12:06:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Умре дар ёди халқ

Агар дар бораи Ҷумҳурии Озарбойҷон сухан гуфтан даркор бошад, бегуфтугӯ, пеши назар симои абадзиндаи пешвои умумимиллии Озарбойчон  Ҳайдар Алиризо Оғлӣ пеши назар меояд. Аз хусуси чеҳраи сиёсии ӯ ҳарф задан басо мушкил аст, зеро бо чанд андеша наметавон ба кору пайкор ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсиаш осон андешаронӣ намуд.

1 geydar-565656Бояд хотирнишон сохт, ки вай аз ҷумлаи пешвоҳое маҳсуб меёфт, ки мураккабтарин ва пуртазодтарин равандҳои ҷаҳони муосирро ба маърази татбиқ мегузошт. Дар баробари ин, дар ҳолатҳои ниҳоят печида худдориро аз даст намедод, дигаргуниҳои геополитикии оламро, ки ба сарнавишти ҳамватанонаш бошиддат таъсир мерасонданд, воқеъбинона арзёбӣ мекард.

Аслан, ҳамин гуна аст натиҷагирии бешакку шубҳаи аксар сарони давлатҳо, арбобони бузурги сиёсати байналмилалӣ, сиёсатшиносон, ки назару муҳокимарониҳояшонро тамоми дунё  эътироф намудааст. Хулосаҳои зикргардида ба тавзеҳ ва шарҳи дигаре ниёз надоранд.

Ҳайдар Алиев ҳанӯз 45 сол пеш  ба мансаби роҳбари ҳизби коммунисти Озарбойҷони Шӯравӣ пазируфта шуда буд. Ин бозгӯйи он аст, ки дар Кремл ба маҳорати фитриву ақлонӣ ва истеъдоди сарварӣ ва малакаи коршиносии ӯ қоил буданд. Аммо бояд тазаккур дод, ки бо ин ҳама арҷгузориву эътимод Ҳ. Алиев ба роҳбари бюрократе, ки танҳо дастуру супоришҳои Московро дар амал татбиқ намояд, табдил наёфт. Ин дар ҳоле буд, ки дастурҳои Кремл ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳамин гуна идораи сиёсӣ ва шеваи корбариро тақозо мекарданд.

Вай ба роҳбаре мубаддал  гардид, ки усули шаклгирифтаи шӯравии идоракуниро ба манфиатҳои стратегӣ, беҳзистӣ ва ояндаи Озарбойҷон (ҳатто дар чаҳорчӯби мақоми маъруфи ҷумҳуриҳои иттифоқ) созгор карда тавонист. Аз хусуси дастовардҳои иқтисодии Озарбойҷони Шӯравӣ дар айёми роҳбарии Ҳайдар Алиев, доир ба моҳияти  стратегии барномаҳое, ки заминаашон дар ҳамон замон гузошта шуда буд, бештар сухан гуфтан мумкин аст. Фаразан, агар ба айёми онрӯзаи Озарбойҷон назар афканем, бидуни шубҳае гуфта метавонем, ки ӯ пешвое будааст, то ҷумҳуриашро ҳанӯз 20 - 30 сол пештар қабл аз он, ки мустақил шавад, соҳибихтиёр дида тавонистааст.

Ҳайдар Алиев сиёсатмадори воқеъбин буд. Аслҳои сиёсӣ ва идоракунии ӯ аз хаёлпардозӣ ва орзупарварӣ дур буданд. Қарорҳое, ки ба тасвиб мерасонд, дар назари аввал ғайриоддӣ менамуданд, ба мисли оташбас дар соли 1994, вале охири кор, дар натиҷаи гузашти вақти муайян нишон дод, ки бо ҳасби воқеъбинӣ ва мавридшиносӣ дар он замон онҳо муносибтарин қарорҳо будаанд. Вай ҳеҷ гоҳ ба мардум ваъдаҳои авомфиребона ва хаёлӣ намедод, баръакс, ҳамавақт натиҷаҳоеро ироа медошт, ки дар шароити воқеӣ ба даст оварданашон мумкин аст.

Маломати мухолифоне, ки ба муқобили Ҳайдар Алиев мебаромаданд, ҳамеша ба эътидоли вазъ дар муноқишаи Қарабоғи Қӯҳӣ иртибот мегирифтанд. Баъзеҳо ӯро дар мурувват ва мадоро бо тарафи даргир гунаҳкор мекарданд. Муаллифони иттиҳомоти мазбур онҳое буданд, ки дар майдонҳо ҷор мезаданд ва аз сиёсати фоидаовар сухан мегуфтанд. Ҳ. Алиев худро ҳамеша аз намоишкорӣ дур медошт. Ба муқобили намоишкорӣ  ӯ доимо сиёсати пайгиронаи ба ҳама  маълумро пеш мебурд, ки дар самти қабули қарор хеле мураккаб буд.

2 geydar-565656Ин сиёсат одамони шитобзадаро қонеъ намекард. Бо ҳамин дигар ҳеҷ кас дар комёбии қарорҳои аввалаи қабулшуда ва татбиқи бомуваффақияти онҳо шубҳае надорад. Ҳамчун сиёсатмадор Ҳайдар Алиев худ ҳодисаи таърихист. Таърих шахсият ва шахсият таърих меофарад. Вай ҳамавақт, дар ҳар кору амал ба маънои тамаш пешво буд. Вай дар замони империя ҳам пешво буд дар замони истиқлолияти давлатӣ низ пешво монд.

Ҳамон гунае, ки ӯро дар он замон ситоиш, баҳогузорӣ ва интиқод мекарданд, ҳоло низ ситоишу арҷгузорӣ менамоянд. Зеро ӯ ҳамеша бо халқ ва дар паҳлӯи халқи худ буд, ҳаёти онҳоро хуб медонист, рҳҳои ҳалли мушкилотро баҳри ободии сарзаминаш ҷустуҷӯ менамуд. Боварии халқро нисбат ба худаш эҳсос мекард ва барои ин бовариро аз даст надодан ҳамеша  ҷадал  мекард.

Вай имкон намедод, ки арзишҳои миллӣ дигаргун шаванд. Зиёда аз сӣ сол мешавад, ки ҳамеша дар пеши назари халқи Озарбойҷон шахсияти абадан барҷаста гардид. Ҳ. Алиев бо ифтихор ва сарбаландии бузург дили халқро хурсанд  намуд. Ба таъбири Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузург Мирзо Турсунзода:

Касе, к - ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дустрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Вай ба ҳамин тариқ, ба тарзи ҷовидонӣ дар хотираҳои мардуми худ сарбаландона зиндагонӣ менамояд. Таърихи ҳаёти ин инсони накӯро мукаррар бояд варақгардон намуд, онро хонд, омӯхт ва тарғиб кард, то ки онро хонанду омӯзанд, чунки зиндагии Ҳайдар Алиев таърихи Озарбойҷонест, ки халқаш ҳамроҳаш гузарондааст.

Ҳайдар Алиев дар мартабаи баланд қарор дошт. Ӯро ба чунин мартаба эътиқоду эътимоди ӯ ба халқи азизаш ба ин баландӣ баровардааст. Аз ин баландиҳо на танҳо дирӯзу имрӯзи Озарбойҷон, балки ояндаи дурахшони онро низ дидан мумкин аст. Дар вақти узви Бюрои сиёсии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирони  Иттиҳоди Шӯравӣ буданаш Ҳайдар Алиев барои тараққӣ додани хоҷагии халқи Тоҷикистон ёрии калон расонда буд.

Аксари масоили бино кардани баъзе муассисаҳои саноатӣ дар тӯли солиёни зиёд мавқуф гузошта мешуданд ва ҳалли худро намеёфтанд. Ба ин гуна таъсисаҳо, дар радифи сохтмонҳои дигар, дар навбати аввал сохтани Роҳи Оҳани Кӯлоб -  Қӯрғонтеппа ба дарозии 126 километр дохил мешуданд. Маҳз бо шарофати пофишории қотеъонаи Ҳайдар Алиев сарфи назар аз рад кардани вазири вақти роҳҳои мувосилотии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсисалистӣ, ки даъво дошт лоиҳаи мазкур фоидаовар нест, масъала ҳалли худро ёфта буд.

Бояд афзуд, баландтарин қуллае, ки Ҳайдар Алиев фатҳ намуд, баландии рӯҳи мардуми Озарбойҷон аст. Пешвои умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев 12 декабри соли 2003 аз олам чашм пӯшид. Рӯзгори хирадмандонаву хоксоронае, ки сарфи хидмати халқу Ватани хеш гардида буд, ба охир омад. Дар баробари ҳаёти хотирмон, лаҳзаҳои мушавваш низ дар зиндагиаш ҷой дошт. Албатта, дили бузурги ӯ ин ҳама монеаҳоро низ пушти сар гузоштанд. Месазад роҳи тайкардаи Ҳайдар Алиевро бо якчанд рӯйдодҳои хотирмон махсус қайд намуд.

Фарозҳои зиндагонии пурбаракати иҷтимоӣ - сиёсии ӯро аз рӯйи пайдарпайии ба вуқӯъ пайвастани онҳо ба хотир овардан мумкин аст. Чун ба амал даст меёбем, мебинем, ки ақидаву андешаҳоеро такрор кардаем, ки барои ҳама маълуманд. Роҳи зиндагии Ҳайдар Алиев ва хислатҳои фардии ӯ ба ҳамагон равшананд. Зеро шуҳрати ин бузургмарди майдони сиёсат аз марзу арзҳо бурун рафтааст. Вай хамеша ба халқи озарӣ тавъам буд ва роҳи ҳаёти ӯ як пораи тахрихи Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Баъд аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани истиқлоли воқеӣ муносибатҳои анъанавии дӯстӣ байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба зудӣ маҷро нагирифтанд. Танҳо пас аз ба сари қудрат омадани Ҳайдар Алиев 15 июни соли 1993 бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид оғоз ёфт ва масоили зиёде, ки ба манфиати ҳарду кишвар буданд, ҳаллли худро ёфтанд.

3 geydar-565656Чунин шеваи дӯстӣ ва ҳамкорӣ имрӯз низ идома дорад ва минбаъд ҳам бо фаро гирифтани тамоми соҳаҳо тавсеа хоҳанд ёфт. Мисоли барҷастаи он сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 12 - 13 июли соли 2012 ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва мулоқоти ӯ бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мебошад. Дар ҷараёни ин сафар тамоми масоиле, ки ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, ҳалли хешро ёфтанд ва 9 созишномаи рушду таҳкмими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ба имзо расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ баҳои сазовор  додааст: "Номи ӯҷовидонӣ бо зодбумаш пайвастааст. Гулгулшукуфӣ ва рушди Озарбойҷони соҳибихтиёр ва мустақил, эътидоли вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвар, хастагинопазирона ҷустани роҳҳои истиқрори сулҳ дар минтақа Ҳайдар Алиризо Оғлиро дар тамоми ҷаҳон обрӯманд ва соҳибнуфуз гардонд. Фаъолият ва хидматҳои ӯ абадан дар ёди озарбойҷониҳо ва тамоми инсоният боқӣ мемонад".

Маъмулан, вақте ба шахси бузург баҳо медиҳӣ, тамоми аъмоли даврони рӯзгору фаъолияташ мавриди муқоиса қарор мегирад. Аз ин нуқтаи назар, давлатеро, ки Ҳайдар Алиев Озарбойҷонро идора мекард ва вақте  ки ӯро аз вазифа барканор  карданд, бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки дар он давраҳо вай тамоми имкониятҳоро ба хотири ҳимояи манфиатҳо ва шукуфоии кишвари худ истифода бурда тавонист.

Сиёсати давлатии Ҳайдар Алиев дар Ҷумҳурии Озарбойҷон идома меёбад, зеро ин сиёсат барои рушду нумӯи ояндаи Озарбойҷон даркор аст. Сиёсати ӯ сиёсати мутаодулест, ки манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаро ифода менамояд, он дар ҷамъият баробарӣ эҷод менамояд, ҳуқуқ ва озодии инсонҳо, манфиатҳои сохторҳои миллии давлатӣ ва баландтарин арзишҳои ҷомеаи кушодаро ҳимоя мекунад. Озрбойҷони миёнаҳол дар симои Ҳайдар Алиев тамоми хислатҳои пешвои миллӣ - манфиатбахшӣ ва хирадмандӣ, ҷасурӣ, дурандешӣ дар сиёсат, воқеъиятбинӣ ва навовариро дида метавонад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки сиёсати Ҳайдар Алиев имрӯзу фардо хотима намеёбад. Роҳбаре рӯйи кор омадааст, ки аз уҳдаи давом додани ин  сиёсат дар оянда баромада  метавонад. Ва ӯ ҳамсафони озмуда ва ояндабинии равшан дорад. Хирадмандӣ дар сиёсат, мактаби таҷрибаи зиндагӣ, тахассуси баланд дар идораи давлат - қисматҳои калидии як сиёсатмадори озарбойҷонӣ дар қуллаи баланди сиёсат ба мисли Ҳайдар Алиев ба чунин муддати мадид пойдор намонда, ба Ватан ва мардуми худ хизмат накарда ва дар дили халқ ҷой нагирифтааст. Ному пайкораш ҳамеша дар таърихи халқҳои олам ба таври ҷовидонӣ бо хатҳои зарин сабт хоҳад ёфт. 

Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигор

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi