03:51:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30 31      

Шароф Рашидов ва устод Айнӣ – II

(Ин шахсияти сиёсӣ ба устод Айнӣ чӣ хизмате кардааст?)

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Фикр мекунам, ки масъалаи таъсиси осорхонаи устод Айниро дар Самарқанд аввалҳо аллома Бобоҷон Ғафуров ба миён гузошта буданд, баъдан ба ин масъала Турсунзода, Улуғзода, Икромӣ ва чанд тан адибон кӯшиш ба харҷ дода, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод бурдаанд. Фикр мекунам, ки соли 1962 буд. Бандаро Абдулҳаҳад Қаҳҳоров ба наздашон хонда, баъди хеле аҳволпурсиҳо гуфтанд: "Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Тошканд ё Самарқанд ва ё Душанбе осорхонаи устод Айниро бо номи "Хонаи дӯстии ду халқ" бунёд кунад, шумо ба ин, чун фарзанди устод Айнӣ чӣ назар доред?"

kamol-ayni-54587784Ман дар муқобили ин пешниҳод чизе гуфта натавонистам, вале андешаам сари Самарқанд об мехӯрд. Суҳбати мо бо Абдулаҳад Қаҳҳоров тӯлонӣ буд. Дар фарҷом гуфтанд ки: "Мо пешниҳоди Тошкандро интизор мешавем, назари Шароф Рашидов хеле зарур аст." Баъди чанде ман боз ба назди Абдулаҳад Қаҳҳоров даъват шудам. Чеҳраи он кас шукуфта буд. Бо як хушҳолӣ ва табассуми малеҳ гуфтанд: "Камолиддин Садриддинович, суҳбати телефонии мо бо Шароф Рашидов ин масъаларо қариб ҳаллу фасл кардааст. Мо шуморо чун намояндаи Ҳукумати Тоҷикитон ва вориси домулло Айнӣ ба Тошканд мефирестем.

Дар ин бобат Ҷаббор Расулов ҳам розигиашонро доданд, шумо дар ин маврид чӣ назар доред?" Ман сар ҷунбондам, инро Абдулаҳад Қаҳҳоров хуш истиқбол карду хеле боэҳтиёт пурсид: "Шумо Камолиддин Садриддинович, бо Шароф Рашидов шиносоӣ доред ё не?" Ман, медонистам, ки ин шахси хеле закӣ аз рӯзгори домулло Айнӣ дар Самарқанд ва шогирди қиблагоҳ будани Шароф Рашидов огоҳии комил дорад.

Бинобар он, посух додам, ки миёни банда ва Шароф Рашидов муносибати бародарона вуҷуд дорад ва ман ӯро чун бародари бузург мешиносам. Аз ин суханони ман дар чеҳраи Абдулаҳад Қаҳҳоров хурсандӣ дубора гул кард ва вақти гусел бо меҳрубонӣ гуфтанд: "Бовар аст, ки бо мулоқоти шумо бо Шароф Рашидов рӯҳи домулло Айнӣ шод мегардад".

-Шуморо дар Тошканд Шароф Рашидов чӣ гуна истиқбол гирифт? Суҳбати шумоён хосса буд ва ё дар ҳузури бисёриҳо?

-Банда баъди чанд рӯзе озими Тошканд шудам. Рӯзи мулоқотро Шароф Рашидов пешакӣ муайян карда буд. Ман фикр доштам, ки шояд бо ӯ дар танҳоӣ, якка ба якка суҳбат мекунем. Дурандешӣ ва ояндабинии ин шахси бузургро бинед, ки дар рӯзи мулоқот Ҳукумати Ӯзбекистон, котиби обкоми Самарқанд ва ба истилоҳи имрӯз ҳокими шаҳри Самарқандро даъват карда буд.

Дар толори ҷаласот ҳама ҷамъ шуданд. Ман наздик ба Шароф Рашидов менишастам. Ҳа, қабл аз ҷаласа, Шароф Рашидов маро дар утоқи кориаш пешвоз гирифт. Нахуст аз сиҳатию саломатии модар пурсон шуд, сӯҳбати мо мисли ду бародари як падар буд. Аз Самарқанду Душанбе пурсон гашт ва бо як ҳиссиёти аҷиб гуфт, ки Домуллоота ҳамеша пеши рӯям аст, ба ман ҳам падар буд, набояд хидматҳои ӯро барои Ӯзбакистону Точикистон фаромӯш кунем, то ман зиндаам хонаи Домуллоота дар Самарқанд газанде нахоҳад ёфт. Суҳбати телефонии Абдулаҳад Қаҳҳоровро шарҳ дода гуфт, ки ин пешниҳоди олиҷаноб аст, вале мо шаҳри Самарқандро интихоб мекунем. Домуллоота ин шаҳрро мисли Бухоро хеле ҳам дӯст медоштанд.

-Устод, шумо бо Шароф Рашидов бо кадом забон суҳбат мекардед?  

-Бародари бузургам, Шароф Рашидов, соли 1917 дар шаҳри Ҷиззах, дар оилаи марди фақири ӯзбеке ба дунё омадааст. Солҳои ҷавонӣ барои таҳсил ба Самарқанд омада, фаъолияташро бо дастгирии қиблагоҳ, домулло Айнӣ аз рӯзноманигорӣ сар мекунад.Муҳити Самарқанд тоҷикона буд. Шароф Рашидов забони тоҷикиро каму беш медонист, вале  мо бештар бо забони русӣ ҳарф мезадем, баъзан лозим меомад, бо ӯзбекӣ ҳам суҳбат мекардем.Шароф Рашидов хуб медонист, ки ман мактаби миёна ва Унверситети Ленинградро бо забони русӣ хатм кардаам. Суҳбати мо дар ҷаласаи ҳукуматӣ дар хусуси  таъсиси осорхонаи домулло Айнӣ ҳамон вақт бо ҳузури Шароф Рашидов бо забони русӣ ва ӯзбекӣ сурат гирифт.

-Хуб, ҷаласа чӣ гуна доир гашт?

-Дар боло баён доштам, ки ман чун меҳмони Тошканд ва намояндаи расмии Тоҷикистон ва фарзанди домулло Айнӣ наздики Шароф Рашидов менишастам. Пашша пар намезад, ҳис мекардам таваҷҷуҳи ҳама ба мани меҳмон аст. Аксар фикр доштанд, ки шояд ман намояндаи Маскав бошам. Шароф Рашидов аз ҷой хест, марди зебое буд. Нахуст, суханаш аз Самарқанд, аз домулло Айнӣ, хидматҳои қиблагоҳ ба Ӯзбекистон ва тарбияи як гурӯҳи калон нависандагони ӯзбек садо дод. Толор хомӯш буд.

Шароф Рашидов гуфтанд, ки дар ин ҷо фарзанди Домуллоота Камолиддин Айни ҳузур доранд. Бо ишораи Шароф Рашидов ман аз ҷой хестам. Он кас бо як эҳтироми махсус гуфтанд, ки фарзандашон Камолиддин байрақбардори кору фаъолияти анҷомнаёфтаи Домуллоота ҳастанд. Ба ҳозирин салом додам, бинам, аксар нависандагону шоирони Ӯзбекистон дар толор нишастаанд.

Шароф Рашидов масъалаи ҳифозати ёдгориҳои таърихиро дар қаламрави Ӯзбекистон матраҳ намуд ва ба бозсозии шаҳри Самарқанд дахл кард. Дар ин масъала гузориши котиби обкоми Самарқанду ҳокими шаҳро дар мавриди нигаҳдорию ҳифозати хонаи домуллло Айнӣ пурсон гашт. Ҳокими шаҳр гуфт, ки мувофиқи лоиҳаи нав ва сохтани роҳ бояд хонаи устод Айнӣ ба дигар маҳалли Регистон кӯчонда шавад. Шароф Рашидов, ки тамоми кӯчаю паскӯчаҳои Регистонро медонист, амр кард, ки роҳи нав бояд аз хонаи Домуллоота - устод Айнӣ 5-6 метр дуртар сохта шавад.

Ҳокими шаҳри Самарқандро сахт сарзаниш намуд ва гуфт, ки шаҳрҳои қадима ба лоиҳаи нави бозсозӣ ниёз надоранд. Касе худсарӣ мекунад, ҷазо мегирад. Дидам, ки намояндагони Самарқанд сурху сафед гашта, даст пеши дар меистоданд. Шароф Рашидов дар фарҷоми суханонаш иброз дошт, ки мо имрӯз пеши рӯҳи Домуллоота (манзурашон домулло Айнӣ) қарздор ҳастем, барои насли оянда, хона-ҳавлиашон чун осорхонаи миллӣ-фарҳангӣ барои тоҷикону ӯзбекон ва ҷаҳониён бояд боқӣ монад. Чун пешниҳоди шахси аввали Ӯзбекистон Шароф Рашидов амру фармоне  шуд ва то имрӯз осорхонаи домулло Айнӣ дар Самарқанди бостонии мо арзи вуҷуд дорад.

Баъди бозгашт аз мулоқотам бо Шароф Рашидов ба Абдулаҳад Қаҳҳоров гузориш додам, он кас хеле хурсанд шуданд ва гӯё, ки бори сангине аз дӯшашон дур афтода бошад, бо як хурсандӣ гуфтанд: "Медонистам, ки Шароф Рашидов ин пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистонро мепазирад".

-Шумо дар Тошканд сухан кардед ё не?

-Не, ба ин фурсат нарасид, тӯли беш аз як соат Шароф Рашидов сухан гуфту тобеонро шунид ва супориш дод. Дар толор баъди мулоқот суҳбати ман бо онҳое, ки домулло Айниро хуб мешинохтанд, ба вуқӯъ пайваст. Эшон мегуфтанд, ки ман аз нигоҳи сурат бо домулло Айнӣ як себи ду кафон ҳастам. Мепурсиданд, ки пешаи нависандагӣ дорам ё не? Вақте фаҳмиданд, ки ховаршинос ҳастам, хурсанд шуданд.

-Устод, чаро ин хотираҳои рангинро то ҳол рӯйи коғаз наовардед?

-Каму беш навиштам, он чизҳоеро ки, шумо аз ман пурсон шудед, бори аввал мухлисони домулло Айнӣ аз он огаҳӣ пайдо мекунанд. Домулло Айнӣ  бузургтарин нависанда, олим ва шахси фарҳангии қарни бистуми Осиёи Марказӣ аст. Ӯро дар Ӯзбакистону Қазоқистон, Туркманистону Қирғизистон ҳам бо як эҳтироми хосса "Устоди бузург - домулло Айнӣ" мегуфтанд".

Мо тоҷикон бояд бо номи қиблагоҳ, домулло Айнӣ ифтихор кунем.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi