07:13:35 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Эшони Султон, аҷдод ва пайвандони ӯ - 1

Дар бораи эшони Султон бисёр навиштаанду гуфтаанд. Аз ӯ ҳатто устод Садриддин Айнӣ дар навиштаҳояшон ёд кардаанд. Муҳаққиқони мухталифи ғайритоҷик низ дар бораи ӯ андешаҳои худро рӯи коғаз овардаанд. Вале ҳама он чизе, ки то ин лаҳзаҳо навишта шудаанд, аксаран дар зери таъсири идеологияи замони шӯравӣ иншо гардидаанд.

1_eshoni-sulton_12454545.jpg

Эшони Султонро, дар қатори Иброҳимбеку Махсуми Фузайл ва дигар муборизони зидди сохти шӯравӣ азҷумлаи душманони халқу миллат ном гирифтаанд. Аммо ахиран ба мо муяссар шуд, ки аз пайвандони эшони Султон нафарҳоеро пайдо кунем, ки назари онҳо оиди зиндагиномаи эшони Султон ҳақиқати маводи то ин замон дар бораи эшони Султон ва воқеаҳои дар атрофии ӯ рухдода навишташударо зери суол мегузорад. Зеро ҳарфи онҳо бо далелу бо санад аст.

Тақдир маро бо Саидкабир ва бародаронаш панҷ сол қабл (соли 2008) дар деҳаи Ёзғанди ноҳияи Тавилдара дар назди мақбараи ҳазрати эшони Султон ба ҳам овард. Рости гап, Саидкабирро ман пештар дар Душанбе борҳо дида будам. Дақиқтараш ба дӯкони китобфурӯшии ӯ борҳо даромада будам ва ҳатто аз дӯконаш китоб низ харида будам. Вақте ки ӯро дар сари мақбараи эшони Султон дидам, гумон кардам, ки ӯ низ мисли ман зоире ҳаст, ки мехоҳад аз ҷойҳои муқаддаси ин диёр дидан кунад. Чун бо хонадони эшони Султон пайванди хешу таборӣ доштанашро фаҳмидам, маро ҳиссиёти наҷибе фаро гирифт.

Даррав ба ӯ худро шинос карда гуфтам, ки бисёр мехоҳам дар бораи эшони Султон маводе бинависам ва оё ӯ метавонад, ки дар ин кор ба ман мусоидат кунад? Гуфт, ки барои чунин як тасмимеро гирифтан ӯ бояд бо бародарон ва баъзе аз бузургони авлод суҳбат кунад ва аз онҳо маслиҳат бипурсад. Хулоса, мо шумораи телефонҳои якдигарро гирифта маслиҳат кардем, ки дар Душанбе ин масъаларо ҳал хоҳем кард. Ҳамин тавр баъди чанде мо дар Душанбе вохӯрдем ва ба бахти ману хонандаҳои азизам Саидкабир розигӣ дод, ки дар навиштани маводе дар бораи ин хонадон ба ман кӯмак мекунад.

2_eshoni-saidkabir_54784545.jpgСаидкабир тахминан панҷоҳ сол дорад. Писари эшони Саидаҳмадҷон мебошад. Падари ӯ эшони Саидаҳмадҷон писари эшони Саидҷалолиддин ҳаст, ки ӯро эшони Ҳоҷӣ низ гӯянд. Эшони Саидҷалолиддин писари хурдии эшони Шайх Шаҳобиддини Валӣ мебошад. Эшони Султон низ писари ҳамин эшони Шайх Шаҳобиддини Валӣ мебошад. Яъне эшони Саидҷалолиддин бародари эшони Султон аст. Вақте ки эшони Султонро соли 1922 Фузайл Махсум ба дор мекашад, эшони Саидҷалолиддин тақрибан 22 сол доштааст.

Ӯ низ минбаъд ҳаёти пурфоҷиъа ва пурмоҷароеро аз сар мегузаронад, ки баъдан шумо, хонанандагони азиз, дар идомаи китоб аз он воқиф хоҳед шуд. Ҳоло ҳаминро мегӯем, ки ӯро кормандони мақомоти амниятии Тоҷикистон чанд рӯз қабл аз шуруъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ боздошт карда гӯё барои истинтоқ ба Тошканд мефиристанд. Аз ҳамон вақт то ба имрӯз аз эшони Саидҷалолиддин маълумоте дар даст нест. Дар вақти мафқудуласар шудани падар эшони Саидаҳмадҷон 23 сол доштааст. Эшони Саидаҳмадҷон фарзанди дуввуми эшони Саидҷалолиддин мебошад.

Маълумоти диниро дар назди падар гирифтааст. Эшони Саидаҳмадҷон аз падар дар бораи гузаштагони ин хонадон, ба хусус, бобо ва амакҳояш қиссаҳои зиёдеро шунида, ашёи шахсии онҳоро ба ёдгор гирифта ба фарзандонаш, хосатан ба Саидкабир, онҳоро нақл кардааст. Ӯ аз Саидкабир хоҳиш карда будааст, ки ҳатман ин қиссаҳои ӯро рӯи қоғаз биёрад ва агар имконият пайдо шавад, китоб кунад. Аз ҳамкории бошавқи бародари гиромӣ, Саидкабир ман ба чунин хулоса омадам, ки ӯ низ мехост дар бораи ин хонадон маълумоти муфиде ба нашр бирасад.

ҲАНГОМИ ҲАНГОМАҲОМОН ГУМ ШУД НАСАБНОМАҲОМОН

Ба гуфтаи Саидкабир шаҷараи аҷдоди онҳо аз ҳазрати Имом Ҳусайн, набераи Пайғамбари гиромӣ Муҳаммад (с) шуруъ мешавад. «Дар бораи сарманшаи гузаштагони мо дар матбуоти даврӣ, ҳатто дар китобҳо маълумоти начандон саҳеҳ ба нашр расидааст. Ба хусус дар китобе навиштаанд, ки гӯё аҷдоди мо аз ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ (р) оғоз мегирад. Бино ба гуфтаҳои қиблагоҳам ин чиз ҳақиқат надорад. Падарам мегуфт, ки мо як шаҷаранома доштем, ки дар шакли як коғаз-номаи дароз буд. Дар он номи аҷдоди мо аз аввал то бобоям эшони Саидҷалолиддин сабт шуда буданд. Баъди чанд ном дар поёнтари онҳо мӯҳр гузошта мешудааст. Ҳамин шаҷараномаро солҳои сиюм ё баъдтар дар як кофтуков кормандони амниятӣ аз хона гирифта бурдаанд. Баъдан бо роҳҳои гуногун кӯшиш кардем, ки онро бозгардонем, вале дар амнияти Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки он шаҷаранома ҳамон вақт ба Тошканд фиристода шудааст. Он шаҷараномаро дигар ба мо барнагардонданд.

Бо вуҷуди ин мо аҷдоди худро аз эшони Рӯзимуҳаммад, ки дар деҳаи Сайидони Сағирдашт зиндагӣ мекард, ба ин тараф хубтар медонем».

Эшони Рӯзимуҳаммад кай ба деҳаи Сайидон омадааст ва аз кай дар ин ҷо маскун шуд, ҳамсуҳбати ман Саидкабир ин чизро намедонад. Мо низ дар ин бора маълумоти бештаре пайдо накардем.

САЙИДОНРО САЙИДОН ОБОД КАРДАНД

3_eshoni-sulton_12454545.jpgДеҳаи Сайидон яке аз маҳалҳои хушобу ҳавои Сағирдашт ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз ҳам он ҷо сафедорони шинондаи эшонҳо сабзу хурраманд. Нақл мекунанд, ки яке аз ҳамин сафедорҳо асои дасти эшони Авлиё Мирзораҳим, писари эшони Рӯзимуҳаммад будааст, ки бо каромоташ сабз шудааст. Эшони Авлиё Мирзораҳим бо ҳидояти падар барои таҳсили илм ба Қандаҳори Афғонистон меравад. Барои чӣ маҳз ба Қандаҳор? Касе аз ҳамсӯҳбатони ман ҳозир ба додани посухи мантиқӣ ба ин савол нашуд.

Вай чанд муддат дар назди олими бузурги исломӣ, шайх Муҳаммад Охун соҳиб дар Қандаҳор улуми исломиро фаро гирифта, баъди вафоти Муҳаммад Охун соҳиб ба деҳаашон бармегардад.

Дар бораи дар назди ин олими замон таълим гирифтани Авлиё Мирзораҳим дар китоби "Далелуссоликин"-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ, ки баъдан аз писари эшони Авлиё Мирзораҳим эшони Шайх Шаҳобиддин дасти пир гирифтааст, чунин мисраъҳоро мехонем:

Рабуда файз аз ин қутби ягона,

Муҳаммадҷон ҳамон Ғафси замона.

Шуда лутфи Илоҳӣ чунки ёраш,

Замон бигзошт андар Қандаҳораш.

ОШКОР ШУДАНИ ДОНИШМАНДИИ АВЛИЁ МИРЗОРАҲИМ

Дар деҳаи Сайидон эшони Авлиё Мирзораҳим олиму донишманд шудани худро ифшо намесозад. Баръакс, бештари вақти худро зери буттаи хуче, ки то ба имрӯз дар ин деҳа вуҷуд дорад, бо зикри Худованд ва сукут кардан мегузаронидааст. Боре ба деҳаи эшонҳо писарони устоди эшони Авлиё Мирзораҳим Муҳаммад Охун соҳиб аз Афғонистон меоянд. Онҳо бо ҳидояти модарашон ба назди эшони Авлиё Мирзораҳим омада будаанд.

Зеро падарашон васият карда будааст, ки эшони Авлиё Мирзораҳим яке аз шогирдони донишманди ӯ будааст, ки гӯё дониш ва илми ӯро бо худ мукаммал ба кишвараш бурдааст. Агар фарзандони ӯ нияти олим шудан дошта бошанд, ҳатман ба Ватани эшони Авлиё Мирзораҳим бираванд ва эшони Авлиё Мирзораҳимро пайдо карда аз ӯ илм биомӯзанд. Ҳамин тариқ фарзандони Охун соҳиб ба деҳаи Сайидон омада эшони Авлиё Мирзораҳимро пайдо карда худро ба пеши пойи ӯ мепартоянд ва илтимос мекунанд, ки ба онҳо дарс гӯяд.

Танҳо ҳамин вақт мардуми деҳа кӣ будани эшони Авлиё Мирзораҳимро дарк мекунад ва ба иззату икром карданаш мепардозанд. Баъд аз ин ҳокимони маҳалҳои атроф низ аз шахсияти эшони Авлиё Мирзораҳим огоҳ шуда мекӯшанд то хизматашро ба ҷо оранд. Дар ҳамин давра як гурӯҳ муридонаш эшони Авлиё Мирзораҳим ва аҳли хонаводаи ӯро ба деҳаи Калпаки дашти Ҳасан, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Ёзғанд ҷойгир аст, мебаранд.

Дар он ҷо масҷиду мадраса месозанд, чандин хонаҳои чилланишинӣ бунёд мекунанд. Эшони Авлиё Мирзораҳим ба таълиму тарбияи шогирдон машғул мешавад, муридони зиёде пайдо мекунад. Овозаи авлиёгии ӯ ба дуру наздик паҳн мешавад. Сӯфиҳои зиёде дар чиллахонаҳои ӯ чилла мешинанд. Дар чиллахонаҳои ӯ дар як вақт аз даҳ то понздаҳ сӯфӣ чилла менишастааст.

Султони ҳамад, «Рӯзгор»

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi