20:50:10 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Солгарде, ки ҳамагон интизораш ҳастанд

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Боз соле аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ сипарӣ мешавад. Солгарде, ки бо фараҳ аз он ёд мешавад, боз ҷаласоти ботантана дар ин рӯз, ёдҳои талху ширини гузашта, муруре ба як замон, ба таърихи нангини кишвар. Таърихе, ки ҳоло ҳам омӯхта нашудааст, ҳоло ҳам интизори ҳарфи ниҳоии муаррихони воқеъбин аст. Вале ҳар касе ҳам мақола ё пажуҳише анҷом медиҳад, ҳатман бар он нукта таъкид мекунад, ки ҳоло наметавон ҳама чиро гуфт, ҳоло ҳам таърихи воқеъиро наметавон навишт.

ustod-nuri boris 2222

Ҳатто имрӯз ҳам, ҳатто ҳоло ҳам. Чун замонаш нарасида, чун шоҳидони даъвогар ҳамоно зиндаанд ва агар ҳарфи росте ҳам навишта шавад, хавфи ранҷиши афрод вуҷуд дорад. Пас хуб аст ҳоло мунтазир бошанд. Вале яқинан он замон фаро мерасад ва таърих баҳои худро мегузорад, ки кӣ чӣ буду кӣ чӣ кард. Он замон ин ҳама барномаҳои садҳосоатаи шабакаҳои мухталифи телевизиони кишвар ҳам ба хазинаи таърих супурда мешаванд.

Аммо ҳоло ҳарфи сулҳ бояд дар миён бошад, то ҷомеаро бори дигар парешонӣ, сардаргумӣ фаро нагирад. Ҳоло аз он рӯз ёд кунем ва гӯем, ки ин миллат, ки ҷанг кард, боз сулҳ ҳам тавонист кунад. Пас ин миллат намиранда аст, чун роҳи наҷоташро биҷуст ва ёфт: СУЛҲ!

Дастони ларзону тани нимбемори Елсин шоҳиди ин сулҳ буд

Мо ин сулҳро осон ба даст наёваредем, барои ин ҳудудан 5 сол талош кардем, вале ба ин натиҷа расидем. Ҳастанд миллатҳое, ки 30 солу 40 сол ва ҳатто беш аз он бо ҳам дар набарданд ва тӯли ин муддат роҳи наҷоти худро намеёбанд. Вале мо ёфтем, аммо ба мушкил. Ба ивази хуни садҳову ҳазорҳо тан, ки ҳоло ҳам омори дақиқашро намедонем, ба ивази хонабардуши садҳо ҳазор, ки ҳоло ҳам дақиқ нест онҳо чанд нафаранд, ба ивази муҳоҷирати беш аз миллион нафар сокинони пиру ҷавони мамлакат.

Ва ба ин дигарон ҳам кӯмак карданд, кишварҳои ҳамсоя, дӯстони наздику дури Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ. Инҳо ба дигарон ҳам кӯмак мекунанд, машварат медиҳанд, вале мо муваффақтар шудем, чун мо ба ин машварату маслиҳатҳо гӯши ҷон фаро додем, дар он ояндаи неки худро дидем, дар он суботи кишварро ёфтем.

Ёдам аз давраҳои гуфтушунид меояд. Рӯзу шабҳои талош барои ояндаи миллату меҳан. Гоҳ дар Ишқободу гоҳи дигар дар Алмаато, гоҳ дар Теҳрону гоҳ дар Исломобод. Ва шояд ҳамсоякишваре намонда буд, ки дархости мизбонии даври гуфтушунид миёни тоҷиконро накарда бошад. Ва мерафтанд ҳайатҳо, то роҳи ҳалли мушкилро пайдо кунанд.

Нахустин нишастҳо дар Маскав доир шуданд ва охирин мулоқот низ дар пойтахти давлати Русия баргузор шуд. Аввалин ҳарф аз хоҳиши оштии ҷонибҳо дар Русия садо дод ва охирин сухан ҳам дар ин боб дар Кохи Кремл гуфта шуд. Ва ин ҷониб шоҳиди бевоситаи имзои санади сулҳ буд. Борис Елсин бо дастони ларзон ва ҷисми нимбемор дасти ду ҷонибро сӯи оштӣ дароз кард ва худ дар миёна чун кафили иҷрои ин муоҳада устувор бимонд. Ва дар хотима, вақте созишнома ба имзо расид, суол кард, ки ӯ боз чӣ кор кунад. Ва посух шунид, ки иҷрои муоҳадаро чун кафил пайгирӣ кунад.

Дасти бародарии Теҳрон

Теҳрон мизбони чандин ҳамоиши сулҳи тоҷикон буд. Баъди Маскав маҳз Теҳрон буд, шадидан талош дошт, то дар кишвари Тоҷикистон, ин мардуми ҳамзабону ҳамдин ва ҳамдилу ҳамнаво ва ҳамқисмат сулҳи фарогир ҳоким гардад. Ҷонибҳо соатҳои зиёдеро дар нишастҳои теҳронӣ сипарӣ карданд, то роҳи ҳалли муносиберо барои суботи кишвар пайдо кунанд. Дар Теҳрон гиреҳҳои зиёде во шуданд, роҳҳоро ба тавофуқоти оянда ҳамвор карданд.

Вале роҳи расидан ба сулҳи пойдор ҳамоно дурудароз буд. Аммо хастагии рӯҳии ду ҷонибро боз ҳам дипломатҳои эронӣ рафъ мекарданд, онҳо таҷрибаи бойи гуфтушунидҳо доштанд, онҳо роҳи ҷангро беш аз дигарон тай кардаанд. Онҳо таҷовузи бегонагонро бо матонат шикастаанд ва онҳо хуб медонанд, ки вайронии мулк чӣ маъно дорад. Аз ин рӯ кучактарин комёбиро дар назари ҷиноҳҳо дастоварди бузург ҷилва медоданд, то илҳомашон ояд, то ба музокароташон идома диҳанд, то ба мушкили кишварашон беш аз ҳар вақти дигар фурӯ раванд.

Эрон наметавонист ба сарнавишти тоҷик бетаваҷҷӯҳ бошад, наметавонист ягона кишвари порсигӯи минтақаро дар иҳотаи бегонагон тани танҳо гузорад. Ва ин кишвар баъди имзои Созишномаи сулҳ ҳам ба ҳамон созандагии худ идома дод, то ин сулҳ пойдору ҳамешагӣ бошад. Беҳтарин ва калонтарин тарҳҳои энержиро маблағгузорӣ намуд, нақби Истиқлолро бунёд кард ва ҳоло ҳам мекӯшад дар рушди иқтисодии кишвари тоҷикон нақши бештар ва ҳузури ҳамешагӣ дошта бошад.

Оқоев ҳам даъват карду Назарбоев ҳам

Лаҳазоти фаромӯшношуданӣ дар фазои гуфтушунидҳои сулҳ басо зиёд буданд, ки имконе нест ҳамаи онҳоро рӯи коғаз орем. Вале метавон иддаеро ном бурд. Дар ҳар кишвар, ки муколамаи сулҳ доир мешуд, сарваронаш мутаваҷҷеҳи он мешуданд ва ҳайати гуфтушунидро гоҳ бо ҳам ва гоҳи дигар ба танҳоӣ ба мулоқот мехонданд. Ҳарфи ягона ҳамон ишора ба ваҳдат дошт.

Мо дидем, ки миёни ҳарфи Нурсултон Назарбоев ва Сафармурод Ниёзов, ки кишвари ҳарду ҳам мизбонии давраҳои мухталифи гуфтушунидҳоро ба ӯҳда доштанд, якест. Ин ду сарвар дар мулоқот бо ҷонибҳо талош мекарданд мавқеъҳоро ба ҳам наздик оранд, ваъдаҳои кӯмак барои рушди саноат ва иқтисоди кишвар мекарданд, мекӯшиданд дилҳои ҳайатҳо ба ҳам нарм шавад, то зудтар забон ёбанд.

Аз дурии дур Аскар Оқоев, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайати музокиракунандаи мухолифони давлат бо сарварии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро даъват намуд. Ҳадаф шиносоӣ аз наздик бо роҳбарони мухолифони давлати Тоҷикистон буд, вале ният надошт тухми ҷудоӣ ва парокандагӣ бикорад. Мехост аз забонашон мушкили музокаротро бишнавад ва агар имкон дорад, кӯмак расонад. Мулоқот бо сарвари давлати Қирғизистон, ки ҳамеша тӯли панҷ соли даргириҳо дар кишвар дар паҳлуи миллати тоҷик қарор дошт, хеле самимӣ буд, вай ҷузъиёти бештареро дарк кард, гумон кардем дарди миллати моро бештар аз вақти дигар дарк намуд.

Нақше, ки наметавон фаромӯш кард

Дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон СММ нақши муҳим дошт, чун ҳамаи гуфтушунидҳо маҳз зери парчами ҳамин созмони обрӯманди байналмилалӣ сурат мегирифт. Соли 2007 дар солгради даҳуми барқарории сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон Дабири Кулли СММ Пан Ги Мун паёме ба миллати тоҷик ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: "СММ дар барқарории сулҳу оштӣ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим ифо кард. Ва имрӯз Тоҷикистон беҳтарин намунаи амали муваффақиятноки СММ аст, ки якҷо бо мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои мабалағгузор ба даст омад".

Дар ҳақиқат сулҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир камназир буд. Бо вуҷуди он ки ҳоло ҳам аз амалӣ нашудани бандҳои ҷудогонаи Созишномаи сулҳ ҳарф зада мешавад, вале дар маҷмӯъ онро метавон намунаи беҳтарини ба ҳам овардани ҷонибҳои ба ҳам даргир ва барқарории субот дар кишвар донист. Баъди Тоҷикистон ҳама кӯшишҳои СММ дар дигар нукоти даргир ба ҷое нарасиданд. Пас мо шояд ҳақ ҳам дошта бошем, ки инро натиҷаи тафаккури сулҳофаринии миллати худ донем.

Миллате, ки аз бунёд то ба ин дам ба сари халқеву қабилае лашкар накашид ва ҳамеша кӯшид дар амонӣ ва осудагӣ бизияд. Ҳарчанд аз ин хислати орому тамкини хос бисёр чизҳоро аз даст дод, ҳатто қаламрави аҷдодии худро натавонист ҳифз кунад. Вале боз ҳам хомӯш гардидани оташи низоъ ин худ бузургтарин дастоварде буд, ки имрӯз шояд дар дигар нукоти даргир, бахусус ҳамсояи мо Афғонистон орзу кунанд. Ғояҳои сулҳофаринии Аҳмадшоҳи Масъуду Бурҳониддин Раббониро тоҷикони Тоҷикистон амалӣ сохтанд, вале ин тарҳ дар умқи синаи он ду абармарди таърихи миллат чун садҳо тарҳи инсонсозу ҷомеасози амалиношудаашон боқӣ монд.

Аммо дар ин ғайр аз намояндаи вижаи Дабири кулли СММ боз ба сифати нозир намояндагони САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия. Туркманистон ва Узбакистон ширкат мекарданд.

Наметавон аз нақши созандаи Комиссияи оштии миллӣ, ки аз ҷониби сарвари мухолифони вақт марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сарварӣ мешуд, дар истиқрори сулҳи пойдор нодида гирифт. Ва метавон гуфт ин сулҳ натиҷаи гузаштҳои пайвастаи ҷонибҳо буд. Замоне, ки Комиссия фаъолият мекард, борҳо ихтишошҳои гуногун сулҳро ба хатар мувоҷеҳ карданд. вале ҳар бор тадбирҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сабаб мешуданд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи хашин сукут ихтиёр мекарданд ва худро пойбанди ҳамин раванди бебозгашт эълон менамуданд.

Дар ҳолатҳое зарур омад гаштаву баргашта Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳам дидор кунанд, то нукоти мавриди баҳс оҷилу бе ҳангома роҳи ҳалл пайдо кунад. Аз замони имзои созишномаи истиқрори сулҳ то ба анҷоми Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ борҳо шуда буд, ки гурӯҳе ё афроде таҳдид ба хатари вайрон шудани муоҳадаи сулҳ кунанд. Дар ин миён нерӯҳои мусаллаҳи оппозитсион дар амалиётҳои хусо кардани ҳамлаи Маҳмуд Худойбердӣ дар шимоли кишвар ширкат карданд ва ин худ намунаи боризи он нукта буд, ки ин миллат якест ва мухолифату саркашии гурӯҳҳо наметавонад аз ин ягонагӣ берун бошад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi