12:37:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

ДОКТОР ВИЛОЯТӢ: «ДАР МАШҲАД МУШКИЛИ АСОСӢ ҲАЛ ШУД»

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 39

Султони Ҳамад

Вазъияти сиёсиву низомӣ ва иҷтимоии кишвар дар арафаи мулоқоти панҷуми роҳбарони ду ҷиноҳи сулҳкунанда дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле мураккаб буд. Агарчӣ қазияи гаравгонгирии бародарон Садировҳо мусолиматомез ҳал шуда бошад ҳам, вале мавҷи террорҳои рӯзи 18-уми феврал ҳамаро нигарон карда буд.

/images/stories/2012/11/11_1-muzokirot-111112.jpgГузашта аз ин таҳлилҳо нишон доданд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ду-се соли қабл боло рафтааст. Бархе аз фармондеҳони низомии ҳукумат, махсусан дар минтақаҳои Хатлону Ҳисор, сиёсати сулҳхоҳонаи раҳбарияти кишварро чандон хуш қабул намекарданд. Онҳо бозгашти собиқ мухолифинро ба Тоҷикистон умуман кори нодуруст медонистанд.

Раиси ҷумҳур фармондеҳони мухолифинро ба музокирот мебарад

Дар ҳукумати Тоҷикистон он замон ақидае вуҷуд дошт, ки дар паси пардаи саҳнаи сиёсӣ нирӯи саввум аз ин фармондеҳон пуштибонӣ мекунад. Ва барои ҳамин ҳам сулҳу созиш бо оппозисиюн чун обу ҳаво зарур аст. Дар чунин вазъияти печида Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, рӯзи 20-уми феврали соли 1997 Давлати Усмон, сардори Ситоди Марказии Артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Мирзохӯҷа Низомов яке аз фармондеҳони бонуфузи минтақаи Ғармро бо худ гирифта дар  як ҳавопаймо ба шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мулоқот бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рафтанд. Албатта онҳоро чанд узви умдаи ҳайати музокиракунандаи ҷониби ҳукумат низ ҳамроҳӣ мекарданд.

Дар ин мулоқот ва гуфтушунидҳо, ки рӯзҳои 20-21-уми феврал давом карданд ва дар онҳо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбари Вилоятӣ иштирок дошт, се ҳуҷҷати  барои Тоҷикистон сарнавиштсоз ба имзо расид.

Якум «Протоколи иловагӣ ба «Протокол дар бораи вазифаҳо ва вақолатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ».

Дуввум «Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ».

Саввум «Изҳороти муштараки  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозитсияи Тоҷик».

Чаро Протоколи иловагӣ?

/images/stories/2012/11/11_2-muzokirot-111112.jpgХонандаи гиромӣ агар дар ёд дошта бошад дар санади «Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ», ки 23-юми декабри соли 1996 дар Маскав байни Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расида буд, банде ҳаст, ки он ба ислоҳоти ҳукумат дахл дорад. Дар он омадааст:

«Ислоҳоти ҳукумат- ба сохторҳои ҳокимияти иҷроия, ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомҳои ҳокимияти маҳаллӣ, мақомҳои суд ва муҳофизати тартибот бо дарназардошти аслии минтақавӣ, ба миқдори баробари намояндаҳои тарафҳо дар Комиссияи оштии миллӣ ворид сохтани намояндагони мухолифин».

Тибқи ин банд ҳукумат ба мухолифин бояд дар оянда баъди барқарории сулҳу субот панҷоҳ дар сади роҳбарии сохторҳои ҳукуматро вогузор мекард. Зеро тасмим гирифта шуда буд, ки дар КОМ тарафҳо теъдоди баробар намоянда дошта бошанд, яъне панҷоҳ дар панҷоҳ. Вале дар Машҳад ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуд, ки ба мухолифин панҷоҳ дар сади саҳмияи ҷойҳои кориро дар сохторҳои ҳукуматӣ бидиҳад.

Вале розӣ буд, ки дар КОМ панҷоҳ дар садро намояндагони мухолифин ташкил бидиҳанд. Билохира дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои душабонарӯзӣ ҳукумат танҳо ба ҷудо кардани 30 дар сади саҳмия розӣ шуд. Санади «Протоколи иловагӣ ба «Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» асосан ба ҳамин мақсад қабул шудааст ва дар он дар банди ду омадааст:

«Ба намояндагони мухолифин (ИМТ) дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомҳои ҳокимияти маҳаллӣ, мақомҳои суд ва прокуратура бо назардошти усули минтақавӣ сӣ фоизи ҷойҳо ҷудо карда шаванд».

Структура ва тарзи фаъолияти КОМ

/images/stories/2012/11/11_3-muzokirot-111112.jpgДар Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ теъдоди аъзо, вазифа ва салоҳиятҳои он мушаххастар шуданд. Комиссия иборат аз 26 нафар таъсис ёфта роҳбарии онро ба ӯҳдаи мухолифин мегузоранд. Муовини раиси Комиссия аз ҷониби ҳукумат хоҳад буд. Комиссия 26 нафар аъзо хоҳад дошт, 13 нафарӣ аз ҳарду тараф. Дар ҳайати Комиссия чор зеркомиссия: оид ба масълаҳои сиёсӣ, оид ба масълаҳои низомӣ, оид ба масъалаҳои муҳоҷирон, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ фаъолият хоҳанд кард:

Раҳбарии ду зеркомиссия ба дӯши ҷониби ҳукумат ва раҳбарии ду комиссияи дигар ба ӯҳдаи тарафи мухолифин вогузор карда мешавад.

Ҳайати шахсии Комиссия 10 рӯз пеш аз оғози фаъолияти он эълон карда мешавад. Ба Комиссия ҳуқуқ дода мешавад, ки дар мавриди зарурат комиссияҳои дигари иловагӣ ташкил намояд, онҳоро муттаҳид созад ё барҳам диҳад. Ҳар зеркомиссия раиси худро интихоб менамояд.

Ҷаласаи Комиссия дар мавриде босалоҳият ба ҳисоб меравад, ки дар он камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия иштирок намоянд. Масъалаҳои муҳим бо роҳи овоздиҳии консенсус ҳал карда мешаванд. Дар сурати баъди 10 ҷаласа натиҷаи дилхоҳ надодани чунин тартиби овоздиҳӣ раиси Комиссия тартиби қабули қарорҳоро роҷеъ ба масъалаҳои муҳим муайян менамояд. Масъалаҳои тартиби фаъолияти Комиссия бо роҳи овоздиҳии оддӣ ҳал карда мешаванд. Иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Президент ва Комиссияи оштии миллӣ барои мақомоти ҳокимият ҳатмист, омадааст дар Низомнома.

Комиссияи Оштии Миллӣ чӣ вазифа ва салоҳият дошт?

/images/stories/2012/11/11_4-muzokirot-111112.jpgЯке аз вазифаҳои асосии Комиссия танзим кардани пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонунҳо дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори умум буд. Ба райъпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ, таҳия ва ба тасдиқи Президент, ирсол намудани қонуни нав дар бораи интихоботи Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, дар сурати лозима ба раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани ин қонун, дар давраи гузариш ташкил додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия, амал кардан барои ислоҳи сохторҳои қудрат ва мақомоти додситонӣ, назорат ба иҷрои табодули комили асирону маҳбусон ва озод кардани шахсоне, ки зӯран боздошт шудаанд, қабули Санади ҳамдигарбахшӣ, таҳияи Қонуни авф, ки бояд аз ҷониби Парламент ва Комиссияи Оштии Миллӣ қабул карда шавад, танзими механизми табдили ҷунбишҳои низомию сиёсӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ба баррасии Парламент вогузоштани пешниҳод дар барои вақти баргузории интихоботи Парламенти нави касбӣ таҳти назорати СММ, САҲА ва бо иштироки кишварҳои нозир дар Музокироти байни тоҷикон аз ҷумлаи корҳое буданд, ки ин Комиссия дар давраи фаъолияти худ анҷом медод. Дар бораи ислоҳоти ҳукумат болотар гуфтем.

Масъалаи дигаре, ки дар музокироти Машҳад мавриди баҳсу мунозираҳо қарор гирифт, масъалаи таъмини амнияти аъзои КОМ аз ҷониби мухолифин ҳини фаъолият карданашон дар Тоҷикистон буд. Дар Низомнома омадааст, ки «аъзои Комиссия мақоми дахолатнопазирӣ доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик ба таъмини амният ва дахолатнопазирии аъзои Комиссия ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон ва фориғ аз вақти кор кафолат медиҳанд.

Аъзои Комиссияро барои фаъолияти то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин барои фаъолияташон ба сифати узви Комиссия дастгир кардан, ҳабс намудан ва ба суд додан мумкин нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дахолатнопазирии биноҳои маъмурӣ ва истиқоматие, ки дар онҳо аъзои Комиссия ва аҳли оилаҳои онҳо кору зиндагӣ мекунанд, кафолат медиҳад. Ҳукумат дар таркиби Вазорати амният барои таъмини амнияти аъзои Комиссия ва оилаҳои онҳо бо миқдори баробар аз намояндагони Ҳукумат ва ИНОТ дастаи махсусе иборат аз 80 нафар ташкил медиҳад».

Натиҷаҳо умедворкунандаанд

/images/stories/2012/11/11_5-muzokirot-111112.jpgДар изҳороти муштараки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ қайд шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик амалиёти террористӣ, гаравгонгирӣ ва вайронкориро дар ҳар шакле, ки зоҳир мешавад, маҳкум менамоянд ва тамоми кӯшишу имконяти худро барои он сафарбар мекунанд, ки пеши роҳи чунин корҳо ва ҳар гуна кӯшиши садди роҳи мусолиҳаи миллӣ шуданро қотеъона бигиранд. Мо ба муқобили ҳамагуна қувваҳое, ки раванди сулҳро дар кишвар халалдор карданӣ мешаванд, якҷоя мубориза мебарем».

Дар ҷаласаи хотимавии ин гуфтушунид раҳбари оппозисиюн натиҷаҳои ба даст омада дар музокиротро муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки «барои тавофуқоти ба даст омада  бояд талош кунем ва нагузорем, ки душманон ба он халал ворид кунанд». Президенти Тоҷикистон низ натиҷаи ба дастомадаро як ифтихор барои мардуми кишвар номид ва итминон дод, ки тарафҳо барои иҷрои ин созишномаҳо талош хоҳанд кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон доктор Алиакбари Вилоятӣ дар маросими имзои санадҳои музокира Низомномаи КОМ-ро яке аз санадҳои муҳимми имзошуда байни ИНОТ ва ҳукумати Тоҷикистон номид. Ӯ азҷумла гуфт: «Бо мушаххас шудани мушорикати нирӯҳои оппозисиюн дар ҳукумати эътилофии Тоҷикистон мушкили асосӣ байни ду тараф ҳал шуда ва ин тавофуқнома муҳимтарин тавофуқномаест, ки аз ибтидои музокироти сулҳи Тоҷикистон то кунун имзо шудааст».

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 38

Дар ҳамин мавзӯъ: ҲНИТ: ХУНРО БО ОБ МЕШӮЯНД



Шарҳҳо   

 
0 #1 mlo 12.11.2012 18:16
Президенти Тоҷикистон низ натиҷаи ба дастомадаро як ифтихор барои мардуми кишвар номид ва итминон дод, ки тарафҳо барои иҷрои ин созишномаҳо талош хоҳанд кард.vokean hukumat ba ahdi xud vafo kard? yo kardaast va mekunad? hamesha konunshikani az jonibi hukumat budaast va hast.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi