15:55:25 23-уми Октябри 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲУКУМАТИ НОҲИЯҲО ФАЪОЛ ВА АСИРОН ОЗОД ШУДАНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 31

Султони Ҳамад

Хабари озод гардидану ба Ғарм оварда шудани ҳафт нафар маҳбус барқосо дар минтақаи Қаротегин паҳн шуд. Дар чанд қаря ва деҳаи ин гӯшаи кӯҳистонии Ватани азизамон ба ин муносибат худи ҳамон рӯз, яъне 7-уми январи соли 1997 ва боз ду рӯзи дигар, то оғози моҳи шарифи Рамазон, маъракаҳои хурсандӣ баргузор гардиданд. Аъзои ҳайати низомиву сиёсии муштарак гули сари сабади ин маъракаҳо буданд.

/images/stories/2012/06/19_sulhi-khudo-11111.jpgДар ин ҷамъомадҳо, ки асосан дар масоҷид баргузор мегардиданд, Амирқул Азимов ва Давлати Усмон ҳамеша аз сулҳу оштии миллӣ ва ваҳдат сухан мегуфтанд. Табодули усаро ва маҳбусонро муждае аз баҳори қарибалвуқӯъи сулҳи байни тоҷикон медонистанд. Хабари дар чанд рӯзи наздик дастраси мардуми водӣ шудани маоши яксолаи кормандони мақомоти давлатӣ ва бо қарори ҳукумат ба минтақаи Қаротегин ворид гардидани як ҳазору панҷсад тонна маводи сӯзишворӣ ва ҳамин миқдор маводи хӯрока мардуми ранҷу азияткашидаро рӯҳбаланд сохт. Акнун дар ин ҷамъомадҳо аз суханрониҳои ҷавобии мардуми оддӣ эҳсос мешуд, ки онҳо ба ояндаи нек бештар бовар карда истодаанд.

«Ман ҳам рӯза мегирам»

Рӯзи панҷшанбеи 9-уми январ, яъне бегоҳии ҷумъа, ҳайати муштараки низомиву сиёсӣ ба ноҳияи Тоҷикобод рафт. Фардои он рӯзаш, яъне 10-уми январ, моҳи шарифи Рамазон шурӯъ мешуд. Шаб дар хонаи раиси ноҳия Сироҷиддин Исмоилов будем ва намози таробеҳро низ дар ҳамон ҷо якҷо гузоштем. Ба фикрам бори аввал буд, ки нафарҳои баландпояи ҳарду ҷониби даргир ва инак сулҳкунандаи тоҷикон якҷо муштаракан намози таробеҳ мегузоштанд.

Авсарӣ вақти бедоркунии меҳмонон касе аз ҳамраҳони мо гуфт, ки Алиҷон Имомназаров, сардори Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои дохиларо бедор накунед. Бачаи шаҳр аст, то ҳоло рӯза нагирифтааст. Зӯраш намерасад. Вале худораҳматии Алиҷон, ки зоҳиран дар хоб ба назар мерасид, аз ҷой бархоста гуфт, ки «не, ман ҳам рӯза мегирам. Агар то имрӯз нагирифта бошам ҳам, акнун мегирам».

Рӯзи дигар аз манзили усаро дидан кардем. Муовини Сарвазири ҳукумати Тоҷикистон худораҳматии Қадриддин Ғиёсов, котиби Шӯрои Амният Амирқул Азимов ва муовини раҳбари ИНОТ Давлати Усмон хабари дар рӯзҳои наздик ба назди падару модар, зан, бача ва хешу ақрабо баргаштанашонро ба асирон расонданд ва таъйид карданд. Ҳама сиҳату саломат шоду хурсанд ба назар мерасиданд. Бархеҳо аз пеши худ ибрози ташаккурӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки дар ин ҷо бо онҳо муносибати хуб мекунанд.

Фаъолияти ҳукумати Ҷиргатол аз сар гирифта шуд

/images/stories/2012/06/19_sulhi-khudo-22222.jpgБа Маҳмадрӯзӣ Искандаров, фармондеҳи мухолифин дар ноҳияи Тоҷикобод супориш дода шуд, ки асиронро ба ноҳияи Ғарм интиқол диҳад. Аз он ҷо онҳоро тавассути чархбол ба Душанбе хоҳанд бурд. Агарчанде Муҳаммадрӯзӣ аз он норизо буд, ки миёни маҳбусони озодшуда аз ҷумлаи собиқ размандагони ӯ ва ё аз ноҳияи Тоҷикобод касе нест, вале боз ҳам розигӣ дод, ки асиронро худи фардо ба Ғарм интиқол диҳад.

Аз ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Ҷиргатол сафар кардем. Дар ин ҷо низ фаъолияти мақомоти ҳукумат тамоман фалаҷ шуда буд. Марҳум Қадриддин Ғиёсов, Амирқул Азимов, Алиҷон Имомназаров якҷо бо Давлаталиева Зурекан як ҷаласаи ҳукумати ноҳияро гузаронида дар он масъулини ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро аз миёни фаъолони ноҳия интихоб намуда, вазифадор карданд, ки кори худро тибқи талаботи рӯз ба роҳ монанд. Номзадҳо ба вазифаҳои сардори Шӯъбаи корҳои дохила, прокурори ноҳия ва сардори Шӯъбаи Амнияти ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби мухолифин интихоб шуданд.

Вале тарафи ҳукумат гуфт, ки масъалаи расман таъйид шудан ва ё нашудани ин номзадҳо ба ин вазифаҳо салоҳияти роҳбарони ниҳодҳои ҷумҳуриявии онҳо ба шумор меравад. Ҷои зикр аст бигӯем, баъдан ҳамин номзадҳои ҳамоҳангшуда аз сӯи роҳбаронашон ба вазифаҳои мазкур таъйин гардиданд ва ҳадди ақал то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар кор мекарданд.

Шаҳодати дувоздаҳ нафар аз як оила дар як вақт

Худи ҳамон рӯз аз ноҳияи Ҷиргатол ба Шӯрои ҷамоъати Ҳоит омадем. Чун дар дигар минтақаҳо дар ин ҷо низ бо мардум вохӯрда аз зарурати ба даст овардани сулҳу субот ва қатъи ҷанги хонумонсӯз суханҳо гуфтем. Шаб дар хонаи раиси ҷамоат меҳмон шудем. Мутаассифона, исми шарифи эшонро дар дафтарчаи хотираам ёддошт накарда будаам.

Давлат Усмон, ки ӯро мешинохт, ҳини сӯҳбат аз ӯ аз тақдири чанд нафареро, ки қаблан бо онҳо шинос будааст, пурсон шуд. Он марди ботамкин бо шунидани номи афроде, ки зоҳиран наздиконаш ба шумор мерафтанд, рӯймолчаашро бароварда оби чашмонашро пок карду гуфт:

- Худо раҳматашон кунад, онҳо ҳама шаҳид шуданд. Рӯзи 24-уми феврали соли 1993 якчанд ҳавопаймои ношинос ҳамин минтақаи атрофи моро бомбаборон карданд. Яке аз бомбаҳо рост ба болои хонаи ман афтид ва таркид. Дар натиҷа 12 нафар аз аҳли хонаводаам, ки миёнашон набераву бачаҳоям, келинҳоям буданд, ба шаҳодат расиданд. Ҳамон рӯз дар натиҷаи ин бомбаборонкунӣ 23 нафар дар деҳаи Нимич, қариб 30 нафар дар деҳаи мо ва боз нафарҳои зиёди мулкӣ дар дигар деҳаҳои атроф ба шаҳодат расиданд. Аҷибаш он буд, ки дар ин бомбаборонкуниҳо аз муҷоҳиддин касе зарар надид. Ҳама мардуми мулкӣ ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 11-уми январ дар минтақаи Тоҷикобод ба қароргоҳҳои муҷоҳиддин рафта бо онҳо корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро идома додем. Наздики бегоҳ ба Ғарм баргаштем. Муҳаммадрӯзӣ асиронро худи ҳамин бегоҳ ба Ғарм овард.

Рӯзҳои 12- 13-уми январ ҳамагӣ мунтазири омадани чархбол будем то асиронро ҳарчӣ тезтар ба Душанбе интиқол бидиҳем. Ду рӯз боз ҳаво абрӣ ҳаст. Аз тариқи роҳ тавассути мошинҳо ба Душанбе рафтан ҳам ҳанӯз хатарнок аст. Мусофирони раҳ, таксистҳо аз бедодиву ғоратгариҳои гурӯҳи Баҳром бо даҳшат қиссаҳо мекунанд.

Устод Нурӣ моро ба Теҳрон мехонад

12-уми январ тавассути телефони маҳвораи намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Ғарм бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ҳамон шабу рӯз дар Теҳрон буданд, дар тамос шудем. Як ҳафта боз дар он ҷо даври шашуми музокироти сулҳ байни ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифин дар ҷараён буд. Дар ин даври музокирот ҷонибҳо асосан масъалаи Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ чӣ гуна бояд бошад, КОМ аз ҳарду тараф чанд нафарӣ намоянда дошта бошад, роҳбарии КОМ ба ӯҳдаи кӣ вогузор карда шавад, КОМ аз кай ба фаъолияти худ шурӯъ кунад, инчунин масоили сиёсӣ ва масоили муҳоҷирин чӣ гуна дар оянда роҳи ҳал пайдо кунандро мавриди баррасӣ ва баҳсу мунозира қарор дода буданд.

Устод Нурӣ, ки бо Давлат Усмон сӯҳбат мекард, иброз дошт, ки тибқи маълумоти ба ӯ расида дар ин музокирот ҷониби ҳукумат чандон хоҳиши гузашт карданро надорад. Мо ба як таҳлили амиқи вазъи сиёсиву низомӣ аз дохили кишвар эҳтиёҷ дорем. Аз ин рӯ барои ироаи чунин як таҳлил аз вазъи минтақаи Қаротегин ва ноҳияи Тавилдара ва умуман тамоми Тоҷикистон бояд аз ҷумлаи аъзои ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин ду нафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар бикунанд.

/images/stories/2012/06/19_sulhi-khudo-33333.jpgВа ин сафар бояд ҳарчӣ тезтар сурат бигирад, зеро раҳбарияти мухолифин қабл аз анҷоми давраи навбатии музокироти сулҳ ва қабл аз оғози мулоқоти эҳтимолӣ дар сатҳи олӣ бояд таҳлиле аз дохил дар даст дошта бошанд то дар ин гуфтушунидҳо манофеи мухолифин дуруст ба инобат гирифта шавад. Сафари мазкур бо ҷониби ҳукумат ҳамоҳанг ва барои сурат гирифтани он хоҳиши мусоидат карда мешавад

Худи ҳамон рӯз дар як ҷаласа ҳайати низомиву сиёсии мухолифин тасмим гирифт, ки ба мақсади ба роҳбарияти ИНОТ пешкаш кардани таҳлили вазъи кунунии сиёсиву низомии минтақаву ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ҳаит ва Султони Ҳамад дар наздиктарин фурсат бояд ба Теҳрон сафар бикунанд. Аз ин рӯ баъди ин Маҳмадалӣ Ҳаит ва банда низ омодаи сафар гардида интизори омадани чархбол шудем.

Шодмонӣ ва шукргузории асирон

Рӯзи 14-уми январ ҳаво кушода шуд. Соат ҳанӯз 10-и субҳ буд, ки чархбол ба Ғарм омад. Аз ҳама бештар 35 нафар асире, ки се рӯз боз дар Ғарм озод ҳастанд ва касе аз болояшон назорат намебарад, хурсанд ба назар мерасанд. Яке аз онҳо баробари дидани чархболҳо рӯ ба тарафи қибла гардонду дузону нишаст ва ду дастро ба сӯи осмон бардошт. Лаҳзае чизе гуфту дастҳоро ба рӯй кашид. Сӯяш равона шудам. Хостам аз ӯ саволе бикунам. Ҳамин ки аз пушт ба наздаш расидам ӯ аз ҷой бархост ва ба тарафи ман баргашт. Чун чашмонам ба дидагони пуробу чеҳраи рангзарди тараш бархӯрданд, чизе гулӯямро сахт фишор дод. Дигар аз нияти савол додан баргаштам. Ҳама чиз бароям аён буд.

Соати ёздаҳу чилупанҷ дақиқаи қабл аз зӯҳр чархболҳо ба ҳаво бархостанд. Намояндагони ҳукумат ҷанобон Қадриддин Ғиёсов, Амирқул Азимов ва Алиҷон Имомназаров имрӯз хеле болидарӯҳанд. Дар ин сафари хеш онҳо корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ҳукумати ноҳияҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра ба фаъолият шурӯъ карданд. Яке аз корҳои муҳимашон фаъол кардани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ буд. Баъдан озодии ҳамин асирон, асироне, ки аксарияташонро мешинохтанд ва қаблан ҳамкор низ буданд.

Дар фурӯдгоҳи Душанбе моро Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров ва як гурӯҳи калони хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла аз радиостансияҳои «Озодӣ», Би Би Си телевизиони Тоҷикистон, НТВ, ОРТ, РТР пешвоз гирифтанд. Каминаро хабарнигори бахши форсии Би Би Си Мардони Муҳаммад ва гузоришгари бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» Мориҷи Доварӣ (Ҷовиди Муқим) дар мавриди озодкунии усаро ва рафти иҷроиши Протоколи Хустдеҳ саволборон карданд. Худи ҳамон бегоҳӣ мусоҳибаро аз тариқи бахши тоҷикии радиоҳои мазкур шунидем. Телевизиони Тоҷикистон ва телевизионҳои Русия низ аз маросими озодкунии усаро хабару гузоришҳо пахш намуданд.

(идома дорад)

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 30

ОЗОДИИ МАҲБУСОН АЗ ЗИНДОНҲО ЧӢ ГУНА СУРАТ ГИРИФТ?



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1