09:59:23 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

ЁДҲО... ЁДҲО... ЁДҲО...

Устод Султони Ҳамад ҳам моро тарк кард. Мардони соҳибҳунар, инсонҳои хубу шоиста, донишмандони асил якояк аз маҳфили мо берун мешаванд ва моро дар ин гирудори зиндагӣ тани танҳо мегузоранд. Садҳо дарди ин ҷомеаи нимбеморро бо худ мебаранд, розкушоён ҳазорон розро бо худ мебаранд. Ва мо мемонем, тани танҳо бе касоне, ки силоҳашон ҳарфи ҳақ буду роҳашон роҳи Ҳақ.

sultoni-hamad 65689455

Устод Ҳамадро дуруст баъди соли 1992 шинохтам. Ва дар ғурбат. Чӣ рӯзҳоеро пушти сар накардем. Он рӯзгор худ як саҳифаи дардноки ҳаёти устод Ҳамад буд. Гумон мекардам барояш хеле сангин буд таҳаммул кардани бори гарони номус. Вале таҳаммул мекард, илоҷе надошт. Бо хислате, ки дошт, наметавонист аз майдони мубориза мағлуб бурун равад. Ва пирӯз буд, ҳамеша пирӯз дар баробари ҷоҳилоне, ки ӯро одами ҳукумат, ҷосуси КГБ миёни муҳоҷирин муаррифӣ мекарданд. Мушти маҳкаме бар даҳонашон мезад, аммо мушти ӯ обдортар аз муштҳои аслӣ буданд, мушти ӯ далелу факту рақам буд. 

Бо дониши фасеҳ, фаҳми бурро, инсонияти комилу покӣ дар баробари ҳоромхӯриҳо вай сарбаланд буд. Моли касеро нахӯрд, ҳақи касеро надуздид, қатори дигарон бо ҳамон ними нон зист, вале одамияти худро ҳифз кард. 

Устод Ҳамад таҳлилгари моҳире буд, ки сулҳи тоҷиконро бо ҳама паҳлуҳои неку бадаш ба риштаи таҳлил кашид. Бо боварӣ мегӯяд ва ба ин ҳарфам садҳо далел дорам, ки касе дар Тоҷикистон ва берун аз он сулҳи тоҷиконро мисли Султони Ҳамад бо ҳама ҷузъиёташ таҳлил накрадааст.

Китоб-китоб навиштаҳову таҳлилҳои Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва дигар ниҳодҳои зирабту таҳлилгарони вобаставу мустақил барорбари як мақолаи устоди равоншод арзиши илмиву таҳлилӣ надорад. Султони Ҳамад сулҳи тоҷиконро дар утоқҳои гарму амн нанишаста, балки ба сангари гарми ҷанг рафтаву пойи суҳбати муҷоҳидину сарбозону афсарони давлат нишаста навиштааст. Вай аз аввалин рӯзи ҳиҷрат миёни муҳоҷирин буд ва дар аввалин рӯзҳо ба ин андеша буд, ки миллат наметавонад дар хаймаҳову хонаҳои посхагини урдугоҳҳои муҳоҷирин боқӣ бимонад.

Ин милат бояд ба Ватан баргардад. Ин буд, ки аз ибтидо талошаш ба ҳамин нуқта равона шуд. Ва соли 1995 ё 1996, вақте зарур омад бо гурӯҳе ба Қаротегин равад ва заминаҳои сулҳи ояндаро танзим кунад, барояш фурсати муносибе фароҳам омад, то дастбакор шавад. Вай ҳоли муҳоҷиратро дар берун медонист ва мекӯшид ҳама талошҳо барои бозгашти миллати парешон бошад. 

Устод Ҳамад баъдан даҳҳо мақолаву чанд китоб навишт. Таҳлилҳои ӯ аз сулҳ ва бардоштҳояш аз ҷараёни он мантиқиву ҷолибу созанда буданд. Имрӯз ҳар ниҳоде, ки мехоҳад сулҳи Тоҷикистонро биёмӯзад, бояд ин омӯзишро аз китобҳои устод Султони Ҳамад шуруъ кунад, чун таҳлилҳои ӯ бетарафона ва мунсифонаанд. 

Устод Султони Ҳамад хатмкардаи бахши журналистӣ буд, муддате дар журналистика кор кард ва баъд ба кори хадамоти амният ҷалб шуд. Агар ҷанги дохилӣ набуд, шояд то охир дар ҳамин ниҳод кор мекард, вале мутаассифона ҷанг нақшаҳои ӯро низ тағйир доданд. Боре дар як суҳбат гуфта буд, ки корманди амният ҳам, ки буд, журналистикаро як сӯ нагузошт. Оре, қалами дасти эҷодкор ӯро ҳаргиз ором намегузорад. 

Баъди анҷоми ҷанг вай ба ҳеч мансабеву вазифае талош накард, талош, ки накард, опозитсион низ дар фикри вай нашуд. Дар ҳоле, ки аз беҳтаринҳо буд, ки мудирияти роҳбарӣ дошт, фаросат дошт, дониш дошт, обрӯ дошт. Ва ягона коре, ки кард, аввал худро дар хадамот барқарор намуд, муддате раиси бахши ноҳиявии амният буд, баъдан ба нафақа рафт, бо ҳамон номи нек. Таърифи кори якуним ё дусолааш дар хадамоти амният ин аст, ки ҳатто хонаи ишғолшудаи худро натавонист баргардонад. 

Ва баъди ин ба қалам рӯ овард. Ҷиддан. Муддате сухангӯи Роҳбари ҲНИТ буд. Ва баъд онро тарк кард. Сулҳи тоҷиконро таҳлил намуд, дар радиои Озодӣ, маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Энсиклопедияи миллӣ ва намедонам боз дар кадом нашрияҳо кор кард. Даҳҳо мақола аз вазъи Афғонистон, дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд дорад. Китоберо ҳам интишор дода буд, ки гуфтаҳои генералҳои Шӯравӣ дар бораи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъудро гирдоварӣ карда буд.

Як китобаш дар бораи таърихи хадамоти амният буд, ки бо номи “Аз Ардашер то Шери Панҷшер” нашр шуд. Хазинаи хадамоти амнияти кишвар шояд ин гуна китоберо надошт ва ҳоло ҳам шояд надорад. Ин як пажӯҳиши хеле ҷолибе буд, ки ташаккули хадамоти амният дар оламро пайгирӣ мекард ва ба хулосае омада буд, ки қадимитарин хадамоти амниятӣ мансуби пешгузаштагони мо буд.

Ҷанбаҳои пажӯҳишии устод Ҳамад барҷастатаранд. Вай аз зумраи касоне буд, ки ҷиддан ба омӯзиши Аҳмад Зоҳир пардохт, таронаҳои ӯро мӯ ба мӯ омӯхту таҳлил кард. Аз хондаҳои хунёгари мумтоз чизҳоеро пайдо кард, ки муҳаққиқонаш на дар Афғонистон ва на дар Тоҷикистон надидаву нашунида буданд. Ба ҳадде ба таҳлил дода шуд, ки ҳатто кашф намуд, ки Аҳмад Зоҳир дар як суруд аз ду се шеър ё шоир оҳангашро такмил кардааст.

Таҳқиқоти ӯ бо номи “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир” аз пурарзиштарин пажӯҳишҳо дар бораи Алмоси шарқ аст. Агар хато накунам, то кунун се китобаш дар бораи ин сарояндаи маҳбуб интишор ёфтааст. Устод Ҳамад сароҳатан исбот намуд, ки Аҳмад Зоҳир танҳо хонанда набуд, балки оҳангсози мумтозе ҳам буд.

Устод Ҳамад марди орифе буд ва пажӯҳишҳои зиёде дар бораи шахсиятҳои динӣ дорад, аз ҷумла дар бораи Бурхи Валӣ, Ҳазрати Султон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигарон. 

Устоди равоншод ҳафтаномаи фарҳангиеро бо номи “Рӯзгор” таъсис дод, ки банда аз нахустин рӯзи кораш то ба охир ҳамроҳаш будам. Ҳафтаномаро бо пули худ, аз ҳисоби андӯхтаҳо ва ёрии фарзандони фарҳангдӯсту бономусаш гардон мекард. Чанд нафарро бо маоши хуб (беш аз 1500 сомонӣ) таъмин карда буд.

Афроде ба вай гуфта буданд, ки нашрияро таъсис намо, мо сармоягузорӣ мекунем. Вале ба ваъда вафо накарданд. “Рӯзгор” аз хонотарин нашрияҳои фарҳангии кишвар буд, вале ҳудудан ду сол нашр шуд. Рӯзе ман ва Амруллоҳи Низомро даъват кард ва гуфт ҳафтаномаро мебандад, чун дигар сармоя надорад.

Аммо дар ҳамон ҳол ҳам ҳақи қалами боқимонда мо ду нафарро пардохт, то қарз намонад. Аз Рӯзгор сомонаи он боқӣ монд, ки ҳоло низ гардон аст. Саре занед ба ин сомона - www.ruzgor.tj ҳаловате мебаред. Садои қарнҳоро мешунавед, бо шумо аз он Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Ҳаким Умари Хайём, Шайх Аттор, Мавлонои Рум суҳбат мекунанд. Шумо садои шаҳидони ҷанги ҳамватаниро аз рӯбоиву дубайтиҳои силсилаи “Лаби дарёи Ому” мешунавед.

Шумо мебинед, ки тоҷикон баъди худкушиҳо қадам ба қадам чӣ гуна ба сулҳ даст ёфтанд ва оташи бебунёди ҷанги ҳамватаниро хомӯш карданд. Дар ин сомона шумо даҳҳо мақолаву мусоҳибаҳоро аз вазъи имрӯзаи фарҳанг мехонед. 

Дар бораи устод Султони Ҳамад хотироти зиёд дорам. Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, чашмонам пури обанд. Боз соате чанд мегузарад ва мо ин маҳбуби дилҳоро ба хок месупорем...

Ёдат ба хайр, МАРДИ ХУДО, ПОКСИРИШТ, ПОКНИҲОД, ИНСОНИ КОМИЛ...

Бобоҷон Шафеъ, рӯзноманигор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi