06:05:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кафилони сулҳи байни тоҷикон

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 49

 Султони Ҳамад

Расо 16 сол пеш, 28-и моҳи майи соли 1997, дар Теҳрон ҳайатҳои музокиракунандаи сулҳи байни тоҷикон бо қабули ду ҳуҷҷати муҳим ба гуфтушунидҳои беш аз сесолаи худ хотима бахшиданд.

sulh-hadiya-khudo-24042013Акнун лозим буд, ки роҳбарони ду ҷиноҳи сулҳкунанда дар наздиктарин фурсат дар Маскав гирди ҳам биёянд ва ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар имзо гузоранд. Чун асноди дар Теҳрон қабулшуда ҳуҷҷатҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, мо лозим медонем, ки муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», махсусан онҳое, ки ин мавзӯъро дунболагирӣ мекунанд, ин аснодро низ дар даст дошта бошанд.

Протокол дар бораи кафолати татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

Тибқи Протоколи 17 августи соли 1995 дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини иҷрои пурра ва содиқонаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (ки минбаъд «Созишномаи умумӣ» номида мешавад), ки қисмҳои таркибиаш иборат аст аз:

-Протоколи 17 августи соли 1995 дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон;

-Протокол оид ба масъалаҳои сиёсии 18 маи соли 1997;

-Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъд аз анҷоми мулоқоташон дар Масква 23 декабри соли 1996;

-Протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, 23 декабри соли 1996;

-Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ, 21 феврали соли 1997;

-Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ», 21 феврали соли 1997;

-Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ, 8 марти соли 1997;

-Протокол оид ба масъалаҳои муҳоҷирон, 13 январи соли 1997;

Ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик (ИНОТ) дар машварат бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, бо намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси исломӣ (СКИ), Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мувофиқаҳои зерин расиданд:

1. Нияти неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳбарияти Иттиҳоди нерӯҳои оппозиони тоҷик (ки минбаъд «тарафайн» номида мешаванд), садоқати онҳо ба дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат кафолати муҳимтарини иҷрои қаъии Созишномаи умумӣ ҳисобида шавад. Ба ин маънӣ кафолати моддӣ мувофиқаҳое мебошанд, ки дар Протокол ва Созишномаҳои мазкур омадаанд, аз ҷумлаи ташкили Комиссияи оштии миллӣ бо намояндагии баробари тарафайн дар он ва бо роҳбарии намояндаи ИНОТ; ба намояндагони оппозитсия (ИНОТ) вогузоштани сӣ фоизи мақомот дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва 25 фоизи ҷойҳо дар Комиссияи марказии интихобот; татбиқи реинтегратсия, халъи силоҳ ва барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ҳамчунин ислоҳоти мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бозгашти ихтиёрӣ, бидуни хавф ва шарофатмандонаи ҳамаи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои зисти доимиашон; авфи шахсоне, ки дар низоъи шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсӣ иштирок намудаанд, ҳамчунин бардоштани манъ ва маҳдудияти фаъолияти ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ ва воситаҳои ахбори умум, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳо ва кафолатҳои дар Созишномаи умумӣ пешбинишуда амал мекунанд.

2. Дар муроҷиат ба Созмони милали муттаҳид хоҳиш карда шавад, ки кафолати иҷрои Созишномаи умумиро бо эҳтимоли аз тарафи Шӯрои амнияти СММ додани ваколати нав ба Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон (ННСММТ) бо дарназардошти анҷоми муваффақонаи музокироти байни тоҷикон ва имкони назорат ба раванди иҷрои Созишномаи умумӣ аз ҷониби тарафайн бидиҳад, дар ҳамаи марҳилаҳои он кӯмаки машваратии экспертӣ ва хизмати нек кунад ва вазифаҳои эҳтимолии дигарро ба анҷом бирасонад.

3. Мувофиқи хоҳиши тарафайн ҳукуматҳои Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон розӣ шуданд, ки дар роҳи татбиқи комплексӣ ва содиқонаи Созишномаи умумӣ аз ҷониби тарафайн ба ҳайси кафилони сиёсӣ ва ахлоқӣ амал кунанд. Ба ин муносибат мувофиқи мақсад мебуд, ки дар шаҳри Дшанбе ҳар сари чанд вақт вохӯрии вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои кафил доир шавад.

4. Бо мақсади назорати иҷрои Созишномаи умумӣ аз ҷониби тарафайн, ба онҳо расондани кӯмакҳои экспертӣ, ашваратӣ ва дигар хизматҳои нек давлатҳои кафил розӣ шуданд дар давраи татбиқи Созишномаи умумӣ дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи робита ташкил диҳанд, ки он аз сафирони соҳиби устуворномаи мамлакатҳои нозир ё намояндагони махсуси таъйиншудаи онҳо иборат мешавад. Ба гурӯҳи робита Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, раҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ва Намояндаи Созмони Конфронси исломӣ (СКИ) низ шомил мешаванд. Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон бо розигии кишварҳои нозир, САҲА ва СКИ вазифаи танзимгари Гурӯҳи робитаро иҷро мекунад. Ҳамзамон бо назорат ва хизматҳои нек Гурӯҳи робита ҳамчунин ҳукуматҳои мамлакатҳои кафил тавассути Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, мақомоти роҳбарикунандаи САҲА ва СКИ дар бораи эҳтимоли аз ҷониби тарафайн риоя нашудани Созишномаи умумиро хабардор мекунад ва дар хусуси роҳҳои ислоҳи он тавсия медиҳад. Гурӯҳи робита ҳамзамон бо Комиссияи оштии миллӣ дар Душанбе ба кор оғоз менамояд. Тартиби фаъолияти Гурӯҳи робитаро аъзои он дар тӯли ҳафтаи аввали кораш муайян мекунанд.

5. САҲА ба воситаи намояндагиаш дар Душанбе ба татбиқи бахшҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва эъмори институт ва равандҳои демократӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Матн бо забонҳои русӣ ва инглисӣ омода шуда, ҳар дуи он арзиши якхела дорад.

Т. Назаров, сардори ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

А. Тӯраҷонзода, сардори ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик

Г.Д. Меррем, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ

Намояндаи САҲА

Намояндаи СКИ

Аз номи Ҳукумати Давлати Исломии Афғонистон

Ҷумҳурии исломии Эрон

Ҷумҳурии Қазоқистон

Ҷумҳурии Қирғизистон

Ҷумҳурии исломии Покистон

Федератсияи Русия

Туркманистон

Ҷумҳурии Ӯзбекистон

28 маи соли 1997, шаҳри Теҳрон

(Ҷумҳурии Ӯзекистон ба ин санад дертар, дар моҳи сентябри соли 1997 имзо гузошт)

Эъломияи Теҳрон

Аз 9 то 16 апрел ва аз 22 то 28 маи соли 1997 дар Теҳрон таҳти сарпарастии СММ даври ниҳоии музокироти байни тоҷикон барои оштии миллӣ баргузор шуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ҶТ) ҷаноби Талбак Назаров, вазири корҳои хориҷии ҶТ ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷикро (ИНОТ) ҷаноби А. Тӯраҷонзода, муовини аввали Роҳбари ИНОТ сарварӣ карданд. Миёнҷигиро дар музокирот ҷаноби Г.Д. Меррем, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон иҷро кард.

Намояндагони Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси исломӣ (СКИ) дар музокирот ба ҳайси нозир иштирок карданд.

Дар давоми ду марҳилаи даври хотимавии музокирот дар Теҳрон пешрафти назаррасе ҳосил шуд: дар заминаи аксарияти нукоти Протоколи сиёсӣ, ки дар ҷараёни вохӯрии Президенти ҶТ Э. Раҳмонов ва Раҳбари ИНОТ А. Нурӣ 18 маи соли ҷорӣ дар Бишкек ба имзо расид, мувофиқа ҳосил шуд, ҳамчунин Протоколи кафолати татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шуд ва ба имзо расид.

Протоколи кафолат мувофиқаи муҳими кишварҳои нозир дар музокироти тоҷиконро ба ҳайси кафили сиёсӣ ва маънавии иҷрои яклухт ва содиқонаи Созишномаи умумӣ дар бар мегирад. Ба ҳамин мақсад тарафҳои тоҷикон хостори он шуданд, ки дар Душанбе гузаронидани мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷӣ матлуб аст ва мувофиқа ҳосил карданд, ки дар Протокол ақидаи дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтани Гурӯҳи робита, ки он аз сафирони соҳиби устуворномаи кишварҳои нозир ё наояндагони махсси таъйиншудаи онҳо, ҳамчунин Намояндаи ахсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ва намояндаи СКИ иборат хоҳад буд, афзуда шавад.

Дар Протоколи кафолат нақши муҳими СММ ва САҲА, ки дар раванди татбиқи Созишномаи умумӣ хоҳанд бозид, пешбинӣ шудааст ва ин кафолати ҷиддии иҷрои пурраи он маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ба ин ҳайатҳои Ҳукумати ҶТ ва ИНОТ дар Протокол мавқеи сиёсии худро ба таври возеҳ ифода намудаанд бо шомил сохтани ин нукта, ки кафолати асоситарини иҷрои Созишномаи умумӣ нияти ва садоқати тарафайн барои дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат мебошад.

Ҳайати ИНОТ бо дарназардошти анҷоми бомуваффақияти Музокироти байни тоҷикон оид ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷараёни марҳилаи дуюми даври гуфтушуниди Теҳрон масъалаи сарнавишти ояндаи Қувваҳои муттаҳидаи ҳофизи сулҳи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ҚМҲСИДМ) дар Тоҷикистон, нақш ва вазифаҳои онҳоро ба миён гузошт. Дар иртибот бо ин ҳайати Ҳукуати ҶТ изҳор намуд, ки дар баррасии масъалае, ки ҳайати ИНОТ матраҳ намуд, аз чорчӯби Музокироти байни тоҷикон берун аст.

Ба муносибати анҷоми бомуваффақияти раванди Музокироти байни тоҷикон ҳайатҳои Ҳукумати ҶТ, ИНОТ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ бо шукри беҳад ва миннатдории самимӣ зикр менамоянд, ки дар пойтахти меҳмоннавози Эрон аз моҳи июни соли 1994 сар карда, чор даври Музокироти байни тоҷикон, ду даври пурраи машварати ҳайатҳо бо иштироки Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ барпо шуданд.

Ҳамчунин аҳамияти ду вохӯрии Президенти ҶТ Э. Раҳмонов ва Роҳбари ИНОТ А. Нурӣ, ки моҳи июли соли 1995 дар Теҳрон ва феврали соли 1997 дар Машҳад доир шуданд, дар раванди сулҳ бебаҳост. 17 сентябри соли 1994 вақте ки тарафайн Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишварро дар Теҳрон имзо карданд, кӯшиши назаррас ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида омад.

Протокол оид ба масъалаҳои муҳоҷирин, ки 13 январ дар Теҳрон ба имзо расид, низ марҳилаи муҳиме мебошад. Бо ин ки имрӯз Протоколи кафолат имзо шуд, раванди Музокироти байни тоҷикон ба анҷом расид. Ба ҳамин муносибат ҳайатҳои Ҳукумати ҶТ, ИНОТ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон ба Ҳукумат ва мардуми Ҷуҳурии исломии Эрон барои меҳмоннавозии доимӣ, кӯмак ва дастгирӣ дар ҷараёни тӯлонӣ ва душвори ҷустуҷӯи роҳи сулҳи Тоҷикистон аз самими қалб миннатдорӣ изҳор мекунанд. Сипосгузории самимӣ ба Ҷумҳурии исломии Эронро тамоми халқи Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

Ҳайати Ҳукумати ҶТ ва ИНОТ ба намояндагони кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Музокироти байни тоҷикон нозир буданд, барои дастгириашон дар ҷараёни ин даври музокирот ва ризогиашон барои ба ҳайси кафилони сиёсӣ ва маънавӣ дар иҷрои Созишномаи умумӣ саҳм гирифтан изҳори эҳтиром менамоянд.

Ҳайатҳои Ҳукумати ҶТ ва ИНОТ ба ҷаноби Г. Меррем, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ барои кӯшишҳои зиёд ва пайвастааш, ки боиси анҷоми бомуваффақияти музокирот гардиданд, миннатдории самимӣ изҳор мекунанд.

Т. Назаров, сардори ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

А. Тӯраҷонзода, сардори ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик

Г.Д. Меррем, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ

28 маи соли 1997, шаҳри Теҳрон

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 48

ЧӢ ТАВР «САДОИ МУҶОҲИД» ҚОСИДИ СУЛҲ ШУД?



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi