02:12:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Воқеан ҳам сулҳ баҳорест, ки баҳор оварад

Муҳиддин Идизода, рӯзноманигори мустақил

Ҳар кӣ замоне дур аз Ватан будаву азоби ғурбат кашидаст, ба қадри сулҳу оштӣ ва ҳар пора хоки ин диёри зархез бештар мерасад. Ба қадри обу дони Ватан танҳо касе мерасад, ки воқеан ҳам дӯстдори Ватан ва дар ёди Ватан аст.

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан бе ватан аст.

vahdati-milli 2013Ин матлаб, ки ба ифтихори ҷашни Ваҳдат бахшида шудааст, меҳрномаест, ки ба хотири пос доштани номи неки ҷавонмардоне, ки баҳри ҳифзи нангу номуси миллат қурбон шудаанд, иншо шудааст. Замоне миллат дар гирдоби ҳамдигарнофаҳмиҳо ғарқ буд ва роҳи наҷот меҷуст. Ва танҳо сар боло кардани афроди ватандӯсту ҳомии воқеӣ миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод. ВАҲДАТИ тоҷикона паноҳандагони тоҷикро аз тамоми гӯшаву канори олам ба ҳам овард ва сулҳи тоҷикон дарсу сабақе гашт барои оламиён...

Лаҳзае ҳеҷ аз ёдам берун намеравад: Аз Толиқони Афғонистон собиқ раҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиюни Тоҷик (ИНОТ) Сайид Абдуллоҳи Нурӣҷиҳати иштирок дар маросими баимзорасии Созишномаи сулҳ тариқи чархбол сараввал ба Кобул ва баъдан ба Маскав парвоз дошт. Рӯзноманигори шинохта Султони Ҳамад он замон аз ҳар тараф аксу суратҳои чархбол ба навор гирифта мавзӯи аксҳоро низ бадоҳатан эҷод карда буд: “Парвози сулҳ”.

Воқеан ҳам он замон дар фазои Афғонистони ҷангзада сулҳи тоҷикон дар парвоз буд. Ҳар як пиру навраси тоҷик, ки дур аз Ватан буд, аз ин парвоз умеду орзуе дар дил дошт ва ҳар кӣ даст бар дуо бардошта аз Худованд талаби сулҳу оромӣ дар Тоҷикистонро мекард. Дар баробари тоҷикон бародарони афғон, ки аз ҷангу қатлу куштор воқеан ҳам хаста шуда буданд, дуо мекарданд, ки кош дар Афғонистон ҳам оташи ҷанг хомӯш ва сулҳ танинандоз гардад.

Он замон ҳис мешуд, ки паноҳандагони тоҷик чи қадар умед аз ин сулҳ доштанд... Билохира, тухми умеди умедворон сабз гашт ва Худованд дуои тоҷики дур аз ватанро мустаҷоб гардонд: 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумат ва собиқ ИНОТ ба имзо расид.

Ба имзорасии Созишнома ҳарчанд баъд аз чанд даври музокирот амалӣ гашт, аммо пиёдасозии раванди сулҳ дар кишвар коре буд басо мушкилу хатарнок. Хатарнок ба он маънӣ, ки аз ҳар ду ҷониб ҳам гуруҳҳое арзи ҳастӣ доштанд, ки мухолифи сулҳу оштӣ буданд. Ва Комиссияи Оштии Милли (КОМ)-ро лозим буд, то ҷиҳати баҳамоии миллат ва нерӯҳои даргир кори сангину вазнине бар дӯш бигирад. КОМ бо сарварии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тӯли фаъолияти хеш тавонист орзуву омоли миллати ташнаи сулҳро бароварда созад. Дастоварду фаъолияти пурсамари КОМ ҳатто боис ба рашку ҳасуди теъдоде аз бадхоҳу бадбин гашта буд, ки онҳо мехостанд бо ҳар роҳу

васила рӯи роҳи КОМ саддгузориҳо кунанд. Теъдоде хулоса мебароварданд, ки КОМ фабрикаи тақсими мансаб аст. Аммо намояндагони ҳар ду ҷониб, ки шомили КОМ буданд, воқеан ҳам собит карданд, ки ҷуз ба ҳамоии миллат ва ваҳдати сартосарӣ дар кишвар дигар мақсаду нияте надоранд. Ва чунин мақсаду мароми хешро дар фаъолияти кутоҳмуҳлати КОМ собит карданд. Теъдоде аз онҳо то охирин нафас дар роҳи сулҳ поянда монданд ва на мансаб талаб карданду на дигар манфиат. Имрӯз месазад, ки аз шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҷумъабой Ниёзов, Отахон Латифӣ, Тағай Раҳмон, Ҳабиб Сангинов, ки дар қайди ҳаёт нестанд ёд кард, зеро эшон дар пиёдасозии сулҳи тоҷикон нақши бориз аз худ ба ёдгор гузоштанд. Худованд биёмурзадашон.

Қабл аз ба имзорасии Созишномаи сулҳ Отахон Латифӣ, Ҷумъабой Ниёзов аз ҳоли паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон хабар гирифта, дар суҳбат бо онҳо дилпурашон мекарданд, ки иншоаллоҳ миллат ба ҳам меояд ва сулҳ пирӯз мегардад. Зиндаёд Тағай Раҳмон, ки дар ҳамойиши нерӯҳои ҳар ду ҷониб саҳми беандоза зиёд гузоштааст, корномаи ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад.

Замоне, ки размандагони ИНОТ мехостанд тариқи Бандари Шерхон ба қаламрави Тоҷикистон гузаранд, бадхоҳоне ба хотири тарс додани размандагону муташанниҷ кардани вазъият ва садди роҳи ҳамойиш шудан, баржае, ки мебоист тариқи дарё размандагон ба хоки ватан интиқол медод, минагузорӣ шуда буд. Шукрона, ки хадамоти махсус минаро пайдо ва онро безарар гардониданд. Он замон, ки марзбонони рус метавон гуфт хуҷаини комилҳуқуқи сарҳад буданд, сару садо баланд карданд, ки размандагони ИНОТ хоҳанд дарё гузаранд, нахоҳанд он ҷо абадан боқӣ монанд.

Дар он лаҳзаҳои ҳассос маҳз шодравон Тағай Раҳмон буд, ки генералҳои баландрутбаи русро ба қавле дар ҷояш шинонд ва ҳушдорашон дод, ки ин замон тақдиру қисмати тоҷикон ҳал шуда истодааст ва ҳар гуна хоҳу нахоҳэҷодкуниҳо боис ба халалдор кардани сулҳи тоҷикон мегардад. Худ шоҳидам, ки қазия дар чанд сонияе ҳалли худро соҳиб шуда буд ва аз он рӯз ҳамойиши бошарафонаи нерӯҳои ду ҷониб, ки дар муқобили ҳам сангар гирифта буданд, амалӣ гашт. Бародар дасти оштӣ сӯи бародар дароз кард. Дасти оштие, ки садҳо ҳазорон ноумедгаштаҳоро умед бар зиндагии нек бахшид...

Ҳамчунин, ҷиҳати пиёдасозии сулҳи тоҷикон комиссияе, ки он замон аз ҷониби ҳукумат бо сарварии Фарҳод Маҳкамов таъсис ёфта ҷиҳати ба ватан баргардонидани паноҳандагон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон фаъолият мебурд, саҳми муносиб дар сулҳи тоҷикон гузоштааст. Метавон гуфт ҳайати мазкур аввалин пули иртибот гашт миёни ҳукумат ва паноҳандагон. Ҳайати мазкур муваффақ ба он шуд, ки аввалин бозгашти паноҳандагони тоҷикро ба Ватан таъмин созад.

Муҳоҷироне, ки дар бошишгоҳи муҳоҷирнишини “Сахӣ”, воқеъ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон иқомат доштанд, ҳар лаҳза омадани ҳайатеро аз ин ва ё он ҷониб беқаророна интизорӣ мекашиданд. Аз ҳоли паноҳандагон бештар хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ хабар мегирифтанд. Аснои суҳбат ҳар кӣ мехост тавассути хабарнигорон нишонае аз пайвандонии бедаракгаштаашон пайдо созанд. Садҳо номаву мактуб тавассути хабарнигорон ирсоли пайвандон мегашт. Барномаи “Хоки Ватан...” низ, ки аз радиои Садои Душанбе ҳар субҳу пешин садо медод, ягона василаи розу ниёзи пайвандон бо паноҳандагони он сӯи марз буд.

Аз зумраи хабарнигорони тоҷик аввалин шахсе, ки аз ҳоли паноҳандагони тоҷик дар шаҳри Мазори Шариф хабар гирифт, собиқ мухбири “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон Умед Бобохонов аст. Бадоҳатан бо ӯ дар даромадгоҳи урдугоҳи муҳоҷирнишини “Сахӣ” вохӯрдам, ки миёни анбуҳи мардум бо ҳар яке гарм вохӯрӣ кардаву дилбардориашон мекард, ки сабру таҳаммул аз даст надиҳанд.

Ӯ то чанд рӯз дар хаймаҳои муҳоҷирини тоҷик зиндагӣ кард, бо онҳо обу нони ғарибона хӯрд, ба гӯристони онҳо рафта дар ҳаққи фавтидагон дуо кард... Рӯзе, ки Умед тарки Афғонистон мекард, мардуми ташнаи обу хоки ватан ӯро бо ашки дидагон гусел мекарданд... Ӯ бо кулвори пур аз номаву пайғом ба Тоҷикистон баргашт ва метавон гуфт аввалин хабарнигорест, ки атрофи кору зиндагии паноҳандагони тоҷик дар рӯзномаи “Комсомолская правда” матлабе ба нашр расонида буд...

Ҳамчунин, собиқ хабарнигори “Садои мардум” Қироншоҳи Шарифзода низ дар шумули ҳайате аз вазъи муҳоҷирини тоҷик хабар гирифта буд. Чун собиқ паноҳандагон аз он рӯзҳо ёд мекунанд, аввалтар аз ҳама номи рӯзноманигорон Умед ва Қироншоҳро ба забон оварда, аз далерию ҷасурии ин ду қаламкаши тоҷик бо як ҳарорати хосса сухан мегӯянд.

Бале, таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва набояд ҷонфидоиҳои он афродеро, ки воқеан ҳам барои миллат ҷонбозиҳо кардаанд, аз ёд фаромӯш кард. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, ки теъдоде аз манфиатҷӯ пайи бароварда сохтани аҳдофу мақосиди нопоки хеш дар сар андешаи инқилобҳои рангин мепарваранд, фаромӯш насозанд, ки баҳои хуни инсонӣ басо арзиши гарон дорад ва бо тақдиру қисмати инсонҳо набояд бозӣ кард... Ҳар кӣ замоне хонабардӯш ва азизони дил аз даст додааст, шикастаустухонест, ки медонад баҳои мумиёиро...

Орзу дорам, ки дигар миллат пойбанди ҳар гуна хушунаткориҳои бадхоҳон намегардад ва дарди маҳал, ки мағзу ҷони мо мехӯрад, даво меёбад. Бо ин ҳама орзуҳои нек ҷашни ВАҲДАТ-ро ба пиру ҷавони кишвар табрик гуфта, мехоҳам ҳар тоҷику тоҷикистонӣ хонаи ободу дилҳои шод дошта бошанд.

ВАҲДАТ муборак!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi