00:05:02 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – VII

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон

ҚИССАИ СУРУДИ ҶАМОЛИДДИН

Гаравгони ҳаштсола ҷавони бистучаҳорсола шуда ба Доғистон баргашт. Имомро басо қуввату тоқат ва ҳилаву тазвир лозим шуд, то писарашро гардонда гирад. Шомил ба подшоҳ бисёр асирони ҳарбии русро пешниҳод мекард, аммо ӯ ба иваз кардан розӣ намешуд. Кӯҳистониписар ба вай дар Петербург лозим буд.

imam Shamil010000Подшоҳ ба Шомил исрор мекард, ки муборизаи бемаъниро бас кунад, вагарна писарашро аз ҳаёт маҳрум хоҳад кард. Имом ба таҳдидҳо гардан намефуровард. Аз номи писараш (эҳтимол, худи писараш бошад) ба вай менавиштанд, ки подшоҳ пурзӯр аст ва ягон умеди бар вай ғолиб омадан нест ва ҳол он, ки Доғистон аз хунрезӣ бемадор гаштааст ва муқобилат ғайр аз зарар ва ғаму андӯҳ чизе намеоварад.

Имоми якрав ба ягон гап бовар намекард.

Тавре шуд, ки Ҳоҷимурод ҳамроҳи чанде аз муридон ба тарафи подшоҳ гузашт, аммо тамоми аҳли хонаводааш: модар, завҷа, хоҳар ва писарашро дар кӯҳистон монда рафт. Табиист, ки ҳамаи онҳо дар дасти Шомил монданд. "Агар барнагардӣ,-навишта буд Шомил ба Ҳоҷимурод,-писарат Бӯлчиро сар мезанам, модару завҷаю хоҳаратро ба дасти ҷанговарҳо медиҳам, ки расво кунанд".

Ҳоҷимурод аз ҷониби худ мекӯшид, ки аҳли оилаашро халос бикунад ва бо ҳамин дасти худро барои мубориза бар зидди имоми якрав бикушояд. Ӯ дар он рӯзҳо мегуфт:  "Дасту пойи ман баста аст ва як нӯги банд дар дасти Шомил". Дар хусуси бозхарид ҷойи гап ҳам набуд. Вақте Шомил фаҳмид, ки муриди собиқаш аҳли оилаашро бозхарид дода гирифтанист, гуфт: "Ба болокории ҳамаи ин Ҳоҷимурод, аз афташ, девона шудааст".

Вале агар Шомил дар даст як нӯги бандеро, ки нӯги дигараш дар дасти Ҳоҷимурод аст, нигоҳ медошта бошад, пас, дар дасти Ҳоҷимурод риштае буд, ки рост ба дили Шомил мерасид. Ин ришта Ҷамолиддин буд. Ҳоҷимурод аз Воронтсов хоҳиш кард: "Бигузор, подшоҳ Ҷамолиддинро ба назди падараш ҷавоб диҳад. Он гоҳ Шомил шояд хешовандони маро сар диҳад. То даме, ки оилаи ман дар дасти имом аст, ба муқобилаш ба ҷанг баромадани ман, ҳам модарам, ҳам писарам, ҳам завҷаам ва умуман, тамоми хешовандонамро ба дасти худам куштан, гуфтан аст".

Воронтсов ба подшоҳ арз кард ва подшоҳ ба иваз кардан розӣ шуд. Ба Шомил чунин навиштанд: "Агар аҳли хонаводаи Ҳоҷимуродро сар диҳӣ, писаратро бозпас мегирӣ".

Шомил дар миёни ду роҳи душворе монд ва намедонист кадомеро интихоб бикунад. Се шаб на худаш хоб кард, на аҳли оилааш. Рӯзи чаҳорум имом писари Ҳоҷимурод Бӯлчиро ба назди худ даъват кард.

-Ту писари Ҳоҷимуродӣ?

-Ҳо, ман писари Ҳоҷимуродам, имом.

-Ту медонӣ, вай чӣ кор кардааст?

-Медонам, имом.

ӯш, ту ба ин чӣ мегӯйӣ?

-Ба ин чӣ ҳам гуфта мешуд?

-Ӯро дидан мехоҳӣ?

-Бисёр мехоҳам.

-Ман туро ҳамроҳи модарату модаркалонат ҷавоб медиҳам, ба наздаш равед, тамоми аҳли оилаатонро ҷавоб медиҳам.

-Не, ман ба назди вай рафта наметавонам. Ҷойи ман Доғистон аст. Дар он ҷо Доғистон нест.

-Рафтан даркор, Бӯличӣ. Ман амр мекунам.

-Намеравам, имом, маро дар ҳамин ҷойи истодаам бикушӣ, аз ин амр беҳтар аст.

-Мебинам, ки ту ҳам падарат барин нофармонӣ.

-Мо ҳама фармонбардори туем, имом, лекин маро ба он ҷо рав нагӯй. Маро ба ҷанг равон бикунӣ, беҳтар аст. Ҷонамро дареғ намедорам.

-Бар зидди падар ҷангидан?

-Бар зидди душманон.

Он рӯз Шомил ба Бӯлчӣ яке аз беҳтарин ханҷарҳои худро инъом кард.

-Инро бигиру монанди падарат ханҷарбардорӣ бикун, лекин ҳамеша ба кӣ ханҷар заданатро бидон.

Савдои Ҳоҷимурод напухт. Писараш ба назди ӯ нарафт. Ҷамолиддин ҳам ба назди имом барнагашт. Вале Шомил дар ин миён худ тадбирҳо меандешид. Вай писари дигараш Қозимуҳаммадро ба тороҷи мулки князи гурҷӣ Синандали фиристод. Дар натиҷа зани княз Чавчавадзе, зани княз Орбелиани ва ҳамроҳи онҳо мураббияи фаронсавӣ асир гирифта шуданд. Екатерина Чавчавадзеро, ки хоҳари Нина Грибоедова буд, муридон аз ковокии дарахт ёфта гирифтанд.

Акнун Шомил метавонист ба подшоҳ шарти худро гузорад. Охир, подшоҳ бо ҳар роҳе бошад, ҳаракат мекард, ки занони князҳои гурҷиро халос бикунад. "Занони князҳоро фақат ба ивази писарам гардонда медиҳам",-ин буд шарти қатъии Шомил.

Инак, он рӯз фаро расид. Рӯди фарохдоман равон. Дар соҳилаш княззанҳои рабуда лаҳзаи озодиро мунтазир. Ба он соҳил ҳамроҳи ҷанговарони рус писари имом баромад. Шомил низ савори аспи худ ба лаби рӯд омад. Ӯ ба одамони соҳил бодиққат менигарист ва ҳаракат мекард, ки Ҷамолиддини худро бубинад. Охир, онҳо солиёни зиёд ҳамдигарро надидаанд. Оё падару писар якдигарро мешинохта бошанд?

Ба имом як афсари шинелпӯши русро, ки сардӯши тилло дошт, нишон доданд. Он афсар бо афсарони дигари рус гуфтугӯ дошт, бо онҳо видоъ ва оғӯшкашӣ мекард. Сипас ба назди духтаре, ки аз ҳозирон канортар меистод, рафт ва дасти ӯро бӯсид. Вай гоҳе ба сӯйи падараш, ки савори аспи сафеде буд, назар меафканд.

-Ҳамонаш писари ман аст?-пурсид имом, аз афсар чашм наканда ва ягон ҳаракати ӯро аз назар дур накарда.

-Ҳа, ана, ҳамон Ҷамолиддин аст.

-Ба вай чакмани черкасию силоҳи худамонро бурда диҳед. Аз ҳамин рӯз вай на афсари подшоҳ, балки ҷанговари Доғистон аст. Либоси танашро ба рӯд партоед. Набошад, писарамро ба наздам омадан намемонам.

Ҷамолиддин амри падарро баҷо овард ва либосашро дигар кард. Аз рӯйи чакмани черкасии кӯҳистонӣ силоҳи кӯҳистониро овехт, аммо дар таги чакмани черкасию попох дилу сари Ҷамолиддин буд ва онҳоро ба ҳеҷ чиз иваз карда намешуд.

Инак, аз рӯд гузашт ва ба назди падараш омад.

-Писараки азизам!

-Падарҷонам!...

-Ба Ҷамолиддин асп доданд. Дар аснои тамоми роҳ, то худи Ведено, падару писар паҳлу ба паҳлу роҳ паймуданд. Гоҳе падар мепурсид:

-Ҷамолиддин, ин ҷойҳо ба ёдат ҳаст? Ин шахҳоро фаромӯш накардаӣ? Авуламон Гимри ба ёдат ҳаст? Охулгоро ба хотир дорӣ?

-Падар, ман он вақт бисёр хурд будам.

-Ягон бор дар ҳаққи Доғистон дуо кардӣ? Дуоҳои худамонро фаромӯш накардаӣ, сураҳои Қуръон ба ёдат ҳаст?

-Дар ҷое, ки ман зиндагӣ мекардам, Қуръон дар дастам набуд,-бо дили нохоҳам ҷавоб медод Ҷамолиддин.

-Наход, ту ягон бор ҳам дар назди қудрати Парвардигори бахшояндаву меҳрубон саҷда наовардӣ? Ибодат накардӣ? Рӯза надоштӣ? Намоз нахондӣ?

-Падар, мо бояд гуфтугӯ бикунем.

Вале Шомил ба асп маҳмез зад.

Пагоҳии рӯзи дигар имом писарашро ба назди худ хонд:

-Нигар, Ҷамолиддин, офтоб аз паси кӯҳ сар мебарорад. Аҷаб манзараи зебо, ҳамин тавр не?

-Зебост, падар.

-Барои ҳамин кӯҳҳо, барои ҳамин офтоб ҷонатро нисор карда метавонӣ?

-Падар, мо бояд гуфтугӯ бикунем.

-Хайр, гап зан.

-Падар, Русия давлати бузург, сарватманд ва пурзӯр аст. Фақирии ин кӯҳистон, камбағалию тирагиро муҳофизат карданамон чӣ ҳоҷат? Русия адабиёти бузург, мусиқии бузург, забони бузург дорад. Ҳамааш ба кишвари мо мебояд. Агар Доғистон ба Россия ҳамроҳ шавад, фақат бурд мекунад. Вақти он расидааст, ки ба ҳақиқат бо чашми хирад нигарем ва таслим шавему ҷароҳатҳоро даво бикунем. Бовар бикун, ман Доғистонро на камтар аз ту дӯст медорам…

-Ҷамолиддин!..

-Падар, дар Доғистон авуле нест, ки онро камаш як бор оташ назада бошанд. Шахсе нест, ки маҷрӯҳ нашуда бошад. Санге нест, ки ба рӯяш хун нарехта бошад.

-Мебинем, ки ту ба муҳофизати ҳамин шахҳои маҷрӯҳ тайёр нестӣ ва аз уҳдаи ин кор ҳам намебароӣ.

-Падар!

-Ман ба ту падар нестам. Маълум шуд, ки ту ҳам ба ман писар нестӣ. Гапҳои туро шунида, мурдагон бояд дар гӯрашон рост истанд, лекин мани зинда чӣ кор бикунам, ки ин гапҳоро аз забони ту мешунавам? Дидӣ, шахҳо чӣ хел тира шуданд?

Шомил муқаррабони содиқ ва аҳли хонаводаашро фарёд кард:

-Мардум, ман ба шумо гапҳои писарамро нақл карданиям. Ин мегӯяд, ки подшоҳ бузург, қувваи душман бисёр, давлати Русия беканор аст ва мо беҳуда меҷангем. Ин мегӯяд, ки таслим шавем ва ба пеши пойи подшоҳ итоаткорона сар андозем. Ман гумон мекардам, ки одами ҷасорат карда, на фақат ин гапро мегуфтагӣ, ҳатто аз дилаш мегузаронидагиро ягон соат дар Доғистон нигоҳ нахоҳам дошт. Имрӯз ин гапҳо садо дод, боз дар куҷо? Дар хонаи мо. Ин гапҳоро боз кӣ мегӯяд? Писари ман! Инро чӣ бояд кард, одамеро, ки подшоҳ барои беобрӯ кардани ҳам Доғистону ҳам ман фиристодааст? Шумо хуб медонед, ки найзаи душманон ҳам ба синаи ман, ҳам ба синаи Доғистон чандин бор захм задааст. Акнун найзаи сохтаи худи маро подшоҳ тез карда, ба ҷигари худам мезанад. Чӣ бояд кард?

Хешовандон суханҳои имоми худро бо дили пурандӯҳ гӯш медоданд. Фақат модар ба ин ҳама бовар карда наметавонист.

Шомил тоб хӯрда, ба Ҷамолиддин нигаристу хитоб кард:

-Эй, душмани кӯҳистон! Ба ҷое меравӣ, ки овозатро ман нашунавам. Ту падар ҳам надорӣ, Доғистон ҳам. Занҳои князҳоро ман ба ту иваз кардам, лекин туро ба кӣ иваз бикунам? Ман туро чӣ кор бикунам?

-Писаратро ҳар чӣ мехоҳӣ, кардан гир, падар. Бикуш, лекин аввал гапамро то охир гӯш бикун.

-Бас! Ман ҳамеша ба нидои Худованди бузург гӯш медодам, лекин имрӯз ба вай ҳам гӯш намекунам. Парвардигори баландмартаба мегӯяд: "Душманро бикуш!" Ман ба вай ҷавоб медиҳам, ки ин душман нест, балки фарзанди роҳгумзада аст. Ман ба вай мегӯям, ки гӯшту нохунро аз ҳам ҷудо карда намешавад. Бинобар ин, рӯз бин, лекин ин ханҷарро аз камарат кушо. Силоҳ ба касе лозим, ки омодаи ҷанг аст.

Шомил писари худро ба авули дурдасте бадарға кард. Ҷамолиддин дар он ҷо монанди барге, ки аз дарахт канда шудааст, зиндагӣ мекард. Ӯ аз бори ғаму ғусса, таоми бад ва иқлими номусоид ба дарди сил гирифтор шуд. Имом меҷангид, аммо нафасгирии писараш торафт душвортар мегардид. Дардаш бедаво буд. Дар ҳамин вақт ба назди ӯ пинҳонӣ аз имом Фотимат рафт. Модар ҳамроҳи худ бозичаҳои нонӣ пухта бурд. Яке шакли ханҷарро дошт, дигар шабеҳи уқоб буду сеюмӣ ба сурати шамшер. Сипас Фотимат аз берун таппак оварда, дар оташдон алов гиронд. Бозичаҳои нониро дар оташ гарм карда, хокистари онҳоро ба зонуи худ пок кард ва якеро шикаста, ба Ҷамолиддин, ҳамчун ба кӯдак, дароз намуд.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi