14:56:30 12-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАМАЗОН МИРЗОЕВ: "ҲАРДУ ТАРАФ МЕХОСТ, КИ СУЛҲ ШАВАД"

Мусоҳиба бо Рамазон Мирзоев, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия, дар солҳои 1997-2002-юм. Ин гуфтугӯи мо бо Рамазон Мирзоев дар остонаи таҷлил аз 15-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав доир шуд. Нахустин суол ҳам аз ҷаноби Мирзоев ин буд, ки аз он рӯзҳо чӣ хотираҳое доранд ва имзои ин созишнома чӣ гуна ба даст омадааст...

/images/stories/2012/06/25_ramazon-mirzoev_250612.jpg-Ин лаҳзаҳоро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 23-24-уми июн барои омода кардани асноди гуфтушунид ва имзои қарордод ба Маскав омаданд. Роҳбарии ҳайати музокиротӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро Талбак Назаров, ки он замон вазири умури хориҷӣ буданд, бар ӯҳда доштанд.

Аз ҷониби мухолифон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода роҳбарии ҳайатро бар дӯш доштанд ва дар рӯзҳои 24, 25, 26-ум, ки даври мизи музокирот ҳарду ҷониб нишаста буд, сӯҳбатҳои душвору баҳсҳои печ-дар печ сурат мегирифт. Гуфтугузорҳо то ҳадде пуршиддат ҷараён мегирифт, ки одам ба чунин хулоса меомад, ки шояд он чизе ки мо дар ниҳоят мехоҳем, ба даст наояд.

-Баҳси асосӣ бар сари кадом масъала сурат мегирифт?

-Агар дар ёд дошта бошед, он шабу рӯз дар минтақаи Қаротегин кадом як гурӯҳи мухолифинро ҳукумат  боздошт карда буд. Ҳоло ман ҷузъиёти онро фаромӯш кардаам, вале сари ин масъала ба ҳадде баҳсу даъво сурат гирифт, ки қариб буд, музокирот комилан қатъ шавад.

-Яъне ҷониби мухолифон мехост, ки ин гурӯҳ озод карда шавад?

-Бале, мақсад озодсозии онҳо буд. Аммо ҷониби ҳукумат мегуфт, ки ҷиноят содир кардаанд ва расидагӣ ба сарнавишти онҳо ба воситаи қонун ва додгоҳ сурат мегирад.

-Баҳс байни киҳо сурат мегирифт?

-Баҳс байни тарафҳо, аз тарафи ҳукумат Талбак Назаров, Шукурҷон Зуҳуров, Сайид Салимов, Иброҳим Усмон ва аз тарафи мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,  Отахон Латифӣ ва дигарон. Ногуфта намонад, ки дар ин баҳсҳо Борис Патухов, муовини  аввали вазири умури хориҷии Русия ҳам иштирок мекард.

Намояндаҳои давлатҳои нозир ҳам ҳузур доштанд. Албатта, ин ҷо масъалаи дастгиршавии танҳо он гурӯҳ набуд. Масъалаҳои дигар, аз ҷумла масъалаи сифоиза ва доду гирифти мансабҳо ҳам буд, вале баҳс бештар болои ҳамон гурӯҳ буд. Хуллас, то соатҳои се ба натиҷае нарасидем.

-Ҷаноби президент ҳам буд?

-Ҷаноби президент ҳам буданд. Он кас аз тарафи мухолиф ва ҳам аз  давлатҳои нозир хоҳиши онро мекарданд, ки бояд дар ин ҷо ба як хулосае оем. То ки субҳ дар Кремл бо иштироки Борис Елтсин, раисиҷумҳури Русия, ин қарордод имзо шавад. Чун ба натиҷа расида натавонистем, маслиҳат шуд, ки субҳ соати шашуними бомдод дар дафтари ҷаноби Примаков бояд ҳарду тараф ҷамъ шаванд. Зеро соати имзошавии қарордод дар Кремл таъйин шудааст.

Соати шашуним 7-и субҳ дар дафтари Евгениий Максимович Пирмаков-вазири умури хориҷии Русия гуфтшуниди тарафҳо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари ИНОТ, ва бо ширкати Примаков ва Борис Пастухов -- муовини ӯ шурӯъ шуд. Ин ҷо бояд як нуктаро ишора намоям, ки дар баъзе аз марҳилаҳои гуфтушунид мо низ иштирок карда наметавонистем. Танҳо ҳайати ду тараф ва намояндаи СММ ва кишварҳои нозир ширкат мекарданд.

Хуллас гуфтугузору гуфтугузору гуфтугузор, ҳеҷ не, ки мухолифин сар фароранд. Як лаҳзааш ҳеҷ аз хотирам намеравад. Примаков дасти Сайид Абдуллоҳи Нуриро гирифта ба як кунҷ бурда кадом нуктаеро фаҳмонд. Пас аз он дар онҷо нишаста лоиҳаи қарордодро омода карданд, ҳарду тараф ризоият доданд ва соати 10 санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

-Дар он шабу рӯзҳо миёни роҳбарони ду ҷониб сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ ҳам сурат мегирифтанд?

-Ин гуна сӯҳбатҳо на танҳо байни ду нафари аввал, балки байни бақия аъзои ҳайатҳо ҳам баргузор мешуданд. Он вақт ҳарду ҷониб талош мекарданд, ки зудтар сулҳу салоҳ ба даст ояд. Ман сафир будам ва ёдам ҳаст, ҳамин Зайд Сайидов, ки он вақт дар ҳайати мухолифин буд, меомад сафорат барои шиноснома ва ё виза. Мо талош мекардем, ки дар корҳо таъхир нашавад, тез анҷом ёбад, чун чи хеле гуфтам, ҳама дар фикри сулҳу суботи кишвар будем.

Зимнан, оши оштии аввалини баъди имзои Созишномаи сулҳ ҳам дар сафорат баргузор шуд. Ҳарду тараф соатҳои 12 дар бинои сафорат ҳозир шуданд. Мисле, ки ҳама ба хонаи худаш омад. Рӯҳия ва чеҳраҳои ҳарду тараф тамоман дигар шуда буд. Зеро ҳарду тараф ба мақсади худ, ба мақсади деринаи миллати худ расида буданд.

-Ҷонибҳо пушти дастархон чӣ тавр менишастанд?

-Мо барои тарафҳо ҷо ҷудо карда будем, аммо вақти нишастан дигар ҳама ба ҳам омехт ва ҳар кас ҳамсӯҳбати худро ёфта бо ӯ менишаст. Рости гап, барои ман, ки мизбон будам, ин лаҳзаҳои бисёр аҷиб фаромӯшношуданист. Воқеан, ба қадри сулҳ бояд бирасем. Ман аз соли 1975-ум то 1978-ум дар Кобул дар давраи Довуд кор кардаам. Хеле ободу пурию серӣ буд.

Баъдтар замони сафирӣ дар Эрон дар як ҷаласа бори дигар ба Кобул рафтам. Аммо он Кобул фарқ дошт аз он Кобуле, ки сӣ сол пеш дида будам. Худо нишон надиҳад. Беш аз сӣ сол аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо ҷанг давом дорад. Аз ин ҷиҳат коре, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик барои миллат анҷом доданд, ин қаҳрамонӣ аст.

-Вақте Созишномаи сулҳ дар Кремл ба имзо расид, ҷонибҳо қадаҳ бардоштанд. Дар дасти роҳбарони мухолифон ҳам қадаҳҳо буданд?

-То омадани меҳмонҳо, рости гап, болои миз машрубот гузошта будем. Вақте ҳама ҷамъ шуданд, аз ҷумла оқои Нурӣ ва оқои Тӯраҷонзода аз сари миз нӯшокиҳои спиртиро гирифтем. Мо аз рӯи эҳтирому ҳурмати он тараф ҳама нӯшокиҳои спиртиро аз миз гирифтем ва як мизи тоҷикӣ шуд бо чою бо қаҳваву ҳар гуна нӯшобаҳо. Аммо барои бародарони рус ва дигарҳое, ки майл доштанд, хонаи алоҳида дуруст карда будем. Хуллас, коре кардем, ки шароит барои ҳама мувофиқ бошад ва ягон кас ягон мушкилот ҳис накунад.

-Вақте Борис Елтсин дастони роҳбарони ҳару тарафро мефишурд, бо роҳбарони мухолифин ҳам чизе радду бадал кард?

-Сӯҳбат он ҷо аз таҳти дил буд. Борис Елтсин ҳам бо Раҳмон ва ҳам бо Нурӣ баробар гап мезад. Бо ҳарду тараф як хел муносибату рафтор мекард.

-Вале чи хеле худатон ҳам зикр кардед, роҳбарони ҳарду ҷониб бо ҳам омаданд ва ин сулҳ ба даст омад. Аммо ҳоло як тарафи сулҳро комилан фаромӯш кардаанд...

-Рости гап, чандин сол дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекардам ва дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдату маросимҳои вобаста ба он кӣ иштирок мекард, кӣ иштирок намекард, киро даъват мекарданд, намедонам. Имсол, ки 15-солагии имзои ин санади тақдирсозро бо ҳам таҷлил мекунем, хоҳем дид, ки кӣ иштирок мекунад ва кӣ не.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi