00:41:04 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мастура Ашӯрова: «Илоҳо, дигар ҷанг нашавад!»

Мусоҳиб Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Латофат Кенҷаева, сармуҳаррири маҷаллаи маъруфи Тоҷикистон "Истиқбол" дар як тамоси телефонӣ ба камина гуфтанд, ки "Шуморо Мастура-апа Ашӯрова, як зани машҳури кишвар, ки дар бораашон дар як мақолаатон навиштаед, ҷустуҷӯ доранд ва мехоҳанд рӯ ба рӯ бо шумо суҳбате дошта бошанд".

1.mastura ashurova 2013Рости гап, агарчи ин номро қаблан шунида бошам ҳам, вале дар ёдам ҳеҷ намезад, ки ман дар бораи ин шахс дар гузашта чизе навишта бошам. Ба муаллима Латофатбону гуфтам: "Мабодо ку он кас иштибоҳ намекунанд? Ё маро бо каси дигаре монанд карда бошанд?". «Не, не, ба фикрам, он кас маҳз шуморо мекобанд. Мақолаи "Сулҳ ҳадяи Худо буд"-ро шумо навиштаед?",- пурсиданд муаллима. Гуфтам: "Бале!". Гуфтанд: "Пас Шуморо мекобанд. Онҳо феълан дар Душанбе ҳастанд. Дар меҳмонии писарашон. Хоҳед, ман адресашонро медиҳам…".

…Баробари дидан он касро шинохтам. Бале, ин ҳамон модаре ҳаст, ки 16 сол қалб, моҳи марти соли 1997, ӯро дар Тавилдара вохӯрда будам. Ӯ дар раъси як гурӯҳе, ки расман Кумитаи падару модарони сарбозони асир аз вилояти Суғд ном дошт, ба Тавилдара барои озод кардани фарзандони дар  асорати нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин буда омада буд. Он кас ҳам баробари маро дидан гуфтанд:

-Ваҳ, Худоҷон, Шумо ҳам чи қадар пир шудед! Муйи сару ришатон чи қадар сафед шудаст! О, як ҷавони нозанин будед-ку?...

Бале, ин як бозёфти журналистӣ ҳаст. Охир он чизеро, ки ман мехостам аз ин модари азиз ва дигар модароне, ки ба Тавилдара омада буданд қариб 20 сол пеш бифаҳмам ва онҳо он вақт аз гуфтанаш худдорӣ мекарданд, акнуни имконият фароҳам омад, ки бипурсаму посух бигирам. Шукронаат, ай Худованди бузург! Сипосгузорам аз апаи Латофат…

Диктофонро ба кор дароварда болои миз мегузораму аз холаи Мастура хоҳиш мекунам, ки нахуст дар бораи худашони маълумот бидиҳанд.

-Падару модари ман деҳқони одӣ буданд. Ҳашт нафар фарзанд доштанд. Ҳафт духтару як писар. Ҳоло ду нафар мондем. Мани 85 солаву апаам, ки 93 сол доранд. Он кас беш аз 20 сол раиси савдои шаҳр шуда кор карданд. Ҳоло нафақахӯр. Ягона акоям соли 1939 довталабона ба ҷанги зидди Финландия рафта соли 1943 дар ҷанги зидди Олмони фашистӣ беному нишон шуда рафтанд. Падари бузургворам аз ғами ин писари ягонаашон бемор шуда аз олам гузаштанд. Худо раҳмат кунад модарамро, баъди вафоти падарам ба ман гуфтанд, ки акнун марди хона ту мешавӣ.

Ту бояд ки аввал хату хабари бародари дар ҷанг гумномшудаатро пайдо карда қабрашро ёфта як каф хоки онро гирифта дар қабристони мусалмонӣ оварда монӣ. Ман соли 1955 факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷандро, ки он вақтҳо ба номи Киров буд, хатм карда чанд сол муаллими мактаби миёна будам. Баъд маро гирифта котиби комитети комсомолии район монданд. Баъд аз он мудири шуъбаи кор бо занҳои комитети районии партия шуда кор кардам.

Се ё чор сол муовини раиси комиҷроияи шаҳри Ӯротеппа будам. Соли 1968 маро барои таҳсил ба мактаби олии партиявии шаҳри Маскав фиристоданд. Баъди хатми ин мактаби олӣ маро котиби кумитаи партиявии ноҳияи Ғончӣ таъин карданд. Сипас маро раиси кумитаи иҷроияи  ҳамин ноҳия монданд. То соли 1975 дар ҳамин вазифа кор кардам. Баъдан тақрибан 10 сол мудири шуъбаи маорифи ноҳия будам. Аз августи соли 1985 ман дар нафақаи меҳнатӣ мебошам.

Аз соли 1963 то соли 2003 ман чандин даъват депутати халқии ноҳиявиву вилоятӣ интихоб шудам. Дувоздаҳто ордену медали ҳукуматӣ дорам. Аълочии маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордени "Шараф" дараҷаи якум. Се писар дорам. Ҳар сеяшон маълумоти олӣ доранд. Писари калониам рассом. Писари дуввумам актёри театр. Феълан дар театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд кор мекунад.

Мирзоқулихон бошад Институти тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанберо хатм карда чанд муддат муаллими тарбияи ҷисмонӣ шуда кор кард. Сипас ӯро ба кор ба Кумитаи амният даъват карданд. Келинҳоям ҳам соҳиб маълумот. Калониву хурдӣ маълумоти олии тиббӣ доранд. Келини миёна муаллимаи забони русӣ мебошанд. Набераҳо низ соҳибмаълумотанд.

-Холаи Мастура, Шумо баъди он ки ба камол расидед, хондед, дар вазифаҳои масъул кор кардед, хоҳиши модаратонро дар бораи пайдо кардани хату хабар ва қабри бародари гумноматон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оё иҷро кардед?

-Ќариб ки тамоми хоки шӯравиро ба нияти пайдо кардани хату хабари бародари гумномам гаштам. Ҳатто Германия рафтам. Германияи демократӣ. Наёфтам. Омада назди модарамба гирякунон  гуфтам: "Модарҷон, ман Шумоба писар шуда натавонистам, ман қабри бародарамро пайдо карда натавонистам. Маро мебахшед". Ман се писар дорам. Духтар надорам.Ҳамин Мирзоқулӣ писари хурдиам мебошад. Номашро номи ҳамон бародари дар ҷанги Германияи фашистӣ гумшудаамро гузоштам. Вақте, ки дар ин ҷанги бардаркушии худамон хабари ба асорати неруҳои мусаллаҳи мухолифин афтодани писарам Мирзоқулихонро шунидам, шаб пеши Худои таъоло даст ба дуо бурдаму гуфтам:

-Эй Худои ҳаждаҳҳазори олам, ман номи писарамро на аз он номи бародарамро гузоштам, ки тақдирашро низ ба мисли тақдири бародарам яксон кунӣ ва то субҳ пеши даргоҳи Парвардигор гиря кардам.

-Холаи Мастура, оё пеши роҳи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтан мумкин буд? Масалан, барои роҳ надодан ба ҷанги шаҳрвандӣ шахсан Шумо ҳамчун модар, як зане, ки чандин сол дар вазифаҳои масъули ҳукуматӣ кор мекардед, чӣ кор кардед?

-Баъди он ки дар тирамоҳи соли 1991 ҳайкали Ленинро афтонда шикастанд ва мардум майдоннишинӣ кард, маро котиби райкоми Ҳизби коммунисти ноҳияамон ба назди худашон ҷеғзада гуфтанд, ки бояд ба назди котиби аввали Кумитаи Ҳизби Коммунисти вилоят Рифъат Ҳоҷиевич Ҳоҷиев равам. Ман ҳам бо супориши котиби аввали ҲК ноҳия ба назди котиби обком омадам.

2.mastura ashurova 2013Рифъат Ҳоҷиевич маро нағз пешвоз гирифта гуфтанд, ки вазъияти ҷумҳурӣ нотинҷу ман ҳамчун вакили халқи вилояти Ленинобод, ҳоло Суғд, бояд ба Душанбе рафта дар сессияи Шӯрои Олӣ иштирок кунам.Барои ман асноди сафари хидматӣ низ омода карда шуда буд. Ба ман гуфтанд, ки ҳамроҳам як каси дигарро низ бояд бигирам. Ман аз деҳаи дурдасти Ростровут Қосим Қаландаров гуфтани шахсро, ки котиби ташкилоти партиявии совхози ба номи Максим Горкий буд, гирифта ба Душанбе омадам. Ин моҳи сентябри соли 1991 буд.

Ман аз рӯзи баргузории сессияи 8-уми Шӯрои Олӣ то сессияи 14-ум дар Душанбе будам ва дар тамоми ҷаласаҳои ин сессияҳо ширкат кардам. Гоҳ -гоҳ ба ноҳия рафта аз ҳолу аҳволи хонавода хабар гирифта меистодам. Хулоса, як бор дар долони бинои Шӯрои Олӣ тасодуфан Раҳмон Набиевичро дида мондам. Он кас маро аз даврони дар комсомол кор карданам мешинохтанд. Баъди аҳволпурсӣ аз ман хоҳиш карданд, ки ба майдони "Озодӣ" рафта аз аҳволи шоира Гулрухсор, ки дар он ҷо дар хаймае гуруснанишинӣ мекард, хабар бигирам.

Агар имкон шавад хоҳиш кунам, ки гуруснанишинро бас намояду ба кори муқаррарии хеш баргардад. Ман рафтам. Гулрухсор ҳамон вақт ба ғайр аз депутати Халқии СССР буданаш боз раиси як ниҳоди фарҳангии ҷумҳурӣ буд, ки дар ноҳияҳо намояндагии худро дошт ва ман намояндаи ӯ дар ноҳияи Ғончӣ будам. Маро нағз қабул кард. Вале баъди он ки аз мақсади ман огоҳ шуд, аз ман хоҳиш кард, ки ӯро танҳо гузорам.

Баъдан мардум ба ду майдон тақсим шуд. Дар майдони "Шаҳидон" тарафдорони собиқ мухолифини ҳукумат ҷамъ шуданд ва дар майдони "Озодӣ", ки дар назди Парламент буд, ҷонибдорони ҳукумати қонунӣ. Ман аз Ғончӣ бо ҳамроҳии 22 нафар хеста ба майдони "Озодӣ" омадам ба тарафдории онҳое, ки барои ҳимояти ҳукумати конститутсионӣ омада буданд. Ҳамон вақт дар майдони "Озодӣ" барандаи митинг марҳум Рустами Абдураҳим буд.

Бисёр гап мезад. Ба одамҳо сухан медод. Ҳамроҳи ман Эргаш Муслимов гуфтанӣ як муаллим аз деҳаи Даҳкар омада буд. Ман ба Рустами Абдураҳим гуфтам, ки азбаски бисёр гап мезанед, монда мешавед. Ҳамин Эргашро ҷонишини худ гиред, ба шумо кӯмак кунад. Ҳамин тариқ то 7-уми май, то оғози ҷанги шаҳрвандӣ мо дар ҳамон майдони "Озодӣ" ҳукумати қонуниро ҳимоя мекунем гуфта нишастем.

Ёдамба ҳаст, ки гуфтанд дар майдони "Шаҳидон" мардум мусаллаҳ шудаанд. Кадом як Шарифов фармондеҳи низомӣ аслиҳаи хешро дар ихтиёри митингчиёни майдони "Шаҳидон" гузошта будааст. Яке аз роҳбарони майдони "Озодӣ" раҳматӣ Сангак Сафаров назди Раҳмон Набиев, ки аввалин Президенти бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон буд, даромада талаб кард, ки ба майдони "Озодӣ" низ силоҳ диҳанд.

Раҳмон Набиев гуфтанд, ки "не ман силоҳ намедиҳам. Хунрезӣ мешавад. Бигузор онҳо силоҳ диҳанд, вале мо силоҳ намедиҳем. Вале тақдирро бинед, ки дар ин ҷо ҳам баъдан ба мардум силоҳ доданд ва ҷанги бародаркуш оғоз гардид. Шукри Худо ки ман тавонистам ҳамон 22 нафарро сиҳату саломат гирифта боз ба Ғончӣ барам.

-Шумо баъдан дар вилояти Суғд як Кумитаи падару модарони сарбозони дар дасти нерӯҳои мсуллаҳи мухолифин асирро ташкил кардед. Мешавад, ки дар бораи таъсиси ҳамин Кумита муфассалтар бигӯед?

-Моҳи октябри соли 1996 буд. Телефони хонаам занг зад. Гӯширо бардорам модари Баҳром Самадов ном як корманди амният, ки дар раёсати вилоятии Суғд кор мекард, гап мезанад. Ӯ гуфт, ки фарзандони мо дар ҷанг  ба дасти муҷоҳидон асир шудаанд. Оё мо модарон дигар ҳамин хел меистем. Биёед рафта маслиҳат карда як илоҷи корро ёбем.

Рӯзи дигараш як гуруҳ занҳое, ки фарзандонашон дар ҷанг ба асорат афтода буданд, дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд ҷамъ шуданд. Дар байни ин занҳо Саидмурод Мӯминов гуфтанӣ як мард ҳам буд. Бо пешниҳоди Саидмурод мо, занҳо ба хонаи яке аз шиносҳои ӯ рафта дар ҳамон ҷо маслиҳат кардем. Ҳоло ҳукумати вилоят аз ин иқдоми занҳо хабар надошт. Барои ҳамин ҳам ман пешниҳод кардам, ки ҳукуматро аз ин ниятамон хабардор кардан даркор.

Хулоса, ман бо розигии занҳо ва Саидмурод ба назди Қосим Қосимов, ки раҳбари вилоят буданд, рафтам ва ба он кас гуфтам, ки мо азм кардаем ба Тавилдара рафта фарзандони худро, ки дар асорат ҳастанд, гирифта биёрем. Он кас гуфтанд, ки ҳоло дар он ҷо ҷанг рафта истодааст. Саросемагӣ кардан даркор нест. Агар шумо ба он ҷо рафта, Худо накарда, бо шумо воқеае рух диҳад, ба мо низ гап мерасад.

3.mastura ashurova 2013Ба ҳамин хотир мо дар назди Комиссариати ҳарбии вилоят Кумитаи падару модарони аскаронро ташкил мекунем ва шумо аз номи ҳамин Кумита як гуруҳ шуда ба Тавилдара меравед. Раиси Кумита Мӯминов Саидмурод мешавад. Шумо ҷонишинаш мешавед. Шумо  расман ҷонишин бошед ҳам, вале дар асл сухани шумо бояд ҳалкунанда бошад. Ҳамин тариқ Кумитаи падару модарони аскарон вилояти Суғд ташкил ёфт ва ба он асосан падару модароне, ки фарзандонашон дар ин ҷанг ба дасти муҷоҳиддин асир шуда буданд, онҳо шомил шуданд. Инҳо Олимова, Алиева, Самадова ва боз як нафари дигар буданд. Чор аъзо доштем.

-Сафари нахустини Кумитаи падару модарон ба манотиқи даргири куҳистонӣ кай сурат гирифт?

-Қосим Қосимов гуфтанд, ки вазъи мардуми он ҷо хеле вазнин аст. Тибқи хабарҳо мардуми он манотиқе, ки ҷанг рафта истодааст, аз ҳар ҷиҳат душворӣ кашида истодаанд. Бинобар ин шумо ба он ҷо бояд кӯмакҳои башардӯстона гирифта баред. Ман ба ҳукумати ноҳияҳо занг мезанам ва амр мекунам, ки ҳамин гуна кӯмакҳоро омода созанд ва шумо баъдан гирифта меравед. Хулоса, Қосим Қосимов ҳамаи ин корҳоро карданд. Миёнаҳои моҳи декабри соли 1996 буд. Мо дар 10 мошин кӯмаки башардӯстона гирифта ҳамроҳи боз 15-20 нафар падару модари сарбозони асир аз роҳи Ӯш ба тарафи минтақаи Қаротегин раҳсипор шудем.

То сарҳади Қирғизистон  моро Илҳомҷон Обидов ном корманди КГБ ҳамроҳӣ кард. Он кас дар сарҳади Қирғизистон монданд ва мо роҳамонро давом додем. Дар ин ҷо мехоҳам як чизи дигарро низ ҳатман бигӯям. Ҳар боре, ки мо ба Ӯш меомадем дар он ҷо як тоҷике буд бо номи Алишер, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон кор мекард. Ӯ ҳамеша ба мо, падарону модарони сарбозони асири вилояти Суғд дасти кӯмак дароз мекард. Бо ҷои хоб таъмин мекард, хӯрок медод, ба мошинҳоямон сӯзишворӣ медод. Умуман як одами савобҷӯ буд, ки Худо хайрашро ба даргоҳаш қабул кунад.

Аз Ҷиргатол гузашта ба ноҳияи Тоҷикобод омадем.Дар ноҳияи Тоҷикобод моро яке аз фармондеҳони мухолифин бо номи Маҳмадрӯзӣ Искандаров пешвоз гирифт. Он кас мақсади сафари моро фаҳмида бо Мирзо Зиёев, фармондеҳи нерӯҳои низомии мухолифин тавассути ратсия дар алоқа шуд. Мирзо Зиёев ба он кас гуфт, ки ҳоло дар Лаби Ҷар ҷанг рафта истодааст. Падару модарон ба Тавилдара омада наметавонанд. Бигузор ҳоло дар назди шумо бошанд. Ҳамон вақт мо фаҳмидем, ки дар назди муҷоҳиддини ноҳияи Тоҷикобод 17 рӯз боз 90 нафар аскар ва корманди мақомоти қудратии кишвар дар асоратанд.

Маҳмадрӯзи Искандаров онҳоро ба мо нишон дод. Дар байнашон ду нафар аз Ғончӣ буд. Шарифов аз КГБ ва Муродов аз МВД. Маро шинохтанд. Рости гап аҳволашон чандон хуб набуд. Маълум ки аз либос ҳам танқисӣ мекашиданд ва аз хӯрок ҳам. Мо, занҳоро Маҳмадрӯзӣ дар хонаи Давлатбӣ ном зани меҳмоннавозе ҷо кард. Мардҳоро дар масҷид ҷо карданд. Мардуми он ҷо моро хеле ҳурмату эҳтиром карданд. Хеле хуб меҳмондорӣ карданд, иззату икром карданд. Ман бо ҳамроҳии Маҳмадрӯзӣ ба дараи Ҳоит рафтам. Дар он ҷо низ чанд нафар сарбози асир аз Ғончӣ  будааст.

Онҳо дар хонаҳои мардум зиндагонӣ мекарданд. Онҳоро дида ҳамроҳашон сӯҳбат кардам аз аҳволашон пурсидам. Аз аҳволи хонаводаашон ба онҳо хабар додам. Хурсанд шуданд. Онҳоро умедвор кардам, ки Худо хоҳад ба наздикӣ  озод мешаванд. Фаҳмидам, ки дар Ҳоит мазори муаллимаҳое, ки Махсуми Фузайл онҳоро ба қатл расондааст, воқеъ аст. Бо ҳамроҳии директории мактаб ба он мазор рафта аз оромгоҳи ин муаллимаҳо зиёрат карда дар ҳаққашон дуо кардам. Баъдан  ба аёдати чанд нафар асири дигар, ки дар бемористони ноҳиявӣ табобат мегирифтанд, рафтам.

Дар он ҷо ҳам чанд нафар сарбозони асире, ки захмӣ шуда буданд, табобат мегирифтанд. Як нафар Нусратуллоев гуфтанӣ шахс аз Панҷакент, ки аз чашмаш захмӣ шуда буд, дар он ҷо табобат мегирифт. Аҳволпурсӣ ва дилбардорӣ кардам. Мо бо худ каме доруворӣ низ бурда будем. Онҳоро ба беморхона додем. Хулоса, мо қариб як ҳафта он ҷо будем. Тамоми кӯмакҳои башардӯстонаро ба Маҳмадрӯзӣ Искандаров дода аз 90 нафар асир мо 45 нафарашонро, ки ҳамаашон аз вилояти Суғд ва асосан коргарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарон буданд, гирифта ба Суғд баргаштем.

-Баъди бозгашт ба вилоят нисбати асирон ягон фишору тазъиқ аз ҷониби ҳукуматдорон набуд?

-Не, не. Асло фишор набуд. Сарбозони асирро дар Суғд идора ба идора бурда боз дар ҷойҳои кори пештараашон барқарор кардем. Қосим Қосимов гуфтанд, ки ҳар кас бояд дар ҷои худ кор кунад. Касе бо ихтиёри худ асир нашуда буд. Ин ҷанг буд. Бо асирон башардӯстона бояд муомила кард.

-Бори дигар Шумо кай ба Тавилдара рафтед?

jumaboy-namangoni 2013

- Маротибаи дуввум мо ба Ғарму Тавилдара моҳи феврали соли 1997 рафтем. Боз ҳам  қариб дар 10 мошин кӯмаки башардӯстона гирифта бо ҳамроҳии падару модарони зиёде барои гирифта бурдани асирон рафтем. Ин дафъа баъди каме таваққуф дар Ғарм аввалҳои моҳи март ба Тавилдара омадем. Мирзо Зиёев моро хеле хуб пешвоз гирифт. Занҳоро дар хонаи Ҷумъбои Намангонӣҷой кард. Дар борааш гапҳои пасту баланди зиёд бисёр мезананд. Вале бояд бигӯям, Ҷумъабой ҳамроҳи занаш, ки як духтари тоҷики маҳаллӣ буд, моро хеле нағз меҳмондорӣ карданд. Мардҳоро бошад Мирзо Зиёев дар хонаи худ ва хешу табораш ҷойгир кард.

Онҳо низ моро  хеле зиёд иззату икром карданд. Мирзо Зиёев ману раҳматии Саидмуроду муаллим Мансуров ва боз се зани дигар-Алиева, Олимова ва Самадоваро гирифта ба хонаи худ, ба Миёнадеҳ бурд. Мо дар як КАМАЗ-и наппа нави худамон рафта будем. Тӯли панҷ рӯз мо дар хонаи Мирзо Зиёев меҳмон будем. Бисёр ҳурмату эҳтиром карданд. Оҳу куштанд. Писари Мансуров дар ҳамон Миёнадеҳ духтур будааст. Ба Мирзо Зиёев гуфтем ҷавобаш диҳад. Гуфт майлаш. Лекин ҳамин КАМАЗ-ро дар ҳамин ҷо монда меравед, гуфт. Мо гуфтем: "Бо ҷону дил. КАМАЗ ҳам гап мӣ?". Хулоса чанд нафар асире, ки аз вилояти Суғд дар Тавилдара буд, онҳоро гирифта боз бо роҳи Ӯши Қирғизистон ба вилояти Суғд баргаштем.

-Ба фикрам он вақт писари Шумо ва боз чанд нафари дигарро ҷавоб надода буданд. Сабаб чӣ буд?

-Бале, писари ман Мирзоқулихон ва  боз чанд нафари дигарро Мирзо Зиёев ҷавоб надод. Гуфт, ки ҳамномамро ман баъдтар ҷавоб медиҳам. Мо ният дорем, ки як қисми асиронро бо маҳбусони сиёсӣ табодул кунем. Хулосаи калом ҳамин, ки ман ба хона, ба назди навасаҳоям, ки дар орзуи дидори падар буданд, боз ҳам бе писарам баргаштам. Аммо ноумед набудам. Зеро медонистам, ки рӯзе писари маро низ ҷавоб хоҳанд дод.

-Дар ёдам ҳаст ҳамон вақт чанд нафар падару модари сарбозони асир, азҷумла Шумо, дар як ҳодиса қариб буд, ки дар дарёи Хингоб ғарқ шавед. Чӣ гап шуда буд ҳамон вақт?

-Пули Тавилдараро тарконда вайрон карда буданд. Аз болояш пули ларзонаки тахтагине сохта буданд, ки мошини Мирзо Зиёев базӯр аз болои он мегузашт. Боре ҳамроҳи Мирзо Зиёев дар мошинаш мо, занҳо нишаста бояд аз болои ҳамин пул мегузаштем. Намедонам ё тез гузашт ва ё мо занҳо вазнинӣ кардем, ки пул шикасту мо ба дарё афтидем. Хайрият, ки ҷараёни об он қадар тез  набуд ва натавонист мошинро чаппа кунад ва ё бибарад. Чуқур ҳам набуд. Вале об ба мошин даромад ва то миёнамон мо дар даруни об будем. То омадани кӯмак қариб ду соат нишастем. Оби ях барин хунук. Оби хунуки дарёи куҳӣ ба устухонам таъсир кард.То имрӯз ман аз подард азият мекашам.

-Баъд писаратон Мирзоқулихонро кай ҷавоб доданд?

Созишномаи умумии сулҳ ҳам дар Маскав ба имзо расид, аммо писарам ва боз чандин нафар дӯстони ӯро, ки дар Тавилдара асир буданд, муҷоҳиддин боз ҳам  ҷавоб надоданд. Маҷбур шудам, ки маротибаи саввум падару модаронро гирифта ба минтақаи  Қаротегину Тавилдара равем. Саидмурод касал буд. Рафтан натавонист. Дар Тавилдара Мирзо Зиёев сабаби ҷавоб надодани писарамро ба ман гуфт. Писарам баъди аз Тавилдара баргаштани мо бисёр ҳам зиқ шуда азм кардааст, ки аз асорат гурезад.

Кушиши гурехтан кардааст, вале дастгир шудааст. Барои ин кораш муҷоҳиддин ба ӯ ҳукми паррон додаанд. Дар вақти иҷрои ҳукм тир ба ӯ намерасад. Маротибаи дуввум ҳам тир мезананд, вале тир боз ҳам хато мехӯрад. Инро дида бори саввум дигар ба сӯяш тир намекушоянд ва ҳукми қатлро бекор мекунанд. Мирзо Зиёев маро ба оғӯш кашида хурсандона гуфт: "Модарҷон, писаратон, ки аз ду марги ногузир ҷон ба саломат бурд, ба гумонам дигар ҳаргиз намемирад". Ҳамон вақт охирон панҷ коркуни КГБ, аз ҷумла писарам ва 22 сарбози одиро ҷавоб доданд.

-Кори Кумитаи падару модарони аскарони асир оё бо ҳамин ба охир расид? Натиҷаи кори Кумита чӣ гуна буд?

-Дар ду соли фаъолияти Кумитаи падару модарони сарбозони асир мо 150 аскар ва афсари асирро аз асорати муҷоҳиддин халос карда оварда ба дасти падару модарашон супоридем. Ному насаби беш аз 100 сарбози ба шаҳодат расидаро дар ҳудуди Қаротегину Тавилдара аниқ намуда қабрҳояшонро муайян кардем. Дар ин байн мо ду сарбозеро, ки дар хонаҳояшон падару модарашон хати сиёҳ гирифта чанд сол боз азодорӣ мекарданд, сиҳату саломат пайдо карда ба назди падару модарони сияҳпӯш овардем. Чи хурсандиеро мо шоҳид будем! Ҳамон лаҳза падару модарони онҳо либосҳояшонро иваз карданд ва мотамхона ба тӯйхона табдил ёфт.

-Бо гузашти айём оё Шумо Мирзо Зиёевро боз дар ягон ҷои дигари кишвар дидед ё не?

-Мирзо Зиёевро ман як сол пеш аз вафоташ дар Душанбе дидам. Дар маҷаллаи занон бо номи "Фирӯза", ки дар бинои Вазорати фарҳанг ҷойгир шудааст, кор доштам. Аз ҳамон ҷо баромада банохост Мирзо Зиёевро дидам. Ман вайро шинохтаму он кас маро нашинохтанд. Наздашон рафтаму гуфтам маро нашинохтед? Гуфтанд, ки не, нашинохтам. Ман гуфтам, ки шумо мардон ана ҳамин хел ҳастед! Занонро тез фаромӯш мекунед! Ман модари Мирзои ҳамноматон!

Э, модарҷон, гуфта маро сахт ба оғӯш гирифтанду самимӣ аҳволпурсӣ карданд. Сипас намонда ба хонаашон, ки дар наздикии ҳамин Вазорати фарҳанг будааст, гирифта бурданд. То зиёфаташонро нахӯрдем, моро ҷавоб надоданд. Баъди як сол хабари маргашро шунидам. Тақдираш ҳамин будааст. Аз тақдир ҷои гурез нест. Худо раҳматаш кунад!

-Холаи Мастура, Шумо дар хотима агар барои хонандагони ҳафтаномаи "Рӯзгор" чи таманниёте дошта бошед, марҳамат бигӯед.

-Ташаккур, инак беш аз 15-16 сол аст, ки мардуми кишвари мо дар вазъи сулҳу субот зиндагонӣ мекунад. Сулҳ ба осонӣ ба даст наомадааст. Сулҳ бо кӯшиши ҳарду тараф ба даст омадааст. Вале агар ҳакиқатро гӯем аввал Эмомалӣ Раҳмон, ҷони худро дар хатар гузошта ба Афғонистон рафта ба раҳматӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ даст дода пешниҳод кард, ки сулҳ кунем. Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Худо ҷояшро ҷаннат кунад, низ мардигарӣ карда ба қавли худ истоданд. Сулҳ ба даст омад. Бубинед, дар ин муддате, ки дар Ватани мо сулҳу ваҳдат аст, чи гуна пешравӣ шуд, чӣ гуна ободиҳо шуд. Барои ҳамин ҳам Рӯзи ваҳдатро ба тамоми ҳамватанони азизам табрик гуфта барояшон хушбахтиҳо орзу мекунем ва пеши Парвардигори олам дуо мекунам, ки Илоҳо, дигар ҳаргиз дар Ватани мо ҷанг нашавад!

-Омин. Ташаккур, модари азиз. Рӯзи Ваҳдат ба Шумо ва тамоми ҳамватанони азиз низ муборак бошад!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi