10:30:33 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИБРОҲИМ УСМОНОВ: «ҲАДАФИ СУЛҲ ҶОМЕАИ БЕҶОНИБ БУД»

Профессор Иброҳим Усмонов, узви собиқи комиссияи оштии миллӣ

Рўзи ваҳдат воқеъан иди миллӣ аст. Барои он иди миллӣ аст, ки мардумро бовар кунонд дар Тоҷикистон бе ҷанг зиндагӣ кардан мумкин аст. Иди ваҳдат итминон додан мехост, ки Тоҷикистон ба ҳадде хурд аст, ки онро ба ҳизбҳо, гурўҳҳо, маҳалҳо ва оилаҳо тақсим кардан имкон надорад. Дар ҳамин аст арзиши ин ид.

/images/stories/2012/06/27_ibrahim_usmanov-270612.jpgДар ҳақиқат ҳам он тағйироти мусбие, ки моро дар понздаҳ соли охир дастрас шуд, аз ҷумла тавассути роҳҳои муосири мошингард беҳтар ба ҳам пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон, бунёди муҷтамаъи сиёсии фарҳангии маркази шаҳри Душанбе, шароити нисбатан озоди воситаҳои ахбори омма, инкишофи озоди технологияи иртиботии инфиродӣ ва ҷамъиятӣ, кўшиши ҳукумат барои пуштибонӣ аз муҳоҷирати корӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки мо имкони иттифоқона рушд додани кишварамонро дорем.

Дар замоне, ки ҳолати сулҳ барпо шуд, вазъи мактаби миёна ва таҳсил дар он низ беҳтар гардид, вале ин беҳбудиро танҳо бо ибораи "мактаби миёна аз нобудӣ наҷот ёфт" ифода кардан имкон дораду бас.

Ваҳдат ҷонибҳоро во медошт, ки ба ҳамдигар гузаштҳо кунанд, ҳамдигарро дастгирӣ кунанд, то ба ин васила худи мафҳуми "ҷонибҳо" аз байн равад ва танҳо мафҳуми халқи тоҷик ба сифати меъёри муайянкунандаи ҷомеъае, ки мо месозем боқӣ монад. Муттасифона ин ҳолат ҳанўз ҳам фаро нарасидааст, барои расидан ба ин ҳолат ҳанўз кор кардан, талош кардан, тарбия кардан ва фаҳмондан зарур аст.

Баръакси ин ҳадаф ҳолатҳое мешаванд, ки ҷонибе муҳити ҷомеъаро ба муҳити маҳаллӣ табдил додан мехоҳад ва ҷонибе ҷомеъаро дар пардаи исломӣ дидан мехоҳад, дар ҳар ду ҳолат муборизу мубаллиғи расмӣ равшанфикрон мешаванд ва дар ҳар ду ҳолат ҳам мубориза ба нобудӣ ва парокандагии равшанфикрон сабаб мешавад.

Дар ҷомеъаи шаҳрвандӣ таблиғи ақидаҳо ҳанӯз ба он сатҳе нарасидааст, ки гурӯҳҳои дорои ақоиди мухталиф бо ҳамдигар бо риъояти одоб ва эҳтиром баҳс, интиқод ва сухан кунанд. Ҷомеъаи шаҳрвандии имрўза тақрибан шакли дигари ҳукумати имрўза барин бозтобӣ мекунад.

Мо дар боло гуфтем, ки ҳадафи сулҳ ҷомеъаи беҷониб буд, аммо ин асло маънои ҷомеъаи беоппозитсияро надорад. Ҷомеъаи беҷонибе, ки мо бунёди онро мехостем, ҳолати иҷтимоъиеро дар назар дошт, ки дар муқобили ҳукумат набояд нерўҳои мусаллаҳи мухолиф пайдо шаванд.

Ин ҳолати ҷанг аст, на ҳолати сулх, яъне иттиҳоди нерўҳои оппозитсиюни тоҷик нерўи низомию сиёсӣ буд ва яке аз ҳадафҳои музокироти сулҳ аз он иборат буд, ки ин нерў танҳо ба сифати нерўи сиёсӣ боқӣ монад. Масалан, дар марҳаллаи дуюми давраи панҷуми музокироти сулҳи тоҷикон, ки моҳҳои январ-феврали соли 1996 дар Ишқободи Туркманистон баргузор шуда буд, яке аз мавзўъи асли ҳамин буд.

Воқеъан дар замони мо, яъне дар асри 21 Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷик (ИНОТ) аз нерўи низомию сиёсӣ ба нерўи сиёсӣ табдил ёфт ва амалан худи ИНОТ аз байн рафт ва ҳизбҳо ва нерўҳои таркибии он ё мустақил шуданд ё аз байн рафтанд, танҳо Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз нерўҳои таркибии ИНОТ дар хатти машqи худ устувор боқӣ монд.

Ҳизби демократ бошад, бештар ба кашмакашҳои фраксионӣ (ҷиноҳӣ) мувоҷеҳ шуд ва дар натиҷа худро бой дод. Маркази ҳамоҳангсозии нерўҳои демократии Тоҷикистон дар Русия ҳамчун ҳаракате, ки имрўз пайрав надорад, аз миён рафт. "Умед" қувваи муттаҳидкунандаи паноҳандагони тоҷик имрўз асосе надорад, яъне дигар паноҳандагони муташаккил намондаанд, аз ин сабаб фаъолият намекунад.

Бояд тазаккур дод, ки баъзан дар сӯҳбатҳо бародарони паноҳандаро ҳамчун ҳамвазни муҳоҷирони корӣ маънидод кардан мехоҳанд ва мегӯянд, "бештар аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷборӣ доштем, ҳоло ҳамин қадар муҳоҷирати корӣ дорем. Чӣ фарқ?" Фарқ калон аст. Гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ имконияти ба Ватан бозгаштан надошт. Аз хешу ақрабо гусаста буд. Ба ёрии башардўстона эҳтиёҷ дошт.

Муҳоҷири корӣ ҳарвақт хоҳад, ба Ватанаш бармегардад, бо ақрабояш дар тамос аст. Барои рушди Ватан ва рӯзгори аҳли оилааш пул кор мекунад ва ин пулро ба Ватан мефиристад ва ҳиссаи моддии вай дар пешрафти мамлакат аз буҷети давлат кам нест. Аммо дар ин таносуб чизи бад он аст, ки баъзеҳо ба муҳоҷирати кориро ба тавлидот тарҷеҳ дода рушди тавлидоти миллиро ба вақти дигар мегузорад. Аз ин сабаб ҳолати истеҳсолоти санъатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон дар муқоиса ба понздаҳ соле қабл пешрафти назаррасе надорад.

Аз нерўҳои ИНОТ, инчунин "Растохез", "Лаъли Бадахшон" ва "Носири Хусрав" хориҷ шуданд ва муассисонашон имрӯз дарк карданд, ки ба фаъолияташон эҳтиёҷе нест. Зоҳиран ҷомеъаи имрўзи Тоҷикистон аз "ҷонибҳо" халос шуда ба системи оддии ҳукумат ва ҳизбҳо табдил ёфт. Аммо аксарияти кулли ҳизбҳо камфаъолият буда, натанҳо манфиъати ҷонибдоронашон, балки худро ҳимоя карда наметавонанд.

Дар ҷомеъаи имрўзаи Тоҷикистон оппозитсиюни аслӣ воситаҳои ахбори омма аст, инро ҳолати оддӣ ва табиъӣ ҳисоб кардан дуруст нест, зеро ВАО нерўи бетараф, ҳақиқатгў аст ва онро назорат кардан мехоҳад, ки ҳукумат вазифаи худро дуруст иҷро мекунад ё не, аммо вай дар муқобили ҳукумат мубориза намебарад, зеро вай худаш ба қудрат омаданӣ нест ва омада ҳам наметавонад. Он ВАО-е, ки ба қудрат омаданист мустақил нест ва он ҷузъи кадом як ҳизби сиёсӣ ва ё нерўи сиёсист ва ақидаи ўро таблиғ мекунад.

Заминаи ин мулоҳизаҳо ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки дар раванди музокирот ба имзо расидаанд. Ҷомеъаи шўравӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ҷомеъаи баде набуд, аз нигоҳи ҳифзи иҷтимоъӣ ҷомеъаи олӣ буд, зеро таълим ва тарбияи ройгон, ҳифзи саломатӣ, мудовои бепул, кор ва истироҳати муътадил, манзили бепулро таъмин мекард.

Аммо мавҷуд будани ҳокимияти яккаҳизбӣ ва идиологияи танҳо эътирозро ба миён овард ва бо дастгирии бегонагон ин давлати пуриқтидорро аз байн бурд. Ҳуҷҷатҳое, ки дар замони музокирот ба имзо расидаанд, як мақсад доштаанд: халқи тоҷик давлати худро бояд тавре идора кунад, ки адолати иҷтимоъӣ, пешрафти иқтисодӣ, таъминоти иҷтимоъӣ барои мардум дастрас бошад. Ҳуқуқи инсон ва ҷойгоҳи инсон аз ҳама баландтар бошад ва дар ҳар кунҷи Тоҷикистон бо ифтихор гуфта тавонанд, ки ин Ватани ман, давлати ман, ҳукумати ман аст.

Ҳуҷҷатҳо истиқлолияти комилро дар назар доштанд. Муҳимтарин шарт дар он сарбаландии инсон буд. Мо намехостем ва намехоҳем, ки тоҷик, тоҷикистонӣ ва Тоҷикистон дастнигар ва муҳтоҷи халқ ва кишвари дигаре бошад. Мо ба дигарон бо зориву зӯрӣ не, балки чун бародару баробар ҳамкорӣ кардан мехостем.

Маҷмӯъи талошҳои моро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайид Абдуллои Нурӣ, раҳбари ИНОТ ва Герд Дитрич Меррем, намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар ҳузури раҳбарону намояндагони олирутбаи беш аз даҳ давлат дар имзои Cозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 27 июни соли 1997 ифода кард.

Имрўз "иштирокчиёни" музокироти сулҳи тоҷикон ва "синакӯбҳо", ки "мо сулҳ кардем мегўянд" хеле зиёд шудаанд. Ман мехостам бигўям, ки аввалан ин сулҳро тамоми халқи тоҷик кардааст. Дуввуман, онҳое, ки бевосита дар раванди музокироти солҳои 1994 то 1997 муназзам иштирок кардаанд, инҳо буданд:

Онҳое, ки вафот кардаанд: Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Отахон Латифӣ, Сабзалӣ Раҳмонов, Ҳақназар Шодиев, Шералӣ Мирзоев, Шаҳоб Шарипов, Раҳим Ҳошимов, Усмон Холдоров, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъабой Ниёзов.

Онҳое, ки шукр бар ҳаётанд: Абдумаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Талбак Назаров, Шукурҷон Зуҳуров, Амирқул Азимов, Саид Салимов, Баҳодур Абдуллоев, Иброҳим Усмонов, Эмом Ғоибов, Зариф Ализода, Меҳмон Бахтӣ, Шамсидин Оромбеков, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдунабӣ Сатторзода, Зайд Саидов, Худойбердӣ Холиқназаров, Бозоралӣ Сафаров, Амирбеки Атобек.

Ин андешаҳоро ва ин номҳоро баъд аз 15 соли музокироти сулҳ барои он зикр кардам, ки як чизро равшан дарк кунем. Ҳар касе, ки воқеъан иштирокчии он набардҳои маънавӣ буд, камтар лоф мезанад, ки онҷо будам ва сол ба сол онҳое зиёдтар садо баланд мекунанд, ки на танҳо дар он музокирот набуданд, балки иддае аз онҳо онро намехостанд.

Ҷашн барои он зарур аст, ки ҳақиқатро ҳамеша нигаҳ дорад, неконро ёд кунад ва ба бегонагон имкон надиҳад, ки дар миён сар дароваранд. Гузаштаи пурдардро бо суханҳои бедардонаи худ олуда накунанд. Ҷашн барои он лозим аст, ки насли нав дарк кунад, кӣ чӣ гуфт ва оё дар гуфтааш устувор аст ё не. Агар ин набошад, ҷашн арзише ҳам надорад.

Вале мо ба ҷашни худ ба чашми умед менигарем чунки ҳануз уммедворони рӯзи неки мардум, ки 15 сол пеш буданд, зиндаанд, ҳануз муқоиса мекунанд ва ба меҳнати умумиамон баҳо медиҳанд. Хурсандиовараш он аст, ки дар ҷашнҳои имрӯзаи мо роҳаташ ва хушдилиаш аз таассуф ва озурдагӣ зиёдтар аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi