00:20:30 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 27

 

 

ПРОТОКОЛИ

 

иловагӢ ба Протокол «Дар барои вазифа

 

ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи Оштии МиллӢ»

Бо дарназардошти мушкилоти дар раванди музокирот пешомада бо мақсади ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи Оштии Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик С.А.Нурӣ дар ш.Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон 20-21 феврали соли 1997 вахӯрда, қарор доданд:

 

rahmon-nuri1.Дар Протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ, ки 23 декабри соли 1996 имзо шудааст, аз банде, ки ба ислоҳоти ҳукумат тааллуқ мегирад (саҳифаи 2) таъбири «бо риояи таносуби намояндагии тарафайн дар Комиссияи оштии миллӣ» соқит шавад.

 

2.Ба намояндагони оппозитсия (ИНОТ) дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо дарназардошти усули минтақавӣ 30 фоизи ҷойҳо дода шавад.

 

3.Аз лаҳзаи имзои Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ банди Протоколи 23 декабри соли 1996 «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои Комиссияи Оштии Миллӣ роҷеъ ба «танзими механизми табдили ҷунбишҳои низомию сиёсӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ» аҳамияти худро гум мекунад, бо дарназар-дошти ин ки ин масъала дар чорчӯбаи гурӯҳи проблемаҳои низомӣ баррасӣ мешавад.

 

Президенти                                     

Ҷумҳурии Тоҷикистон           

Э.Ш.Раҳмонов                                        

 

Роҳбари Иттиҳодияи

Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик

С.А.Нурӣ

    

Намояндаи махсуси Дабири Кулли

СММ Г.Д.Меррем

 

21 февраи соли 1997,

ш.Машҳад.

 

ҲАЙАТИ КОМ

 

РАИСИ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

 

САЙИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15 – уми марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Тавилдара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи маълумоти ҳамагониро соли 1964 дар ноҳияи Вахш хатм кардааст. Дар назди донишмандони алоҳидаи улуми исломӣ таҳсили илм кардааст. Чунончи дар назди муддарисон ва донишмандони маъруф Сиёмиддин Наҷмиддинов ва Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон маъруф бо тахаллуси «Ҳиндустонӣ» илмҳои «Сарфу наҳви арабӣ», «Маонӣ», «Мантиқ», «Фиқҳ», «Усули Фиқҳ», «Шарҳи ақида», «Таърихи Ислом», «Ҳадис» ва «Тафсири Қуръон» - ро аз бар кардааст.

 

Ҳамзамон курси инжинериро дар назди муассисаи байниноҳиявии баҳисобгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа хатм карда, дар идораи мазкур ба ҳайси инженер – геодрезист то миёнаҳои соли 1986 ифои вазифа менамояд. Моҳи июни соли 1986 аз ҷониби мақомоти амниятӣ бо иттиҳоми «Паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлатии сотсиалистиро бадном мекунанд» ба ҳабс гирифта шуд ва моҳи феврали соли 1987 бо ҳукми Суди вилояти Қӯрғонтеппа аз рӯи моддаи 203 – и Кодекси Ҷиноятии РСС Тоҷикистон ба муддати якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Мӯҳлати ҷазоро дар маҳбасҳои Сибир ва Шарқи Дур сипарӣ намудааст.

 

Аз соли 1989 то соли 1992 масъулияти Сардабирии нашрияи «Минбари Ислом» - органи чопии Идораи расмии Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ аввалҳои соли 1993 ба ДИА ҳиҷрат намуда, дар он ҷо Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистонро таъсис медиҳад. Ин Ҳаркат масъулияти нигоҳубину парвариши беш аз 60 ҳазор муҳоҷири дар ДИА буда ва муборизаи сиёсиву низомиро барои бозгардонидани ҳуқуқҳои аз дастрафтаи муҳоҷирин ва оворагони тоҷик ба дӯши худ мегирад.

 

Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар оғоз гардидани музокироти Сулҳи байни тоҷикон дар моҳи апрели соли 1994 нақши калидиро бозӣ кард. Раванди музокироти Сулҳи байни тоҷикон (апрели 1995 то июни соли 1997) таҳти раҳбарии бевоситаи С.А.Нурӣ қарор дошт. Бо мақсади ҳарчӣ тезтар расидан ба тавофуқи ниҳоӣ С.А.Нурӣ ҳафт маротиба хориҷ аз кишвар бо Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дидору вохӯрӣ намуд. Ин мулоқотҳо нақши ҳалкунандаро дар раванди музокироти Сулҳ бозӣ карданд.

 

Аз моҳи июли соли 1997 то 31 марти соли 2000 – ум Раисии Комиссияи Оштии Миллиро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи сентябри соли 1999 Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муаллифи чандин китобҳои илмӣ, сиёсӣ ва дарсӣ мебошад. Аз ҷумла асарҳои ӯ «Дар он сӯи сиёсат» (1996), «Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом», «Имрӯзу фардои Тоҷикистон» (2001) дар маркази диққати сиёсатмадорону шариатмадорон ва ҳуқуқшиносон қарор гирифтааст. 

 

Барои хизматҳои арзанда дар бобати татбиқ кардани нуктаҳои шартномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо ордени «Исмоили Сомонӣ» мукофотонида шудааст.

 

МУОВИНИ РАИСИ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

 

ДОСТИЕВ АБДУЛМАҶИД САЛИМОВИЧ

Достиев Абдулмаҷид Салимович 10 майи соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аз соли 1968 ба ҳайси колхозчии колхози ба номи Ленини ноҳияи Коммунстӣ фаъолияти кориашро оғоз намуда, соли 1974 баъди хатми Донишгоҳи Кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси агроном то соли 1976 ба ҳайси агроном – энтомолог ва бригадири соҳаи пахтапарварии колхози ба номи Ленин иҷрои вазифа намудааст. Аз соли 1977 ба сифати сарагрономаи идораи хоҷагии қишлоқи шаҳри Қӯрғонтеппа ва баъдан то соли 1980 инструктори шӯъбаи ташкилии ҳизби коммунисти шаҳри Қӯрғонтеппа адои вазифа намуд.

 

Аз моҳи март то июли соли 1980 муовини Раиси колхози ба номи Ленин, аз моҳи ноябри соли 1980 мудири шӯъбаи хоҷагии ҳизби коммунисти шаҳри Қӯрғонтеппа, аз моҳи ноябри соли 1980 то моҳи апрели соли 1987 мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии ноҳияи Коммунистӣ, аз моҳи апрели соли 1987 то декабри 1988 Раиси кумитаи назорати халқии ноҳияи Коммунистӣ (Бохтар) ва аз моҳи декабри соли 1988 вазифаи Раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Коммунистиро бар ӯҳда дошт.

 

Абдулмаҷид Достиев аз моҳи ноябри соли 1992 то моҳи апрели соли 1995 ҳамчун муовини аввал Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сессияи якуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини аввали Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳоло бошад Муовини Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ӯ соли 1984 ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд дохил шуда онро соли 1987 ба итмом расонидааст.

 

Муовини Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Роҳбари гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Абдулмаҷид Достиев номзади илми ҳуқуқшиносӣ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзадааш дар назди халқу Ватан бо унвони «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» ордени «Исмоили Сомонӣ» ва медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардонида шудааст. 

 

 

ЗЕРКОМИССИЯИ СИЁСӢ

 

РАИСИ ЗЕРКОМИССИЯ УСМОНОВ ИБРОҲИМ

Усмонов Иброҳим Кенҷаевич 10 сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Соли 1966 мактаби миёнаи ба номи Маъданро тамом кардааст. Соли 1971 шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи Давлати Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, соли 1976 аспирантураи факултети журналистикаи Донишгоҳи  Давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонида дар ҳамон ҷо дар мавзӯи «Таърихи ташаккули матбуоти тоҷик» (1917 – 1929) рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

 

Солҳои 1976 – 1981 муаллим, дотсенти Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва дар як вақт мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»; солҳои 1981 – 1984 – мушовири Раиси факултети улуми иҷтимоии Донишгоҳи Кобули Афғонистон; солҳои 1984 – 1988 дотсенти Универиситети Давлатии Тоҷикистон; 1988 – 1992 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон;  1992 – ташкилотчӣ ва мудири кофедраи таърих ва назарияи журналистикаи ДДТ; 1992 – 1993 ташкилотчӣ ва аввалин декани факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи Давлати Тоҷикистон; 1993 – 1994 – ҷонишини аввали Раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон; 1994 – Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон; 1995 – Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба илм ва иҷтимоёт ва аз соли 1995 Раиси Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналхалқӣ, муносибати байни миллатҳо ва фарҳанг; 1997 – 2000  Раиси зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ; аз соли 2000 то ҳозир Раиси кумитаи намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналхалқӣ, иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад.

 

Ҳамчун роҳбари зергурӯҳи сиёсии КОМ дар тайёр кардани қонуни ҳизбҳо, созмонҳои сиёсӣ, қонуни интихобот, тағйироту иловаҳо ба Сарқонун ва ислоҳи 30 фоизаи ҳукумат, озод кардани фаъолияти ҳизбҳо,озод кардани асирон ва маҳбусон иштирок кард. Моҳи июни соли 1998 бо фармони Президент Э.Ш. Раҳмонов узви Комиссияи созиш оид ба Қонуни ҳизбҳо, июни 1999 ва ноябри 1999 роҳбари ҳайати ҳукуматӣ дар комиссияи созиши тарафҳо таъйин шуд.

 

Ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷиконро ба шакли китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо номҳои «Асноди сулҳ», «Роҳи сулҳ», Пайки оштӣ» (китоби охир якҷоя бо А.Сатторзода) ба чоп тайёр ва нашр кард; дар хусуси проссеси сулҳи тоҷикон дар шаш конфренсияи илмӣ – амалӣ,  ки Созмони Миллали Мутаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо солҳои 1996 – 1999 дар шаҳри Душанбе ташкил карданд, инчунин дар конфренсияҳое, ки СММ ва ҳукумати Япония моҳи марти соли 1999 дар Токио, фонди Маршалли ИМА моҳи декабри соли 1998 дар Германия, Сафорати Олмон моҳи апрели соли 1999 дар Германия ташкил доданд, баромад кард.

 

Барои хизматҳояш дар роҳи сулҳ И. Усмонов соли 1998 бо медал ва соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/4609-said-abdullo-nuri-oshtinoma-27.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi