11:22:50 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 7

 

 

Саҳми гурӯҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти КОМ ва ҳукумат дар масоили низомӣ, ки сарварии онро собиқ муовини Сарвазир А.Азимов ба ӯҳда дошт, хеле бузург аст. Ҷаласаҳои ҳарҳафтаинаи ин гурӯҳ ба пешрафти кор дар ҳалли масоили низомӣ мусоидат кард.

 

Аввалин 153 нафар размандаи дар Давлати Исломии Афғонистон будаи ИНОТ дар натиҷаи як фаъолияти муштараки мақомоти дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон, зеркомиссияи низомии КОМ, нозирони низомии СММ, нерӯҳои Посдори Сулҳи ИДМ дар Тоҷикистон ва нерӯҳои марзбони Русия 1 -  уми июли  соли 1998 аз Бандари Шерхон воқеъ дар шимоли Афғонистон ба Панҷи Поён гузаронида шуда, баъдан ба қароргоҳи муайянгашта дар ноҳияи Ғарм интиқол дода шуданд.

 

Силоҳу муҳимоте, ки ин гурӯҳи 153 нафараи размандаи ИНОТ аз ДИА оварданд, ба қавли яке аз нозирони низомии СММ барои дар даврони осоишта мусаллаҳ кардани як полки тирандози кӯҳгард басанда мебуд. Рӯзи 23 – уми сентябри соли 1998 гурӯҳи охирини размандагони ИНОТ дар ҳайати 157 нафар аз шимоли Афғонистон тавассути гузаргоҳи Панҷи Поён ба Ватан баргаштанд.

 

Душманони Сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ин бозгашти размандагони ИНОТ – ро ба таври худ қайд карданӣ буданд. Онҳо ба зери киштие, ки размандагон ва силоҳу муҳимоти онҳоро аз дарёи Панҷ мегузаронд, қариб 30 килограмм маводи мунфаҷираро дар сандуқе пинҳон карда буданд.

 

Тибқи нақшаи онҳо маводи мунфаҷира ҳангоме, ки киштии ҳомили силоҳу размандагон ба мобайни дарё мерасид, тавассути мавҷҳои родиюӣ аз дур тарконда мешуд. Вале бо фазли Парвардигори мутаъол, ҳушёрӣ ва зиракии кормандони хадамоти амниятии ИНОТ ин нақшаи ноҷавонмардонаи душманони Тоҷикистон сари вақт хунсо гардид. Ин гурӯҳи размандагон бо тамоми васоиту силоҳу муҳимоти худ 26 сентябри соли 1998 дар ноҳияи Тоҷикобод дар қароргоҳи муайяншуда мустақар шуд.

 

Ҳамин тариқ охирин размандаи ИНОТ аз хориҷи кишвар  ба Ватан баргашт. Роҳбарияти оппозитсион охирҳои моҳи декабри соли 1998 дар бораи дар хориҷ аз Тоҷикистон баста шудани қароргоҳҳои низомӣ ва базаҳои таълимии худ эъломияи расмӣ нашр намуд. Вале қароргоҳҳои муҷоҳидин дар дохили кишвар аз ҳарвақта дида акнун серодамтар буданд. Маъракаи сабти ном, ба қайдгирии силоҳу муҳимот, муоинаи тиббӣ, аттестатсияи размандагон ва қумандонҳои дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ идома дошт.

 

Албатта ин кор на дар ҳама ҷо ҳамвору бемушкилот сипарӣ мешуд. Се мушкилоти асосӣ раванди реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ – ро ба сохторҳои қудратии кишвар ба таъхир мегузошт. Нахуст набудани маблағи муайяни зарурӣ барои сари вақт муҷаҳҳаз сохтани қароргоҳҳо, бо хӯроку пӯшока таъмин намудани размандагони дар ин ҷойҳо таҷаммӯъ ёфта. Дуввум адами асноди ҳуқуқие, ки барои бечуну чаро ба ин ва ё он сохтори қудратӣ шомил шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ асоси қонунӣ фароҳам меоварад.

 

Бо истинод ба чунин асноди ҳуқуқӣ раҳбарияти сохторҳои қудратӣ метавонистанд дар ниҳодҳои худ қисмҳои ҳарбӣ боз кунанд, ва аз сӯи вазоратхонаҳои дахлдор барои таъмини онҳо маблағи зарурӣ дарёфт намоянд. Зеро ҳар гоҳе мо бо қотеъият аз роҳбарони ин сохторҳо талаби реинтегратсияи ҳарчӣ зудтари нерӯҳои низомии ИНОТ – ро дар ин ва ё он минтақа мекардем, қабл аз ҳама проблемаи дар ниҳодҳои худ надоштани маблағи заруриро барои таъминоти моддии онҳо пеш меоварданд.

 

Бино ба қавли онҳо чунин маблағро танҳо аз вазорати молия дарёфт кардан мумкин буд. Вале барои чунин маблағро аз вазорати молия дарёфт кардан асоси ҳуқуқӣ доштан зарур буд. Зеро дар буҷаи соли равони ин ва ё он вазоратхонаи қудратӣ ин гуна масрафҳо барои реинтегратсияи қувваҳои мусаллаҳи ИНОТ пешбинӣ нашуда буданд. Ана ҳамин гуна ҳуҷҷати ҳуқуқӣ чи тавре, ки дар боло низ қайд кардем, қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 – уми феврали соли 1998 «Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои муваққатии қувваҳои мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои низомӣ аз ҳисоби дастаҳои низомии ИНОТ», шуд.

 

Албатта то ба тасвиб расидани ин қарор чи тавре, ки қаблан низ тазаккур додем, ба таври истисно гурӯҳҳои алоҳидаи низомиёни ИНОТ аз ҷумла, сентябри соли 1997  460 нафар  ба баталони 25 – уми Вазорати Дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сентябри соли 1997 40 нафар ба Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маи соли 1998 110 нафар ба ҳайати отряди махсуси Вазорати Дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъмини амнияти кормандони созмонҳои байналмил-лалӣ дар Тоҷикистон, маи соли 1998 80 нафар ба Кумитаи Давлатии Ҳифзи Сарҳадоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, шомил шуда буданд.

 

Вале ин дар муқоиса ба теъдоди умумии размандаҳои ИНОТ, ки сабти ном шуда буданд, хеле ночиз буд. Возеҳтар бигӯем, тахминан ин шомилшавии ҳамагӣ 15 фоизи нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ – ро  ташкил медоду халос. Аз ин рӯ қарори мазкур роҳро ба сӯи реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба сохторҳои қудратӣ ҳамвор кард. Мушкилоти дигаре, ки садди роҳи шомилшавии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба ниҳодҳои қудратӣ мегардид, таъхир дар масъалаи мавриди авфи умумӣ қарор додани тамоми размандаҳои ИНОТ буд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi