16:44:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Дар таърихи таҳаввулотҳои  сиёсии қарни гузаштаи Афғонистон Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, маъруф ба Бачаи Сақо, бо вуҷуди нокомиҳояш дар симати шоҳи Афғонистон, аз хеш нақши мондагоре боқӣ гузоштааст. Ӯ дар замоне ҷунбиши мардумиро алайҳи шоҳ роҳбарӣ кард, ки дар ҷаҳон инқилобҳо пайи ҳам пирӯз мешуданд.

habibullah_kalakani_45445Ҳамсоякишварҳои шимол - Ӯзбакистону Туркманистон ва Тоҷикистон аллакай дар империяи Шӯравӣ қомат афрохта, ҷаҳон ба ду системаи муқобил-сотсиалисӣ ва сармоядорӣҷудо шуда буд. Афғонистон бошад, баъди се ҷанги истиқлолхоҳӣ алайҳи Британия соли 1919 озодӣ ба даст овард, вале дар ин сарзамин сохти подшоҳии асримиёнагӣ боқӣ монд. Шоҳ Амонуллоҳхон, ки оғозгари ислоҳотҳои иҷтимоӣ дар мамлакат маҳсуб меёфт, ба зиддияти неруҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гашт.

Тоҷики  кӯҳистонӣ Ҳабибуллоҳи Калаконӣ Амонуллоҳххонро маҷбур сохт, ки аз тахти шоҳӣ даст бикашад ва ӯ соли 1929 бо фатвои уламои саршинос шоҳи Афғонистон эълон гардид. Баъди сесад соли ҳукмронии сулолаи Дуррониҳои паштутабор ҳукуматро дар Афғонистон соли 1929 тоҷикон соҳиб шуданд.

Таъсири он ба минтақа чӣ гуна буд? Чаро Шӯравӣ ва Ғарб намехост, ки дар Кобул ҳукумати тоҷикӣ боқӣ монад? Дар дуроҳаи бӯҳронӣ қарор гирифтани Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ба чӣ анҷомид ва чаро ин пешвои мардуми Шимоли Афғонистон ноком гашт? Барои посухи ин суолҳо ба солҳои бистуму сиюми Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон рӯ меорем. Аз ҳама муҳим, таърихнигорон ба нақши Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар он айёми пуртазоди Афғонистон чӣ баҳое додаанд: ӯ одами сиёсӣ-инқилобӣ буд ё муборизе бо тафаккури исломии асримиёнагӣ?

Дар ташкили ҳар ҳукумати нав нақши шахсият мавқеи асосиро мебозад. Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ба ҳайси пешвои мардуми Шимоли Афғонистон бо роҳандозии як  қиёми пуршӯри мардумӣ 17 январи соли 1929 шоҳ Амонуллоҳхонро аз тахт дур сохт. Ҳаракате, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ онро сарварӣ  кард, сотсиалистӣ набуд, балки он алайҳи наҳзати ислоҳотталабонаи шоҳ ва зулму  ситами  ҳукумат маҳсуб меёфт. Сарвари ин қиём Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, бо вуҷуде ки чанд соле дар мадраса хонда буд, аз сиёсати бузург дур ва таҷрибаи давлатдорӣ надошт. Баромади иҷтимоии вай чун шоҳи оянда барои тамоми сокинони Афғонистон, ки дар зулмоту торикии асримиёнагӣ ба сар мебурданд ва кишварро ҷомеаи қавмӣ идора мекард, аз ҳар нигоҳ нақши муҳим мебозид. 

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ соли 1890 дар деҳаи Калакони, чилкилометрии шимоли Кобул, ки бо номи Кӯҳдоман ёд мешавад, дар оилаи деҳқони ангурпарвари тоҷик ба дунё омад. Давраи ҷавонии Ҳабибуллоҳхон дар деҳа сипарӣ шуда, бо маълумоти нопурраи мадраса иктифо менамояд. Барои таъмини маишати зиндагӣ дар бозорҳо ангур мефурӯхт ва машкобӣ мекард. Падараш ҳам ин пешаро дошт. Вай дар ҷанги якуми афғон-ингилис ба минтақаи ҷанг об мекашонд ва аскаронро бо об таъмин менамуд. Аз ин рӯ, ба ӯ лақаби машкоб дода буданд.

Ҳабибуллоҳхон дар 29-солагӣ ба хидмати аскарӣ рафт ва орзу дошт, ки афсари артиш бошад. Шахси далеру нотарс буд ва шуҷоати фавқулоддае дошт. Вай дар ҷанги сеюми зидди Британия, соли 1919 таҳти роҳбарии генерал Нодирхон ширкат варзида, диловарона меҷангад. Аслан, он вақт афғонҳо чун мусулмони мутаддайин алайҳи аҷнабӣ дар набард буданд. Дар он айём пирӯзии Артиши сурх дар Бухоро ва ғалабаи инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна мусулмонони Афғонистонро сахт ба ташвиш оварда буд. Фирори Олимхон ба Афғонистон як ҳаракати аксулинқилобиро алайҳи Шӯравӣ дар ин кишвар тавлид кард.

Чуноне шоир, олим ва ходими намоёни Афғонистон Халилуллоҳи Халилӣ дар китобаш "Айёре аз Хуросон" менигорад, дар марзи Афғонистон ҷунбиши босмачигарии Осиёи Миёна таҷаммӯъ ёфта, мақсад гузоштанд сохти шӯравиро барҳам ва подшоҳи фирорӣ Сайид Олимхони манғитро боз ба сари қудрат биёранд. Анварпошшо чун фармондеҳи кулли неруҳои аксулинқилобӣ дар марзи Афғонистон аз ҳисоби ихтиёриёни Панҷшер бо сарварии Мавлавӣ Абдулҳай отряди махсусеро бо номи "Қитъаи намуна" таъсис медиҳад, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ба он шомил мешавад.

Ба қавле Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, зимистони соли 1923 ҳамроҳи дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Шермуҳаммад (Кӯри Шермат) ва дигарон барои тасарруфи Душанбе ҷангидааст. Баъди ба шикаст мувоҷеҳ шудан, босмачиён ва афғонҳо ба он тарафи марз фирор мекунанд. Анварпошшо дар ин ҳуҷум мардонагӣ ва диловарии Ҳабибуллоҳхони Калакониро қадр карда, ба ӯ рутбаи афсариро муносиб медонад. 

Ин пораест аз ширкати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар муборизаи зидди сохти шӯравӣ, вале ӯ обутоби ҷангиро бештар дар ватанаш мегирад. Муаррихон навиштаанд, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ҳанӯз солҳои бистуми қарни гузашта ба ҳаракати зиддиподшоҳӣ, ки онро шахсе бо номи Муллои Ланг ва Абдулкарим дар қисмати шимоли кишвар  таъсис дода буданд, шомил буд. Бо сабабҳои номаълум ӯро дар Калакон ҳабс мекунанд. Аз мабҳас фирор карда, чанд муддате бо созмон додани як гурӯҳи ҷавонмардони ғаюри айёр машғул мешавад.

Аъзои ин даста ба мисли Робен Гуди машҳур золимону ситамгаронро ҷазо медоданд ва молу амволи онҳоро кашида гирифта, ба камбағалон тақсим менамуданд. Овозаи Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ба ҷанубу шарқи кишвар паҳн шуда, аз ғайрату шуҷоати вай Насруллоҳ-бародари шоҳ Амонуллоҳ ба ваҷд меояд. Ҳабибуллоҳхон чун мусалмони комил ҳамзамон муриди шайхи бузург аз шохаи нақшбандия- Шамсулҳаққи Муҷададдии Кӯҳистонӣ буд. Инчунин, муридӣ ва эҳтироми шайхи дигар Гулоқо, ки соли 1923 конститутсияи Амонуллоҳхонро "коммунистӣ ва ғарбӣ" хонда буд, Насруллоҳу Хабибуллоҳхони Калакониро боз ҳам наздиктар кард.

Инқилобҳои шарқию ғарбӣ ба Афғонистони сохти иҷтимоияш феодалӣ таъсиргузор гашт. Шоҳ Амонуллохон хост ба инқилоби Туркия ва ислоҳоти Камол Отатурк пайрав бошад. Вай дар ин масир амалҳоеро анҷом дод, ки уламои дин дар шигифт монданд. Аз ҷумла, шоҳ духтаронро барои таҳсил ба Истанбул фиристод, дар шаҳри Кобул литсей ва мактабҳои духтаронаро боз кард, пӯшидани либоси аврупоиро ташвиқу тарғиб кард. Ҳатто амр намуд, ки афғонҳо ба ҷойи салла кулоҳи аврупоӣ пӯшанд. Ин ислоҳоти фарҳангӣ ва маорифпарварона барои ҷомеаи қафомондаи Афғонистон, ки дар он ҷаҳолат ва торикӣ ҳукмрон буд, ислоҳоти пешниҳодкардаи ҷадидони Бухороро мемонд, ки аввал амир Олимхони манғит ба он розӣ шуд, вале баъдан ислоҳотталабонро ба оташу хун кашид.

Бояд тазаккур дод, ки дар он солҳо ба ислоҳоти Амонуллохон Ингилистон ҳавасманд буд. Агарчанде Афғонистон баъди се ҷанг бо ин кишвари ғосиб истиқлолиятро соҳиб шуда бошад ҳам, ҳанӯз ба кӯмаки молӣ-техникии он ҳавасмандӣ дошт. Соли 1928, баъди сафари Амонуллоҳхон ба Лондон ёрии ҳарбии Ингилистон каме қувват гирифт. Ҳамсояи шимол-Шӯравии коммунистӣ аз мавқеъгирии Ингилистон дар ташвиш монд, зеро баъзе неруҳои зиддишӯравӣ, ки дар Аврупо мустақар буданд, мехостанд дар муборизаи оянда марзи Афғонистонро чун пойгоҳ истифода кунанд.

Дар Осиёи Миёна ҳаракати босмачигарӣ ҳанӯз хотима наёфта, амир Олимхон ба эмиссарҳои турк ва Иброҳимбеки лақай умед баста буд, ки  дар Бухоро ҳукуматро барқарор менамоянд. Аммо вазъи дохилии Афғонистон рӯз то рӯз печида ва ошуби рӯҳониён  дар ҷанубу шимол доман паҳн мекард. Амонуллоҳхон дар ғами амир Олимхону Бухоро набуд, кӯшиш мекард, ки ҳукумату ислоҳоташро бо ҳар роҳе, ки набошад, ҳифз кунад. То ҷое амир Олимхон дар қайди шоҳ қарор дошт ва ӯро ба ҳузур ҳам намепазируфт. Мактуби шахсии Сталин ба Амонуллоҳхон дар он рӯзҳо ӯро ҳушдор медод, ки ҳаракати босмачигарии Осиёи Миёнаро ба ҳеҷ сурат дастгирӣ накунад. Шоҳи Афғонистон аз Сталин-роҳбари Шуравӣ дилпур буд, ки дар ҳолатҳои мушкил ӯро дастгтрӣ хоҳад кард. Сталин чунин уҳдадориро ба шоҳи кишвари ҳамсоя  ҳатто замонат дода буд.

Бо вуҷуди ин, дар чунин вазъ шоҳ Амонуллоҳхон дар байни оташу дуд қарор дошт. Моҳи декабри соли 1928 пуштунҳои қабилаи шинворӣ аз ҷануб ва ҷабҳаи шимолиҳо бо сарварии Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ барои аз байн бурдани ҳукумати Амонуллоҳхон ва ислоҳоти вай ба Кобул ҳуҷум намуданд.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi