18:55:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗАЙД САИДОВ: «ҚАДРИ СУЛҲРО БОЯД БИДОНЕМ!»

 

 

Яке аз шахсиятҳои шинохтаи собиқ мухолифин, ки дар даври аввали музокирот аз Иттиҳоди нирӯҳои оппозисиюн намояндагӣ мекард, соҳибкори дар ҳамон вақт муваффақ Зайд Саидов буд, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар тибқи саҳмияи сӣ дар сада Раиси кумитаи давлатии саноат ва баъдтар ба ҳайси Вазири саноат таъин шуд ва дар ин вазифа солҳои зиёде ба нафъи миллату кишвар кор кард. Зайд Саидов, ки баъди маъзул шуданаш аз вазифаи олии давлатӣ дар соли 2007 боз ба ҳайси соҳибкори корозмӯда ҳоло ҳам ба нафъи халқу ватанаш заҳмат мекашад, гуфтаниҳои зиёде аз даврони музокироти сулҳи байни тоҷикон дорад. Ба хусус аз даврони аввали гуфтушунидҳои сулҳ. Сӯҳбати навбатии хабарнигори мустақил Султони Ҳамад бо Зайд Саидов сари ҳамин мавзӯъ ҳаст.


-Мӯҳтарам Зайд Саидов бисёр мехостам, ки дар оғози сӯҳбатамон хонандагони гиромиро бо зиндагиномаи хеш, мухтасар ҳам бошад, каме ошно мекардед? 

-Чӣ гӯям? Дар деҳаи Шодмонии ноҳияи имрӯзаи Нуробод таваллуд шудам. Мактаби миёнаро дар ҳамон ҷо хатм кардам. Дар солҳои мактабхонӣ ба шаҳри Душанбе, ки бародарам ин ҷо зиндагонӣ мекард, меомадам ва дар мактабҳои шаҳри Душанбе ҳам таҳсил кардам. Баъди хатми мактаб ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи Миллӣ дохил шудам ва онро хатм кардам. Чун истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки будам, маро ба Раёсати шаҳрии хизмати маишӣ ба кор фиристоданд. Дар он ҷо ҳамагӣ ҳашт моҳ ба ҳайси иқтисоддон кор кардам. 

Роҳбарияти корхона бандаро баъди ҳашт моҳ ба ҳайси Сардори шӯъба таъйинам карданд ва дар ёздаҳмоҳагӣ ман иҷрокунандаи вазифаи директори корхона шудам. Ва минбаъд дар ҳар куҷо, ки кор кардам, дар комбинати нону шири Душанбе ба ҳайси сардори Иттиҳодияи қаннодӣ, дар комбинати масолеҳи сохтмонӣ, ба ҳайси роҳбари корхонаи истеҳсолии «Лаъл» кор кардаам то он ки муқовиматҳои сиёсиву низомӣ шурӯъ шуданду муҳоҷир шудам ба шаҳри Маскав. Солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ он ҷо зиндагӣ мекардам.

-Ба фикри шумо, чаро баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ муқовиматҳои сиёсии байни аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар тафовут аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд?

-Ба фикри ман чанд омил, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони мо шуд. Нахуст бояд қайд кард, ки қувваҳои озодихоҳ ва ба истилоҳ демократӣ дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя ба хотири касби истиқлол бештар собитқадамтар ба назар мерасиданд. Афкори истиқлолталабӣ, озодихоҳӣ ва демократӣ дар мо нисбатан пештар пайдо шуда буд. 

Барои мисол Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳамчуноне ки муассисонаш қайд мекунанд ҳанӯз дар замони пойбарҷо будани давлати шӯравӣ фаъолияти пинҳонкории густурдаеро ба роҳ монда будааст. Баъдан созмони Растохез ва Ҳизби демократи Тоҷикистон низ дар солҳои ахири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар самти арзишҳо ва озодиҳои демократӣ корҳоеро ба сомон расонданд. Чунин фаъолият аз сӯйи ин созмонҳои сиёсиву мардумӣ ҷавобгӯйи манофеи ҳизби ҳоким, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон набуд. 

Ин буд, ки зиддият дар байни ин қувваҳо хеле тезу тунд шуд ва то ба майдоншинӣ омад. Албатта, мушкилии ба муросо наомадани ҳукумати вақт ба созмонҳои нав аз нашинохти воқеъияти нав аз ҷониби ҳизби ҳоким буд. Хулоса, ҳукумати онвақта яъне коммунистон, ки дар сари қудрат буданд, нахуст натавонистанд ислоҳотеро пиёда созанд, ки дигар қувваҳои сиёсиро қонеъ бисозад ва дуввум баъди оѓози хушунатҳо роҳи ҳалли мусолиматомези масъаларо пайдо карда натавонистанд. Ҳамаи ин боиси он шуд, ки гирдиҳамоиҳо ва мухолифатҳо ҳарчи бештар тезу тунд гарданд. 

Ва боз дар идомаи ҷавоби саволи шумо сабаби ба даргирӣ овардани ин муноқишаҳо, аз назари ман ин бетаҷрибагӣ буд, бетаҷрибагӣ аз ҳарду ҷониб. Шояд оқибати ҳамин муноқишаҳоро намедонистем. Омили дигари муҳим ин дахолати қувваҳои беруна буд. Онҳо аз кӯтаҳандешӣ ва бетаҷрибагии мо истифода карданд. Мо натавонистем сари вақт аз нақшаву барномаҳои онҳо огоҳ шавем. Ҳамин камтаҷрибагӣ ва ҳамин нодидагирифтанҳо боиси он гашт, ки дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шавад. 

-Оқибати ҷанг ҳамеша сулҳ аст. Маълум аст, ки тарафҳои даргир агар зарурати шадидро ба сулҳ эҳсос намекарданд, ҳаргиз ба сӯйи он майл намекарданд. Чӣ омилҳо маҷбур кард тарафҳоро, ки баъди гузашти чанд соли ҷанг билохира сари мизи музокирот бишинанд?

-Мо аз таърихи ҳамин муноқишаҳо воқиф ҳастем, ки аз рӯзи аввал шурӯъи ҷанг қувваҳои солими ҳарду тараф аз оқибати фоҷиабори ин муноқишаҳо, ин ҷангҳо меҳаросиданд. Онҳо дарк мекарданд, ки идомаи он боиси нобудии кишвару миллат шуда метавонад. Аз ин рӯ якдигарро ба сулҳ даъват мекарданд. 

Мо медонем, ки бо миёнҷигарии баъзе шахсони маъруфи кишварамон, зиёиён ва дигару дигар чандин музокирот дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон ҳам гузаронда шуданд. Лек ҳеҷ кадоме аз ин кӯшишҳо натиҷае надод. Гӯё дар аввал лаҳзае бо ҳам ба мувофиқа мерасиданд. Лекин боз дар рӯзи дигар ҳодисае рух медод, ки ин созишномаи сулҳро халалдор мекард то он даме, ки ин ҷанг қариб, ки тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт ва ба мусибати миллӣ табдил ёфт. 

Ва дар ин вақт фикри ман ҳамин аст, ки хиради азалии мардумамон боло гирифт ва ҳарду ҷониб ҳам андеша аз он карданд, ки оқибати ин ҷанг ба чӣ оварда мерасонад. Бояд гуфт, ки ҳукумати феълӣ имконияти сиёсӣ ва низомии мухолифро, ки ҳамарӯза мавқеи устувор дар арсаи байналмилалӣ касб мекард эҳсос намуда оқибати муноқишаҳоро дарк намуд. Бо роҳбарии ҷаноби Президент, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби дигар роҳбари мухолифини ҳамонвақта ҷаноби марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар роҳбарияти Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба тарафи сулҳ майл карданд. 

Дар мулки бегона, дар муҳоҷират будани як иддаъ аз ҳамватанони мо низ омили ба сулҳ майл кунондани тарафҳо буд. Махсусан Афғонистон ва вазъияту шароити он барои мо як мактаби зиндагӣ буд. Ҷанг ин кишварро ба кадом варта оварда расонда буд, ба ҳама маълум буд.  

Бинобар ҳамин, хушбахтона, ин музокирот шурӯъ шуд. Ман дар ибтидои шурӯъи ин ҷанг ба ҳайси узви мудирияти як корхона дар сиёсат фаъол набудам. Дар ин муноқишаҳо ширкат намекардам. Вале чун хатари ҷиддиеро ба амнияти хонаводаи хеш эҳсос кардам ин ҳам бошад ба хотири аз кадом зодгоҳ будан ва соҳиби корхона буданам, ки ҳанӯз ҳамон сол корхонаро аз давлат хусусӣ карда будам ба шаҳри Маскав муҳоҷир шудем. 

Дар Маскав дар сӯҳбатҳо бо дигар дӯстоне, ки онҳо ҳам бар асари ин ҷанги шаҳрвандӣ муҳоҷират карда буданд, ба хулосае омадем, ки барои барқарории сулҳу субот дар кишвар коре бояд кард. Як гурӯҳи дӯстон маро ҳидоят карданд, ки ба Афғонистон ба назди роҳбарияти мухолифин, махсусан шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки сарварии мухолифинро ба ӯҳда дошт, сафар намоям 

-Ин кадом сол буд?

-Моҳи апрели соли 1993 буд. Ман дар шаҳри Толуқони вилояти Тахори Афғонистон бо устод Нурӣ вохӯрда бо хоҳиши худ ва дӯстон аз ӯ чанд суол кардам. Устод ба суолҳои ман посухҳои хеле равшану возеҳ доданд. 

-Мешавад бигӯед, ки чӣ суол кардед аз худораҳматӣ устод Нурӣ?

-Бале, саволҳое, ки ман аз устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пурсидам, ҳама асосан дар масъалаи ҷангу сулҳи тоҷикон буданд. Яъне Тоҷикистонро мо оянда чӣ гуна хоҳем дид ва ин муқовимат моро ба куҷо хоҳад бурд ва ба ҳамин монанд саволҳо. Хушбахтона, такрор мекунам, ман ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтам. 

Тибқи назари устод Нурӣ муқовимат танҳо ба хотири наҷоти миллат будааст, барои бозгашти обрӯмандонаи муҳоҷирон будааст, дар марҳилаи мо танҳо муқовимат метавонад сулҳи бебозгаштро барқарор кунад. Дар ҳолатҳои зарурӣ муқовимат ин боз барои ҳимояту рисолати инсонӣ ва умуман дигар паҳлӯҳо, махсусан барқарории сулҳи одилона ҳаст. Бидуни муқовимат як сулҳи одилонаро дар кишвар, як сулҳи ваҳдатзо ва созандаро барқарор кардан хеле мушкил буд. 

Чунки ҳамон вақт қувваҳое пайдо мешуданд, ки дар ин сарзамин ҳаққи шаҳрвандӣ доштани як иддаъ мардумро рӯирост рад мекарданд. Худро танҳо молики ин сарзамин медонистанд. Фаромӯш мекарданд, ки мардум хонаву дари худро ин ҷо на барои абад гузошта рафтаанд. Онҳо рӯзе ба суроғи хонаву дари худ меоянд. Ва хуб мебуд, ки ин бозгашт бо роҳи сулҳ, аз тариқи гуфтушуниди мусолиматомез сурат бигирад.

-Ва расо яксол баъди мулоқоти Шумо бо устод Нурӣ дар Афғонистон музокироти сулҳи байни тоҷикон дар Маскав шурӯъ шуд, шумо яке аз намояндагони оппозитсион будед, ки дар даври аввали музокирот ҳамчун узви ҳайат ширкат кардед. Ва лутфрн бигӯед, чаро даври аввали музокирот дар шаҳри Маскав гузашту дар дигар ҷо не?

-Ба ҳамагон маълум буд, ки артиши Русия яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанг дар Тоҷикистон буд ва бе дахолати ин кишвар сулҳи тоҷикон низ наметавонист истиқрор ёбад. Миёнарави асосии ин сулҳ метавонист танҳо Федератсияи Русия бошад. Сабаби асосии дигар ин буд, ки ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби собиқ мухолифин розӣ буданд, ки музокироти сулҳ дар ҳамин Маскав сурат бигирад. Баъдан шаҳрвандони зиёд ва зиёиёни дигари кишвар низ дар Федератсияи Русия муҳоҷир буданд.

-Дар ибтидо онҷо мебоист аз роҳбарони оппозитсион, аз роҳбарони радди аввали оппозитсион устод Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода бояд ширкат мекарданд ва онҳо ҳам омадан ба Маскав дар ҳамон шабу рӯз, аммо дар гуфтушунид ширкат накарданд. Сабаб чӣ буд инҷо?

-Сабаби асосӣ он буд, ки аз нуқтаи назари роҳбарияти мухолифин сатҳи ҳайате, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дар музокирот пешниҳод шуда буд, нисбатан паст буд. Мо аз лиҳози мансаб дар назар дорем. На аз назари ақлу хирад ё сулҳ нахостан ё ки сулҳ хостан. Аз ҳамин нуқтаи назар, сабаби асосиаш ҳам дар ҳамин буд. 

Нишасти аввали музокирот хеле муҳим буд, бояд дар сатҳи баландпоя ин музокирот сурат мегирифт. Чунки инҷо аз ҷониби ҳукумат масъалаи оташбас пешниҳод шуда буд. Ин хеле масъалаи муҳим буд. Дар ҳоле ки ҳеҷ як аз масъалаҳо ҳал нашуда буд, яку якбора шурӯъ кардан аз оташбас ин хеле масъалаи муҳим буд. 

Роҳбарияти ҳамонвақтаи ҳайати мухолифин дар музокирот ва умуман раҳбарияти мухолифин бар он ақида буданд, ки мо наметавонем оташбасро бо касони имзо кунем, ки онҳо дар қудрати сиёсӣ тасмимгиранда нестанд ва ё дар қувваҳои низомии ҳукумат мавқеи устувор надоранд. 

-Даври аввали музокирот ба фикри шумо чӣ натиҷаи хуб дод? 

-Бисёр натиҷаи хуб дод. Дар аввал ҳайатҳои ҳарду ҷониб ба якдигар бо ҳисси нобоварӣ нигоҳ меарданд. Ҳарчанд шахсиятҳои алоҳидаи ҳарду тараф нисбати ҳамтоҳои мухолифи худ ягон амали баде накарда бошанд ва ё аз ҷониби муқобил чунин амалеро надида бошанд ҳам, вале аз чӣ бошад ба ҳамдигар бо эҳсоси шубҳа муносибат мекарданд. 

Бале, ҷанг ду бародарро чунон карда буд, ки бо гузашти чанд сол наметавонистанд ба рӯйи ҳамдигар табассум кунанд. Ҳатто саломи дуруст диҳанд. Вале ба тадриҷ ҳамаи инҳо пушти сар шуданд. Ҳарду ҷониб ҳам дарк карда буд, ки билохира бояд сулҳ шавад. Натиҷаи даври аввал пеш аз ҳама он буд, ки ҳайатҳои ҳарду тараф нишон доданд, ки дар тасмими гирифтаашон самимианд. Ба якдигар эътимод бастан мумкин аст. 

Дар даври аввал агарчи ба ду протокол имзо гузошта шуда бошад ҳам, вале ба фикри ман дастоварди асосӣ ин сулҳу оштӣ ва боварӣ байни ҳайатҳои музокиракунанда буд. Яъне оѓози сулҳ оштии ҳайатҳои байни ду тараф буд. Агарчӣ, такрор мекунам, иштирокчиёни музокирот нисбати якдигар дар гузашта шахсан душманӣ надоштанд.

-Ба фикрам Шумо дар даврҳои дуввуму саввуму чаҳоруми музокирот ҳам иштирок кардед. Аммо баъдан дигар номи Шуморо дар ҳайати музокиракунандагони гуфтушунид ёфтан ғайриимкон шуд. Сабаб чӣ буд?

-Бале, ман дар даври дуввум, сеюм ва ҳатто фикр мекунам, чаҳорум ҳам иштирок карда будам. Баъдан ба кори тиҷорат баргаштам. Ман худамро як тоҷири муваффақ меҳисобидам. Яъне ман шуғле доштам, ки дар он барои мардум бештар манфиат биёрам. Инро як иддаъ муҳоҷирони дур аз ватани Русиягиамон бисёр мехостанд. 

Аз сӯйи дигар ман медидам, ки музокироти сулҳ марҳилаи муайянро дарбар мегирад ва ҳузури худро дар кори соҳибкорӣ муфид меҳисобидам, ҳамчунин мехостам, ки дигарон низ аз мактаби музокирот таҷриба омӯзанд. Аз ин рӯ ба роҳбарияти Иттиҳодияи мухолифин борҳо муроҷиат кардам, ки ба ҷои ман ба ҳайат каси дигареро интихоб кунанд. Билохира хоҳиши маро ба инобат гирифтанд.

-Ба ҳар ҳол шумо дар ҷараёни музокирот будед, вазъиятро пайгирӣ мекардед. Даври дуввум дар Теҳрон гузашт ва ноком шуд. Он ба ягон натиҷа нарасид. Сабабаш чӣ буд?

-Воқеан, дар бораи нокомии ин давр назари ман дигар аст. Бояд бигӯям, ки ҳеҷ яке аз ин даврҳои музокироти мо ноком набуд. Ҳар яке аз ин марҳилаҳои музокирот хизмати таърихии худро ба ҷо овард. Бо мушкилӣ бошад ҳам дар ин давраҳои музокирот қадам ба қадам ба пеш мерафтем. Агар дар давре музокирот бо мушкилот рӯ ба рӯ шуда бошад, ҳатман дар даври дигар он мушкилот ҳалли худро пайдо мекард. 

Нокомии як давр ин оғози бобарории даври дигар буд бигӯем, хато намекунем. Пешравӣ дар як давр ҳатман аз нокомии даври қаблӣ маншаъ мегирифт. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки даври дуввуми Теҳрон низ даври ноком набуд. Шояд дастоварди бузурги ин давр он буд, ки ҳарду ҷониб дарк кард, ки кишвари Эрон дар ҳақиқат хоҳони сулҳи байни тоҷикон аст. Бубинед, баъди ҳамагӣ се моҳи даври музокироти Теҳрон дар ҳамон ҷо машварате баргузор гардид, ки дар гуфтушуниди тоҷикон як таконе ба ҳисоб мерафт.

-Бале, дар он машварат Созишномаи Оташбас ба имзо расид. Мехостам дар ҳамин бора бигӯед. Чӣ шуд, ки моҳи апрел дар даври аввали музокирот ҷониби оппозитсион розӣ набуд, ки ба ҳамин хел як созишнома имзо гузорад, вале дар моҳи сентябри ҳамон сол (1994) дар Теҳрон ба ҳамин гуна шартнома имзо гузошт?

-Шартномаро ба имзо расондан кори чандон душворе нест. Вале онро иҷро кардан кори хеле душвор аст. Агар механизми иҷрои шартномаҳо кор карда баромада нашуда бошад, бо танҳо имзои созишнома кор пеш намеравад. Ин гуна шартномаҳо иҷро намешаванд. Ман боз мегӯям, ки имзои ин ё он созишнома хеле кори осон аст, вале он бояд амалӣ шавад. 

Он бояд аз ҷониби афрод ва қувваҳое, ки ин ё он созишномаро сармашқи кори худ қарор медиҳанд, бояд бечуну чаро иҷро гардад. Аз назари ман дар шаҳри Маскав чунин механизм ҳанӯз омода набуд. То машварати Теҳрон ҷонибҳо дар ин самт қадамҳои устувор гузоштанд. Созмони Милали Муттаҳид низ ба хотири назорат аз болои риояи Оташбас барномаҳоеро рӯйи кор гирифт. 

Хулоса, ҷонибҳо барои имзои чунин як шартномае то андозае омода шуданд. Дар ёдатон бошад, баъдан Комиссияи муштараки назорат бар Оташбас таъсис дода шуд, ки корҳои хеле муфидеро ба иҷро расонд.

-Мешавад, ки дар бораи корҳои ҳамин комиссия муфассалтар чизе бигӯед?

-Дар бораи кори ин Комиссия агар ҳарчанд сухан бигӯем кам аст. Пеш аз ҳама мо бояд дарк кунем, ки дар таърихи ҷанги шаҳрвандии дунё бори аввал бо миёнҷигарии СММ тарафҳои даргир Комиссиюни муштараке таъсис медиҳанд, ки вазифаи асосии он назорат аз болои риояи Созишномаи Оташбас мебошад. 

Намояндагони ду тараф бо миёнҷигарии ҳайати нозирони низомии СММ ба сангарҳо рафта нақзи созишномаи Оташбасро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳайатҳои ин Комиссия ҳамеша дар сафи пеш буданд. Дар ҷанг буданд. Борҳо бо хатари марг рӯ ба рӯ мешуданд, вале масъулияти хешро дар назди халқу Ватан иҷро мекарданд. Чандин маротиба дар дасти силоҳбадастон гаравгон буданд. 

Маҳз ҳамин Комиссия буд, ки тарафҳои даргирро аз задухӯрдҳои эҳтимолии хунин наҷот медод. Мутаассифона, дар бораи кори ин Комиссия мо хеле кам ба мардум мегӯем. Бигузор мардум ин чизҳоро бифаҳманд ва шояд он вақт ба қадри сулҳи имрӯза бештар бирасанд. Бале, дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар матбуот бисёр менависанд. 

Мутаассифона, дар баъзе навиштаҳо то ҳанӯз оҳанги хушунат эҳсос мешавад. Ба фикри ман, аз ин чиз бояд сарфи назар кунем. Баръакс бояд чизҳоеро аз ин ҷанги шаҳрвандӣ бигӯем, ки пандомӯз бошанд, мардумро ҳушдор бисозанд, нафратро ба ҷанг бедор бикунанд, донистани қадри якдигарро талқин бикунанд. Ба фикри ман чизҳоро навиштан даркор аст, ки ба манфиати ояндаи миллат мебошанд. На он чизҳоеро, ки эҳсоси хушунат, кинаву адоватро бедор мекунанд.

-Шумо чӣ лаҳзаи хотирмон доред аз ҳамин ширкати худатон дар музокирот? 

-Тамоми лаҳзаҳои музокироти сулҳи тоҷикон бароям хотирмон мебошанд. Ман худамро хушбахт меҳисобам, ки дар чунин як руйдоди муҳимми сиёсии кишвар саҳм гирифтам. Рости гап, маро касе аз роҳбарияти оппозисиюн ба ҷуз устод Ҳимматзода намешинохт. 

Чи тавре, ки гуфтам аввалин бор бо устод Нурӣ дар Толуқони Афғонистон аз наздик дидору мулоқот кардам. Бо тавсияи устод маро узви ҳайати музокирот интихоб карданд. Вақте, ки ба музокирот ҳозир шудам устод Тӯраҷонзада ҳанӯз маро намешинохт. Бо устод Тӯраҷонзода пеш аз оғози музокирот шинос шудам. Ҳамин лаҳзаҳо бароям хотирмонанд.

-Аз дидгоҳи Шумо ҷангу сулҳи тоҷикон чӣ сабақе барои насли нав хоҳад дошт?

-Сабақи муҳимаш ин аст, ки пеш аз он ки ба амале даст бизанем, бояд аз оқибат ва натиҷаи он чуқур андеша кунем. Дар вақти муошират бо якдигар бисёр ботаҳаммул бошем. Имрӯз дар кишвари мо, шукр ки аҳзоби зиёди сиёсӣ фаъолият мекунанд. Қонун барои ҳама имконияти баробар фаъолият карданро додааст. 

Бояд дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият карданро омӯзем. Риоя кардани қонунҳо бояд вазифаи муҳимтарини шаҳрвандӣ бошад. Қонуншиканиҳо аз сӯйи касе, ки набошад, ба бесуботӣ мебарад. Фарҳанги хуби баҳси аҳзобро бояд дошта бошем. Насли наврасро дар рӯҳияи ваҳдат бояд тарбия кунем. Маҳалгароиро аз байн барем. 

Инҳо сабақҳое ҳастанд, ки онҳоро набояд фаромӯш кунем. Бояд ҳар як сокини Тоҷикистон дарк кунад, ки барои ояндаи ин кишвар масъул аст. Тарзе бояд рафтор кунад, ки торафт зиндагӣ беҳтар шавад. Хизмат ба Ватан аз беҳтар кардани шароити зиндагонии худ ва аҳли хонаводаи худ шурӯъ мешавад. Хизмат ба Ватан аз хуб кор кардан дар ҷои кории худ сар мешавад.

-Воқеан, баъди барқарории сулҳу субот дар кишвар тибқи саҳмияи сӣ дар сада Шуморо ба ҳайси вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карданд. Ин илтифоти қисматро интизор будед?

-Рости гап, ман дар фикру ҳаваси расидан ба чунин мансаб набудам. Чунки корҳоям ба ҳайси як соҳибкор хеле хуб пеш мерафтанд. Дар байни мардум обрӯву манзалате низ доштам. Аз рӯйи шунидам роҳбарияти мухолифин ҳам номи маро дар феҳристи кадрҳояш дар аввал нагузошта будаанд. 

Бинобар ин ман бепарво бо кори худам машѓул будам. Боре ҳангоми дар сафари хидматӣ дар Стамбули Туркия буданам ба ман аз Комиссияи Оштии Миллӣ занг зада гуфтанд, ки ҳар чӣ тезтар ба Душанбе ҳозир шавам. Зеро номзадии маро ба яке аз мансабҳои баланди давлатӣ пешбарӣ кардаанд. Баъде, ки фаҳмам ин вазифаи Раиси кумитаи давлатии саноати ҷумҳурӣ будааст. 

Ба ман гуфтанд, ки раҳбарияти КОМ собиқаи кориамро дар сохторҳои саноатии кишвар ба назар гирифта, ба чунин хулоса омада будааст. Дар хотирам хеле хуб нақш бастааст, ки вақте ба қабули ҷаноби Президент мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даромадам, ҳамин суханро ба ман гуфтанд, ки одамҳо дар ин ҷо барои вазифа интизоранд, вале шуморо аз дигар кишвар кофта меоранд.
 
-Ва кори шумо хеле муваффақона буд дар ҳукумат. Яке аз камтарин намояндаҳои собиқ оппозитсион будед, ки аз ҳама зиёдтар дар ҳукумати феълӣ фаъолият кардед. Чӣ сабаб дошт?

-Албатта, инро бояд роҳбари давлат донад, ки сабаби асосиаш дар чӣ аст. Вале ман дар фаъолияти хоксоронаи худам самимона дар доираи салоҳият ва имконоте, ки доштам барои миллату давлатам кор кардам. Сиёсати давлатро дар бахши рушди саноат татбиқ мекардам. Кӯшиш мекардам, ки фаъолиятам созандаву бунёдкорона бошад. Дар вазифа буданам чаро ин қадар тӯлонӣ шуд, инашро Роҳбарияти ҳукумат медонанд.

-Баъди истеъфо рафтан шумо ҳозир ба кадом кор машѓул ҳастед?  

-Бояд қайд намоям, ки банда баъди тамом шудани ваколатам дар ҳукумат ҳадафи худро ба соҳибкорӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои худ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии кишварамон равона намудаам. Хушбахт аз он ҳастам, ки бевосита бо иштироки банда тақрибан 3 ҳазор шаҳрванд ба корҳои доимӣ таъмин мебошад.

-Дигар ягон гуфтании хосае доред?

-Ҳаминро бори дигар такрор карданиям, ки ҳама бояд ба қадри сулҳу субот бирасем. Ҳама, новобаста аз маҳал, вазифа, синну сол, миллат, ҳама сокини Тоҷикистон худро бояд соҳиби мулк эҳсос кунаду чун гавҳараки чашм аз ин оромиву субот дифоъ кунад. Дар шароити сулҳ, иншоаллоҳ, ба комёбиҳои бештаре ноил хоҳем шуд.

-Ташаккур барои сӯҳбат. Худо ҳофиз.

Сӯҳбат ҳанӯз ду сол муқаддам сурат гирифта буд.

Мусоҳиб Султони ҲАМАД 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi