04:43:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Умар Ибни Хаттоб

АЗ НИГОҲИ УМАР ҲАМА ОЗОДАНД

umar020202Дар айёме, ки Амр ибни Ос аз тарафи Умар ибни Хаттоб, халифаи дуюми рошидин, мулаққаб ба Умари Форуқ, волӣ ва фармонравои сарзамини Миср буд, дар яке аз майдонҳои умумии шаҳре, ки қароргоҳаш дар он ҷо буд, мусобиқаи аспдавонӣ баргузор шуд. Савораҳои моҳири насронии мисрӣ (қибтӣ) ва мусалмонони араб дар ин мусобиқа ширкат карданд. Яке аз аспҳое, ки барои мусобиқа ба майдон оварда шуда буд, аспи  Муҳаммад писари Амр ибни Ос буд, ки ба воситаи яке аз савораҳои моҳири араб вориди майдони мусобиқа шуда буд. Чун яке аз аспҳо, ки шабоҳати зиёде ба аспи Муҳаммад ибни Амр дошт, дар гармогармии мусобиқа аз бақияи аспҳо пеш гузашт, Муҳаммад ибни Амр ба тасаввури ин ки аспаш дар пойга баранда шудааст, аз хушҳолӣ аз ҷой бархоста мегӯяд:

-Қасам бар Парвардгори Каъба ин аспи ман аст, вале ҳамин ки асп наздик меояд, маълум мешавад он асп, аспи яке аз насрониёни қибтӣ аст ва чашми Муҳаммад ибни Амр хато дидааст. Аз ин рӯ, аз шиддати шармандагӣ ва барои фурӯ нишондани хашмаш қибтии соҳиби аспи барандаи пойгаро бо тозиёна мезанад ва мегӯяд:

-Бигир ин зарбаҳоро аз дасти фарзанди ашроф.

Хабари ин моҷаро ба гӯши Амр ибни Ос мерасад. Ӯ ба ҷойи ин ки фарзандашро адаб кунад ва аз қибтӣ узр бихоҳад, вайро ба зиндон меафканад, то мабодо ба Мадина биравад ва ба ҳузури Умар ибни Хаттоб шикоят кунад. Чун муддате аз ин воқеъа гузашт, Амр ибни Ос тасаввур кард, ки қазия кӯҳна шуда ва қибтӣ иқдоме намекунад, аз ин хотир, вайро озод намуд, вале қибтӣ, ки аз аъён ва ашрофи шаҳр буд, наметавонист зиштии ин зарбаҳоро, ки дар ҳузури мардум хӯрда буд, фаромӯш кунад, аз ин сабаб роҳи Мадина дар пеш мегирад ва шикояташро ба ҳузури Умари Форуқ арз менамояд.

Анас ибни Молик, ки ровии достон аст, мегӯяд: "Умари Форуқ шикояти қибтиро шунид ва сипас фармуд ин ҷо бимон. Чанде нагузашт, ки фаҳмидам Умар фармон дода, то Амр ибни Ос ва фарзандаш Муҳаммад аз Миср ба Мадина оянд. Чун ногаҳон дидем, ки ҳарду омаданд. Умар онҳоро ба маҷлиси хилофат ҳозир ва қибтии шикояткунандаро низ дар он ҷо ҳозир кард, то аз нав шикояташро дар ҳузури онҳо такрор намояд. Чун Муҳаммад ибни Амр дар ҳузури Умари Форуқ ба гуноҳи худ иқрор намуд, он ҳазрат тозиёнаеро, ки дар даст дошт, ба қибтӣ дод ва фармуд: 

Ин ту ва ин фарзанди ашроф, ки туро бегуноҳ зад, инак, ӯро бо дасти худ бо ин тозиёна бизан ва қасосатро аз ӯ бигир. Қибтӣ тозиёнаро бардошт ва дар ҳузури халифа ва аҳли маҷлис Муҳаммад ибни Амрро зери зарбати тозиёна гирифт. Умар  мефармуд:

-Бизан фарзанди ашрофро!

 Сипас фармуд, ки бизан бар фарқи сари худи Амр ибни Ос, чунки фарзандаш туро ба ин сабаб зад, ки ӯ дар он ҷо қудрат дорад.

 Амр ибни Ос арз кард:

-Ё амиралмуъминин! Авф бифармо, ҳаққашро гирифтӣ ва виҷдонатро аз ин бобат роҳат фармудӣ.

Қибтӣ низ арз кард:

- Ё амиралмуъминин! Касеро, ки маро зада буд, задам.

 Умари Форуқ  фармуд:

-Ба Худо қасам, агар ин фармонраворо мезадӣ, туро боз намедоштам, то он ки худат даст аз заданаш боз медоштӣ.

Умари Форуқ пас аз он рӯй ба Амр ибни Ос кард ва ҳақиқате гуфт, ки таърихи башарият аз забони касе ҷуз ӯ нашунида ва ҳамеша то абад онро сабт кардааст. Медонед, чӣ фармуд? Гуфт:

-Эй Амр, аз кай мардумро ғулом кардӣ ва ҳоло он ки онҷоро модаронашон озод таваллуд кардаанд.

Ин сухани Умури Форуқ дар "Декларатсияи ҳуқуқи башар", ки онро СММ қабул намудааст, дарҷ ёфтааст.        

ШОҲУ ГАДО БАРОБАРАНД

umar030303Донишмандони мисрӣ Муҳаммад Фариди Ваҷдӣ дар "Доират-ул-маориф" ва Сайидмуҳаммад Рашиди Ризо дар тафсираш ба номи "ал-Манор" нақл кардаанд, ки Ҷабла ибни Айҳам, подшоҳи араби банӣ Ғассон дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб мусалмон шуд ва дар мавсими ҳаҷ бо сарони тоифа ва бузургони қавмаш барои анҷоми маросими ҳаҷ ба Макка омад. Иттифоқан, ҳангоме ки машғули тавофи Каъба буд, марде ба нохост пой рӯйи ридояш, ки бар дӯш афканда буд, мегузорад. Подшоҳи банӣ Ғассон, ки ғурури салтанат дар сар дошт, амали ин мардро беадабӣ медонад ва бар худ раво намедонаду намеписандад, ки нодида гирифта бигзарад, аз ин рӯ, сахт ба рӯяш мезанад.

Ин мард, ки худро бегуноҳ медонад, наметавонад таҳаммул намояд ва чашм бипӯшад. Ӯ медонист, ки дар асри Умари Форуқ зиндагӣ мекунад, асре, ки адолати иҷтимоӣ ба таври баробар, бидуни фарқ гузоштан байни подшоҳ ва дигарон иҷро мешавад. Аз ин рӯ, ба ҳузури Умар, ки дар Макка буд, мешитобад ва шикоят мекунад. Умар ин подшоҳро барои муҳокима ва талаби ҳаққи араби бадавӣ ба маҷлиси хилофат ҳозир мефармояд:

-Бояд дар ивази як зарбае, ки ба ноҳақ задаӣ, аз дасти ин мард як зарба бихӯрӣ ё аз ӯ бихоҳӣ, ки авфат намояд ва аз ҳаққаш даргузарад.

Подшоҳи ғассонӣ ҳайрон шуда мегӯяд:

Оё шумо барои шахси одӣ аз подшоҳ қасос мегиред?

Умари Форуқ  мефармояд:

Бале, дини мубини ислом туро дар баробари ҳақ ва адолат бо ӯ яксон медонад ва дар ҳуқуқи иҷтимоӣ байни ту ва ӯ камтарин фарқе намегузорад.

Ҷабла барои интихоби яке аз ин ду коре, ки Умари Форуқ фармуд, то фардои он рӯз муҳлат мехоҳад, вале ҳамин ки шаб фаро мерасад, дар торикии шаб бо ҳамроҳонаш ба Қустантания фирор мекунад ва ба дарбори қайсари Рум паноҳанда мешавад ва ба дини масеҳии собиқи худ бозмегардад. Гӯё Ҷабла баъдан аз кораш пушаймон мешавад ва ашъоре дар ин бора бо мазмуни зайл месарояд:

-"Аз нанги таҳаммули як шаллоқ, ки барои гирифтани қасос маҳкум шудам, аз дини ҳақ баргашта, ба дини масеҳият бозгаштам ва агар сабр мекардам, ин зарбаи қасосро таҳаммул менамудам, зиён надошт. Ин фахре, ки барои ҳифзи ҷоҳу ҷалол буд, маро аз пазириши қасос боздошт ва натиҷатан, аз дини ҳақ баргаштам. Ин амр чунин менамояд, ки чашми солимро бо чашми кӯр иваз карда бошам. Эй кош, модарам маро намезод, то чунин намебудам ва эй кош, он чиро, ки Умар гуфта буд, мепазируфтам".

ШИКАСТАНИ ҒУРУРИ МУТАКАББИРОН

Умар ибни Хаттоб малаққаб ба Умари Форуқ дар яке аз солҳои хилофаташ, ки барои адои ҳаҷ ба Макка рафта буд, мардуми яке аз маҳаллаҳои он ба ҳузураш рафтанд ва шикоят карданд, ки Абӯсуфён - раиси банӣ Умайя маҷрои оби яке аз дараҳои атрофи Маккаро ба нафъи худаш ба тарафи хонаҳои онҳо тағйир додааст. Ҳар гоҳ борон биборад, хонаҳои онҳо дар зери хатари сел хоҳанд монд.

Умар ҳамроҳи шикояткунандагон ба он ҷо меравад ва аз он боздид менамояд. Сипас Абӯсуфёнро ба ҷойи ҳодиса ҳозир карда, мефармояд, то банди оберо, ки сохта буд, бо дасти худаш хароб кунад ва сангҳои онро бо дасти худаш ба ин тараф ва он тараф бипартояд.Абӯсуфён, сардори муқтадири банӣ Умая ҷуз итоати амри Умари Форуқ чорае намебинад.

Дарҳузуришикояткунандагонвамардумидигаре, кидаронҷобудандсуханенагуфта, сангҳорободастихудазҷоймеканадвабаҷойидигармебарад. Умар ибни Хаттоб дар ин ҳангом рӯй ба Каъба меистад ва Худованди мутаъолро ситоиш карда мегӯяд:

- Худоро ситоиш мекунам, ки бандааш Умарро ба ҷое расонида, ки дар шаҳри Макка ба Абӯсуфён фармон медиҳад ва ӯ итоат карда фармон мебарад.

Ин ҳамон Абӯсуфён аст, ки пештар бо мусалмонон душманӣ намуда, бар зидди Паёмбари Худо (с) лашкар кашида, ҷанг¬ҳои Уҳуд ва Аҳзобро ба роҳ андохт. Ҳамин шахсе, ки қаблан шер ва далер буд, акнун дар баробари Умари Форуқ мутеъ шуда, ба мисли гурбаи тарсхӯрда банди оберо, ки сохта буд, акнун тибқи фармони халифаи одил бо дасти худаш хароб мекунад. Он ҳам дар шаҳри Маккаи мукаррама, ҳамон шаҳре, ки худи Абӯсуфён пештар фармонравояш буд, фармон медод ва мардум итоаташ карда, фармон мебурданд.

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» № 05 05 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi