11:33:11 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/30_--01-a-aaaaaustod_nuri_225.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/30_--01-a-aaaaakom_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/30_--01-a-aaaaaustod_nuri_225.jpg'

НИҲОДЕ, КИ ЭҶОДГАРИ ОШТИИ МИЛЛӢ БУД

Даҳ сол муқаддам расо дар ҳамин рӯз, яъне 31-уми марти соли 2000, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъ гардидани фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ» мунташир шуд, ки дар он аз ҷумла  чунин омада буд:

 

«Мутобиқи Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, баргузоршавии иҷлосияи якуми Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил шудани мақомоти роҳбарикунандаи он ва иҷро шудани талаботи Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ ва ҳамаи мақомоти он аз 1 апрели соли 2000 қатъ карда шавад».

 

Комиссияи Оштии Миллӣ чӣ гуна ниҳоде буд? Чӣ ҳадаф дошт? Вазифаҳои худро чӣ гуна ба ҷо овард? Киҳо дар он фаъолият карданд ва чӣ нақше аз худ боқӣ гузоштанд? Барои бақои миллат он чӣ хизмат кардааст? Инҳо саволҳое ҳастанд, ки  агар ҳар як шаҳрванди миллатдӯсту ватанпарвар посухи онҳоро донад ва дар зиндагонии хеш ба инобат гирад, ба манфиати миллат ва ҷомеъа хоҳад буд. Дар матбуоти мо вақтҳои ахир дар бораи ҷангу сулҳу тоҷикон маводи зиёде ба табъ мерасанд. Вале мутаассифона, на ҳамаи онҳо воқеъбинона ва ҳақиқатҷӯёна навишта шудаанд.

 

Аз баъзе маводҳо бӯйи ғараз ва қасосҷӯӣ ба димоғ мерасад. Маводе бештар ба табъ мерасанд, ки дар онҳо сухан танҳо аз қатлу куштор ва таҷовузу ғорат меравад. Қаҳрамонони асосии ин мавод асосан фармондеҳони ин ва он тарафи ҷанги тоҷиконанд. Мақолаҳо бештар дар бораи кирдору рафтори ваҳшиёнаи ин қабил фармондеҳон навишта мешаванд. Мутаассифона, дар ин навиштаҳо ҳамдигаргунаҳкоркунӣ низ гоҳ-гоҳе ба мушоҳида мерасад. Вале ҳамзамон дар бораи созмонҳо ва афроде, ки дар истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар хизматҳои шоёне кардаанд, бо саъйю талоши онҳо имрӯз ба ин сулҳу оромӣ расидаем, мутаассифона чизе намегӯем. Агар бигӯем, он ҳам хеле кам ва нокофӣ аст.

 

Комиссияи Оштии Миллӣ азҷумлаи чунин созмонҳоест, ки вазифаи муҳимеро бар дӯш дошт. Вазифаи он ба ҳаёт татбиқ кардани талабу нуктаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав аз ҷониби роҳбарони ҷиноҳои сулҳкунандаи ҷанги байни тоҷикон ба имзо расида буд. Дар ин ниҳоди муштарак, ки иборат аз 13 нафарӣ аз ҳар ду ҷониб, ҷамъ 26 нафар  аъзо дошт, дар ҳақиқат шахсиятҳое кору фаъолият менамуданд, ки  онҳоро дар байни мардум хуб мешинохтанду ҳурмату эҳтиромашон мекарданд.

 

Мутаассифона, дар бораи ин ниҳод ва дар бораи шахсиятҳое, ки дар он кору фаъолият мекарданд, то ба ҳол дар матбуоти мо маводи ҷолибу воқеъбинонае ба табъ нарасидааст. Имрӯз бо як дарду андӯҳ мегӯем, ки шаш нафар аз ин эҷодкорони сулҳу субот дар кишвар дигар дар қайди ҳаёт нестанд.

 

Шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ- собиқ раиси КОМ, шодравон Отахон Латифӣ- собиқ раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ, худораҳматӣ Ҳабиб Сангинов - собиқ раиси зеркомиссияи низомии КОМ, шодравон Тағай Раҳмонов- собиқ узви зеркомиссияи низомии КОМ, шодравон ҷумъабой Ниёзов – узви зеркомиссияи сиёсии КОМ ва шодравон Муҳаммадшарифи Ҳимматзода- собиқ раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ аз ҷумлаи он афроде ҳастанд, ки ҳини дар ин ниҳод фаъолият кардан, тамоми кӯшишу ғайрат ва талоши худро баҳри истиқрори сулҳу субот дар кишвар равона карда буданд.

 

Сулҳе, ки имрӯз мо аз он манфиат мебардорем, худ аз худ ҳамин хел ба даст наомадааст. Барои он мардум ҷонбозиҳо кардаанд. Ҳаёти худро борҳо ба хатар гузоштаанд. Устод Отахон Латифӣ ҳини фаъолият карданаш дар ин ниҳод аз дасти душманони сулҳу субот ба шаҳодат расид. Дар бораи ин афрод навиштан танҳо шод кардани рӯҳи онҳо нест. Мо агар дар бораи  фаъолияти онҳо бинависем, ин маънои онро дорад, ки барои ояндагон, барои насли нав,  мо панду андарз гуфтаем.

 

Ба фикри мо замоне фаро расидааст, ки дар бораи фаъолияти ин ниҳод ва афроде, ки дар он кор карданд, аз сӯйи ниҳодҳои марбутаи давлатӣ,  ки бо таҳлилу пажӯҳиши вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар машғул ҳастанд, тадқиқотҳое сурат бигиранд, то ин ки сабақи ҷангу сулҳи тоҷикон баръабас наравад.

 

Китоби «Оштинома»-и Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ агарчӣ асари пажӯҳишӣ- илмӣ набошад ҳам, вале дар бораи фаъолияти ин ниҳод ҳоло ягона сарчашмаи мӯътамадест, ки ҳамагӣ як сол баъди ба анҷом расидани фаъолияти КОМ навишта шудааст.

 

Китоб соли 2001 аз сӯйи нашриёти «Нодир» бо теъдоди ҳамагӣ ҳазор нусха ба табъ расидааст. «Оштинома»-ро имрӯзҳо дар рафи мағозаҳои китобфурӯшӣ ва ҳатто дар китобхонаҳо низ пайдо кардан амри маҳол аст.

 

Аз ин рӯ муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», мо тасмим гирифтем, ки аз ин рӯз эътиборан «Оштинома»-ро, қисм - қисм  ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш намоем. Боварӣ дорем, ки Шумо аз ин китоб барои худ иттилои хеле хубу муфассалеро дар бораи фаъолияти КОМ ва аъзои он хоҳед дарёфт кард.

 

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2027-2010-03-30-19-31-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854