САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 7
Умуман агар масъалаи авфи собиқ размандагони ИНОТ, ки дар маҳбасҳо зиндонӣ буданд, каму беш ҳалли худро бо душвориҳои зиёд ҳам бошад, пайдо мекард, вале авфи қумандонҳо ва размандагоне, ки дар суфуфи артиши ИНОТ буданд, ҳанӯз содир нашуда буд. Бархе аз онҳо бо баҳонаҳое, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар даврони ҷанг муқобилашон парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, мавриди таъқибу озори ҳукуматдорон қарор мегирифтанд.
Танҳо дар як худи соли 1998 беш аз 40 нафар фармондеҳ, размандагон ва хешу ақрабои наздики онҳо аз тарафи ашхоси номаълум ба қатл расида, беш аз 100 нафар мавриди боздошт, таъқибу озори органҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд, бархе ба таври мармуз мафқудуласар шуданд. Ин вазъият ташвишу нигаронии дигар фармондеҳону разманда-гонро зиёд кард. Идае аз онҳо ин ҳолатро дида аз самимияти тарафи дигар дар масъалаи иҷрои бечунучарои тавофуқоти ба дастомада изҳори шубҳа мекарданд.
Дар чунин ҳолатҳо бандаро лозим буд, ки саъйю кӯшишҳои зиёде ба харҷ бидиҳам, то ин беэътимодиро, ки дар умқи қалбҳои онҳо сангар гирифта буд, берун созам. Ба ин хотир сафарҳои зиёде ба навоҳии таҳти нуфузи муҷоҳиддин доштам. Бо тамоми фармондеҳону муҷоҳиддине, ки дар чунин ақида буданд, сӯҳбатҳои дурударози пай дар пай анҷом додам, зарурӣ ва дурустии Сулҳи бадастомадаро ҳам аз нуқтаи назари қонуни мавҷуда, ҳам аз нуқтаи назари шаръӣ ва ҳам аз нуқтаи назари сиёсӣ ба онҳо исбот мекардам.
Дар баробари ин унвонии намояндаи вижаи ДК СММ ҷаноби Ян Кубиш аввалҳои моҳи маи соли 1999 номае навишта нигаронии худро аз беэътибории баъзе органҳои давлатӣ ва роҳбарони онҳо ба раванди барқарории сулҳ дар кишвар, аз ҷумла ба дарозо кашидани масъалаи авфи 93 нафар аз размандагони ИНОТ ва лағви парвандаҳои ҷиноии размандагони реинтегратсия шуда изҳор намудам.
Аъзоёни КОМ аз ҷониби ИНОТ ҷонибдории худро аз ин номаи банда эълон дошта, даст ба як эътисоб заданд. Ҷои зикр аст бигӯем, ки эътисоб ё худ коршиканӣ ба хотири дарёфти гузаштҳо аз ҷониби ҳукумат дар фаъолияти аъзоёни КОМ аз ҷониби ИНОТ як нақши муҳимеро бозӣ кардааст. Ин усули демократии муборизаи сиёсӣ аз ҷониби намояндагони ИНОТ дар КОМ дар тӯли фаъолияти ин ниҳод чаҳор маротиба истифода карда шуд.
Ва ҳар бор ҳалли масъалаи муҳиме матраҳ мегардид ва аксаран ҷониби ҳукумат таҳти чунин фишорҳои сиёсӣ бо гузаштҳо розӣ мешуданд. Чунончи коршикание, ки баъди террори раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ шодравон Отахон Латифӣ ба вуқӯъ пайваст, масъалаи таъмини амнияти намояндагони ИНОТ- ро дар КОМ беҳтар кард. Ин дафъа ҳам ин василаи кор дар раванди барқарории Сулҳ таъсири мусбат расонд.
Чи тавре, ки дар боло қайд кардем, 4 маи соли 1999 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дар асоси лоиҳаи пешниҳодкардаи Комиссияи Оштии Миллӣ дар бораи авфи размандаҳои ИНОТ фармон имзо намуд, ки тибқи он тафтиши парвандаҳои ҷиноии алайҳи размандагони ИНОТ бозгардида бояд қатъ мегарди-данд. Дар асоси ин фармон ба Додситони Кулл, вазорати умури дохила ва вазорати амният дастур дода шуд, ки пешниҳодоти худро барои қатъ кардани тафтиши парвандаҳои ҷиноии алайҳи размандагони ИНОТ бозгардида, ки дар муҳокимаи додситонҳо қарор гирифта буданд, ироа намоянд.
Лоиҳаи фармон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гашт ва дар иҷлосияи махсус, ки 14 – уми маи соли 1999 барпо гардид, ин санади авфи фармондеҳон, размандагон ва ҷонибдорони ИНОТ – ро қабул намуд. Ин ҳуҷҷатро Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар иҷлосияи Маҷлиси Олӣ ҳамчун «санади таърихии раванди сулҳ» номид. Тибқи ин қарори Маҷлиси Олии Тоҷикистон 5377 нафар размандаи ИНОТ мавриди авфи умумӣ қарор гирифтанд. Раёсат ва фармондеҳони ИНОТ аз ин иқдоми муштараки Комиссияи Оштии Миллӣ ва Президент оиди авфи иштирокдорони муқовиматҳои сиёсӣ - низомӣ ва размандагони ИНОТ изҳори қаноъатмандӣ намуда, баёнияи зеринро мунташир сохтанд…
(Идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2354----lr-7.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ