14:55:47 28-уми Июни 2025 сол

МИЁНАРАВОНИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН - 1

ҚАРЗ БА ҚИЁМАТ?

Сиёсатшинос Улунян мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд Русия мехост, аз таъсиси чунин як форум, ки метавонист, ба пойдевори ҷомеаи маданӣ ва демократии Тоҷикистон табдил ёбад, пешгирӣ кунад. Александр Облов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон он вақт гуфтааст, созмони татбиқи созишҳо бояд камодам бошад, то касби тасмим дар он осонтар шавад. Вале, ба гуфтаи Улунян, ин ҷо шояд ҳадафи дигаре низ вуҷуд дошт. "Ман комилан мӯътақидам, ки ширкат накардани қишрҳои васеи пеш аз ҳама сиёсии Тоҷикистон дар раванди оштӣ дар ниҳояти амр сабаби яккатозии як гурӯҳ, як сулола шуд."

 

Улунян мегӯяд, шубҳае нест, ки тамоми раванди гуфтушунид зери назорати Русия буд ва Маскав аз он ба манфиатҳои сиёсии худ истифода карда, дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон бо Эрон, Иёлоти Муттаҳида, Покистон, Созмони Милал ва давлатҳои Осиёи Марказӣ додугирифтҳои худро анҷом медод.

 

Нақши кишварҳои дигар ба чӢ навъ буд?

ЭРОН. Яке аз аввалин кишварҳо буд, ки дар соли 1991 дар Тоҷикистон сафорати худро боз кард. Дар оғози низои Тоҷикистон ба он айбдор шуд, ки аз исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Вале ба зудӣ зимни таҳкими равобит бо ҳукумате, ки дар иҷлосияи Хуҷанд таъсис ёфт, бетарафии худро нишон дод. Ин мавзеъ ба Эрон имкон дод, бо ҳарду тараф тамоси хуб дошта бошад. Се даври муҳими гуфтушунид ва ду мулоқоти сарони тарафҳо дар Теҳрон ба пешрафти раванди сулҳ муосидат карданд.

 

Аввалин оташбаси байни тарафҳо дар моҳи сентябри соли 1994 дар Теҳрон ба имзо расид. Дар ин байн чандин созишномаи муҳими иқтисодию тиҷоратӣ байни Русия ва Эрон ба имзо расид. Бархе аз коршиносон гуфтаанд, яке аз созишҳо дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон замоне ба миён омад, ки Русия ба фурӯши ду киштии зериобӣ ба Эрон ризоият дод. Аммо сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ мегӯяд, кишвараш танҳо эҳёи сулҳ ва субот дар Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор додааст.

 

УЗБАКИСТОН. Ба эътирофи ҳарду ҷониби низои Тоҷикистон, дар ангехтани ҷанг, расондани силоҳу муҳимот ба яке аз тарафҳо, фишори дипломатӣ ба Русия, фиристодани мушовирони ҳарбӣ, бомбаборони деҳоти шарқи Тоҷикистон, ангехтани генерали узбак, Абдулрашиди Дӯстум, бар зидди муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон масъул аст. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки ҷаласаи ҳукумати нави Тоҷикистон ва ҳарбиёни Узбакистон дар Тирмиз дар моҳи ноябри соли 1992 шанси сулҳро он замон аз байн бурд ва ба авҷ гирифтани ҷанг мусоидат кард. То соли 1995 Узбакистон аз наздиктарин иттифоқчиёни Тоҷикистон буд.

 

Дар музокироти сулҳ низ Тошканд ибтидо аз давлат ҳимоят кард, аммо дар соли 1995 президент Каримов ба танқиди ҳукумати Тоҷикистон пардохт ва аз таҳкими ҳузури ҳарбии Русия изҳори нигаронӣ кард. Бо наздик шудани тарафҳо ба созиши ҳақиқӣ хост, сарони мухолифонро зери таъсири хеш бигирад. Узбакистон дар ибтидо қарордоди умумии сулҳи Тоҷикистонро ба ҳайси кафил имзо накард, вале дертар ба кишварҳои "Гурӯҳи тамос" шомил шуд. Ошӯбҳои сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар солҳи 1996 ва 1998 аз охирин талошҳои мудохилаи ҳарбии Узбакистон ба умури Тоҷикистон шумурда мешаванд.

 

АФҒОНИСТОН. Дар ҳоле ки зиёда аз 130 000 паноҳандаи тоҷикистониро бародарвор пазируфта буд, раисиҷумҳури вақти ин кишвар Бурҳонуддини Раббонӣ ва вазири дифоъ Аҳмадшоҳи Масъуд, ки хостори қатъи нооромӣ дар Тоҷикистон буданд, сарони мухолифонро ба сулҳи беқайду шарт даъват мекарданд. Ҳамзамон фармондеҳони муайян мухолифонро бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ таъмин менамуданд. Ду мулоқоти сарон дар Кобул ва гуфтушуниди Хусдеҳ ба ҷаҳиши муҳим дар музокирот мусоидат карданд.

 

Ҳукумати Раббонӣ бо василаи кӯмак ба раванди сулҳ аз Русия ба воситаи Тоҷикистон мадад мегирифт, то ба фишори афзояндаи Толибон муқовимат кунад. Ба сурати умум ҷанги Тоҷикистон яке аз пасзарбаҳои мудохилаи Шӯравӣ дар Афғонистон шумурда мешуд ва ҳамзамон барои сарони мухолифат намунаи боризи он ояндаи имконпазири Тоҷикистон буд, ки низ онҳоро ба сулҳ водор намуд. Тундии ҳаракати Толибон дар ишғоли вилоятҳои шимол ва наздик омадани онҳо ба марзи Тоҷикистон омили фишор ба Маскав низ шумурда мешавад.

 

ҚИРҒИЗИСТОН. Дар соли 1995 як баталиони худро ба ҳайати Нерӯҳои посдори сулҳи Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Тоҷикистон фиристод ва яке аз мулоқотҳои ду ҳайатро таҳти сарварии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди оппозисюни тоҷик Саид Абдуллоҳи Нуриро мизбондорӣ кард. Сарвазири пешини Қирғизистон Феликс Қулов аввалин сиёсатмадори кишварҳои ҳамсоя буд, ки ҳанӯз дар соли 1992 бо миссияи миёнаравӣ ба Тоҷикистон сафар кард. Қулов мегӯяд: "Талоши ҳам ҳукумат ва ҳам оппозисюн ба он буд, ки кишвар аз даст наравад. Биноан ман метавонистам ҳам ба инҳо ва ҳам бо онҳо забони муштарак ёбам. Вале онҳо аз беэътимодӣ ба ҳам якҷо гирд омада наметавонистанд. Биноан ба ҳайси кишварҳои кафил ба саҳна омадани кишварҳои мо ба онҳо кӯмак кард, то ба ҳамдигар бовар кунанд."

 

 

ТУРКМАНИСТОН. Ҳамчун кишваре, ки бетарафӣ эълон карда буд, аз фиристодани нерӯ ба Тоҷикистон худдорӣ кард, аммо се марҳилаи тӯлонии даври панҷуми гуфтушунидҳо дар зимистони соли 1995 ва тобистони соли 1996 дар меҳмонии президенти ин кишвар Сафармурод Ниёзов ҷараён ёфт. Паноҳандагони тоҷик дар ин кишвар осуда ба сар мебурданд.

 

ҚАЗОҚИСТОН. Ба дунболи Русия аз таъсиси Нерӯҳои посдори сулҳи Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Тоҷикистон ҳимоят кард ва як баталиони худро ба Тоҷикистон фиристод. Аммо дар кӯтоҳтарин фурсат, пас аз ҳалокати аввалин сарбози қазоқ ин баталионро фаро хонд ва аз ширкат дар талошҳои сулҳу эътидоли Тоҷикистон ба андозаи зиёд канораҷӯӣ кард. Даври чаҳоруми гуфтушуниди сулҳ дар тобистони соли 1995 дар Алмато тақрибан бе натиҷае ба поён расид. Ин дар ҳоле буд, ки Қазоқистон мехост, Машварати Чораҳои Эътимод ва Амният дар Минтақаро ба як созмони ҷаҳонӣ табдил диҳад.

 

ПОКИСТОН. Ҳамчун кишваре, ки дар муҳосираи низоъҳои Афғонистон ва Кашмир мондааст, алтернативаи амниятии худро дар Осиёи Марказии мустақил меҷуст. Дар оғози солҳои 1990 он бо Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон созишномаҳои азиме ба имзо расонд, аз ҷумла дар бораи эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва интиқоли энержӣ аз Тоҷикистон. Аммо ҷанги Тоҷикистон ин нақшаҳоро бар бод дод. Бо вуҷуди он ки Афғонистон меҳвари сиёсати хориҷии Покистонро ташкил мекард, Исломобод таваҷҷӯҳашро ба сулҳ дар Тоҷикистон низ муҳим медонист.

 

Даври савуми гуфтушуниди сулҳ дар Покистон баргузор гашт, вале як даври тақрибан камнатиҷа буд. Ҳукумати Покистон тавон ва имкони таъсир ба тарафҳоро надошт. Дар оғози ташаккули Иттиҳоди оппозисюни тоҷик яке аз раҳбарони он Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро аз кишвар ихроҷ карда буд. Аз сӯи дигар Покистон аз ҳукумати Русия талаби тазмини амнияти Ҳимматзода ва Тӯраҷонзодаро гирифт, то онҳо битавонанд, барои ширкати ғайримустақим дар даври аввали музокирот ба Маскав сафар кунанд.

 

ХУЛОСА

Аммо муҳимтарин созишҳо дар Маскав ҳосил ва қарордоди сулҳ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид. Раисиҷумҳури Русия, Борис Елтсин буд, ки бо таҳдид ва тамасхур мегуфт, кишвараш омода нест, дигар Тоҷикистонро дар рӯи даст бардораду гардад. Сарвазир Виктор Черномирдин намояндаи аршади мухолифонро таҳдидомез гуфта буд, бояд ба ҳаёт ва ояндаи худ низ биандешад.

 

Агар як натиҷа имзои созишнома бошад, натиҷаи дигари назорати шадиди Русия ба раванди сулҳи Тоҷикистон, ба гуфтаи аксари коршиносон, дар сари қудрат дар Душанбе нигоҳ доштани элитае буд, ки аз хатти кашидаи Маскав берун набарояд. Аз ин нигоҳ низ Русия ба сулҳи ҳақиқӣ ва амиқи тоҷикон манфиатдор набуд. Ҳарчанд имрӯз сардие дар равобити байни Душанбе ва Маскав ба назар мерасад, Русия мутмаин аст, ки Тоҷикистон хатти машши доимии хешро идома хоҳад дод.

 

Оё имкон дорад, ки дар сурати ҳамгун шудани вазъи фардоинаи Қирғизистон бо гузаштаи Тоҷикистон Русия аз ин таҷрибаи бои хеш истифода кунад? Зоҳиран хоҳад кард, вале ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд 13 сол чандон фурсати бузурге нест, минтақа назар ба оғози солҳои 1990 хеле тағйир кардааст.

 

Таърихнигор ва сиёсатшинос Артём Улунян мегӯяд, ба ақидаи ӯ, давраи чунин сиёсатҳои истеъморӣ ва нуфузгузорӣ гузаштааст. Ҳар абарқудрате, ки фикр мекунад, бо ангезиши нооромӣ ё истифода аз хусумату хушунатҳои дохилӣ метавонад, кишвареро, бигзор ҳатто як кишвари хурдеро зери итоат медарорад, ғалат мекунад ва агар на имрӯз ё фардо, балки ҳатман пасфардо пайомадҳои чунин иқдомро худ хоҳад чашид. Аммо таърих то ҳол инро камтар дидааст.

 

Салими Аюбзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2550-2010-06-24-18-06-22.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ