дуруст гуфтед, мушкилиҳо зиёд буданд. Новобаста ба ин бояд онҳоро ҳал мекардем. Масалан, дар соли 1998- 1999 дар як худи ноҳияи Ваҳдат чанд маротиба даргириҳои мусаллаҳона рух доданд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ аз ҳарду ҷониб ҳам зиёд буд. 

Пеши роҳи хунрезиро ҳарчӣ тезтар гирифтан даркор буд. Барои ин лозим буд, ки мо, аъзои зеркомиссияи низомӣ, ба ҷои воқеа, маҳалли даргириҳо биравем. Албатта, ба ҷони мо хатарҳои зиёде таҳдид мекарданд. Вале агар намерафтем, ҷони чандин ҷавонмард мумкин аз даст мерафт. Бо вуҷуди ин мушкилиҳо, хатарҳо мо мерафтему тарафҳоро моил мекунондем, ки Созишномаро риоя кунанд. 

Дар ҳамин лаҳзаҳо ҳатто намояндагони низомии Созмони Милал, ки маъмулан ба минтақаи ҷанг даромаданашон мумкин набуд, мерафтанд ба хотири сулҳи мо. Ҳеҷ кас аз мо силоҳ надошт. Таваккал бар Худо карда мерафтем.

Муҳимтарин ва мураккабтарин коре, ки ҳангоми фаъолият дар КОМ анҷом додед, кадом буд?

Муҳимтарин ва мураккабтарин кори дар КОМ анҷомдодаи мо ба фикрам, ҳамин халъи силоҳи размандагони собиқ мухолифин ва ба сохторҳои қудратӣ шомил кардани онҳо буд. Қариб ҳафт ҳазор мусаллаҳро халъи силоҳ кардану бо ҷойи кор таъмин кардан кори осон набуд. Албатта на ҳамаи онҳо ба сохторҳои қудратӣ барои кор ворид шуданд, вале ба ҳар яки онҳо фаҳмондани зарурати ба ҳаёти осоишта гузаштан ва дар шароити сулҳ зиндагиро пеш бурдан хеле душвориҳоро пеш меовард. 

Шахсе, ки муддати чанд сол бо зӯри силоҳ зиндагиашро пеш мебурд, акнун бояд ҳамин корро бе силоҳ анҷом медод. Дар шароити он солҳо чунин корро анҷом додан хеле душвор буд. Онҳое, ки ба сохторҳои қудратӣ ба кор даъват шуданд, онҳо акнун бояд дар паҳлӯи собиқ душманони худ кор мекарданд. Корро тарзе ба роҳ мондан даркор буд, ки ҳарду ҷониб ба ҳамдигар эътиқод банданд, унс бигиранд. 

Барои ҳамин фармондеҳро агар аз ҷумлаи намояндагони як тараф таъин мекардем, муовинашро аз ҷумлаи намояндагони тарафи дигар. Принсипҳои таҳкими ваҳдат анҷом додани ҳамин гуна корҳоро аз мо тақозо мекард ва мо онҳоро анҷом медодем.

-Шумо чӣ хел фикр доред, оё сулҳе, ки бо чунин мушкилотҳо ба даст омадааст, имрӯз халалпазир ҳаст ё не? Агар ки ҳаст, пас чӣ кор кардан даркор аст, ки сулҳ пойдор бимонад?


-Ман ба хулоса омадам, ки баъди додани қурбониҳои зиёд, дидани хисороти бепоён, ин қадар мушкилоте, ки баъди ҷанг ба сари мо омад, моро бояд ақаллан барои сад сол бо ба забон гирифтани калимаи ҷанг дар зеҳнамон нафрати шадид ба ин калима бедор шавад. Набояд дар ҷумҳурӣ шахсе, гурӯҳе, ё қуввае пайдо шавад, ки ваҳдати миллии моро халалдор кунаду ҷомеъаро боз ба ягон тарафи бесуботӣ кашад.  

Гоҳ-гоҳ дар баъзе расонаҳо баъзе матлабҳои нороҳаткунанда ба нашр мерасанд.Гунаҳкоронро мекобанд, ки албатта ин нодуруст аст. Хушбахтона, аксарияти мардум ҷангро маҳкум мекунанд. Мутаассифона, ҳам дар дохил ва ҳам дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд шахсони алоҳида, ки аз натиҷаи сулҳ розӣ нестанд. Ҳатто мехоҳанд ҷомеаро ноором созанд. 

Агарчӣ шумораи ин қабил одамон кам бошанд ҳам, ҳастанд ва онҳоро набояд аз мадди назар дур сохт. Барои он ки сулҳи мо пойдор бимонад, бояд, ки моҳияти онро барои имрӯзу фардои кишвар кушода дода тавонем. Ба якдигар бояд ботаҳаммул бошем. 

Бо роҳи гуфтушунид масоилро ҳал кунем. Аз рӯйи қонун амал кунем. Адолатро фаромӯш накунем. Масъулияти нигоҳ доштани сулҳро албатта, бештар бояд ҳукумат дошта бошад. Вале ҳар яки мо бояд барои пойдории он саҳм бигузорем. Рафтори дурусти мо нисбати якдигар дар кӯча, дар ҷойи кор ин кафолати пойдории сулҳ аст. 

Бояд коре кунем, ки мардум дарк кунад, ки дар шароити сулҳ мамлакати мо метавонад тезтар тараққӣ кунад, пешрафта шавад, зиндагонии мардум беҳтар шавад. Аз дастовардҳои сулҳ бояд ҳама баробар манфиат бубинанд. Он гоҳ касе наметавонад ба суботу амнияти мо халал ворид кунад.Агар ҳамаи мо дар асоси қонун кор карданро ёд бигирем ва қонунро сармашқи кори худ қарор бидиҳем, хатарҳо ба сулҳи мо камтар ва бехавф хоҳанд шуд.

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi