21:41:12 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – V

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон

"Дар суруд аз ду якеро биҷӯй - ё хандаро, ё гиряро. Ба мо -мардуми кӯҳистон ҳозир на ин даркору на он. Мо ҷангидан дорем. Ба сар сад азобу машаққат ояд ҳам, шиква кардану ашк рехтан аз рӯйи мардӣ нест. Аз тарафи дигар, мо ба хандаву шодӣ ҳам асос надорем.

imam-shamin 5555Дилҳои мо лабрези ғаму ғуссаанд. Дирӯз ман ҷавононеро, ки дар назди масҷид мерақсиданду месуруданд, ҷазо додам. Беақланд онҳо. Ҳамин корашонро агар боз бинам, боз ҷазо медиҳам. Агар ба шумо шеър даркор бошад, Қуръонро хонед. Каломи пайғамбарро такрор бикунед. Шеърҳои ӯ ба дари Каъба ҳам сабт гаштаанд".

Имом Шомил сурудхониро дар Доғистон ҳамин тавр манъ мекард. Барои сурудхониашон занонро бо ҷорӯбу мардонро бо тозиёна мезад. Фармон фармон аст. Дар он солҳо бисёр сарояндагон ба зери тозиёна меафтоданд.

Вале сурудро магар хомӯш метавон кард? Сарояндаро хомӯш метавон кард, аммо сурудро-ҳаргиз! Мо басе сангҳои мазорро мебинем, зери онҳо одамон мадфунанд, аммо қабри сурудро кӣ дидааст?

Дар рӯйи як санги мазор ман чунин суханҳоро хондам: "Мурд, мемуранд ва хоҳанд мурд". Дар боби суруд ин тавр гуфтан мумкин аст: "Намурдааст, намемирад ва нахоҳад мурд". Дар рӯзҳои ғазавоту мубориза сурудҳоро чиҳое накарданд, аммо суруду таронаҳо на танҳо зинда монданду то рӯзҳои мо расиданд, зиёда аз ин, акнун он сурудҳо ба ҳукми хандаи тақдир "Сурудҳои Шомил" ном гирифтаанд.

Дарвоқеъ, аз хусуси сурудҳои модари Шомил нақл карданӣ ҳастам.

Дар он рӯзҳо лашкарони душман авули Охулгоро забт карда буданд. Он ҷанг басо қаҳрамонон тавлид кард, вале ҳама дар он ҷо, дар он корзор монданд. Захмиён таслим шудан нахоста, худро ба рӯди Қӯйсуи Аваристон меандохтанд. Дар миёни муҳосирон хоҳари Шомил бо фарзандонаш низ буд.

Дар ҳамин айёми вазнин имоми хаставу захмин ба авули худ Гимри омад. Вай ҳанӯз лаҷоми аспашро ба дасти муридонаш надода, сурудеро шунид. Суруд не, балки нолае буд он:

Дар авулҳои кӯҳистон хун бигирйед, одамон,

Дар азои мурдагону васфашон дастон кунед.

Чун дижи Охулго тасхир шуд бар душманон,

Як тани зинда намонда, марду мон, афғон кунед.

Баъд дар суруд ҳамаи қаҳрамонони фавтида номбар мешуданд. Офарандаи суруд нидо мекард, ки ҳама сиёҳу кабуд пӯшанд. Дар суруд гуфта мешуд, ки ин андӯҳро шунида, тамоми чашмаҳои кӯҳистон хушкидаанд. Дар он суруд аз Аллоҳ илтиҷо карда мешуд, ки мардуми кӯҳистонро дар паноҳаш нигаҳ дорад, ҷони писари ҳафтсолаи Шомил Ҷамолиддинро, ки дар Петербург гаравгони подшоҳ аст, эмин дорад.

Шомил ба рӯйи санг нишаста ва даст бар риши анбӯҳи ҳинокардаи худ андохта, мардуми атрофро имтиҳонкорона назора намуд, сипас пурсид.

-Юнус, ин суруд чанд мисраъ аст?

-Саду ду мисраъ, имом.

ӯяндаи ин сурудро ёфта, сад тозиёна мезанӣ. Ду тозиёнаашро мемонӣ, ман мезанам.

Мурид фавран тозиёнаро баровард.

-Сурудро кӣ навиштааст?

Ҳама хомӯш.

-Сурудро кӣ навиштааст, мегӯям?

Ин дам ба назди имом модари қоматхамидаву андӯҳдидааш омад. Ӯ ба даст ҷорӯб дошт.

-Писарам, ин сурудро ман гуфтаам. Хонаи мо имрӯз мотамсаро аст. Ма, ин ҷорӯбро бигиру фармонатро ба ҷо ор!

Имом дар андеша афтод. Сипас аз дасти модар ҷорӯбро гирифту ба девор рост карда монд.

- Модар, ту хона бирав!

Модар ба писар нигоҳ карда-нигоҳ карда рафт. Ҳамин ки модар дар гардиши тангкӯча ғойиб шуд, Шомил шамшеру камарбандашро кушод, чакмани черкасиро аз тан бадар кард.

-Модарро задан мумкин нест. Гуноҳи ӯро бояд ман, писараш Шомил, ба гардан бигирам…

Танашро то миён луч карда, ба рӯйи нимкат хобид ва ба муриди худ хитоб кард:

-Чаро тозиёнаро пинҳон кардӣ? Бигир онро ва гуфти маро бикун.

Мурид дудила шуд. Имом абрӯ чин кард, ва мурид беҳтар аз ҳама медонист, ки оқибати ин чӣ мешавад?

Мурид тозиёна заданро бар тахтапушти имом сар кард, аммо оҳиста-оҳиста мезад, ҷазо намедод, балки навозиш мекард.

Шомил баногоҳ аз ҷо ҷаста, бонг зад:

-Хоб кун ба ҷойи ман!

Мурид ба рӯйи нимкат дароз кашид. Шомил тозиёнаро аз дасти мурид гирифта, ӯро се тозиёна зад. Тахтапушти мурид суп-сурх варамиду зада баромад.

-Ана, ин хел задан даркор, фаҳмидӣ? Акнун сар кун, лекин бе нағма.

Мурид ба тахтапушти имом шумурда-шумурда тозиёна зад.

-Бисту ҳашт, бисту нуҳ…

-Не, акнун бисту ҳафто шуд. Партофта нарав, гузашта ҳам нарав.

Мурид зери обу арақ монда буд ва дам ба дам арақашро бо остини чапаш пок мекард. Тахтапушти имом силсилаи кӯҳеро мемонд, ки онро роҳу пайроҳаҳо ба чор сӯ бурида гузаштаанд, ё ба домани теппае шабоҳат дошт, ки онро галаи аспон сумкӯб кардаанд.

Ниҳоят ин азоб тамом шуд. Мурид як сӯ истода, нафас рост мекард.

Шомил либосашро пӯшида, яроқашро баст ва ба одамон рӯ оварда, гуфт:

ӯҳистониён, мо бояд биҷангем. Мо вақти суруднависию таронахонӣ, фурсати афсонагӯйӣ надорем. Бигузор, душманон дар ҳаққи мо суруд хонанд. Инро ба онҳо шамшерҳои мо ёд медиҳанд. Оби дидаҳоро пок кунед, силоҳҳоятонро тез кунед. Мо Охулгоро аз даст додем, аммо Доғистон зинда аст ва ҷанг ҳанӯз ба охир нарасидааст.

Баъди он рӯз Доғистон бисту панҷ соли дигар ҷангид, то даме ҷангид, ки набарди охирин хомӯш гардид ва Ғуниб таслим шуд.

Дар айни авҷи ҷанги Ғуниб, ки чанд рӯз давом дошт, имом дар масҷид намоз мехонд.

-Ин хел балоро Доғистон ҳеҷ надида буд!-гуфт завҷаи нахустин, завҷаи калони Шомил Фотимат.

-Саҳв мекунӣ, Фотимат, Доғистон аз ин пеш як балои дигарро ҳам дида буд.

-Кадом балоро?

-Вақте ки ман ба болои ту барин зан Шуонатро ба занӣ гирифтам.

Имом хандид. Муридҳои захмдор, ки дар ҳамин масҷид мехобиданд, низ хандиданд. Гӯё ки хандаи имомро аввалин бор шунида, тамоми Доғистон механдид.

Ӯ дар душвортарин лаҳзаи ҳаёти Доғистон механдид, дар лаҳзае, ки иморати бунёдкардаи ӯ, мояи ифтихори ӯ барбод мерафт. Вай чанд соат пеш аз асир афтодани худ механдид.

Ногоҳ Шомил хомӯш монд ва симояш ҷиддӣ шуд. Ҳар се завҷаи худро ба рӯйи сангҳои Ғуниб қатор шинонида, хоҳиш намуд:

-Ба ман ҳамон суруди раҳматӣ модарамро хонед.

Фотимату Нафисату Шуонат баробар сар карданд:

Охирин оҳанги суруд хомӯш гардид. Моҳ аз осмон нур мепошид. Имом маҳзун шуд…

-Як бори дигар бихонед.

Фотимату Нафисату Шуонат боз хонданд. Ин дафъа суруд дуртар рафт. Онро шахҳои маҳзун, бедҳои маҷнун ва тӯсҳои Ғуниб, ки дар партави моҳ мунаввар буданд, шуниданд.

-Бори сеюм бихонед!-фарёд зад Шомил. Садои суруд боз ҳам дуртар рафт. Онро ин дафъа ҳам авулҳои оташгирифтаи атрофи Ғуниб, ҳам авулҳои хомӯшу дурдасти кӯҳистон, ҳам муридони фавтида дар гӯристон шуниданд. Вале ҳамин вақт субҳ дамид ва боз набард сар шуд, ҷанги охирин. Ҳангоме ки садои тиру туфанг хомӯш гардид, садои суруд ҳам фурӯ нишаст.

Имом асири обрӯманд гашт. Силоҳу аспашро баргардониданд, занҳояшро ҳам бо худаш монданд, аммо Доғистонро барояш намонданд, ӯро ба шимоли дур бурданд… Аз Доғистон фақат суруде монд, ки онро як вақт модари пираш гуфта буд. Ин сурудро ба асири фахрӣ аввал се завҷааш хонданд. Сипас фақат Нафисату Шуонат монданд. Сипас ин сурудро дар биёбони Арабистон ба Шомил ҷон ба лаб Шуонат хонд, Шуонате, ки баъди ду зани калонӣ монда буд, завҷаи охирин ва суруди охирини Шомил буд.

Ҳангоме ки аз Шуонат ҳикоят мекарданд, падарам мегуфт:

-Вай зани аз ҳама соҳибҷамоли даргоҳи Шомил буд. Вай завҷаи охирин ва муҳаббати аввалини имом буд. Имом ҳам мисли ҳамаи кӯҳистониён одатҳои худамонро риоя карда, зан мегирифт, аммо ин занашро… Ин зан ба ӯ мукофоти ногаҳоние буд. Вақте ки диловартарин ноибон Ҳақбердил Муҳаммад Моздокро ба тороҷ дод, духтари як армании тоҷир-Аннаи соҳибҷамолро дуздид. Ин ҳодиса чанд рӯз пеш аз тӯй он духтар рӯй дод. Мурид ғанимати худро дар бурқаъ печонида, ба даргоҳи имом овард. Вақте ки бурқаъро кушоданд, имом ба ғайр аз ду чашми шаҳлои обӣ, ки гӯё аз осмони Доғистон ато шуда бошанд, чизеро надид. Он чашмон бе ҳарос, рост ба рӯйи имом менигаристанд. Он чашмон мӯзаи хироми сурхи имом, силоҳи он, риши он, чашмони онро медиданд. Арманидухтари ҷавон дар пеши назар шахсеро дид, ки на ҷавон гуфтан мумкин буду на зебо, аммо қиёфаи ӯҷозибае дошт. Аз симояш ҳам тавону қудрат, падидор буду ҳам меҳру шафқат. Чашмони онҳо ба ҳам бархӯрданд. Ҷанговари ҷиддӣ як навъ сустшавиии дилашро ҳис кард. Ин гуна сустӣ ба ӯ бегона буд, аз ин рӯ, ҳаросид. Ҳамон дам овози омиронаи ӯ баланд шуд:

-Бирав, ин духтарро аз куҷое оварда бошӣ, ба ҳамон ҷо бурда мон.

-Барои чӣ, имом? Ин хел духтари хушрӯ. Чор ишкелаш бутун.

-Барои чӣ буданашро ман медонам, кори ту- аспро зин кардан.

ӣ қадар бозхарид бигирам?

-Ҳамин тавр, бе бозхарид медиҳӣ.

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №01, 08 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi