01:04:08 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Фарозҳое аз зиндагии Шери Панҷшер

9 сентябр баробар аст бо сездаҳумин солгарди  шаҳодати муҷоҳиди номдори Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки қурбонии аввалин ҳамлаи маргталабона дар Афғонистон буд.

1-ahmadshah-masood 214578Аҳмадшоҳи Масъуд фарзанди Дӯстмуҳаммадхон (ки як низомӣ буд) дар соли 1952 дар рустои Ҷангалаки вилояти Панҷшер ба дунё омад. Вай даврони кӯдакиро дар Панҷшер ва Кобул гузаронд. Масъуд ҳамзамон бо оғози таҳсилот дар донишгоҳи Кобул, бо муҳандис Ҳабибурраҳмон, аз пешгомони Наҳзати исломии Афғонистон ошно шуд ва ин ошноӣ масири зиндагии Масъудро тағйир дод.

Ӯ ба ҳамроҳи дӯстони худ алайҳи давлати Довудхон, ки бо Шӯравии собиқ робитаи наздик дошт, даст ба табаддулот заданд. Вазифаи Масъуд ва ёрони ӯ, шӯриш дар дараи Панҷшер буд ва гурӯҳи дигаре низ қасд доштанд, ки дар Кобул даст ба иқдоми мушобеҳе бизананд.

Масъуд ба иттифоқи 37 нафар аз ёрони худ муваффақ шуданд то муҳимтарин маркази дараи Панҷшерро ба тасарруфи худ дароваранд.

Баъд аз тасхири ин марказ, Масъуд ва ёрони ӯ мунтазири шунидани хабари суқути давлати Афғонистон аз радио буданд, аммо давлат, ки ба мавқеъ аз табаддулот огоҳ шуда буд, онро хунсо кард ва дастгиршудагонро эъдом намуд.

Дар пайи ин хабар, Масъуд аз Панҷшер хориҷ шуд ва ба иллати ин ки таҳти таъқиб буд, маҷбур шуд ба Покистон азимат кунад.

Масъуд аз соли 1975 то соли 1979 дар шаҳри Пешовар ба сурати нимамахфӣ зиндагӣ мекард, то ин ки дар нахустин марҳалаи хезиши мардум алайҳи режими коммунистӣ дар соли 1979, раҳбарии қиём дар дараи Панҷшерро бар ӯҳда гирифт ва аз он таърих ба баъд, номи Масъуд бо дараи Панҷшер гиреҳ хӯрд ва ба Шери Панҷшер маъруф гашт.

2-ahmadshah-masood 214578Аҳмадшоҳ Масъуд тайи даҳ сол ҷанг дар дараи Панҷшер, ҳафт бор бо лашкаркашии нерӯҳои то ба дандон мусаллаҳи Артиши Сурх мувоҷеҳ шуд. Дар тамоми ин таҳоҷумот, Масъуд ва ёронаш сарсахтона аз дараи Панҷшер дифоъ карданд ва ин дараро ба қалъаи тасхирнопазире табдил карданд.

Масъуд бо тарҳрезии ҷангҳои чирикии мутаносиб бо авзоъ ва шароити Афғонистон, номи худро дар қатори бузургтарин раҳбарони ҷанги чирикии ҷаҳон ба сабт расонд.

Ташкили гурдонҳо ва қароргоҳҳои мутаҳаррик, аз ибтикороти Масъуд буд, ки дар Афғонистон собиқа надошт.

Режими коммунистии Афғонистон ба раҳбарии Наҷибуллоҳ, ки аз ихтилофоти дохилӣ ранҷ мебурд, бо суқути шаҳри Мазори Шариф ба дасти Абдуррашид Дӯстум дар соли 1991 дар остонаи суқут қарор гирифт.

Билофосила пас аз суқути Мазори Шариф ба дасти Дӯстум, ки бо бархе аз нерӯҳои ҷиҳодӣ ҳамоҳанг шуда буд, Масъуд ба ҳамроҳи Дӯстум ва Абдулалии Мазорӣ раҳбари Ҳизби Ваҳдати Исломӣ, дар шаҳри Ҷабалуссироҷи вилояти Парвон гирд омаданд ва иттиҳодеро бо номи Шӯрои Олии Ҷиҳодии Афғонистон, ки баъдҳо ба Эътилофи Шимол маъруф шуд, бунён гузоштанд.

Дар ин эътилоф, Масъуд ба унвони раис, Мазорӣ ба унвони муовин ва генерал Дӯстум ба унвони масъули низомӣ дар вилоятҳои шимолӣ баргузида шуданд.

Саранҷом Наҷибуллоҳ, охирин раиси давлати коммунистии Афғонистон, дар 25 исфанди 1370 шамсӣ (1991), бо пешравии нерӯҳои ҷиҳодӣ, аз қудрат канор рафт ва пойтахти Афғонистон дар саҳаргоҳи 5 урдибиҳишти соли 1371 шамсӣ ба дасти муҷоҳидон афтод.

Пас аз тасарруфи Кобул, ҷангҳои хонумонсӯзи Афғонистон ба роҳ афтод ва бар асари ин ҷангҳо ҳазорон афғон кушта, маҷрӯҳ ва овора шуданд.

Чаҳор сол пас аз ин воқеа, тирмоҳи соли 1375 (1995), пешравии Толибон бисёр сареъ ва барқосо сурат гирифт ва дар арзи камтар аз як моҳ чандин вилоят ва пойтахти Афғонистон ба дасти Толибон афтод.

3-ahmadshah-masood 214578Ин пешравии чашмгир, тамоми нерӯҳои ҷиҳодӣ, аз ҷумла Аҳмадшоҳи Масъудро ба ҳарос афканд. Масъуд, Дӯстум ва Халилӣ, бо канор гузоштани ихтилофоти худ, дар шаҳри Ханҷон гирди ҳам омаданд ва эътилофи ҷадидеро бо номи Шӯрои Олии Дифоъ аз Афғонистон ба вуҷуд оварданд.

Пешравии Толибон дар Афғонистон идома пайдо кард ва бо суқути Бомиён тамоми раҳбарони ҷиҳодӣ ба истиснои Аҳмадшоҳи Масъуд ба хориҷ азимат карданд ва танҳо ҷабҳаи шимол бо меҳварияти Масъуд дар Афғонистон боқӣ монд.

Аҳмадшоҳи Масъуд дар тӯли даврони муборизаи худ, бар хилофи дигар раҳбарони ҷиҳодӣ, ки бештари вақтро дар хориҷ ба сар мебурданд, ҳеҷ гоҳ Афғонистонро дар ин солҳо тарк накард ва аз қавли ӯ нақл кардаанд, ки гуфтааст: “Агар ба андозаи ҳамин кулоҳи ман дар Афғонистон бароям ҷо боқӣ бимонад, хокамро тарк нахоҳам кард ва ба мубориза идома хоҳам дод”.

Аҳмадшоҳи Масъуд пас аз солҳо муқовимат дар баробари ишғоли Афғонистон тавассути Шуравӣ ва набард бо гурӯҳи Толибон, ду рӯз пеш аз ҳамалоти 11 сентябр, дар натиҷаи ҳамлаи маргталабонаи ду марди араби вобаста ба гурӯҳи террористии Алқоида ба шаҳодат расид.

Танҳо ду рӯз пас аз террори Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳамалоти маргталабона ба бурҷҳои тиҷорати ҷаҳонии Ню-Йорк дар 11 сентябр рух дод ва андаке пас ин ҳодиса, низомиёни амрикоӣ ба Афғонистон ҳамла карданд ва дар муддати кӯтоҳе Толибонро аз Афғонистон маҳв карданд.

Террори Аҳмадшоҳи Масъуд, ки фақат ду рӯз реш аз ҳамалоти интиҳории 11 сентябр сурат гирифта буд, суолотеро дар мавриди иртиботи ин ду ҳодиса ва ҳамла ба Афғонистон барангехтааст.

4-ahmadshah-masood 214578Иртиботи замонӣ миёни ҳаводис, гумоназаниҳоеро дар мавриди даст доштани Созмони Ҷосусии Амрико (CIA) дар террори Аҳмадшоҳи Масъуд эҷод кардааст. Далоиле вуҷуд доранд, ки таъйидкунандаи ин назария аст, ки аз ҷумла охирин мулоқоти Масъуд бо муовини Вазири хориҷаи вақти Амрикост.

Дар охирин мулоқот байни Масъуд ва Робин Рафаэл муовини Вазорати хориҷаи Амрико, Рафаэл ба Масъуд пешниҳод карда буд, ки аслиҳаро ба замин гузорад ва таслими нерӯҳои Толибон шавад, аммо Масъуд, ки мухолифи сарсахти Толибон буд, ба Рафаэл рӯшан карда буд, ки на танҳо таслими Толибон нахоҳад шуд, балки аз давлатҳои хориҷӣ дастур нахоҳад гирифт ва иҷозати эҳдоси пойгоҳи низомӣ дар Афғонистонро ба ҳеҷ нерӯи хориҷӣ нахоҳад дод.

Ҳамчунин ширкати Аҳмадшоҳи Масъуд дар панҷӯмин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, наздикии ӯ ба Эрон, Русия ва Чин, ва низ мухолифати ошкори ӯ бо эҷоди пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистонро метавон монеи бузурге барои барномаҳои Амрико дар минтақа қаламдод кард, ки ҳазфи физикии Масъудро тавассути амрикоиҳо тавҷеҳ мекунад.

Манбаъ: ХабаргузорииФорс



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi