05:34:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 22

ХУЛОСА

Комиссияи Оштии Миллӣ ин бунёдкунандаи муҳити сулҳу субот, оштиву ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ дар кишвар, ин механизми дар таърихи башарият нодир, ки дар ҳошияи ҷанги шаҳрвандӣ баҳри татбиқи тавофуқоти ба дастомада миёни ҷонибҳои сулҳкунанда дар Тоҷикистон бо маслиҳати тарафайн ва миёнҷигарии Созмонҳои байналмиллалӣ созмон ёфта буд, билохира баъди 999 рӯзи фаъолияти самарабахши худ дар санаи 01.04.2000 дар паи судури як фармони Раиси Ҷумҳур ба кори худ интиҳо бахшид. Солҳо паи ҳам сипарӣ хоҳанд шуд.

 

ustod nuriТаърихи кишвар баҳои мунсифонаву арзандаи худро ба кору пайкори ин мақоми муштараки эҷодгари сулҳ хоҳад дод. Вале ҳоло дар фарҷоми ин рисолаи худ мехоҳам бори дигар аз он хизматҳое, ки ин ниҳод барои миллати тоҷику тамоми тоҷикистониён кардааст, кӯтоҳакак ёдовар шавем. Муҳимтарин коре, ки дар рӯзҳои аввали фаъолияти КОМ анҷом гирифт ин озод кардани садҳо асирони ҳарбиву маҳбусони сиёсӣ буд. Садҳо хонаводаҳои хушбахт шаҳди сулҳу оштиро яке аз аввалинҳо шуда чашиданд. Сухан оҷиз аст дар тасвири шодиву хурсандиҳои онҳое, ки баъди солҳои дарози фироқу ҷудоӣ, азизони худро боз ба оғӯши гарми оила пазируфтанд.

 

Айнан ҳамин чизро дар бораи муҳоҷирине гуфтан мумкин аст, ки баъди беш аз панҷсоли сарсониву дарбадарӣ бо итминони комил, ки дигар дар Ватан азияте нахоҳанд дид, ба хонаву кошонаи худ баргаштанд. Теъдоди муҳоҷирине, ки дар ин байн ба Ватан баргаштанд даҳҳо ҳазор нафар буд. Аксарияти онҳо хонаву дари худро, ки аз ҷониби ашхоси бегона ғасб шуда буданд, бо дахолати КОМ ва мақомоти маҳаллӣ баргардонда гирифтанд. Бархе аз онҳо ба ҷойҳои кории пештараашон барқарор карда шуданд.

 

Мушкилтарин коре, ки дар даврони фаъолияти КОМ анҷом гирифт ин аз Давлати Исломии Афғонистон баргардондани размандагони ИНОТ ба Тоҷикистон, сабти ном кардани онҳо, ба қайд гирифтани силоҳу муҳимоташон, аз муоинаи тиббӣ ва аттестатсия гузаронидан ва шомили сохторҳои қудратии ҳукумат кардани нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ буд. Қариб 7000  нафар размандаи ИНОТ бо силоҳу муҳимоташ ё шомили ниҳодҳои қудратии давлат шуд ё силоҳ ба замин гузошту ба кори мулкӣ гузашт. Дар гӯшаву канораҳои мухталифи ҷумҳурӣ воҳидҳои низомие ба хизмати Ватан – Модар пардохтаанд, ки аз собиқ размандагони ИНОТ таркиб ёфтаанд.

 

Дар роҳи татбиқи Протоколи сиёсӣ низ корҳои муайяне анҷом гирифтанд. Тибқи саҳмияи 30 дар сада қариб 50 нафар намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла аз муовини аввали сарвазир сар карда то раисони ҳукуматҳои шаҳриву ноҳиявӣ таъин гардиданд. Дар таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои барои миллат сарнавиштсоз, аз ҷумла таҳия ва қабули Санади ҳамдигарбахшӣ, таҳияи лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ», таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи авфи умумӣ», таҳияи лоиҳаи қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳияи лоиҳаи Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», таҳияи лоиҳаи консепсияи «Андешаҳо оид ба тағйироту иловаҳо ба Сарқонунии ҶТ» ва ғайра КОМ саҳми беандоза бузург дорад.

 

Аниқтараш ин ҳуҷҷатҳо, ки баъдан аз ҷониби МО ҶТ тасдиқ шуданд, роҳро ба сӯи татбиқи дигар бандҳои Созишномаи умумии Сулҳ ҳамвор карданд. Аз ҷумла, аҳзоби сиёсии шомили ИНОТ, ки фаъолияташон ҳанӯз соли 1993 мамнӯъ эълон шуда буд, баъди пахши Эъломияи раҳбарияти ИНОТ дар хусуси парокандашавии нерӯҳои мусаллаҳи худ, боз аз сари нав иҷозат гирифтанд, ки ба фаъолияти сиёсӣ идома бидиҳанд ва дар интихоботи парлумонӣ ширкат биварзанд. Васоити ахбори умумии ин аҳзоб низ иҷозат гирифтанд, ки аз ин ба баъд ба фаъолият пардозанд.

 

Бояд гуфт, ки интихоботи Парламенти нави касбӣ дар шароити бисёрҳизбӣ гузашт. Дар он намояндагони аҳзоби собиқ шомили ИНОТ низ ширкат варзиданд ва ҳатто ду нафар намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон соҳиби мансаби намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ шуданд. Хулоса дар зарфи 2 солу 8 моҳу 25 рӯзи фаъолияти КОМ фазои сиёсиву низомӣ ва иҷтимоии кишвар ба таҳаввулоти хеле мусбат дучор гардид. Бо вуҷуди пешравиҳои зиёде дар барқарории Сулҳу оштӣ, мутаассифона, на ҳамаи бандҳову талаботҳои Созишномаи умумии Сулҳ дар ҳаёти реалӣ татбиқи худро пайдо карданд.

 

Чунончи на ҳамаи маҳбусони сиёсии дар рӯйхатҳо буда бо сабабҳои гуногун аз зиндонҳо озод карда шуданд. То ба имрӯз дар кишварҳои дуру наздики ҳамсоя ҳанӯз ҳам идае аз ҳамватанони мо ба иллати гуногун заҳри ғарибӣ мечашанд. Аз ҷумлаи он ҳамватаноне, ки ба Ватан баргаштаанд, ҳанӯз ҳам нафарҳое ёфт мешаванд, ки ё кошонаву дари худро то ба ҳол соҳиб нашудаанд, ё ба корҳои қаблии худ барқарор нагаштаанд. Дар масъалаи иҷроиши Протоколи низомӣ низ камбудиҳо кам нестанд. На ҳамаи размандагони собиқ нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ, ки шомили сохторҳои қудратӣ шуданд, минбаъд хизмати худро дар он ҷузъу томҳои низомӣ идома доданд.

 

Бо сабабҳои гуногун аз ҷумла, бад будани таъминоти моддӣ - маишӣ водор ба тарки хизмат шуданд. Баъдан ин гуна размандаҳо  сабабгори эҷод шудани мушкилот дар раванди Сулҳ гардиданд. Дар масъалаҳои вогузории саҳмияи сӣ дар сада низ на ҳамаи нуктаву талаботи Протоколи сиёсӣ татбиқи реалии худро пайдо карданд. Агар дар сатҳи болоии ҳукумат саҳмияи сӣ дар сада қариб, ки иҷро шуда бошад, вале он мутаассифона, дар сатҳи ҳукуматҳои маҳалҳо, махсусан пасттар аз шаҳру навоҳӣ, дар сатҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қариб, ки иҷро нашудааст. Дар ҷараёни баргузории маъракаи интихоботи парлумонӣ низ тибқи мушоҳидаҳои нозирони мустақил аз созмонҳои байналмиллалӣ дар баъзе ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ ба қонуншиканиҳои рӯирост роҳ дода шуд ва ғ.ҳ.

 

Бояд қайд кард, ки ин камбудиҳои дар боло зикргардида дар умум ба раванди барқарории Сулҳу оштии миллӣ албатта то андозае таъсири манфии худро гузоштанд, ки боиси гапу калочаҳои зиёде ҳам шуданд. Вале бояд мунсифона бигӯем, ки ҳамаи ин камбудиву норасоиҳое, ки дар ҷараёни истиқрори Сулҳу субот арзи вуҷуд карданд, ба мисли порае абре буданд, ки наметавонистанд нури офтоби ҷаҳонтоб, яъне Сулҳро зери пардаи худ нигоҳ доранд. Бо вуҷуди мушкилоту талафоти зиёде чизи аз ҳама муҳимтарин Сулҳу субот ба даст омад. Ин дастоварде буд, ки аз он ҳама, аз кӯдаки гаҳвора то пири садсола истифода мебаранд. Сулҳ барои кишвар монанди ҳаво барои инсон мабдаъи ҳаёт аст. Сулҳи деринтизор кишварро аз нобудиву парокандагӣ наҷот дод.

 

Дар хулосаи ин «Оштинома» - и худ ман наметавонам аз онҳое ном набарам, ки дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар саҳми беандоза бузург гузоштаанд. Борҳо гуфтаам ва боз ба такрор мегӯям, ки самимияту устувории Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки раванди музокироти байни ҷонибҳо ва ҷараёни барқарории Сулҳу субот дар кишвар бо муваффақият пеш рафт ва анҷом пазируфт. Агар майлу хоҳиш, сайъу кӯшиши бузурги Раиси Ҷумҳур намебуд, дар гумон буд, ки сулҳу субот ба ин наздикиҳо дар кишвар барқарор гардад. Ин иқдоми таърихӣ буд аз ҷониби Э.Ш.Раҳмонов дар лаҳзаи барои миллату кишварамон сарнавиштсоз. Дар баробари Раиси Ҷумҳур мехоҳам аз онҳое низ ном бибарам, ки дар Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият карда, дар татбиқи Созишномаи умумӣ ҳиссаи сазовори худро гузоштаанд. Қабл аз ҳама ин муовини раиси Комиссияи Оштии Миллӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдулмаҷид Салимович Достиев мебошад. Номбурда бо истифода аз донишу маҳорат, кордонӣ ва таҷрибаи бои сиёсии худ кӯшишҳо ба харҷ медод, ки ҳар як қарори КОМ, бо дарназардошти манофеи ҷонибайни Сулҳкунанда қабул ва ба тасвиб бирасад.

 

Махсусан, дар лаҳзаҳое, ки банда дар сафарҳои хизматӣ будам ҷаноби Достиев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси Комиссия корҳои муфидеро анҷом дод. Боиси ифтихори ман аст, ки чунин олимони забардасти замон, фарзандони барӯманди тоҷик, таърихшинос академик Раҳим Масов, ҳуқуқшиносону сиёсатмадорон, файласуфону уламои дини мубини Ислом, докторони илм, профессорон Иброҳим Усмонов, Абдунабӣ Сатторзода, Халифабобо Ҳомидов, Кароматулло Олимов, Тағой Раҳмонов, Ҳомид Пӯлодов, Атобек Амирбеков, Зариф Алиев, Шермуҳаммад Шоев, Ҷумъабой Ниёзов, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, марҳум Отахон Латифӣ, Шукурҷон Зуҳуров, Муҳиддин Кабиров, Мансур Ҷалилзода, Муҳаммадалии Файз-муҳаммад, Сайдқиёмиддин Ғозиев, Файзиддин Шомаҳмадов, Абдураҳим Каримов, Одинабек Абдусаломов, Маҳмадрасул Саломов, Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев, Саидиброҳим Гадоев, мутахассисони соҳаи низомию интизомӣ, ходимони давлатӣ Хайрулло Ҳайдаров, марҳум Ҳабибулло Сангинов, Мирзохӯҷа Низомов, Абдуманнон Абдураззоқов ва зани ҳалиму хоксор, ватандӯсти асил, ходими намоёни сиёсиву давлатии ҷумҳуриамон мӯҳтарама Бозгул Додихудоева дар ин ниҳоди сулҳофарин ҳама чун як тан дӯш ба дӯши ман кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар кишвари азияткашидаи мо ҳарчӣ тезтар сулҳу субот барқарор гардаду оштиву ваҳдати миллӣ таҳкиму густариш ёбад.

 

Ба ҷуз аз шахсиятҳои дар боло зикргардида нафарҳои зиёде ба ҳайси аъзои Комиссияи Марказии Муштараки Аттестатсионӣ, Комиссияи Марказии Муштараки Тиббӣ коршиносон, мушовирон, ходимони дастгоҳи иҷроияи КОМ, кормандони техникӣ дар Комиссияи Оштии Миллӣ ифои вазифа намуданд ва саҳми хешро дар ин кори хайру савоб гузоштанд. Дар ин ҷо мехоҳам бори дигар ба онҳо аз самими дил миннатдории хешро барои заҳматҳои зиёдашон дар роҳи истиқрори Сулҳи байни тоҷикон изҳор намоям. Фаъолияти самарабахш ва фадокоронаи онҳо буд, ки дар ҷамъбасти кори Комиссияи Оштии Миллӣ Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бо як фармони худ аъзои КОМ, коршиносону аъзои гурӯҳҳои кории КОМ ва дигар шахсиятҳоеро, ки дар барқарории Сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳм гирифтаанд, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ намуд.

 

Аз ҷумла, ба 4 нафар ордени «Исмоили Сомо-нӣ», ба 11 нафар ордени «Дӯстӣ», ба 11 нафар ордени «Спитамен», ба 14 нафар ордени «Шараф», ба 9 нафар медали «Ҷасорат», ба 8 нафар медали «Хизмати шоиста» ба як нафар унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба як нафар  унвони  фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», ба як нафар унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 4 нафар «Ифтихорнома»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор донист. Гузашти айём нишон хоҳад дод, ки ин афроди дар боло зикрёфта барои миллату кишвари худ ва ҳатто барои ояндаи минтақа ва ҷаҳон чӣ хизмати беандозае кардаанд.

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/4103----lr-22.html



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 15.01.2011 17:10
hazrat bisyo olimi fazona budand amo mutaasifona dunyoro tark kardan
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi