20:09:10 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/03_--01-a-aaaaaaustod_abdullo-nuri_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/03_--01-a-aaaaaaustod_abdullo-nuri_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/03_--01-a-aaaaaaustod_abdullo-nuri_2.jpg'

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 6

 

 

Мувофиқи «Протоколи масъалаҳои низомӣ» размандагони артиши ИНОТ дар қароргоҳҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Ванҷ, Ғарм, Ҷиргатол, Комсомолобод, Кофарниҳон, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод, шаҳри Хоруғ ва деҳаи Мағмуруди ноҳияи Ленин ҷамъ оварда шуданд. Барои онҳоро ба қайд гирифтан зеркомиссияи низомии КОМ беш аз 5 ҳазор варақаҳои хидмат омода кард, ки дар онҳо бар иловаи ному насаб, сол ва ҷои таваллуд, маҳалли истиқомат, ҳайати оила, ихтисоси разманда, рақами силоҳу муҳимот, техникаи онҳо низ зикр гардида буд.

 

Охирҳои моҳи октябри соли 1997 гурӯҳи кории зеркомиссияи низомии КОМ дар ҳамкорӣ бо ситоди низомии размандагони ИНОТ зери назорати нозирони низомии СММ дар минтақаи Қаротегин ва Тавилдара ба қайдгирии размандагони ИНОТ – ро шурӯъ кард. Мушкилоти асосие, ки ҳангоми ба қайдгирии размандагони ИНОТ дар назди гурӯҳи кории зеркомиссияи низомӣ ва КОМ пеш омад ин набудани биноҳое буд, ки ба сифати қароргоҳҳое истифода шаванд, ки тамоми размандагони ин ва ё он ноҳияро дар худ ҷо дода тавонанд. Дар даврони ҷанг размандагони ИНОТ ба чунин қароргоҳҳои бузургҳаҷм эҳтиёҷ надоштанд.

 

Зеро қонуну қоидаҳои ҷанги чирикӣ талаб мекард, ки размандагон ба гурӯҳҳои хурд ҷудо шуда аз релиефи кӯҳистон ҳамчун аз қароргоҳҳои табиӣ истифода кунанд. Дар ҷараёни раванди Сулҳ бошад шароиту вазъияти ба амал омада талаб мекард, ки  размандагони ин ва ё ҷабҳаро ҳамагӣ дар як маҳал, аниқтараш қароргоҳ, ҷамъ биёрем, ки дар маҷмӯъ шумораи онҳо аз 400 то 600 нафарро ва ҳатто аз ин ҳам зиёдро ташкил медод. Барои ҳамин 400 – 600 нафар разманда пеш аз ҳама шароити зист муҳаё кардан лозим буд. Яъне ҷои хоб, ҷои машқу тамрин, утоқҳои нигаҳдории силоҳу муҳимот ва ғ.ҳ.

 

Ғайр аз он як мӯҳлати муайяне даркор буд, ки тамоми размандагони ИНОТ сабти ном шаванд, аз муоинаи тиббӣ ва комиссияи аттестатсионӣ гузаранд, савганди низомӣ ёд кунанд ва баъд аз он шомили сохторҳои қудратии ҳукуматӣ шаванд. Маҳз дар ҳамин давра мушкилоти бо хӯрока ва ҳатто дар баъзе мавридҳо бо пӯшока таъмин кардани размандагони дар қароргоҳҳо овардаи ИНОТ пеш омад, ки на ҷониби ИНОТ, на ҷониби ҳукумат қодир набуданд, ин проблемаҳоро сари вақт оперативӣ ҳал намоянд. Рафъи саривақтии ин мушкилот маблағи муайянеро талаб мекард. Мутаассифона, дар Созишномаи умумӣ, алалхусус, дар «Протоколи оиди масъалаҳои низомӣ» ҳалли ин масъала пешбинӣ нашуда буд.

 

Яке аз сабабҳои асосии дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро нашудани нуктаву талаботи «Протоколи масълаҳои низомӣ» маҳз дар адами қароргоҳҳои муҷаҳҳаз буд. Ин камбудӣ бошад боиси сар задани норасоиву мушкилоти дигар мегардид, ки раванди татбиқи Созишномаи умумиро дар маҷмӯъ ба таъхир мегузошт. Албатта ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби роҳбарияти ИНОТ кӯшишҳо ба харҷ дода мешуд, ки масъалаи омодасозии қароргоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ бо истифода аз имкониятҳои мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ҳалли худро пайдо кунад. Бархе аз созмонҳои байналмиллалӣ кӯмакҳои башардӯстонаи худро дар ин самт низ дареғ надоштанд. Азҷумла, аз созмонҳои Аксияи аграрии Олмон, Барномаи озуқаи СММ, Фонди Оғохон ном бурдан мумкин аст, ки дар ин ҷода беғаразона кӯмак расондаанд. Вале ин ҳама нокофӣ, ки буд, иҷроиши «Протоколи масоили низомӣ» ба дарозо кашид.

 

Масъалаи дигаре, ки ҳамеша дар маркази диққати КОМ буд, вале ҳалли он ҳам хеле тӯл кашид, ин масъалаи интиқоли боқимонда размандагони ИНОТ аз Давлати Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон буд. Мувофиқи «Протоколи оиди масоили низомӣ» интиқоли дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ аз ҳудуди ДИА ба Тоҷикистон бояд дар давраи аввали реинтегратсия, яъне дар давраи ду моҳ аз рӯзи оғози фаъолияти КОМ сурат мегирифт. Қаблан бояд бо ризоияти ҳукумати Афғонистон зеркомиссияи КОМ оиди масоили низомӣ ва ҳайати нозирони низомии СММ дар Тоҷикистон ба ДИА рафта силоҳу муҳимоти супурдашударо ба реестер дохил карда, сипас тавассути гузаргоҳҳои Ишкошим ва Панҷи Поён размандагонро ба Тоҷикистон интиқол медоданд.

 

Дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ сарҳадро бояд бе силоҳу муҳимот убур мекарданд. Баъдан қувваҳои Ҳомии Сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулма-нофеъи мустақар дар Душанбе таҳти назорати ҲННСММТ ҳайати шахсӣ, силоҳ ва муҳимотро то пунктҳои ҷамъшавӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Дар ҷойҳои таҷаммӯъ бошад, силоҳу муҳимот мувофиқи реестер дар биноҳои махсуси ҳифзшаванда ҷамъ оварда мешуданд.

 

Вале мутаассифона, бо сабабҳои гуногун дар масъалаи интиқоли размандагони ИНОТ аз ДИА ба Тоҷикистон дар зарфи беш аз се моҳ кадом як иқдоми мушаххасе анҷом нагирифт. Дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ асосан дар вилояти Бадахшон ва Тахори ДИА мустақар буданд. Бозгашти онҳо ба Ватан осонтару арзонтар аз тариқи гузаргоҳи Ишкошим мебуд. Аммо ҷониби ҳукумат бар он буд, ки ҳамаи дастаҳои мусаллаҳ асосан аз гузаргоҳи Бандари Шерхон ё худ Панҷи Поён баргардонда шаванд. Зеро амнияти интиқоли сари вақтии размандагонро ба қароргоҳҳои муайяншуда қушӯнҳои Ҳомии Сулҳи кишварҳои муштаракулманофеъ танҳо аз ин роҳ таъмин карда метавонистанд. Аз ин рӯ дастаҳои мусаллаҳи дар вилояти Бадахшони ДИА мустақар будаи ИНОТ – ро лозим буд, ки масофаи зиёдеро тай намуда ба қафо, ба Бандари Шерхон биёянд.

 

Аммо баъзе аз гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки дар маҷмӯъ шумораи онҳо қариб 300 нафар буд, аз сабаби дар иҳотаи кӯҳҳои сербарф мондан, масдуд шудани роҳи ағбаҳо, наметавонистанд то тобистони соли 1998 ба Бандари Шерхон баргарданд. Ин дастаҳо, ки асосан дар дараҳои улусволии Дарвози вилояти Бадахшон қароргоҳ доштанд, аз камбуди маводи хӯрока шадидан танқисӣ мекашиданд. Ба иллати нарасидани доруворӣ аксари размандагон мубталои касалиҳои гуногун гардиданд. Расонидани кӯмак аз тариқи Афғонистон ба онҳо хеле ҳам мушкил ва ҳатто дар шароити зимистони соли 1997 – 98 ғайриимкон буд.

 

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо охирҳои декабри соли 1997 марзбонони Федератсияи Россия иҷозат доданд, ки аз тариқи гузаргоҳи Қалъаи Хумб ба размандагони дар улусволии Дарвоз будаи ИНОТ ба воситаи аъзои гурӯҳи кории зеркомиссияи низомӣ ба миқдори 300 килограмм маводи хӯрока ва доруворӣ кӯмак бифиристем. Албатта, ин миқдор кӯмак хеле ҳам ночиз буд ва наметавонист талаботи қариб 300 нафар размандаро, ки дар инҳисори иқтисодӣ қарор гирифта буданд, қонеъ бикунад. Кӯшишҳои зеркомиссияи низомии КОМ барои аз тариқи гузаргоҳи Ишкошим интиқол додани онҳо натиҷае надод. Имконияти бори дигар ва бештар расонидани кӯмак низ фароҳам нагардид. Ҳамин буд, ки моҳхои феврал -  марти соли 1998 260 нафар размандаи дар улусволии Дарвоз буда мустақилона бидуни муташанниҷ сохтани авзо сарҳадро убур карда, дар Тавилдара мустақар шуданд. Марзбонон низ алайҳи онҳо кадом як муқобилияте нишон надоданд.

 

Ин аввалин гурӯҳи размандагони ИНОТ буд, ки баъди солҳои зиёди ҳиҷрати иҷборӣ  ба Ватан баргаштанд. Ҳайати шахсӣ, силоҳу муҳимоти онҳо баъдан дар ноҳияи Тавилдара аз ҷониби гурӯҳи кории зеркомиссияи низомии КОМ таҳти назорати ҲННСММТ ба ҳисоб гирифта шуд. Рӯзи 28 декабри соли 1997 дар як вазъияти тантанавӣ дар ҳузури хабаргузорони дохиливу хориҷӣ аввалин 50 нафар размандаи ИНОТ, ки дар ҳайати баталони мавсум ба баталони 25 – ум шомили вазорати дифоъ гардида буданд, савганди низомӣ ёд карданд.

 

Баталони мазкур тибқи тавофуқоте, ки моҳи маи соли 1997 дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек байни ду роҳбари олимартабаи ҷонибҳо ҳосил шуда буд, иборат аз 460 нафар аз ҳисоби размандагони ИНОТ ҳамчун кафили амнияти аъзои КОМ аз ҷониби ИНОТ ва дигар роҳбарону ҷонибдорони Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик, ки қабл аз шурӯъи кори КОМ ба Душанбе омада буданд, таъсис дода шуд. Роҳбарияти ИНОТ Абдуҳалим Назаровро, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифин ба шумор мерафт, ба ҳайси фармондеҳи ин қисми ҳарбӣ пешниҳод намуд.

 

Бо фармони Вазири дифоъ ба ӯ рутбаи полковник дода шуд ва ин масъулияти сангин ба дӯши ӯ гузошта шуд. Ҳамчунин тибқи Низомномаи КОМ ва Меморандуми Бишкек барои ҳифзи шахсии аъзои КОМ 40 нафар размандаи ИНОТ, аниқтараш ходимони амниятии ИНОТ ба Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шуданд ва онҳо дар якҷоягӣ бо 40 нафар намояндаи дигари ВАҶТ, ки ба ҳамин мақсад таҳия шуда буданд, як шӯъбаи ниҳоят бузург ва муҳимеро дар сохтори Вазорати Амнияти ҶТ ташкил доданд. Вазифаи ин шӯъба иборат аз таъмини бехатарии аъзои КОМ ва аҳли хонаводаи онҳо буд.

 

Рустам Ҳамидов сардори муҳофизони раҳбари ИНОТ ба ҳайси сардори ин чил нафар ходими амниятии собиқ ИНОТ аз ҷониби ВАҶТ таъин гардид. Ба ӯ рутбаи баланди низомӣ дода шуд. Гуфтан зарур аст, ки  баталони 25 – уми Вазорати Дифо ва он шӯъбаи  ВАҶТ, ки дар ҳайати он чил нафар низомии ИНОТ шомил шуданд, аввалин сохторҳои қудратии  ҳукумат буданд, ки размандагони мухолифинро дар ҳайати худ ҷой доданд. Ва минбаъд бар зидди ҷинояткориҳову қонунвайронкуниҳо бо онҳо дӯш ба дӯш,  дар якҷоягӣ мубориза бурданд.

 

Раванди реинтегаратсияи дигар размандагони ИНОТ ба сохторҳои қудратии ҳукумат дар ҳақиқат бо сабабҳои гуногун хеле ҳам тӯл кашид. Агар аз як тараф дар қароргоҳҳо ҷамъ овардану сабти ном кардан ва аз муоинаи тиббиву атестатсия гузаронидани он вақти зиёдеро талаб карда бошад, аз тарафи дигар адами шароити мусоид дар қароргоҳҳо, набудани имконияти молии ба ҷузъу томҳои низомиву интизомии ҳукумат қабул кардани онҳо боиси ба дарозо кашидани иҷроиши «Протоколи оиди масоили низомӣ» гардид.

 

Бо дархости мукаррари Раиси КОМ, Раиси Ҷумҳур Э.Ш.Раҳмонов ба қарори ҳукумати ҶТ аз 16 феврали соли 1999 «Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои муваққатии қувваҳои мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои низомӣ аз ҳисоби дастаҳои низомии ИНОТ» имзо гузошт. Танҳо баъди ин ниҳодҳои низомӣ ва интизомии кишвар асоси қонунӣ пайдо карданд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷикро ба ҳайати худ қабул карда, онро таъмини молӣ намоянд.

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2237--lr-6.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi