20:59:37 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ҲАЛЛУ ФАСЛИ МАСОИЛИ НИЗОМӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 41

Султони Ҳамад

Дуруст аст, ки дар мулоқоти Машҳад, ки рӯзҳои 21-22-и феврали соли 1997 дар сатҳи олӣ баргузор гардид, дар ду масъалаи умдаи мавриди баҳси тарафҳои сулҳкунанда дар гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон, яъне муайян кардани ҳуқуқу салоҳият, тарз ва шеваи фаъолияти КОМ ва иштироки намояндагони ИНОТ дар идораи ҳукумат ҷонибҳо ба тавофуқи принсипалӣ расиданд. Вале масъалаи асосӣ ва хеле муҳими ҷангу сулҳи тоҷикон ин масъалаи низомӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин маврид ҳанӯз санаде ба имзо нарасида буд ва ҷонибҳо ҳанӯз ба хулосае наомада буданд, ки бо афроди мусаллаҳи ИНОТ, аниқтараш Артиши НИТ дар шароити сулҳ чӣ гуна бояд бархӯрд шавад.

Худдории бархе аз фармондеҳони ҳукуматӣ аз ширкат дар музокироти Маскав

/images/stories/2012/11/29_1-mujohiddin-291112.jpgБа мақсади ҳаллу фасли масъалаи низомӣ ҳайатҳои музокиракунандаи ҳарду ҷониб рӯзи 26-уми феврали соли 1997 дар Маскав гирдиҳам омаданд. Дар ин даври гуфтушунид қарор буд, ки фармондеҳони низомии ҳарду тараф низ ширкат биварзанд. Раҳбарияти ИНОТ тасмим гирифт, ки Давлати Усмон, сардори Ситоди Марказии АНИТ, раҳбари ҳайати баландпояи низомив сиёсии мухолифин аз номи тамоми фармондеҳони низомии оппозисиён дар ин гуфтушнидҳо намояндагӣ кунад.

Бино ба навиштаи профессор Иброҳим Усмонов дар «Сулҳнома» дар назар буд панҷ нафар фармондеҳи нирӯҳои низомии ҳукумат, яъне Маҳмуд Худойбердиев, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Ҳабиб Насруллоев ва Маҳмадшариф Шарифов рӯзи 26-уми феврал дар як ҳавопаймо ҳамроҳи ҳайат ба Маскав бираванд. Вале рӯзи парвоз аз онҳо танҳо охирӣ ба фурӯдгоҳ ҳозир шуд.

Бо вуҷуди ин гуфтушунидҳо дар Маскав сари масоили низомӣ хеле ҷиддӣ ва пуршиддат ҷараён гирифтанд. Воқеан, дар ин масъала расидан ба як созиши ниҳоии қобили қабули ҳарду ҷониб, дар ҳақиқат, кори осон набуд. Тибқи оморе, ки дар Ситоди Марказии АНИТ мавҷуд буд, дар сафи ин Артиш бо назардошти он нирӯҳои мусаллаҳе, ки дар пойгоҳҳои низомии мухолифини ҳукумати вақти Тоҷикистон дар хоки Афғонистон мустақар буданд ва нирӯҳое, ки дар дохили Тоҷикистон, асосан дар манотиқи кӯҳистонии он, ҷойгир шуда буданд, теъдоди размандагон ё худ муҷоҳиддин тақрибан ба 10 ҳазор нафар фарди мусаллаҳ мерасид.

Дар ихтиёри ин Артиш аз автомати Калашников сар карда то силоҳҳои сақилаи танкзану ҳавопаймошикан, ҳатто чанд адад «Стингер» низ мавҷуд буд. Теъдоди техникаи низомӣ, аз қабили танку БТР ва мошинҳои дигари зиреҳпӯш тақрибан ба даҳҳо адад мерасид. Низоми лашкардорӣ дар Артиши НИТ ҳамон низоми лашкардории Артиши шӯравӣ буд. Воҳидҳои низомӣ ба отделение, взвод, рота, баталён ва полк тақсим мешуданд.

Тафовут дар ин ҷо буд, ки бархе аз ротаҳо, дар баъзе аз мавридҳо ҳатто взводҳо, бевосита ба Ситоди Марказӣ итоат мекарданд ва аз он ҷо роҳбарӣ мешуданд. Ин масъала дар баъзе аз маворид, ба хусус дар вақти ҳамоҳанг кардани амалиётҳои низомӣ, баъзе мушкилот ва нофаҳмиҳоро дар байни қумандонҳои мухолифин ба ҳамроҳ дошт. Аз ин рӯ дар назди ҳайати баландпояи низомиву сиёсии эъзомшуда ба манотиқи таҳти нуфузи муҷоҳиддин вазифаи ба танзим даровардани ҷузъу томҳои АНИТ вазифаи асосӣ ба ҳисоб мерафт.

Танзими нирӯҳои мусаллаҳи ИНОТ дар дохил

Тибқи амру фармонҳои фармондеҳи олии АНИТ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҷузъу томҳои нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин дар дохили Тоҷикистон низ ба танзим дароварда шуданд. Масалан дар ноҳияи Тоҷикобод баталиён таъсис дода шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров фармондеҳи он ва қумандон Шайх ҷонишини ӯ таъйин гардид. Дар самти Ҷиргатолу Ҳоит низ як баталиён таъсис ёфт ва Аҳмадбек фармондеҳу Шоҳ муовини ӯ таъйин гардиданд. Азбаски дар Ғарму Тавилдара ва атрофи шаҳри Душанбе шумораи муҷоҳиддин бештар буданд дар ин ҷойҳо полк таъсис дода шуд.

Фармондеҳи полки Ғарм Мирзохӯҷа Низомов таъйин гардиду муовинаш шодравон Сергей Давлатов. Агарчанде шодравон Мирзо Зиёев расман фармондеҳи полки Тавилдара ба ҳисоб мерафт, вале қариб ҳамаи қумандонҳои мухолифин ғайрирасмӣ ӯро  ҳамчун фармондеҳи кулли нирӯҳои мусаллаҳи оппозитсия эътироф мекарданд. Фармондеҳ Сарабек, фармондеҳ Неъмат ва фармондеҳ Ғайрат аз муовинони Мирзо Зиёев буданд.

Дар яке аз деҳоти Тавилдара таълимгоҳи низомии АНИТ дар дохили Тоҷикистон мустақар буд. Дар ин ҷо ба муҷоҳиддини нав аз маҳаллоти мухталифи ҷумҳурӣ ба сафи Артиши НИТ даъватшуда қоидаҳои дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин хизмат кардан, тарзи бо силоҳҳои мухталиф муомила намудан ва чи гуна аз таҷҳизоти нав ва техникаи низомӣ истифода бурданро таълим медоданд.

Интизороти мухолифин аз музокироти Маскав

Дар музокироти сулҳи Маскав оиди масоили низомӣ ҷониби мухолифин пешниҳод кард, ки ҷузъу томҳои нирӯҳои мусаллаҳи оппозитсия чи тавре, ки дар АНИТ таснифбандӣ шудаанд, ба ҳамон сурат ба сохторҳои қудратии ҳукуматӣ шомил шаванд ва хизматро дар манотиқи кӯҳистонӣ дар мақари будубоши хеш идома диҳанд. Аз сӯи дигар дар манотиқе, ки таҳти назорати ҳукумат қарор доранд, вале дар он ҷо тарфдорони мухолифин зиёданд, азҷумла дар Шаҳритӯс, Панҷ, Қӯрғонтеппа ва Данғара низ ҷузъу томҳои нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин ҷойгир кунонда шаванд.

/images/stories/2012/11/29_2-mujohiddin-291112.jpgЯк талаби дигари ҷониби мухолифин ин буд, ки тамоми афроде, ки дар мақомоти қудратии кишвар фаъолият мекарданд, аз ҷониби як Комиссияи муштараки аттестатсионӣ мавриди санҷиш қарор бигиранд ва оянда дар ин сохторҳо нафарҳое фаъолият кунанд, ки дар ҳақиқат, лоиқу сазовори кор кардан дар чунин сохторҳо ҳастанд.

Дар Маскав баҳсу мунозираҳо оиди масоили низомӣ ҳанӯз ба таври бояду шояд оғоз нашуда буд, ки дар Тоҷикистони азиз боз садои тиру туфанг баланд гардиду хуни чандин ҷавонмарди тоҷик ба замин рехту иддае ҷон ба Ҷонофарин доданд. Чӣ ҳодиса рух дод, ки боз чандин хонаводаи тоҷик либоси мотам ба бар намуд?

Гап ин ҷост, ки баъди бе хунрезӣ анҷом гирифтани ҳодисаи гаравгонгиии бародарон Садировҳо дар санаи 4-17-уми феврал ҳама гумон доштанд, ки ин гурӯҳ аз сари нав ба ҳукумат мепайвандаду аз ин ба баъд ҳамчун ҷузъу томҳои яке аз сохторҳои қудратии ҳукумат дар таҳти итоати фармондеҳони ҳукумат қарор хоҳад гирифт. Азбаски аз Афғонистон охирҳои ноябри соли 1996 овардани раҳбари ин гурӯҳ Ризвон ташаббуси фармондеҳи Горди Президентӣ Ғаффор Мирзоев буд, раҳбарияти ҳукумат аз ӯ талаб кард, ки ин гурӯҳро қатъиян дар зери назорати худ дошта бошад.

Чун дар рӯзҳое, ки гаравгонгирӣ карда буданд, бародарон Садировҳо ба фармонҳои Ғаффор Мирзоев итоат намекарданд, муносибат байни онҳо хеле бад шуда буд. Тибқи баъзе маълумотҳо Ғаффор Мирзоев ҳатто халъи силоҳ шудани як иддаъ аз аъзои ин гурӯҳро баъди анҷоми гаравгонгирӣ талаб кардааст, ки бародарон Садировҳо ба ин розӣ намешаванд. Азбаски Ғаффор Мирзоев таҳдид мекунад, ки дар сурати итоат накардан ба фармонаш ба муқобили онҳо аз силоҳи вазнин истифода хоҳад кард, бародарон Садировҳо гурӯҳашонро гирифта шабона ба дараи Ромит ворид шуданд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар дараи Ромит

Рӯзи сешанбе 25-уми феврал нисфирӯзӣ маълумот гирифтем, ки дар дараи Ромит байни нирӯҳои фармондеҳи мухолифин Қосимҷони Исматӣ ва гурӯҳи Ризвон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷа аз ҳарду тараф тақрибан 25 нафар куштаву маҷрӯҳ гардиданд. Ин хабарро шоми ҳамон рӯз бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» тайид намуд.

Дар барномаи радио дар иртибот бо ин даргирӣ муроҷиатномаи Қосимҷон Исматӣ ба раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аз созмонҳои байналмилалӣ шунавонида шуд, ки дар он фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин дар дараи Ромит аз мухотабони худ ҳамдастиро дар аз байн бурдани ин гурӯҳ тақозо мекунад. Бояд гуфт, ки гурӯҳи Ризвон дар деҳаи Сорво мавқеъ гирифта буд. Афроди мусаллаҳи бародарон аз 100 нафар ҳам зиёд буданд.

Зеро ҳангоми дар минтақаи Ҷавонӣ будан сафи онҳо аз ҳисоби ҷавонҳои гирду атроф ва махсусан шаҳри Душанбе тақрибан ҳаррӯз афзоиш меёфт. Муҷоҳиддини Қосимҷони Исматӣ бошад якуним километр поёнтар аз гурӯҳи Ризвон мавқеъ доштанд. Теъдоди онҳо тақрибан ба 350 нафар мерасид. Аз ҷанги байни гурӯҳи Ризвон ва муҷоҳиддини Қосимҷони Исматӣ мо худи ҳамон рӯз аз тариқи телефони маҳворавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх раҳбари ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро бохабар кардем.

Тибқи маълумоти ба мо расида рӯзи дигараш сӯҳбати телефонии устод Нурӣ бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки дар он масъалаи муборизаи муштарак алайҳи ин гурӯҳ матраҳ гардид ва тасмим гирифта шуд, ки ин амалиёт ҳарчи тезтар сурат бигирад. Дар иртибот бо ин фармони устод Нурӣ ба унвони аъзои ҳайати баландпояи сиёсиву низомии расид, ки дар он узви ин ҳайат Маҳмадалӣ Ҳаит муваззаф шуд, ки аз ҳисоби муҷоҳиддини Ҷиргатолу Тоҷикобод ва Ғарму Нуробод ҷузъу томеро таъсис дода дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои низомии ҳукуматӣ ба муқобили ин гурӯҳ амалиёти низомиеро пиёда кунанд.

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 40

Дар ин мавзӯъ: САНАДҲОЕ, КИ ДАР МУЛОҚОТИ МАШҲАД БА ИМЗО РАСИДАНД, МУҲИМАНД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi