06:53:04 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТУРАҶОНЗОДА: "СУЛҲ БА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ НАРАСИД"

 

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, узви Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон ва аз раҳбарони Иттиҳоди мухолифони пешини давлат гуфтааст, сулҳ дар кишвар вуҷуд дорад, аммо ҷомеъа то кунун ба ризоияти миллӣ, ки заминаи ваҳдат аст, нарасидааст.

Оқои Тураҷонзода ин матлабро рӯзи панҷшанбе, 18 июн зимни баргузории мизи гирди "Ваҳдати миллӣ пас аз 12 соли имзои Мувофиқатгомаи сулҳ", ки дар толори Маркази таҳлили "Диалог", дар Душанбе баён кард. Дар ин мизи гирд, ки ба ибтикори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Анҷумани сиёсатшиносони кишвар сурат гирифт, мавзӯъоти марбут ба ангезаҳои ҷанги дохилии панҷсола дар Тоҷикистон (1992-1997), имзои Мувофиқатномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 27 июни соли 1997 ва раванди иҷрои ин санади таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


"Сулҳ ҳаст, аммо ба ризоияти миллӣ нарасидаем"


Оқои Тураҷонзода, мегӯяд бо гузашти 12 сол аз тавофуқоти ниҳоии сулҳ, ҳоло дар кишвар нерӯе, аз ҷумла нерӯи низомӣ, ки битавонад таҳдиде барои амнияти кишвар бошад вуҷуд надорад ва ин амр далели суботу оромӣ ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон аст. 

Аммо оқои Тураҷонзода аз он ибрози таассуф кард, ки "бо вуҷуди густариши сулҳ, то кунун тоҷикон ба ризоияти миллӣ, ки заминаи ваҳдат аст, нарасидаанд."

Вай нороҳатии гурӯҳҳое дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз ношафоф будани интихобот, маҳдудиятҳо дар қонуни озодии виҷдон ва муъасисоти динӣ ва қонуни танзими расму ойинро аз авомиле хонд, ки дар роҳи расидан ба ризоияти миллӣ дар ҷомеъа мушкил пеш овардааст.


Фориғболӣ ва саҳлангорӣ дар шинохти сулҳ


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо он ки аз сулҳ ба унвони падидаи нодир ном бурд, вале таъкид бар он дошт, ки фориғболӣ ва саҳлангорӣ дар ин росто ба суди миллат ва давлат нахоҳад буд.

Зеро ба гуфтаи оқои Кабирӣ, "дар солҳои ахир таваҷҷӯҳ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ камтар шуда ва ин масъла бештар ҷанбаи ташрифотӣ ва ҷашнӣ касб кардааст".

Оқои Кабирӣ бар ин назар аст, ки "нодида гирифтани зарфиятҳо ва захираҳои сулҳ, назири зарфиятҳои фаровони аъзои Кумисиюни Оштии Миллӣ аз ҳар ду ҷониби сулҳ ба коста шудани сулҳ оварда мерасонад"

Дар ҳоле, ки оқои Кабирӣ мегӯяд, истифода аз ин "захираи гаронмояи миллат" дар ташвиқ ва тақвияти ҳар чи бештари сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ миёни ақшори мухталифи кишвар, муасир хоҳад буд.

Назаррас набудани дастовардҳо


Афзун бар ин Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки суханронии вай аз тариқи видию ба ҳозирон расонида шуд, мегӯяд, "дастовардҳои сулҳ аз лиҳози сиёсӣ назаррас нестанд."

Оқои Ҳимматзода, шафоф набудани интихоботҳо ва фароҳам набудани шароити мусоъид барои фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар ва иҷро нашудани муфоди Қонуни афви ширкаткунандагони ҷанги дохилиро исботи ин амр медонад. 

Аз сӯи дигар оқои Ҳимматзода, мегӯяд: "Раванди демукротизаи ҷомеъа, ки дар асноди сулҳ таъкид шудааст, густариш пайдо накард ва роҳҳои диктотурӣ ва худкомагӣ наметавонад, ин равандро ба пеш бибарад."

Ҳадаф - қатъи ҷанг


Аммо Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари сиёсӣ, ҳадафи аслӣ аз имзои Мувофиқатномаи сулҳро на густариши раванди демукротиза, балки поён додан ба як ҷанги панҷсола дар кишвар, ки миёни давлат ва Иттиҳоди мухолифони пешин ҷараён дошт, хонд.

Ҳамчунин оқои Абдулло мӯътақид аст, ки "ризоият" як мафҳуми нисбист ва ризояти тарафайн метавонад танҳо дар масоиле назири, истиқлоли энержӣ ва сиёсати бисёрсамтӣ ва ғайра вуҷуд дошта бошад.

Бо ин ҳама, Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллӣ ва аз аъзои Ҳайати музокиракунандаи давлат дар сулҳи миёни тоҷикон, Мувофиқатномаи сулҳро "бузургтарин санад пас аз Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон" медонад.

Оқои Усмонов, мегӯяд, адами иҷрои муфоди санади ҳамдигарбахшӣ тавассути ҳар ду тарафи сулҳ, мушкилотеро дар ин раванд иҷод кардааст. Вай бар ин бовар аст, ки дар сурати иҷрои комили ин санад тавассути ҷонибҳои сулҳ, ҷомеъаи кишвар ба ризоият ва ваҳдати бештар ноил мегардид.

Таърихи ҷанг ва сулҳ


Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки ҷанги доихилии панҷсола дар Тоҷикистон ва имзои Мувофиқатномаи сулҳи миёни тоҷикон ва фаъолияти Кумиссиюни Оштии Миллӣ, дар маҷмӯъ, таърихи кишвар пас аз касби истиқлол бояд навишта шавад. Ба ин далел оқои Усмонов, аз афроди зидахл дар раванди сулҳ даъват ба амал овард, ки дар ҷамъоварии матолиб ва ёддоштҳои он даврон, ба манзури навиштани таърихи кишвар, кумаку мусоъидати хешро дареғ надоранд.

Ширкаткунандагони мизи гирд низ аз ин пешниҳод истиқбол карда ва бар зарурати таъсиси гурӯҳи муштарак аз ҳар ду тарафи сулҳ ба ҳадафи навиштани таърихи ҷанг ва сулҳи тоҷикон таъкид карданд.

Зимнан, имзои Муфовиқатномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саъид Абдуллои Нурӣ, раҳбари фақиди Иттиҳоди мухолифони пешин ба таърихи 27 июни соли 1997 милодӣ дар шаҳри Маскави Русия, ба як ҷанги панҷосла дар Тоҷикистон хотима бахшид.

Давлати Тоҷикистон ин санаи таърихиро рӯзи "Ваҳдати миллӣ" номгузорӣ кард ва ҳар сол аз ин рӯз таҷлил ба амал оварда мешавад.

Интизор меравад, рӯзи "Ваҳдати миллӣ" ба таърихи 27 июни ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон бо баргузории маросими вижае ҷашн гирифта шавад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi