23:15:15 11-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САНАДҲОЕ, КИ ДАР МУЛОҚОТИ МАШҲАД БА ИМЗО РАСИДАНД, МУҲИМАНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 40

 Султони Ҳамад

Ба таваҷҷӯҳи муштариёни сомонаи «Рӯзгор» се санадеро, ки дар мулоқоти байни  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Раҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсияи Тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар шаҳри Машҳади ҶИЭ рӯзи 21-уми феврали соли 1997 ба имзо расиданд, пешниҳод мекунем.

Протоколи иловагӣ

Ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва вақолатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ»

/images/stories/2012/11/19_muzokiroti-mashhat191120122.jpgБа сабаби он ки дар раванди гуфтушунид душвориҳо пеш омаданд, бо мақсаде, ки Комиссияи оштии миллӣ ҳар чи зудтар ба кор оғоз намояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С. А. Нурӣ дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон 20-21 феврали соли 1997 вохӯрда, қарор доданд:

1. Дар Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, ки 23 декабр соли 1996 имзо шудааст, аз банде, ки ба ислоҳоти ҳукумат тааллуқ мегирад, (охири саҳ.1) ибораи «ба миқдори баробари намояндаҳои тарафҳо дар Комиссияи оштии миллӣ» бароварда шавад.

2. Ба намояндагони мухолифин (ИМТ) дар сохторҳои ҳокомияти иҷроия ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомҳои ҳокимияти маҳаллӣ, мақомҳои суд ва прокуратура бо назардошти усули минтақавӣ сӣ фоизи ҷойҳо ҷудо карда шаванд.

3. Баъди имзои Протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ, пункти Протокол аз 23 декабри соли 1996  «Дар бораи вазифа ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ» роҷеъ ва «коркарди механизми ба ҳизбҳои сиёсӣ табдил ёфтани ҳаракатҳои ҳарбию сиёсӣ» аҳамияти худро гум мекунад, зеро ин масъала дар чорҷӯби блоки проблемаҳои ҳарбӣ баррасӣ мешавад.

                Президенти                                 Роҳбари Иттиҳоди

         Ҷумҳурии Тоҷикистон                    мухолифини тоҷик

                 Э. Ш. Раҳмонов                                   С. А. Нурӣ

Намояндаи махсуси

Муншии Умумии

СММ Г. Меррем

21 феврали соли 1997 шаҳри Машҳад

Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ

I. Мулоҳизаи умумӣ

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик С. А. Нурӣ бо дарназардошти манфиатҳои олии халқҳои Тоҷикистон бо мақсади ноил гардидан ба сулҳи босубот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат дар бораи таъсиси Комиссияи Оштии Миллӣ (минбаъд «Комиссия») тасмими сиёсӣ гирифтанд ва бо ин мақсад 23 декабри соли 1996 дар Маскав Созишнома ва Протокол имзо намудаанд.
  2. Вазифаи Комиссия ҳалли маҷмӯи проблемаҳои вобаста ба оштии миллӣ мебошад. Комиссия бояд мувофиқатномаҳоеро амалӣ созад, ки дар ҷараёни музокироти тоҷикон ба даст омадаанд, вай бояд ба фароҳам сохтани фазои боварӣ ва ҳамдигарбахшӣ мусоидат намояд, муколимаи густурдаи нерӯҳои гуногуни сиёсии мамлакатро ба хотири истиқрор ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монад.
  3. Комиссия мақоми муваққатӣ буда, барои давраи гузариш ташкил карда мешавад. Вай фаъолиятиашро баъди даъвати парламенти  нав ва ташаккули мақомоти роҳбарикунандаи он қатъ менамояд. Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолияташро баъди ду ҳафтаи имзои Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ ва сиёсӣ оғоз хоҳад кард.

II.  Ҳайат ва масъалаҳои тартиби фаъолияти Комиссия

  1. Аъзои Комиссия бо шумораи баробар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик таъйин карда мешавад. Комиссия аз 26 нафар иборат мебошад. Ба Комиссия раиси он – намояндаи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик роҳбарӣ мекунад ва як нафар муовин дорад ва он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Ҳайати шахсии Комиссия 10 рӯз пеш аз оғози фаъолияти он эълон карда мешавад.) Роҳбарон ва аъзои Комиссия ба таври доимӣ кор мекунанд ва тарафайн онҳоро ба истиснои шароите, ки иҷрои вазифаи онҳоро имконнопазир мегардонад, бозхонда наметавонанд.
  2. Комиссия аз чор зеркомиссия иборат хоҳад гашт:

а) оид ба масълаҳои сиёсӣ;

б) оид ба масълаҳои низомӣ;

в) оид ба масъалаҳои муҳоҷирон;

г) оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.

Ба Комиссия ҳуқуқ дода мешавад, ки дар мавриди зарурат комиссияҳои дигари иловагӣ ташкил намояд, онҳоро муттаҳид созад ё барҳам диҳад. Ҳар зеркомиссия раиси худро интихоб менамояд.

/images/stories/2012/11/19_muzokiroti-mashhat19112012.jpgЗимнан ба ду зеркомиссия намояндагони  Ҳукумат ва ба ду зеркомиссияи дигар намояндагони Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони  тоҷик роҳбарӣ мекунанд. Комиссия дар мавриди зарурат мақомоти корӣ – гурӯҳҳои коршиносон, дафтари матбуот ва ғайра ташкил менамояд. Комиссияҳои муштарак, ки дар ҷараёни музокироти тоҷикон ташкил карда шуда буданд, мақомоти кории Комиссия мегарданд,

6. Маҷлиси Комиссия дар мавриде салоҳиятдор ҳисоб арда мешавад, ки дар он камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия иштирок намоянд. Масъалаҳои моҳиятан муҳим бо роҳи овоздиҳии консенсус ҳал карда мешаванд. Дар мавриди баъди 10 маҷлис натиҷаи дилхоҳ надодани чунин тартиби овоздиҳӣ раиси Комиссия тартиби қабули қарорҳоро роҷеъ ба масъалаҳои муҳим муайян менамояд. Масъалаҳои тартиби фаъолияти Комиссия бо роҳи овоздиҳии оддӣ ҳал карда мешаванд. Мақомоти ҳокимият қарорҳои қабулнамудаи Президент ва Комиссияи оштии миллиро бояд ҳатман иҷро кунанд.

III. Вазифа ва салоҳиятҳои Комиссия

7.  Вазифа ва салоҳияти КОМ ба тариқи зайланд:

-муқаррар намудани усулҳои назорат ва  назорати аз тарафи ҷонибҳо иҷро кардани созишномаҳои истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар мамлакат ҳамроҳи мақомоти дигар, ки бо ин мақсад ташкил карда мешаванд;

-иҷрои тадбирҳои бо сари баланд баргаштани гурезаҳо, таъмини амнияти онҳо, ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ҳамроҳ кардани гурезаҳо, расондани кӯмак дар барқарор намудани манзил, корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзии бар асари ҷанг харобгардида.

-танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонунҳо дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори умум.

Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ дар давраи гузариш вазифа ва салоҳиятҳои зеринро анҷом медиҳанд:

- ба райъпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ;

- таҳия ва ба тасдиқи Президент, ирсол намудани қонуни нав дар бораи интихоботи Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, дар сурати лозима ба раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани ин қонун;

- дар давраи гузариш ташкил додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

- ислоҳи ҳукумат аз тариқи ворид кардани намояндагони оппозитсия (ИНОТ) дар сохторҳои ҳукумати иҷроия (аъзои ҳукумат),  ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо риояи таносуби саҳми тарафайн дар Комиссияи Оштии Миллӣ ва бо дарназардошти усули намояндагӣ аз маҳалҳо;

-роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия, амал кардан барои ислоҳи сохторҳои қудрат ва мақомоти додситонӣ;

- назорат ба иҷрои табодули комили асирону маҳбусон ва озод кардани шахсоне, ки зӯран боздошт шудаанд;

- қабули Санади ҳамдигарбахшӣ, таҳияи Қонуни авф, ки бояд аз ҷониби Парламент ва Комиссияи Оштии Миллӣ қабул карда шавад;

-танзими механизми табдили ҷунбишҳои низомию сиёсӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ;

-ба баррасии Парламент вогузоштани пешниҳод дар барои вақти баргузории интихоботи Парламенти нави касбӣ таҳти назорати СММ, САҲА ва бо иштироки кишварҳои нозир дар Музокироти байни тоҷикон.

IV. Кафолати амният

8. Аъзои Комиссия мақоми дахолатнопазирӣ доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик ба таъмини амният ва дахолатнопазирии аъзои Комиссия ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон ва фориғ аз вақти кор кафолат медиҳанд. Аъзои Комиссияро барои фаъолияти то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин барои фаъолияташон ба сифати узви Комиссия дастгир кардан, ҳабс намудан ва ба суд додан мумкин нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дахолатнопазирии биноҳои маъмурӣ ва истиқоматие, ки дар онҳо аъзои Комиссия ва аҳли оилаҳои онҳо кору зиндагӣ мекунанд, кафолат медиҳад.

Ҳукумат дар таркиби Вазорати амният барои таъмини амнияти аъзои Комиссия ва оилаҳои онҳо бо миқдори баробар аз намояндагони Ҳукумат ва ИНОТ дастаи махсусе иборат аз 80 нафар ташкил медиҳад.

V. Маҳалли зисти Комиссия

9. Комиссия дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ҷойгир мешавад.

VI. Таъминоти моддию техникии фаъолияти Комиссия

10. Хароҷоти марбут ба таъмин ва фаъолияти КОМ (маош, алоқа, нақлиёт ва ғайра) аз ҳисоби буҷети давлатӣ мувофиқи сметаи махсус маблағгузорӣ мешавад.

VII. Тартиботи инъикоси фаъолияти Комиссия

11. Дафтари матбуоти Комиссия бо мақсади мусоидат ба раванди оштии миллӣ, эҷоди фазои боварӣ ва ҳусни тафоҳум конфронсҳои матбуотӣ ва брифингҳо ташкил намуда, пресс-релиз ва бюллетенҳо нашр мекунад. Воситаҳои ахбори умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик фаъолияти Комиссияро мунтазам инъикос менамоянд.

VIII. Нақши СММ ва САҲА дар мусоидат ба кори Комиссия

12. Мувофиқи Протоколи 23 декабри соли 1996 дар Маскав баимзорасондаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик фаъолияти Комиссия дар ҳамкории ҳамҷониба бо Намояндагии нозирони СММ ва Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон ба Комиссия барои ба роҳ мондани фаъолияти он кӯмаки машваратӣ дода, ҳамчунин мусоидати дигар, ки имкон дорад дар ваколатҳои ояндаи он пешбинӣ шавад, хоҳад расонд. Қарорҳои Комиссия дар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон дар машварат бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ қабул карда мешаванд.

                Президенти                                   Роҳбари Иттиҳодияи

     Ҷумҳурии Тоҷикистон                  нерӯҳои оппозисиони тоҷик

            Э.Ш.Раҳмонов                                             С.А.Нурӣ

Намояндаи махсуси Дабири Кулли

СММ  Г. Д. Меррем 

Изҳороти муштарак

Мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳодияи неруҳоии оппозисиюни тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзҳои 20-21 феврали соли 1997 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот карда, дар баробари масъалаҳои дигар перомуни воқеаҳои рӯзҳои охир дар кишварамон низ изҳори ақида ва ташвиш намудем. Воқеан, вақте дар Москав «Созишнома»-и таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ба имзо расид, мо пай мебурдем, ки душманони сулҳу осоиш дар Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки ба татбиқи он халал расонанд.

Зеро мутаассифона, ҳанӯз одамоне кам нестанд, мисли гурӯҳи Ризвон Содиров, ки барои онҳо вазъи ҷангӣ, тарсу ваҳм аз сулҳу салоҳ беҳтар аст. Гаравгонгирии намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, кормандони ҳукумат ва хабарнигорон ва амалиёти террористӣ далели ин мебошад. Чунин кирдорҳо эътибори мамлакат, халқ ва давлати моро коста мекунад. Зеро ҳеҷ гуна мақсаде буда наметавонад, ки барои ҳосил кардани он ҷони одамон зери хатар гузошта, ҳуқуқи инсон поймол карда шавад. Мо чунин амалро маҳкум менамоем.

Имрӯз бори дигар мо ба аҳли башар, ба халқи худ муроҷиат менамоем ва изҳор мекунем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик амалиёти террористӣ, гаравгонгирӣ ва вайронкориро дар ҳар шакле, ки зоҳир мешавад, маҳкум менамоянд ва тамоми кӯшишу имконяти худро барои он сафарбар мекунанд, ки пеши роҳи чунин корҳо ва ҳар гуна кӯшиши садди роҳи мусолиҳаи миллӣ шуданро қотеъона бигиранд.

Мо ба муқобили ҳамагуна қувваҳое, ки раванди сулҳро дар кишвар халалдор карданӣ мешаванд, якҷоя мубориза мебарем. Умед ба он дорем, ки Комиссияи оштии миллӣ дар ҳамбастагӣ бо Президент ва ҳамаи мақомоти давлатии Тоҷикистон ба зудӣ дар мамлакат шароити беҳтари кору созандагиро ба вуҷуд меоранд ва Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун кишвари сулҳ шӯҳрат меёбад.

Ҳамаи ҳамватанони гиромиро, сарфи назар аз диди сиёсиашон даъват мекунем, ки кӯшишу иқдомҳои моро дар ин масъала дуруст фаҳманд ва ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмонов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиюни тоҷик

Шаҳри Машҳад, 21 феврали соли 1997

Аз китобҳои «Роҳи сулҳ» (Ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон), мурратиб профессор Иброҳим Усмонов, Душанбе-1997, саҳ: 79-83, «Пайки оштӣ» (Санадҳо) тартибдиҳандагон профессорон Абдунабӣ Сатторзода ва Иброҳим Усмонов, Душанбе 1998, саҳ. 23-30.

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 39


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi