17:47:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶАЛОЛИДДИН МАҲМУДОВ: «НИҲОДЕ, КИ ОТАШИ ҶАНГРО ХОМӮШ МЕКАРД»-1

 

 Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбас, ниҳоде, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон бо пешниҳоди СММ таъсис ёфту ба фаъолият пардохт, дар қатъи ҷанги бародаркуш ва барқарории сулҳу субот дар кишвар хизматҳои арзандае кардааст. 

Ин ниҳод сазовори он аст, ки дар бораи фаъолияти ҳар як узви он маълумот дошта бошем. Зеро замоне буд, ки аз фаъолияти ҳар яки онҳо ҳифзи ҷони садҳо ҷавонмарди тоҷик дар ҳарду тарафи сангар вобастагии зич дошт. Онҳо буданд, ки ҷони худро ба хатар гузошта ба сангарҳо рафта бо расондани муждаи сулҳ ба ақлҳо ва кандани кинаи ҷанг аз дилҳо хатарро ба ҷони ҳамватанони худ рафъ мекарданд, ба дили модарон умед мебахшиданд…

Ҷалолиддин Маҳмудов, ки феълан мушовири Раиси ҲНИТ дар умури Раёсати Олии ҳизб мебошад, аз соли 1994 то 1996 муовини ҳамраиси Комиссия ва баъдан то ба истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар ҳамраиси ин Комиссия аз ҷониби собиқ мухолифин фаъолият кардааст. Сӯҳбати навбатиии рӯзноманигор Султони Ҳамад бо ӯ бештар сари мавзӯи фаъолияти ҳамин Комиссия дар даврони гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон ҷараён гирифтааст.

- Мӯҳтарам Ҷалолиддин, оё гуфта метавонед, ки Шумо кай ва ба чӣ тарз ба раванди музокироти сулҳ ва истиқрори он дар кишвар ҳамроҳ шудед?

-Нахуст бояд бигӯям, ки болои Тоҷикистони мо ҷанг таҳмил шуда буд. Ҳарду ҷониби дар мухолифати сиёсӣ ва ақидавӣ қарордошта аз ҳамон аввал ҷонибдори сулҳ буданд. Ҳеҷ кадоме аз тарафҳо ҷангхоҳ набуданд. Дар ҳарду тарафи сангар дар Тоҷикистон шахсони ҷангхоҳ дида намешуд. Дар ҳақиқат, ҷанг таҳмилӣ буду тариқи иғвову ҳамдигарнофаҳмӣ болои мо бор шуда буд. Ҳеҷ вақт ҷангхоҳу ҷангӣ набудам, ки баъд ба раванди сулҳ ҳамроҳ шуда бошам. 

Ман аз ҳамон аввале, ки худамро мешиносам, албатта сулҳхоҳу сулҳҷӯ будам. Вале ба ҳар ҳол бояд саволи шумо посух гуфт, ки банда кай ба раванди музокироти сулҳ ворид шудам. Ман аз соли 1993 ба ҳайси муҳоҷир дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекардам. Таври маълум музокироти сулҳи байни тоҷикон моҳи апрели соли 1994 шурӯъ шуд. 

Чун раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро шахсан мешинохтам тавассути номае аз Афғонистон ба ман амр карданд, ки барои ширкат дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон омода шавам. Моҳи сентябри соли 1994 дар Теҳрон, дар як нишасти машваратӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар сангарҳо Оташбас эълон шуда барои назорат бар он Комиссияи муштараке таъсис дода шавад, то он бо миёнҷигарии ҳайати нозирони низомии намояндагии СММ дар Тоҷикистон ҳарчӣ тезтар ба фаъолияти худ пардозад. 

Чанд вақт баъдтар ба хотирам нест, ки аз Покистон буд ё аз Эрон, худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, шахсан телефонӣ бо ман, ки дар Маскав будам, дар тамос шуданд. Он кас ба ман амр карданд, ки вориди ҳамин Комиссия шавам. Барои чӣ шахсан худи устод ба ман телефон кард? Шояд ки гапи дигарон ба ман таъсир намекард. 

Ҳамин тариқ бо пешниҳоди устод Нурӣ ман ба ин Комиссия дохил шудам ва моҳи ноябри соли 1994 барои анҷом додани фаъолияти хеш вориди пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе шудам. Он замон Душанбе шаҳре буд, ки амният дар он вуҷуд надошт, махсусан барои ашхосе ҳамчу ман, ки аз сӯи раҳбарияти мухолифин ба ин ҷо эъзом шуда будам.

-Ҳадаф ва вазифаҳои ин Комиссия аз чӣ иборат буд?

- Ҳадаф ва вазифаҳои Комиссия аз худи номаш, яъне Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбас маълум аст. Он замон дар музокироти Сулҳ оташбас эълон шуда буд ва ҳарду ҷониб бояд ин Созишномаро риоя мекарданд. Вале, мутаассифона, Созишнома гоҳ аз як тараф, гоҳ аз тарафи дигар нақз мегардид ва ин ҳодисаҳо дар ҷараёни музокироти сулҳ мушкилот эҷод мекарданд. 

Барои ҳамин ҳам як ниҳоде лозим буд, ки аъзои он ба сангарҳо рафта, тамоми мавориди нақзи оташбасро бисанҷанд ва холисонаву беғаразона ҳадисаҳоро арзёбӣ кунанд. Маъмулан рух додани нақзи Созишномаи Оташбасро бо айби худ ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо эътироф кардан намехост. Аниқтараш агар чунин ҳодиса рух медод як тараф айбро кӯшиш мекард, ки болои тарафи дигар бор кунад.

-Ҳайати нозирони низомии намояндагии СММ дар Тоҷикистон чӣ нақш дошт дар Комиссияи Шумо? 

-Ин ҳайат вазифаи нозирро дар ҳангоми фаъолият кардани мо иҷро мекард. Ҳамроҳи мо ба сангарҳо ва ё ба он мавқее, ки нақзи Созишномаи Оташбас ба чашм мехӯрд, рафта назорат мекард, ки мо онро чӣ гуна меомӯзем, таҳқиқ мекунем.

-Дар ёдатон ҳаст, ки аввалин кореро, ки комиссияи муштарак бар созишномаи оташбас иҷро кард, кадом буд?

-Бале, аввалин кореро, ки ин комиссия кард, вале банда дар он ширкат надоштам, иваз кардани маҳбусони дар зиндонҳои ҳукуматӣ будаи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион бо чанд нафар аз низомиҳои ҳукуматӣ, ки дар минтақаи Баҳораки Афғонистон асир буданд, буд.

-Ба ҳар ҳол Шумо дар бораи чӣ гуна ҷараён гирифтани ҳамин табодули асирону маҳбусҳои сиёсӣ шояд маълумоти бештаре дода метавонед?

 Бале, дар ҷараёни ин рӯйдоди таърихӣ ҳастам. Табодули усаро бо маҳбусон бо миёнҷигарии намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон бояд дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ моҳи ноябри соли 1994 сурат мегирифт. Онҷо як мушкилоте эҷод шуд. Ҳукумат аз он чи ки тавофуқ шуда буд, аз ҳисоби маҳбусон се нафар камтар барои табодула ба Хоруғ бурда буд. 

Дар феҳристи табодул номи домулло Аҷик, эшони Сайидашраф ва боз як нафаре, ки исмаш феълан дар хотирам нест, буд. Вале онҳоро ба Бадахшон набурданд. Вақте аз ҷониби ҳукумат пурсида шуд, ки чаро маҳбусони мазкурро барои табодула наоварданд, ҳукумат гуфт, ки онҳо дар дасти мо нестанд. Аммо тибқи дигар сарчашмаҳо, ки дар Душанбе аз онҳо иттилоъ гирифтем, ин се нафар аллакай эъдом шуда буданд. 

Ҳукумат дигар ошкоро эъдоми онҳоро эътироф намекард, балки маҳкум мекард. Тарафи мо мегуфт, ки мо ҳам 24 нафар асир медиҳем. Ҷониби ҳукумат мегуфт, ки не, табодул бояд 24 ба 27 сурат бигирад. Чунки дар рӯйхат ҳам ҳамин хел омада буд. Ҳини табодул ҳамин гуна як мушкилот эҷод шуда буд.

- Оё раҳбарияти мухолифин намехост, ки ба ин тарз табодул сурат бигирад?

-Не, он замон ҳалли қазия ё худ ин мушкилот дигар дар дасти раҳбарияти мухолифин набуд. Собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои низомии мухолифин Ризвон Садиров, ки дар ин вақт аломатҳои саркашӣ дар рафтору кирдори ӯ пайдо шуда буд, ин талабро пеш гузошта буд.

-Билохира ин мушкилот чӣ гуна ҳал шуд?


Ин мушкилот ҳамон солҳо дар матбуот сару садоҳои зиёде дошт. Билохира бо миёнҷигарии сафири вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оғои Шабистарӣ ҳамин қазия ҳал гардид.
 
-Чӣ гуна ҳал шуд? Оё ӯ бо Ризвон мулоқот дошт? Ризвон ку дар Баҳораки Афғонистон буд?

-Аз он сӯҳбатҳое, ки баъдан ҷаноби оғои сафир доштанд, мегуфтанд, ки ба Афғонистон ба мақари Ризвон ба Баҳорак рафта ӯро дар он ҷо барои амалӣ кардани табодул дар чанд сӯҳбате, ки чанд рӯз идома доштааст, билохира мутақоид сохтаанд. Масалан, гуфтаанд, ки ҳукумат бисёр якамали хайрхоҳӣ дорад, як лутф карда истодааст, ки хело шахсиятҳои шинохтаро як ба як иваз карда истодааст. 

-Киҳо буданд, ин шахсиятҳои шинохта?

-Инҳо шахсиятҳои дар он вақт хеле шинохтаи ҷумҳурӣ азҷумла, сиёсатмадор шодравон Ҷумъабой Ниёзов, рӯзноманигорон Аҳмадшоҳи Комил, Хайриддини Қосим, Хуршеди Назар, яке аз олимони машҳури дини ислом Саъдуддини Рустам, собиқ фармондеҳи Горди миллии раёсати ҷумҳур генерал Баҳром Раҳмонов ва дигарон буданд. 

Дар ивази онҳо аз асорати нирӯҳои низомии мухолифин асосан аскарҳои вазорати дифоъ, ки дар ҷангҳои Тавилдара асир шуда будаанд, озод карда шуданд. Албатта ин мояи ифтихори ҳеҷ кадом тараф буда наметавонад, ки тоҷик аз асорати тоҷик озод шуд. Вале ба ҳар ҳол нисбат ба солҳои 1992-1993 ин маърака як қадаме ба пеш, ба сӯйи сулҳу оштӣ буд. Ин табодули усаро ва маҳбусин дар зеҳни мардуми Тоҷикистон як хушбиниеро ба оянда ба вуҷуд овард. Умедвориро ба ояндаи нек дар ҳар як сокини ҷумҳурӣ бештар мекард. 

-Яке аз корҳои неки Комиссияи муштараки назорат бар созишномаи Оташбас мусоидат кардан ба баста шудани Созишномаи сулҳи Ғарм мебошад. Шуморо азҷумлаи он нафароне медонанд, ки бо талошу кӯшиши хеле зиёди онҳо ин рӯйдоди фараҳбахш ба вуқӯъ пайвастааст. Ва дар ҳамин хол дар бораи баста шудани ҳамин Созишнома ҳам сару садоҳои зиёде ҳаст. Баъзеҳо мегӯянд, ки гӯё роҳбарияти оппозитсион аз нияти баста шудани чунин як Созишнома қаблан огаҳӣ надошт. Мехостам дар ҳамин бора андешаҳои худро бигӯед?

-Аслан, ҳамчун муаммо шояд барои таърих боқӣ бимонад, ки бо ибтикори кӣ шуда буд ин Сулҳи Ғарм. Имрӯз сулҳ дар Тоҷикистон дастоварди бузург ҳисоб мешавад. Беҳтарин дастоварде, ки миллати тоҷик дар ҳамин солҳои охир дорад, ҳамин сулҳ аст. Ва ин сулҳи умумиҷумҳурӣ ибтидо аз сулҳи Ғарм гирифтааст бигӯем агар хато нахоҳем кард. 

Имрӯзҳо бисёриҳо даъвои бунёдгузори сулҳи Ғарм буданро мекунанд. Дар ҳақиқат, афроди зиёде дар баста шудани ин паймон даст доранд. Ман, ки шахсан аз аввал то ба охири дар ин кор шарик будам, медонам, ки он аслан бо ибтикори ҳарду ҷониби комиссияи оташбас, яъне ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин сурат гирифтааст.Дар ин кор Амирқул Азимов, ки он вақт ва ҳоло ҳам Котиби Шӯрои Амният буданду ҳастанд, ташаббускор буданд. 

Бисёр мехостанд, ки чунин як кор дар ин минтақаи ҷангзада анҷом гирад. Ман аниқ намедонам, ки болотар аз Амирқул Азимов дар ҳукумат кӣ ин масъаларо бардошта буд. ӯро кӣ барои анҷоми чунин як кор ҳидоят карда буд. Фикр мекунам, бе маслиҳати Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ба миён гузошта нашудааст. Ба ҳар ҳол ман дар бораи ҷониби ҳукумат чизе гуфта наметавонам. 

Вале дар бораи ҷониби мухолифин ҳаминро мегӯям, ки ин ибтикор аслан аз ҷониби устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Албатта он давраҳо давраҳои бенизомӣ буд, бисёр чизҳо сир ҳам буданд. Устод зоҳиран наметавонист дар он муҳиту шароите, ки дар Афғонистон дошт, ошкоро ин чизро дастгирӣ кунад. Ва сӯҳбатҳое бо мо дошт. 

Мусоҳиб Султони ҲАМАД,
идома дорад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi